Қалъаихумб – пойтахти шоҳигарии Дарвоз

  То асри XVII пойтахти шоҳигарии Дарвоз, чи хеле дар боло ишора рафт, бо номи Каррон 6 км дуртари шимоли-шарқии Қалъаихумб дар баландии аз ҷиҳати ҳарбӣ-мудофиавӣ (стратегӣ) хеле бобу муносиб ҷой гирифта буд. Қалъа аз ҳама тараф бо девори устувори аз сангу гил сохташуда муҳофизат мешуд. Таърихи бино ёфтани ин қалъа маълум нест. Фақат аз истифодаи анъанаҳои хеле қадимаи сохтмони чунин иншооти побарҷои манзилию мудофиавии харобаҳои он тахмин меравад, ки қалъа таърихи хеле қадимиро доро буда, сохтани он ба давраҳои аввали асрҳои миёна рост меояд. Албатта, ин мулоҳизаҳо аз қаринаҳои меъморӣ тахмин шудаанд. Хуб мешуд, агар дар харобаҳои ин қалъа, ки дар байни сокинони маҳаллӣ бо номи «Қалъаи кӯҳна» аз давраи холиву «нодаркор» шуданаш маъруфият дорад, тадқиқоти мукаммали бостоншиносӣ гузаронида, мутахассисон санади пайдоиши онро ба таври илмӣ асоснок менамуданд. Ин иқдом дар шинохти таърихи бостонии тоҷикон саҳифаи ҷолибе хоҳад кушод. Сокинони қадимаи кӯҳистон, ба дурдастию мушкилии бероҳӣ ва дигар душвориҳои рӯзгор нигоҳ накарда, дар ин ҷойҳо сукунати доимӣ ихтиёр намуда, анъаноти «авастоӣ» ва этникӣ-нажодии худро қариб беолоиш нигоҳ доштаанд.
  Кушодани сабабҳои ба ҷои нав кӯҷонидани пойтахт низ аз аҳамият холӣ нест. Дар ин масъала низ тахминҳои гуногун мавчуданд. Баъзеҳо дар ин ақидаанд, ки аз ҷиҳати ҷойгиршавии табиию ҳарбӣ ё стратегӣ ҷои пойтахти нав – Қалъаихумб мувофиқу муносибтар будааст. Вале аз диди мо ин ақида асоси воқеӣ надорад. Мавқеи стратегии пойтахти собиқ – Карронро борҳо таҳқиқотчиёни рус, ки худ аксаран намояндагони доираҳои ҳарбӣ буданд, қайд намудаанд. Дар ҳақиқат Қалъаи кӯҳна дар баландие ҷой дошт, ки аз тарафи шимол ӯро кӯҳи баланди касногузар, аз чануб дарёи пуртуғёни Панч ҳифз менамуданд. Аз ғарб кадом қувваи истилогаре, ки аз ағбаи Хобу Рубот фуромада тангнои ба дарвоза шабоҳатдоштаро мегузашт, албатта шоҳ имкон дошт онро дар назди қалъа нигоҳ дошта муҳофизати мулкро таъмин намояд. Аз тарафи шарқ низ ин қалъа бе душворие низ муҳофизати худро таъмин карда метавонист. Пойтахти нав – Қалъаихумб бошад, дар назди тангное ҷой дошт, ки дар сурати якбора аз ағба фуромадан ё аз самти ғарб, аз деҳаи Умарак пайдо шудани ғосибон фавран мудофиаро таъмин намудан мушкил буд. Ба ҳақиқат рост омадани ин хулосаро ҳучуми ногаҳонии қӯшунҳои амири Бухоро зери фармондеҳии Худойназар атолиқ зимистони 1977-78 собит намуд. То ба худ омадану ҷорабиниҳои мудофиавиро таъмин намудани фармондеҳони дар ғафлатмондаи қӯшунҳои шоҳ, сарбозони Бухоро Қалъаихумбро ишғол намудаанд. Аз ин нигоҳ пойтахтро ба Қалъаихумб кӯҷондан яқинан аз зарурати стратегӣ бар наомада, сабаби дигар доштааст.Qaiyxumb
  Маълум аст, ки, яке аз сабабҳои аввалиндарачаи интихоби ҷойи сохтмони шаҳр махсусан пойтахт ба дарачаи кофӣ мавчудияти манбаъи об мебошад. Бидуни мавчудияти чунин манбаъ пойтахти аввалаи Дарвоз табиист, ки вуҷуд дошта наметавонист. Тахмин меравад, ки дар ибтидо қалъаро аз об чашмаи калоне таъмин мекард. Ин манбаи ҳаётан муҳими об бо сабаби табиие хушкидааст. Дар ҳолати муоинаи чиддии харобаҳои Қалъаи кӯҳна шояд нишонаҳои он пайдо гарданд. Ба андешаи мо сабаби асосии ба ҷои нав кӯҷонидани пойтахти Дарвози бостонӣ хушкидани манбаъи таъминкунандаи оби қалъа мебошад. Ин фарзияро ривояти дар хотираи мардуми диёр то ба имрӯз пойдор монда низ тақвият медиҳад.
