Саидалӣ Назмишоев

  saidalinazmishoСаидалӣ Назмишоев устоди варзиши ИҶШС оиди тарзи гӯштии самбо, устоди варзиши ИҶШС доир ба тарзи гӯштии дзюдо ва устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи гӯштии миллӣ буда, яке аз паҳлавонони шинохтаи тоҷики солҳои 70 – нимаи аввали солҳои 80-ум ҳисоб меёбад. Аз синни 15 солагӣ машқи гӯштӣ оғоз намудааст. Устоди нахустини ӯ тағояш шодравон Алифбек Ширинбеков аст. Дар солҳои донишҷӯияш дар техникуми варзиш (1969-1971) ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ (1971-1975) махсус такмили ин ҳунар намудааст. Ибтидои солҳои 70-ум дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ голиб омада, соҳиби медалҳои тилло гаштааст. Марзи қувваозмоиаш хеле васеъ буда, ба ҷуз тамоми ноҳияю шаҳрҳои ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои иттиҳодӣ дар шаҳ- рҳои Тошканд, Москва, Донетск, Киев, Рига, Уфа, Қарағанда, Алма-Ато, Горкий, Черновский, Ереван ва ғайра ширкат варзида, дар бисёре аз онҳо зинаҳои баланди фахриро ишғол намудааст. Ҳамчунин ӯ иштирокчии Спартакиадаи VI халқҳои ИҶШС (1975) буда, бо қисмати зиёди ҳарифонаш ғолиб шудааст.
  Саидалӣ Назмишоев дар гӯштии умумишӯравӣ оид ба дзюдо, дар Душанбе ва мусобиқаҳои расмии ҷумҳуриявӣ аз соли 1972 то соли 1975 мунтазам дастболо буда, ғолиби аввал ва қаҳрамони ин мусобиқаҳо ҳисоб шудааст.
Саидалй хеле чобукона ва ғайратмандона гӯштӣ мегирифт. Нисбати ҳариф эҳтироми хоса зоҳир менамуд. Дар ҳамаи хислатҳои ин варзишгар пайгирӣ аз тағояш Алифбекпаҳлавон эҳсос мешавад. Аз ворисони наздики он марди шариф, Саидалӣ то имрӯз ягона паҳлавонест, ки шарафи гӯштии авлодиро дар нақши баланд ҳимоя намудааст.
  Таи чанд сол Саидалӣ ба ҳайси устоди варзиши Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Синои Тоҷикистон кор карда, шогирдони зиёде ба майдони варзиш овардааст. Дар байни паҳлавонони дигар ӯ бо таҳлили мантиқиаш нисбати гӯштию гӯштигирон доштааш, фарқ мекунад.
  Аз паҳлавонони номй, ӯ, махсусан, ба ҳунари волои варзиши Маҳмадшариф Сулаймонов, Саламшоҳ Муҳаббатов, Аҳтам Раҷабов, Диловар Сафаров, Худогӯ Ҷумъаев, Муборакшо Иронов баҳои баланд медиҳад. Бино ба мушоҳидаи касбии ӯ се нафар аз паҳлавонон: Маҳмадшариф Сулаймонов, Саламшоҳ Муҳаббатов ва Аҳтам Раҷабов ба гӯштӣ чун ба санъат муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, баромади онҳо дар майдон ҳама вақт шавқовару тамошобоб буд. Сайдалӣ дигар паҳлавононро низ даъват менамояд, ки ба чунин муносибат пайравй кунанд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.