Ӯ саропо пур аз ҳунар ва саршор аз дард буд

  BasirrasoСубҳдами зимистони қаҳратун ва пурбарфи соли 1950. Барфи тар аз сари шаб боз меборид. Ҳама ҷой, аз ҷумла, роҳи танг ва каҷу килеб ва камбари мошингардро қабати ғафси барф пӯшида буд. Ин роҳ чор моҳ боз рӯи худ гардиши чархи мошинро надидааст ва аз боридани барфи зиёд дар он  пайи пои касе ва ҳатто ҷонваре ба назар наменамуд.
  Роҳгузаре борхалтаи вазнин дар пушт бо ғайрати зиёд, душвор-душвор қадам мемонд. Марди сафарӣ ба он барфе, ки бар фарқаш борида, чун кӯлоҳи сафед менамуд, ба чизе таваҷҷӯҳ накарда роҳашро давом медод. Бо вуҷуди сардӣ ва душвории пайдо кардани ҷои қадаммонӣ нафасе намеистод. Хомӯшии атрофро садои боди сарди зимистон ва гоҳ-гоҳе аз дур садои хираи сагҳои деҳаи пасисаргашта халалдор месохт. Ниҳоят, ӯ ба дараи танге, ки онро Ғӯлдара меноманд, ворид ва аз назар ғойиб шуд. Аз он тарафи дарё деҳае менамуд, ки акнун аз хоб бедор гашта буд. Ногоҳ овози ваҳмангези ба садои фуромадани тарма монанд атрофро фаро гирифт ва ҳамагӣ якчанд сония баъд боз ҳамон хомӯшӣ ҳукмфармо гашту нидои як гурӯҳи мардуми деҳи рӯ ба рӯи Ғӯлдара аз ҳодисаи нохуше хабар дод. Баъдтар маълум гардид, ки роҳгузари мо зери тарма мондааст ва хушбахтона чанд нафаре ин ҳодисаро аз он тарафи дарё дида фавран барои наҷоти ӯ аз дарё гузашта ба ҷои воқеъа ҳозир шуданд. Пас аз як муддат ҷавони сафариро аз зери тарма беёд берун оварданд, хушбахтона зуд ба ҳуш омад. Ин ҷавон намояндаи Кумитаи ноҳиявии партия буд, ки дар маркази ноҳия мунтазираш буданд ва бояд бюллетенҳои овоздиҳии интихоботро фавран ба маркази ноҳия мерасонд ва ҳар чӣ зудтар аз он ҷо ба маркази вилоят фиристода мешуданд.
  Албатта, ӯро барои таъхир ҷавобгар накарданд ва ҷазо ҳам нагирифт, вале аҳсану офарин низ нашунид, чунки ин заҳмату фидокорӣ, ки онро ҳатто ҷонбозӣ номидан мумкин аст ва имрӯз як амали қаҳрамонона менамояд, он замон як кори муқаррарӣ ба шумор мерафт ва бояд ҳар як фарди солимфикр ана ҳамин тавр рафтор мекард. Аз ин ҳодиса зиёда аз 60 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он то кунун вирди забонҳост ва ҳама онро медонанду баъзан дар сӯҳбату ҷамъомадҳо ба ёд меоранд.
  Кас бисёр мехоҳад донад, ки тақдири мибаъдаи он ҷавони содиқу ҷонфидо чӣ шуд ва ӯ кӣ буд. Ӯ Басиров Расо ном ҷавоне буд, ки минбаъд бар ивази чунин хислатҳои наҷибаш ба пояҳои баланди инсонӣ расида тавонист ва имрӯз аз ӯ танҳо ба некӣ ёд мекунанд.