  Албатта, то кадом андоза ба ҳақиқат наздик будани ривояти мавчуда, ҳукми қотеъона баровардан аз рӯи мантиқи илмӣ норавост, вале ба эътибор нагирифтани он низ беэътиноиест нисбати қимати маъхазҳои шифохии таърихӣ. Муҳаққиқон нағз медонанд, ки ҳаводиси гузаштаи дури ин ё он халқ бештар дар шакли нақлу ривоятҳои устуравӣ аз насл ба насл гузашта нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳар сурат мо аз ривоятҳое, ки яке аз шахсиятҳои фарҳангии диёр, таърихогоҳу сиёсатшинос, сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Комёб Ҷалилов нисбати таърихи Қалъаи кӯҳнаи Дарвоз ҳангоми сӯҳбатҳои тӯлонӣ аз забони солорсолони диёр шунидаву рӯи қоғаз овардаст, сарфи назар карда наметавонем. Шояд дар он гуфтаҳо ҳақиқате нуҳуфта бошад, ки онро дар оянда ковишҳои бостоншиносӣ тасдиқ намоянд.
  Дар он ривоятҳо Қалъаи кӯҳна бо номҳои Қалъаи Шаҳшаҳа, шаҳри Кевроно, Қалъаи Нусай ёд мешавад. Сокинони имрӯзаи Дарвоз вайронаҳои онро чун Қалъаи Шаҳшаҳа ё Қалъаи Кӯҳна ном мебаранд. Аз рӯи ривоят Шаҳшаҳа (аз рӯи ривояти капитани рус Кузнетсов шунида, ки дар боло ишора шуд, на Шаҳшаҳа балки Қаҳқаҳа ба шоҳигарии Дарвоз асос гузоштааст), асосгузори қалъа худ аз авлоди фиръавн буда, ҷои қалъаро дар баландие интихоб намудааст, ки аз болои он ҷор самти атрофаш ба осонӣ мушоҳида шавад. Дар ҳақиқат ҳангоми ба болои вайронаҳои имрӯзаи дизи қалъа баромадан, кас метавонад дуриҳои ҷор тарафи онро бе малол мушоҳида намояд: аз тарафи шимол Орҳангу Хуф, аз тарафи чануб – тамоми дараи Ҷавай (Ҷавайдара), аз ғарб – то охири деҳаи Зинг ва аввали мавзеи Сангев, дар самти шарқ бошад, тамоми манзараи Кайванду Каймадуд бемалол назора мешавад. Ин ҷои интихоби бино аз мавқеи ниҳоят мувофиқи ҳарбӣ-стратегии қалъа далолат мекунад. Дар ривоятҳо омадааст, ки гӯё бо фармони бунёдгари қалъа – Шаҳшаҳа дар сохтмони он як намуд сангҳои муқаддаси аз Ванч бо амадҳо (салҳо) ба воситаи дарёи Панч овардаро истифода бурдааст.
