Акбаршо Муҳаббатов

  akbarmhabatАкбаршо Муҳаббатов соли 1956 таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби миёна ва адои хизмати ҳарбӣ ба донишгоҳи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе дохил шуда онро соли 1982 бо муваффақият хатм намудааст. Аз ҳамин сол ба сифати устоди мактаби бачагонаи варзиши ноҳияи Ванҷ оид ба гӯштӣ кор оғоз намуда, таи чанд сол ин хизматро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1992 инҷониб дар вазифаи политсияи андоз фаъолият дорад. 
  Ба гӯштӣ ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ, дар зери назари устоди варзидаи варзиши ҷумҳурӣ Ҳукуматшо Ғайратов буд.
 Дар чандин мусобиқаю маъракаҳои гӯштӣ ҷои аввалро ишғол намудааст. Аз ҷумла дар Спартакиадаи 13 ҷумҳуриявй оид ба “Самбо”, якдилона ғолиб шинохта шуд. Аз соли 1981 устоди варзиши ҷумҳурӣ оид ба гӯштии миллӣ, ҳамчунин ба унвони номзадӣ ба устодии тарзи варзиши “самбо” ноил гаштааст. Дар давоми фаъолияти варзишӣ ва устоди (мураббияи) варзиш буданаш, чандин варзишчиёни касбиро тарбия намуда, ба воя расондааст, ки аз онҳо чанде ба дараҷаи номзадӣ ва устодии варзиш расидаанд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.