  Тобистони соли 2010 яке аз ходимони рӯзномаи «Миллат» маро телефонӣ аз марги устод Басир Расо хабар дода, суроға ва манзилашро аз ман пурсид. Вале мутаассифона ман суроғаи нави ӯро намедонистам. Бо афсӯс ва надомати хеш, ки чаро боре аз ӯ хабар нагирифтам ба ҷанозааш рафтам. Ҳама шиносу ношинос, ки барои видоъ бо ӯ гирд омада буданд, дар борааш бо афсӯс чизе мегуфтанд. Яке аз хоксориаш ҳарф мезаду дигаре аз лутфу карами ӯ ва саввумӣ аз ҷавонмардиву лутфу зарофаташ. Касе дигар аз заҳмати тӯлонии ӯ дар матбуот ва якдилу якрӯ буданаш ёдовар мешуд. Устодро дар манзили хомӯшон ба хок супориданд. Бо сари хам ва синаи пур аз ҳасрат пас гаштем ва он ҳодисаи зери тарма монданашро, ки на як бору ду бор аз забонҳо шунида будам, ҳар замон ба хотирам меомад. Пурсуков намудам, бо кӯмаки  нафаре ҳуҷҷатҳояшро аз бойгонӣ пайдо кардам, вале ин ҳуҷҷатҳои расмӣ қариб, ки аз ҳеҷ чиз хабар намедоданд. Бо ин мақсад ба ноҳияи Ванҷ, зодгоҳи устод Басир Расо сафар кардам, ба хешу табораш муроҷиат намудам, вале мутаасифона он чизе, ки лозим буд, ёфта натавонистам. Баъд ба хулосае омада, он маълумотеро, ки худ медонистам ва чизеро, ки аз худи ӯ шунида будам, ба хотири шод кардани рӯҳи покаш ва таскини қалби хеш рӯи коғаз овардам.
  Устод Басир Расо соли 1931 дар деҳаи Бунигаи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Замони кӯдакиаш мисли ҳамаи кӯдакони кӯҳистонӣ бо машаққат ва сахтӣ паси сар шудааст. Модарашро дар ёд надошт, чунки ҳамагӣ як сол дошт, ки ӯ вафот карда буд. Аз навозиши падар ҳанӯз дар замони тифлӣ маҳрум монда, дар хонаи бачагон ба воя расидааст. Тифлони деҳа ҳама ӯро чун бародари калонӣ дӯст медоштанд. Солҳои қаҳтӣ Расо камонғӯлак дар даст парранда шикор мекард ва духтаракону писаракони хурдсол аз паси ӯ мегаштанд, ҳеҷ кадомро хафа намекард ва «бенасиб» намегузошт.
  Падараш писари ягона буд, ва худи ӯ низ мисли падар якаву танҳо аз модари ғӯррамаргу падари бар асари ҳаводиси номатлуби солҳои сӣ қурбоншудааш нишонае боқӣ монда буд. Ана ҳамин тавр, бо машаққати зиёд, гушнаву бараҳна тифлиро паси сар намудааст. Аз ин рӯ, нисбат ба кӯдакон ва ятимон меҳру садоқати беандоза дошт.
  Баъди хатми мактаби миёна ба кори педагогӣ ҷалб шуда соли 1948 ба ҳайси сармураббии хонаи кӯдакони ноҳияи Ванҷ ва баъди як сол мудири шӯъбаи мактаби кумитаи ноҳиявии комсомол таъин шудааст. Орзуи ӯ пеш аз ҳама таҳсил буд, аз ин рӯ, соли 1951 ҷавони меҳнатдӯст ва ба кори партия ва ҳукумат содиқ буданашро ба эътибор гирифта, тариқи роҳхати кумитаи районии партия ба хондан фиристода шуд. Соли 1956 факултети таъриху филологияи Университети давлатии ба номи Ленинро хатм намуд.
  Ҳамон сол баробари хатми мактаби олӣ ҳамчун ходими адабии маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ба кор шурӯъ намуд. Соли 1957 муҳаррири масъули маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» таъин шудааст. Истеъдоди журналистӣ ва шоирии устод Басир Расоро ба назар гирифта, соли 1959 ба вазифаи мудири шӯъбаи адабӣ ва санъати «Маориф ва маданият» ва пас аз як муддат муҳаррири масъули ҳамин рӯзнома интихоб шудааст. Соли 1962 табъи латиф, истеъдоди фавқулоддаи ҳаҷвнигории ӯро ба назар гирифта боз ба вазифаи муҳарририи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» бозпас хонда шуд ва то охири умр содиқона ба ҳайси муҳаррир адои вазифа намудааст. Маҷаллаи «Хорпуштак» ҳамчун мақоми кумитаи марказии ҳизби коммунист дорои нуфузи баланд ва обрӯю эътибор буд. Муддати зиёда аз ним аср муҳаррири чунин як нашрияи ба қавле «ҷанҷолӣ» будан ва рӯйрост айби касонро гуфтану касро малол накардан, дар иҳотаи бархе аз ашхоси маҳалгаро ва бахилу ҳасуд кор кардан ва бо ҳама забони мадоро ва мурувват ёфтан нишонаи ақли солим, заковату дурандешӣ ва билохира инсони комил будан аст, ки ҳама ин сифатҳоро дар шахсияти ӯ мушоҳида кардан мумкин буд. Устод дастпарвари интернат буд, шояд садоқати ӯ нисбат ба кор ва муҳаббати беандозааш нисбат ба ватан ва заҳмати ҳалол натиҷаи ҳамин тарбияи парваришгоҳ бошад.