  Тибқи ривоятҳо дар ҷои ҳозираи вайронаҳои Қалъаи кӯҳна шаҳри калоне будаасту аз байнаш дарёе мегузаштааст, ки аз чашмаи Развон ибтидо гирифта, шаҳрро пурра аз об таъмин мекардааст. Вале кадом гуноҳи содир кардаи Шаҳшаҳа ғазаби Худоро оварда бошад, ки оби чашма хушкидааст. Гӯё аз оби таҳшингаштаи он чашмаҳои Зоғик, Дашти Ҷомашевун, Були ва Рузвай пайдо шудаанд. Бо фармони Шаҳшаҳа, барои аз вайроншавӣ раҳо намудани шаҳри беобмонда аз оби Девдараи Мдверг чӯй канда ба шаҳр, ки он замон Кевроно ном доштааст об биёранд (ин ҳам тақвияти ақидаест, ки дар байни номи шаҳри қадимаи Кевроно, Каррон ва деҳаи имрӯзаи Кеврон умумияте вуҷуд дорад). Вале баъди чандин қарнҳо бар асари сели бузурге гӯё ин ҷӯйбор пурра вайрон шудааст. Ин дафъа аз дарёи Нусай, ки имрӯз дар Рузвай ҷорист ва дар замони қадим аз назди мавзеи Зулманди имрӯза мегузаштааст, чӯйбор канда қалъаро обёрӣ кардаанд. Вале баъди чанде ин чӯйбор ва деҳаи Нусайро низ сел батамом вайрон кардааст. Аҳолии ин деҳа ба Рузвай ва дигар деҳаҳои атроф кӯч бастаанд. Акнун ба шаҳр аз дарёи Рузвай об овардаанд. Вале бо амри тақдир ин кӯшиши нав низ муваққатӣ буда, баъди чанде бо туфайли офати нави табиӣ – сели бузурге ҳам деҳаи Рузвай ва ҳам чӯйбори шаҳр пурра вайрон шудаанд. Аҳолии боқимондаи Рузвай ва Нусай акнун ҷойҳои дигарро обод карда сукунати доимӣ ихтиёр намудаанд. Деҳаҳои кунунии Рузвай ва Нусай (Нусайи соҳили чапи дарёи Панчи қаламрави Афғонистон) бо ҳамон номи деҳаҳои вайроншудаи қадимӣ номгузорӣ шудаанд. Нусайи қадима тибқи ривоятҳо болотар аз Говқурумбҳои (харсангҳои сел ғелонда оварда) назди деҳаи Рузвайи кунунӣ ҷой доштааст. Ягона нишонаи он деҳаи калон чанд кӯҳандарахтони тути то ба наздикӣ дар онҷо буда, ки бо номи тутҳои Нусай маъруф буданд, ҳисоб меёфтанд.
  Баъди ин дафъаи навбатӣ беоб мондан низ сокинони қалъа ва мавзеи атрофи он худро боз чанд муддате нигоҳ дошта тавонистанд. Гӯё бо заҳмати устоҳои моҳир чархи бузурге сохта, дар қирраю парраҳои он матоҳои ғафси пахтагине васл карда будаанд. Вақти гардиши чарх матоҳо ба дарё ғӯтида оби чаббидаашро боло мебардошт, сипас аз байни ғӯлачӯбҳои ҳаллочии бузург мегузашт ва ҳамин тариқ оби ба новачӯбҳо фишурдашударо ба шаҳр равон мекарданд. Он қуллае, ки ҳаллочӣ насб шуда буду аз он бо новаҳо об ба чӯйбор ҷорӣ мешуд то кунун дар байни халқ чун Кӯи (кӯҳи) Об ва Дараи Обкаш ёд мешаванд. Вале бо ин усул шаҳр ва қалъаро аз об дурудароз таъмин намудан ниҳоят душвор буд. Дар чунини ҳолати ногувор шаҳр боз қариб як аср худро нигоҳ дошта тавонистааст. Оби дарёи Панч бошад бо мурури замон мачрояшро кофта то рафт паст ва баровардани об душвор мегашт. Сокинони шаҳрро танқисии об мачбур мекард, ки ба деҳоти ат- роф кӯч баста зиндагии доимӣ ихтиёр кунанд. Оқибат шоҳ мачбур шуд, ки Қалъаро ба ҷои нав кӯҷонад[1].
