Шодмонбек Ширинбеков

  shodmonbekshrinbegШодмонбек Ширинбеков яке аз паҳлавонҳои фаъоли солҳои 60 ва 70-уми ноҳияи Ванҷ аст. Соли 1940 дар Вравз таваллуд шудааст. Шавқи гӯштиро дар ниҳодаш падараш ва алалхусус бародари бузургаш Алифбек бедор намудааст.
  Баъди хатми мактаби миёна бо дӯсташ Ғайратполвон барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи маданй-равшаннамой рафт. Баъди адои хизмати ҳарбй, таҷрибаи варзишии худро дар солҳои донишҷӯи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраеви Тоҷикистон (собиқан Т.Г.Шев- ченко) буданаш ғанӣ гардондааст.
  Дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурявӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои баланд соҳиб гаштааст. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширинбеков Шодмонбек ҳоло шугли омӯзгорӣ дошта, дар такмилу ташаккули анъанаҳои варзишии деҳшӯрои Водхуд саҳмгузорӣ мекунад. Шогирдонаш Давлатшо Бачабеков, Аҳмад Беков ва Сайдалӣ Назимшоев аз зумраи номбардороии шарафи варзиши миллии ҷумҳурӣ ҳисоб меёбанд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.