  Дар ҳуҷҷатҳои шахсии устод се адад характеристика мавҷуд аст, яке аз ҳамсабақи ӯ дар  Университет ва ҳамкораш дар маҷаллаи «Хорпуштак» И. Бозоров мебошад. Дар он ба истеъдод ва садоқату меҳнатқаринӣ ва инсонпарварии ӯ, муносибати самимиаш бо ҳамкорон баҳои баланд дода шудааст. Чунин баҳои баландро дар характеристикаи худ ҳамкори дигараш – саррассоми маҷаллаи «Хорпуштак» Расулов, ки бо устод дар яке аз парваришгоҳҳои ҷумҳуриявии назди Вазорати маданият тарбия мегирфтааст ва ҳанӯз аз соли 1946 ӯро мешинохтааст, дареғ надоштааст.
  Характеристикаи дигар, ки ба устод навишта шудааст, ба қалами нависандаи маҳбуби халқи тоҷик, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев, ки соли 1964 вазифаи муҳаррири маҷалаи «Хорпуштак»-ро ба ӯҳда дошт, тааллуқ дорад. Ӯ менависад: «Рафиқ Басиров дорои сифатҳои хуби ташкилотчигӣ аст. Ӯ тавонист, ки низоми кори ҳайати кормандони редаксияро таъмин созад. Фелетонҳо, мавзӯъ ва матни ҳаҷвии расмҳои ба қалами ӯ мансуб бо мазмуни тезу тунди ҳаҷвӣ, нишонрасӣ фарқ мекунанд. Дар эҷоди жанрҳои назмии ҳаҷман хурди ҳаҷвӣ низ ба муваффақиятҳо ноил гардидааст».
  Устод соли 1962 узви Иттифоқи журналистон ва соли 1971 ба узвияти Иттифоқи нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шудааст. Ашъораш дар маҷмӯъаҳои «Боргоҳи нур», «Нидои дӯст», «Баҳори орзу», «Мавҷи дилнавоз» ба табъ расидааст. Мураттиби ашъори шоири нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри XX Мулло Ёри Ванҷӣ «Табъи оташбор» ба шумор меравад. Ӯ шоири тавонову соҳиби табъи равон ва латифе буда, бештар назирасароиро меписандиданд. Аз он ҷиҳат, ки ҳаҷвро дӯст медоштанд ба ғазалиёти аксар шоирони классики форсу тоҷик назираи ҳаҷвӣ гуфтаанд. Масалан, бо байте аз Ҳофиз матлаи назираи худро оро додааст:
«Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд».
Ҳамон кӣ мадраса рафту низоми таълим дид,
Зи рӯзгору замон мубталову муфлис шуд.
Ҳамон сарой, ки бар дакон дабистон буд,
Макони фанду фиреб асту номаш офис шуд.
Ё ин ки:
«Пиронасарам ишқи ҷавонӣ ба сар афтод,
В-он роз, ки дар дил бинуҳуфтам, бадар  афтод».
Аз роҳи ҳавас мурғи дилат нағмасаро шуд,
Чашмат чу ба он баста миёну камар афтод.
Ишқи дами пирии ту бо химчамиёне
Бо қомати хамгашта басе дарди сар афтод.
Ҳамбистари нав лутф надорад сари мӯе,
Дунболаи ту аз ҳаваси симу зар афтод…
  Суханро қадр мекард ва меписандид. Ҳамеша барои баланд будани қадру қимати он кӯшиш ба харҷ медод. Дӯстдори ҳақиқии аҳли илму адаб ва ватанаш буд, ки чанд байти зер далели фикрҳои болост:
Назди мардони сухансанҷ хамӯшӣ сухан аст,
Орифи воқифи асрор ба хуанҷуман аст.
Бенавое ба ҳама ҳоли табоҳу ранҷаш
Шоҳи мардони ҷаҳон аст, агар дар Ватан аст.