  Дар ин ҷо ба маврид аст бори дигар ба ихтилофи дар ривоят ҷойдошта рӯ оварем: чи тавре дар боло ишора рафт, мушоҳид ва тадқиқотчии рус капитан Кузнетсов солҳои 90-уми асри XIX ба сифати асосгузори қалъа ва давлати қадимаи Дарвоз аз мардуми таърихогаҳи маҳаллӣ номи Қаҳқаҳаро шунидааст. Баъди зиёда аз як аср, тадқиқотчии дигари рус, ходими илмии Институти шарқшиносии Ака- демияи илмҳои Федератсияи Русия ҳангоми сафари касбии худ, ки солҳои 2003-2006 дар ноҳияҳои сарҳадии Точикистону Афғонистон дар минтақаи ВМКБ гузаронидааст, аз сокинони маҳаллӣ ҳамон ривоятро ба тариқи зайл шунидааст:
  «Дар байни кӯҳҳои деҳаи Рузвайи Дарвоз харобаҳои қалъае мавчуданд. Аз рӯи ривоятҳо дар он паҳлавоне бо номи Қаҳқаҳа зиндагӣ мекардааст. Боқимондаҳои қалъа ва нишонаҳои чархе, ки он аз дарёи Панч ба қалъа об мекашидааст то охири асри XX мавчудияти худро нигоҳ доштаанд… Қаҳқаҳа хоҳари ниҳоят соҳибчамоле дошта, худ ба ӯ ошиқ шудааст. Ҳазрати Алӣ бо писаронаш Ҳасан ва Ҳусейн ба ин ҷо омада, дар муҳориба Қаҳқаҳаро ба қатл расонда, дар ин мулк пайравии ислом – мусулмониро барқарору пойдор намудааст. Дар Рузвай боқимондаи панчсад марқад мавчуд аст. Аз рӯи ривоятҳо онҳо марқади шаҳидонеанд, дар ин муҳориба барои тарафдории ҳазрати Алӣ ба муқобили кофирон чангидаанд…» (Ниг.: Емельянова Н. Дарваз. Религиозная и культурная жизнь таджико-афганского приграничья. – Москва, 2007. – С.28). Яъне бар хилофи шунидаҳои Комёб Ҷалилов, ки ба сифати асосгузори қалъа Шаҳшаҳаро овардааст, капитани тоинқилобии рус Кузнетсов ва тадқиқотчии муосир Надежда Емелянова аз маълумотдиҳандагон номи Қаҳқаҳаро шунидаанд. Аз рӯи шуниди мо низ бештар дар ривоятҳо номи дуюм во мехӯрад. (Дар ин радиф бояд боз изҳор дошт, ки бо чунин ном боз чандин қалъаҳои қадима ёд мешаванд, аз чумла дар вайронаҳои пойтахти қадимаи Истаравшан – Бунҷикат (Шаҳристон) бостоншиносон, хосатан академик Нӯъмон Неъматов, Қалъаи Қаҳқаҳаро таҳқиқ намудаанд). Ин ихтилоф албатта ҳалкунанда набуда, чузъист. Муҳим он аст, ки аз мазмуни ин ривоятҳо возеҳан таърихи ниҳоят қадимӣ доштани бунёди қалъа ва мавчудияти шоҳигарии Дарвоз бармеояд.
  Акнун суоле пайдо мешавад: кай ва аз тарафи ки пойтахти шоҳони давраи охириасримиёнагии Дарвоз – Қалъаихумб бунёд шудааст? Ба он хушбахтона чунин дубайтии шоир, солноманависи гумноме, шояд ху- ди асосгузори қалъа бошад, чавоб додаст:
Шаҳ сохт бинои қалъаро дар боғе,
Офат нарасад ба мевааш аз зоғе.
Таърихи бинош, Қалаихум кардам,
Дар синаи душманон ниҳодам доғе.
  Калимаи охири ин дубайтӣ «доғе», соли бунёди бинои Қалъаихумб буда, аз рӯи ҳисоби абчад ба соли 1015 ҳичрӣ рост меояд, ки мутаносибан ба соли 1606-1607-и милоди баробар аст[2]. Ин санади мӯътамад, ки бидуни шубҳа соли бунёди бинои қалъаест, ки ба унвони Қалъаихумб чун исми пойтахти шоҳигарии Дарвоз муқаррар шуд. То интихоби ин мавзе чун пойтахт ва сохтани қалъа, ин ҷо деҳаи аҳолинишин шояд бо номи Хумб ё Хамб вуҷуд доштааст.
  Гурӯҳе аз муҳаққиқони тоинқилобии рус ба ривоёти сокинони маҳаллӣ такя карда, кӯҷондани пойтахт ва бунёдгузории қалъаи онро ба Шоқирғиз нисбат медиҳанд, вале онҳо ба асноди замони ҳукумати Шоқирғиз рост намеоянд. Тибқи далелҳои дар даст доштаи мо солҳои ҳукумати ин шоҳ ба 1638-1668 рост меоянд. Яъне, Шоқирғиз зиёда аз 30 сол пас аз пойтахт интихоб шудани Қалъаихумб ба тахти шоҳии Дарвоз соҳиб шудааст. Табиист, ки ӯ барои ободу зебо намудани он, аз чумла васеъ кардани боғи шоҳӣ, ки онро девори сангӣ иҳота намуда буд ва бо унвони «Боғи ирам» ёд мешавад ва шояд дар кори анҷом додани сохтмони қалъа саҳми чиддӣ гузоштааст.
