Ҳимматшо Қаноатов

  imachoqanoatҲимматшо Қаноатов яке аз паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ дар солҳои 80-90 ҳисоб меёбад. Ӯ ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ нозукиҳои гӯштии тоҷикиро аз тағояш Ҳукуматшо Ғайратов омӯхта, онро дар солҳои адои хизмати ҳарбӣ ва донишҷӯияш дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлати омӯзгории ба номи Қ.Ҷӯраев, дар зери роҳбарии устоди варзиши ИҶШС Мурувватшо Бачабеков ҳаматарафа такмил додааст.
  Устоди варзиши ИҶШС, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳимматшо Қаноатов ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, ҳарбӣ ва умумииттифоқӣ буда, шарафи варзиши Тоҷикистонро баланд бардоштааст. Ӯ бо як хусусияти худ аз аксарияти варзишчиёни касбӣ фарқ мекунад. Дар мусобиқа ё маъракаҳои гӯштӣ бо як дилпурию боварӣ ба бартарии қувваи худ баромад намуда, қариб дар ҳама ҳолат дастболо мегардад. Дар ин ҷода таъсири тағояш Ғайратпаҳлавон барало ба назар мерасад. Дар гӯштӣ ва мусобиқаҳои расмӣ ӯ дар вазни миёна баромад кунад ҳам, дар маъракаҳои ғайрирасмӣ вазнро намеписандад. Бо як ҷасурию чолокӣ ҳарифи аз худаш даҳҳо кг зиёд вазн доштаро бо осонӣ ба тахтапушт мехобонад.
  Ҳоло корманди масъули қисмҳои марзбонии Тоҷикистон буда, тамоми қувваашро барои ҳифзи сарҳадоти ҷумҳурӣ дареғ надошта, адои вазифа мекунад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.