Рутбаву хутбаи мардонагии Ҳотами Той
На сазовор ва андархури ҳар бекафан аст.
Орифонро ҳама умр аст ба карбос ниёз,
Ҷоҳилонро паи пайтобакатону паран аст…
  Як қатор асарҳои ҳаҷман хурди ӯ, ки мазмуни тезу тунди ҳаҷвӣ дошта, дорои характери  сиёсӣ буданд, дар матбуоти тоҷик ва нашрияҳои ҳаҷвии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи дур, аз ҷумла дар Олмону Булғористон чоп шудаанд. Баъзе шеърҳояш дар маҷмӯаҳои антологии назми тоҷик ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, қирғизӣ, арманӣ ва ғайра ба чоп расидаанд.
  Устод Басир Расо дар кори тарҷумаи осори як зумра асарҳои адибони хориҷӣ ба забони тоҷикӣ ҳиссаи калон гузоштааст. Ашъори шоирони арман Э. Чаренс, Л. Гурунс, Н. Зарян, Г. Эммин ва достони қаҳрамонии халқи арман «Давид Сасунӣ» -ро ба тоҷикӣ тарҷума намуда, мураттиби тазкираи назми арман «Сози наирӣ» ба шумор меравад.
  Ҳамчун ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ узви Президиум ва ҷонишини раиси Комитети якдилии кишварҳои Осиё ва Африқо (1970) интихоб шуда буд. Бо увонҳои Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти тоҷик сазовор дониста шуда, бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Дӯстии халқҳо», «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста», медали тиллоии Кумитаи ҳифзи Сулҳи ИҶШС ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қадр карда шудааст.
  Устод дар баробари табъи латиф доштан, сӯҳбаторову кушодачеҳра будан, инчунин ба мусиқӣ майлу рағбати зиёд дошт ва худ низ аз ин ҳунари нафис бархурдор ва навозандаи хуби сетор буданд. Аз ин рӯ, дар яке аз намоишҳои санъати Тоҷикистон дар Маскав иштирок намудааст. Дар хонааш асбобҳои миллии тоҷикиро нигоҳ медоштанд ва дар бораи ҳар яке бо меҳру муҳаббати зиёд нақл мекард. Дар байни ин асбобҳои мусиқӣ сетори шодравон Мир Сайфиддин – сарояндаи машҳури Афғонистон барояш аз ҳама азиз буд, ки худи ӯ ба устод тӯҳфа карда буд. Бо шодравон Гурминҷ Завқибеков дар кори ҷамъоварии асбобҳои қадимаи мусиқӣ ҳамкорӣ   доштанд. Аз хусуси санъати мусиқӣ сӯҳбат карданро дӯст медоштанд.
  Солҳои охир, ки ман бо ӯ бо ҳар баҳона тез-тез вомехӯрдам, орзуи ягонааш дар зодгоҳаш деҳаи зебо ва хурдакаки Бунига воқеъ дар соҳили дарёи Панҷи пуртӯғён, ки аз дигар деҳоти ҷамоати Водхуд бо сарсабзиву хуррамии худ фарқ мекунад, сохтани як осорхонаи таърихӣ ба хотири подоши меҳнату заҳмати гузаштагон ва шаҳидони деҳа, аз ҷумла падараш буд, ки ӯро ҳанӯз вақти 5-сола будани Расо ҳамчун душмани халқ ба ҳабс гирифта буданд. Ӯ падарашро хира дар хотир доштанд. Тӯҳматҳои сиёсии солҳои сиюмро ба коми худ кашиданд. Дар асл падари бечорааш на бой буду на заминдор. Бисёре аз он маҳкумшудагони бечора умуман барнагаштанд, аз ҷумла падари Расои хурдсол низ ба коми бедаракӣ фурӯ рафт. Ӯ мехост як ёдгории рамзие ба ҳуми «қабри падар» бунёд созад, то дар он ҷо дар ҳаққи ӯ дуое кунад ва андаке бошад ҳам, дили худро таскин бахшида тавонад. Барои расмисозии ин кор бисёр кӯшиш низ ба харҷ дода, барои бунёди осорхона қитъаи замине ҷудо кардан мехост, то дар он сохтмоне анҷом диҳад, вале мутаассифона амалӣ шудани ин нияти хайр ба устод муяссар нагардид. «Фарзанди хуб боғи падар» мегӯянд. Дар қатори як зумра нафароне, ки падари онҳо низ ба тӯҳмати «душмани халқ» гирифтор шуда буданд, Расо тавонист бегуноҳии падарашро собит созад ва ӯро сафед намояд. Ва ҳатто ба ӯ муайян кардани шахсияти он нафаронеро, ки падари бегуноҳашро тӯҳмат карда буданд. муяссар гардид. Инсони комил дар охири умр аз андоза берун барои анҷоми кори хайре заҳмат мекашад, мехоҳад аз худ ҳар чи бештар чизе боқӣ гузорад, барои мардум амали шоистаеро анҷом бахшида тавонад. Мутаассифона, на ҳама вақт дунёи бевафо ва умри кӯтоҳи инсон ба ин нияти хайр ҳамнафасӣ зоҳир менамоянд. Аз марг ҷои гурез нест ва аз он малол шудан ҳам камоли нодонист, вале вақте ки касе нияти хайре дораду бебасаре аз камоли нодонӣ бо сабаби ночизе сади роҳи ӯ мешавад, барояш лаънати пойдор хондан сазовор аст. Ба устод дар сохтани осорхона хешу ҳамсоя ва наздикону дӯстон ҳамоҳангӣ зоҳир накарданд. Ҳатто ҳукумати ноҳия низ ба ӯ кумак расонданро раво надид. Замини падараш, ки кайҳо «соҳиб» пайдо карда буд ва мехостанд, ки дар он осорхона бино созанд, баргардондан барояш муяссар нашуд. Ҳамин тавр, устод он орзуяшро бо худ бурданд.
  Солҳои дароз ӯ котиби ташкилоти ҳизбии Иттифоқи нависандагонро ба ӯҳда доштанд, ба ҳамаи шоиру нависандагони ҳамзамонаш чун шахси боваринок ва котиби кумитаи ҳизбӣ хислатнома навиштааст, аз ҷумла ба устод Мирзо Турсунзода ҳам. Дар ҷамъомадҳои истеҳсолӣ агар нафаре барои амали ғайрисавоб мавриди муҳокима қарор мегирифт, дар қазоват сухани устод ҳамеша барои ҳимояи ӯ ҳалкунанда буд. Аз ин рӯ, ҳама ӯро дӯст медоштанд ва эҳтиромаш мекарданд. Дар муноқишаву баҳсҳо барои оштӣ додан устод ҳама вақт дастболо мешуданд.
  Ӯ ҳалиму хоксор буданд, ва ман-маниву кибру ғурур барояш аз хислатҳои бегона шумор мерафтанд. Дар хона бошад, меҳмонро бо луфу навозиши зиёд пешвоз мегирифтанд. Шояд ҳамин хислатҳои некаш буданд, ки зиёда аз ним аср вазифаи сармуҳаррири маҷалаи «Хорпуштак»-ро бар дӯш дошт ва дар ин муддати тӯлонӣ боре ба ягон камбудӣ роҳ надода, масъулияташро бо сарбаландӣ анҷом бахшида тавонист.
  Ӯ имрӯз дар байни мо нест. Ҳама шиносу ношинос ба маргаш афсӯс мехӯрем, сифаташ мекунем, аз софии ботин ва покии виҷдонаш ҳарф мезанем. Сад афсӯс, ки натавонистем, ақалан даҳ дар сади ҳамин суханҳоро дар зиндагиаш иброз намоем. Ва боз афсӯс барои он, ки касеро баъди вафоташ васф менамоему худ намехоҳем мисли ӯ бошем. Пас мо ба дурӯғгӯе монандем, худ ва дигаронро фиреб медиҳем.
  Чун одат ҳар вақт ба идораи маҷаллаи «Хорпуштак» меравам, кормандон ҳама бо хушнудӣ маро пешвоз мегиранд ва пазироӣ мекунанд, вале дидагони муштоқам боз касеро меҷӯянд, ки орзуям дидани чеҳраи кушода ва самимии ӯст, вале ӯ нест. Аксаш дар ҳуҷраи кораш ба сӯям менигарад ва бо меҳр гуселам мекунад. Ман чун ташнае, ки лаби чашма барои шикастани ташнагӣ меояду ташна бармегардад, ҳуҷраи ӯро бо яъсу ноумедӣ тарк месозам. Наврӯзи Гулзод (дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ). Мақола дар рӯзномаи “Миллат” чоп шудааст.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.