  Номгузорӣ шудани пойтахти нави Дарвоз, аз куҷо маншаъ гирифтани таркиби «Қалъихумб» низ ниёз ба санчиши дақиқ дорад. Қалъихумб дар соҳили рости дарёи Панч ва соҳили чапи шохоби он – Хумбов (дар нуктаи пайванди онҳо) ҷой дорад. Хумбов низ мисли Қалъаихумб, ки аз ҳамбастагии ду калимаи гуногунмаънӣ: «қалъа» ва «хумб» таркиб ёфтааст, ибораест, ки «хумб» ва «об»-ро ифода мекунад. Умумияти ин ду ибора дар қисмати «хумб»-и онҳост, ки ба гумони мо то кунун таҳлили воқеан ба маънӣ мувофиқи худро наёфтааст.
  Тадқиқотчиёни тоинқилобии рус назари худро рочеъ ба номгирии пойтахти шоҳигарии Дарвоз бо чунин далел асоснок намудаанд, ки он аз хуми калони сангине дар инҷо мавҷуд буда бармеояд. Яке аз тадқиқотчиёни ба тарзи зиндагию анъаноти хоссаи сокинони ин диёр таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда Г.А.Арандаренко мебошад. Номбурда чунин назари қатъӣ пешниҳод намудааст, ки гӯё «Қирғизхон аз сабаби дар ин ҷо мавчуд будани кӯзаи калони аз санги хоро сохта шуда, пойтахти худро Қалъаихум номгузорӣ намудааст». Ба шуниди ӯ ин хуми бузургро гӯё ҳамсафону хизматгузорони Искандари Мақдунӣ, ки «дар ин зиндони ҳазрати Сулаймон» (аз сабаби канорагиву бероҳагӣ ба чунин баҳои рамзӣ муносиб донистаанд) сохтаанд[3].
  Тадқиқотчии дигар Б.Л.Громбчевский мулоҳизаҳои худро дар бораи Қалъаихумб баён дошта, қайд намудааст, ки дар ин шаҳрча, дар тарафи рости роҳ санги хеле бузурги дарунковок – хуми шикастаи қадимае хоб рафтааст. Рӯи онро ҳангоми дар посбонӣ будан сарбозон, чун курсӣ истифода мебаранд. Як пораи он сангкӯза дар девори тарафи чапи роҳ гузошта шудааст. Аз куҷо пайдо шудан ва кӣ сохтани онро касе намедонад. Дар он ягон навиштаҷот ҳаккокӣ нашудааст ва нақше ба назар намерасад. Униз баромади номи Қалъаихумбро ба ҳамин хуми сангӣ нисбат додааст. «Эҳтимолан, – менависад ӯ – то аз ҷониби паҳнкунандагони дини ислом – арабҳо забт шудан, дар ин ҷойхо буддоия ё браҳмания эътибор доштааст ва ин қуттӣ ё хуми азими сангӣ барои сӯхтани часади фавтидагон истифода мешудааст. Ин албатта фикри шахсии ман аст, дар ривоятҳои дар байни халқ мавчуд буда, роҷеъ ба ин масъала маълумоте боқӣ намондааст»[4].
  Силсилаи назароти муҳаққиқони рус рочеъ ба сабаби чунин ном гирифтани пойтахти шоҳигарии Дарвозро ба ёд оварда, аз андеша ва навиштаҳои шарқшиноси номдор А.А.Семёнов, ки фикри муаллифони зикршударо қувват медиҳад, сарфи назар кардан маънии то ба охир накушодани ҳамфикрии онҳо нисбати ин чузъиёти таърихи Дарвозро дорад. Ӯ тозагӣ ва сердолу дарахтии ин шаҳрчаи барояш фараҳбахшро қайд намуда, изҳор доштааст, ки мекӯшад, то оиди хуми номбурда, аниқтараш аз мавчудияти ду хум бештар маълумот диҳад, «чунки шаҳр номи худро аз онҳо гирифтааст (Қалъаи хумб дар фаҳмиши форсӣ маънии «қалъаи ҷом, кӯза»-ро дорад). Дар бораи ин ашёи тамошобоби Қалъаихумб зумрае аз сайёҳатчиёни дар Дарвоз буда ёдовар шудаанд. Хумҳо дар охири кӯча, дар ҷое, ки хонаи (казарма) сарбозон сохта шу- дааст, дар соҳили дарёчаи Қалъаихумб (Хумбовро дар назар дорад Ҳ.П.), дар назди резишгоҳи ӯ ба Панҷ ҷойгиранд. Ҳарду аз санги яклухти бепайванд сохта шудаанд, диаметри (қутри) доираи онҳо ба якуним – ду оршин (газ ё олчин – андозаи дарозӣ, ки ба 71 см баробар аст – Ҳ.П.) ва чуқуриашон ба ним оршин мерасад. Як хум бо гӯшаи шикастааш дар кӯча хоб рафта, дигараш чанд сажен (1 сажен ба се оршин ё ба 2,13 м баробар аст – Ҳ.П.) дуртар аз якум дар девори сангини кадом касе гузошта шудааст, ки фақат як кунчаш ба назар мерасад.
  Донишмандони маҳалӣ – муллоҳо, мирзо ва худи мир мегӯянд, ки ин хумҳо тибқи фармони Искандари Мақдунӣ ҳангоми ба ин ҷо юриши ҳарбӣ карданаш бо дасти девҳо сохта шудаанд. Шояд хонҳои мустақили пештараи Дарвоз, ки худро аз авлоди ин Мақдунии бузург ҳисобида, бо эҷоди чунин ривоят дар ин кӯзасангҳо иқтидори саравлоди худро нишон доданӣ буданд. Баъзе аз сайёҳони ба инҷо сафар дошта, чунин ривоятро аз даҳони мардум шунида дар навиштаҳояшон ҷой додаанд.
  Дар байни мардуми оддӣ бошад, ривояте сайр дорад, ки гӯё онҳоро 200 сол пештар ҳунарманди қошқарие барои тайёр намудани ранг ва ранг додани матоъҳои пахтагин сохта, мардуми таҳҷоиро бо ин санъати ҳунармандӣ шинос намудааст. Ин ривоятро як гурӯҳи точикони маҳаллӣ, ки дар тамошои сангҳо ҳамроҳӣ доштанд, нақл кардаанд. Хабари онҳо дар бораи бо дасти девҳо сохтани ин сангхумҳо камтаъсиртар бошад ҳам, аз диди мо ба ҳақиқат наздиктар аст. Ин фикрро боз чунин далел тақвият мебахшад, ки ин қисми Дарвоз бо санъати баланди истеҳсоли матои рангаи пахтагӣ дар тамоми Бухорои Шарқӣ маъруфият пайдо кардааст»[5].
  Ҳамбастагии ибораҳои «қалъа» ва «хум» чун тавлидгари номи пойтахти Дарвоз ба назари таърихӣ ва мантиқии аксари онҳо созгор омада бошад ҳам, вале на барои ҳама ҳақиқати бебаҳс қабул шудааст. Масалан, Д.Н. Логофет дар китоби хеш «Дар кӯҳҳо ва даштҳои Бухоро»[6], хулосаи дигарро пешниҳод намудааст. Ба ақидаи ӯ номи Қалъихумб аз таркиби «Қалъаи хуб» гирифта шудааст. Яъне қалъаест, аз дигар қалъаҳо хубтару беҳтар. Албатта, ин ақида аз диди мо қобили қабул набошад ҳам, онро сарфи назар кардан норавост.
  Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ин маркази аввалдараҷаи маъмурии Дарвозро Қалъаихум не, балки бештар Қалъаихумб ном мебаранд. Аксари тадқиқотчиёни тоинқилобии рус низ дар ҳамин шакл номи онро овардаанд, яъне ба «хум» овози «б» илова мешавад, ки дар маҷмӯъ чун «хумб» меояд. Дар инҷо ба маврид аст қайд кунем, ки дар забони классикӣ вожаи «хумб» ҷой дорад ва он низ фаҳмиши «хум» омадааст. Масалан, дар луғати Муҳаммадҳусайни Бурҳон, «Бурҳони қотеъ» омадааст: «Хумб ба маънии хуми бузург аст ва онро ба арабӣ дан гӯянд»[7]. Дар луғати номбурда «хунб» низ бо ҳамин маънӣ оварда шудааст[8].
  Ин ҳам водор месозад, ки хулосаи дар боло ишора шудаи муаллифони номбурдаи рус асос дорад ва пурра аз тарафи донишманди маъруфи тоҷик Худоӣ Шарифов дастгирӣ ёфтани ақидаи онҳо низ бесабаб нест. Вале дар ин масъала, гарчи ақидаи худро чун ҳақиқати бебаҳс пешниҳод карданӣ набошем ҳам, мехостем назари эҳтимолии хешро аз хонандаи нуктасанчу соҳиби андешаи мантиқӣ, пинҳон надорем.
  Дар шеваи Дарвозу Ванҷ, водии Кӯлобу қисман Қаротегин ҷои ҳамворро «хамб» мегӯянд. Ба ҷои «фаромадан» ё «фуромадан» онҳо бештар ибораи «хамбидан»-ро истифода мебаранд, ки ин маънии аз баландӣ ба поён ё ба пастӣ фуромаданро дорад. Имрӯз низ ин калима дар гӯиши мардум маъмул аст. Масалан, ба ҷои «аз кӯҳ фуромадан», «аз кӯҳ хамбидан», «аз бом хамбидан», «аз мошин хамбидан» ва монанди он мегӯянд. Аз мафҳуми ин калима ё вожа низ сарфи назар кар- дан ҷоиз нест. Аз он эҳтимолияти мантиқие бармеояд, ки баъди пойтахт ё қалъаи собиқро аз баландӣ ба ҷои ҳамворӣ кӯҷондан шояд ибораи «қалъаро аз баландӣ ба хамбӣ» кӯҷондан мавриди истифода шуда бошад. Чунки ин ҳам ба воқеияти ҳол мувофиқат мекунад.
  Барои касони ба мавзеъҳои чуғрофии кӯҳистон шинос истифодаи калимаҳои «хамб»-у «хамбак» ё «дашт»-у «даштак» чун номи ҷойҳо як чизи муқаррарист. Масалан, Дашти Лич (ё Луч), Сағирдашт (Дарвоз), Даштаки деҳаи Водхуд, дашти Сурхсангов, дашти Сари Сих, Дашти Бовуд, Палдаштҳо (Ванч) ва ғайра аз ин қабиланд. Ё номҳои калимаи «хумб» («хум») сохта ба монанди Хумдара, Хумби Варӣ, Хумроғӣ, Хумби Роғ ва ғайра, ки дар ягонтои инҳо хуме пайдо накардаанд ва чунин ном гирифтаанд. Табиист, ки маҳз барои дар ҳамворӣ ё хамбии поёни чуқурӣ ҷой доштанашон сабаби чунин ном гирифтан шудааст.
  Мисоли дигари тақвиятдиҳандаи ин ақида калимаи «хамбан» мебошад. Аз қадимулайём сокинони Дарвоз зарфи ноҷунбони бузурги захираи ғизоро дар анбори оила, ки «ганҷур»-аш меномиданд, нигоҳ медоштанд. Девори бинои ганҷурро, барои аз рутубату намӣ эмин доштани маводи хӯрока, чун орд, талқони тут (тутпист), талқони себ (себпист), меваи хушки тут, зардолу, пораи себ (себпора) ва ғайра одатан аз замин тахмин ним метр баланд, дар болои ғӯлачӯбҳо ва равчӯбҳои ғафси бадошт мебардоштанд. Ин зери холии ганҷурро «бурғавҷ» меномиданд. Дар даруни бинои ганҷур аз ду тарафи пойгаҳ (рост ва чап), дар болои шифт ду девори тунуктари мувозии баландиашон тахминан 1,2- 1,3 м сохта, байнашонро низ бо девор, ба чуқуриҳои қуттишакли мураббаъ чудо намуда, ҳамвор ва сахту суфта меандовиданд. Дар ҳар кадоми ин «қуттӣ»-хо навъи чудогонаи маводи хӯрокиро нигоҳ медоштанд. Ҳамин зарфи мураббаъро «хамбан» мегуфтанд. Дар «Луғат»-и С.Айнӣ шарҳи «хамба» ва «ханба» чун «охури хиштин, чӯбин, ки дар вай ғаладона захира кунанд», омадааст[9]. Чи хеле мебинем, дар ин ҷо низ ибораи «хамб» истифода шудааст, ки маънии «чуқурии тагаш ҳамвор»-ро медиҳад. Дар Қаротегин деҳаҳои Пасихам, Хами Бушоли Боло, Хами Бушоли Поён номгузорӣ шудаанд. Ё Рӯи Хамб дар Зинг, Хамбо дар деҳаи Работ, Качхамб, Хамби Беминнат, Хамби Гавҳар, Хамби Зовю, Хамби Наврӯзгоҳ дар деҳаи Хоб, Хамби Вирагӣ дар деҳаи Зев, Хамбаки Эло дар деҳаи Гишони Дарвоз ва ғайра аз қабили онҳост. Ибораи «пастхамӣ» ҳам, ки дар забони адабии точик мавқеи побарҷо дорад, низ далелест барои тақвият бахшидани хулосаи мо нисбати маънибандии номи пойтахти шоҳони Дарвоз – Қалъаихумб. Табиист, ки ин аз худи қонунияти забон, хусусияти лаҳчавию кӯтоҳшавии он бармеояд ва ивазшавии ибораи «хамб» ба «хумб» мантиқи муқаррарист.
  Барои тақвияти ин ақида зарурияти боз баргаштан ба идомаи ҳамон ривоятҳои халқиест, ки Комёб Ҷалилов гирд овардаю дар шакли дастхат ба муаллиф пешниҳод кардааст, пеш меояд. Аз ҷумла ӯ ривоятҳои халқиро доир ба зарурияти кӯчонидани қалъа чунин қаламдод намудааст: «Тақрибан 600 сол пеш (аз рӯи далелҳои амиқи таърихӣ, ки аз мазмуни дубайтии дар боло оварда шуда бармеояд, 400 сол пеш. – Ҳ.П.) қалъа аз оби бо фир (чархро дар назар дорад. – Ҳ.П.) маҳрум шуда ва тақрибан боз сад соли дигар нимавайрону нимаобод мемонад.
  Оқибат шоҳони Дарвоз маҷбур мешаванд пойтахти мамлакаташонро ба дигар ҷой гузаронанд. Чун бисёре аз дарбориён ба Рузвай, Кеврон ва асосан ба маҳалли нав – Хумиварӣ (Хумбиварӣ. – Ҳ.П.) кӯчида буданд, шоҳон низ қалъаи худро дар Боғи Хам (боғи ҳамвор ё паст), ки баъдан бо номи Қалъаи Хум ва ҳатто Хумб машҳур шуд, гузаронидаанд. Ба гуфти куҳансолон оҳиста-оҳиста тамоми чӯбу санги қалъаро (Қалъаи кӯҳнаро – Ҳ.П.) канда ва аз он Қалъаи Хумро обод кардаанд»[10].
  Дар ҳар ҳолат, сарфи назар аз кадом мафҳуме, ки номгузорӣ шуда бошад, худи ҷойгиршавии табии Қалъаихумб, ки пастхамии миёни кӯҳҳост, дар мачмӯъ, ба мафҳуми серпаҳлӯгии номаш мувофиқат мекунад. Аз китоби “Таърихи Дарвоз”-и Ҳ,Пирумшоев.
[1] Аз дастхати ривоятҳои К. Ҷалилов гирдоварда, ки дар бойгонии муаллифи ин китоб маҳфуз аст.
[2] Ниг.: Мачлисов О. Материалҳои кишваршиносӣ оид ба таърихи Точикистон. – Сталинобод, 1957. – С.116.
[3] Арандаренко Г.А. Дарваз и каратегин. (Этнографический очерк) // Военный сборник. – Т. 154. – 1883. – № 11. – С.145.
[4] Бойгонии Ҷамъияти чугрофияшиносони Федератсияи Русия. (Архив Географического общества Российской Федерации). – Фонди 45. – Номгӯи банд (опись). – Ҷузви (дело) 6. – Варақи 87. (Минбаъд чун Архив ГО РФ ишора мешавад).
[5] Семёнов А.А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М., 1903. С.16-17; Хамчунин ниг.: Арандаренко Г.А. Досуги в Туркестане. – СПб., 1889. – С.443.; Масальский В.И. Туркестанский край (Русия. Полное географическое описание нашего отечества. Под редакцией В. П. Семёнова-Тян-Шанского. – Т. XIX). – СПб., 1913. – С.742-743.
[6] Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухарӣ (Очерки Средней Азии). – СПб.,1913. – С. 385.
[7] Бурҳони қотеъ. – Ҷ.1, – Душанбе: «Ирфон»,1993. – С.402.
[8] Ҳамон ҷо.
[9][9] Айнӣ С. Куллиёт. – Ҷ. 12. – Душанбе: «Адиб»,402.
[10] Дастхати ривоятҳои Ҷалилов К. Бойгонии муаллиф.

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.