Шозамон Асозода

  shozamonҲақиқати дар замири тоҷик ҳамеша маскан доштани эҳсоси вазну таровати сухан ва нозукбаёнӣ дар тамоми ноҳияҳои кишварамон чӣ дар байни ашхоси соҳибмаълумот ва чӣ хату саводи кофӣ надошта ҳамеша мушоҳида мешавад. Алалхусус сухансанҷии сокинони кӯҳистон, ки забони модарии хешро холис нигоҳ дошта, ҳатто адиби касбиро ба ҳайрат мегузорад. Ҳарчанд барои исботи ин далел аз тамоми ноҳияҳои кишвар мисолҳои зиёде метавон овард, вале ин ҷо мехостам аз завқи баланди сухансанҷӣ ва суханпарастии мардуми Ванҷ ишора карда, хосатан Шоҳзамонро, ки табъи баланди шеърофарӣ дошт, ба хонандаи нуқтасанҷ муъарифӣ намоям. Ба вижа имрӯзҳо, ки аз лаҳзаи ба олами ҳастӣ чашм кушодани ин марди соҳибзавқ як асри пурра сипарӣ мегардад, ёдовар шудану сипоси хотир доштан, қарзи авлодист назди руҳи покаш.
  Шоҳзамон писари Асо соли 1904 дар деҳаи доманокӯҳи Скад, амлокдории Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро дар хонадони кишоварз ба дунё омадааст.
  Ба кадом мафҳум мансуб будани вожаи «скад»-ро яқинан муайян намудан хеле душвор аст. Вале аз рӯи мантиқ тахмин меравад, ки ин ном аз мавҳуми тоҷикии «се кад» пайдо шудааст, чунки то ба имрӯз баъзан хонаро кад гуфтани сокинони Ванҷ ба назар меравад. Шояд ба бунёди деҳа се хона ё хонавода (се кад) асос шуда бошад. Дар ин мавҳум афтидани овози «е» низ табиъист. Дигар ин ки гоҳ-гоҳе дар шеваи ин мардум вожаи «суне» истифода мешавад, ки ба маънии ба тарафи ё ба сӯйе мебошад. Шояд вожаи «скад» шакли мухаффафи таъбири «суни кад» бошад.
  Намояндагони авлоде, ки Скадро бунгоҳи худ мешуморанд, ба ақидаанд, ки шаҷараашон аз сайидони Ҷурми Бадахшон буда, яке аз бо- бокалони барӯмандашон бо исми Шоҳзамон бо кадом сабабе аз зодгоҳаш рахти сафар баста, муддати мадиде бар худ ҷои зисти мувофиқ пайдо карда натавонистааст. Боре қад-кади соҳили чапи Ванҷоб азми Ванҷи боло рафтан намуда, ба як мавзеъи теппаи шахи рост ба соҳили дарё доман афрохта расид. Баъди андаке таваққуф, ин ҷоро хуб мушоҳида намуда, ба қароре омад, ки барои иқомати доимӣ ҷои муносиб дарёфтааст. Ӯ хато накардааст. Дар ин ҷо оби мусаффо, ки аз қаъри кӯҳ мебарояд, замини киштбоб ва дарахти худрӯи бисёр аст. Аз ин баландӣ мнзараи назаррабо, маркази маъмурии амлокдории Ванҷ – Рохарв ё қалъаи Ванҷ, ки дар соҳили рост аз ду тарафи дарёчаи шӯхоби кӯҳии Рохарвоб доман паҳн намудааст, ба мушоҳида мерасид (феълан низ Рохарв бо номи Ванҷ маркази ноҳия мебошад).
  Чун Сайид Шоҳзамон ин ҷойро макони зист қарор дод, бо азми қавӣ барои обод карданаш миён баст.
  Аз Сайид Шоҳзамон чанд фарзанду наберагон ба дунё омада, номбар- дори падару авлод гаштанд, Аз ҷумла эшони Сайидмуҳиддин, Асо, Мизробшо, Хоксор, Карамшо (писари Иматшо – шахсияти маъруфи сиёсию давлатист) Баҳромшо ва ғайра дар ноҳияи Ванҷ мақому эътибори хосса пайдо намудаанд.
  Абераи Сайид Шоҳзамон Асо бо нияти зинда доштани ному хотираи бобокалони бузургвораш писари ягонаашро бо номи ӯ – Шоҳзамон номгузорӣ намуда, умед дошт, ки ин тифли навзод номбардори авлод хоҳад шуд. Вале қисмат имкон надод, ки падар тарбияи фарзандашро ба таври дилхоҳ ба роҳ монда, умеду орзуи хешро амалӣ сохтаву ормон шиканад. Асо ҳанӯз дар сини ҷавонӣ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Шоҳзамони 5-сола ба зиммаи амакаш эшони Сайидмуҳиддин афтид.
  Бояд қайд кард, ки чанде аз намояндагони авлоди Сайид Шоҳзамон аҳли дониш буданд. Аз ҷумла, эшони Сайидмуҳиддин дар байни ҳамдиёрон ҳамчун шахси соҳибмаълумот эътироф мешуд. Назришо дар назди қозии Ванҷ вазифаи мирзогиро (котиб) ба ӯҳда доштааст. Хоксор, ки мулло буд, чанде дар мадрасаи Файзобод сабақгир будааст.
  Шояд ҳамин аҳли савод будан боис гаштааст, ки дар давраи авҷи таъқиботи сиёсии (репрессия) солҳои 30-юми асри гузашта чанде аз на- мояндагони ин хонадонро ба ҳабс гирифтаанд. Аз ҷумла Сайид- муҳиддинро соли 1937 ба ҳабс гирифта ва бадарға мекунанд, вале бо сабаби беморӣ ӯро авф намуданд. Ҳангоми бозгашт ба хона дар роҳ фавтидааст. Писараш Сайидназришоро ба қатл расонида, Мизробшову Хок- сор низ ба маҳкама кашида мешаванд. Вале баъди чаеде маврид авф қарар мегирад ва озод мешаванд. Мизробшо, Хоксор, Назришо, Шоҳзамон ва Карамшо, ки аз аввалинҳо шуда, сохти колхозиро пази- руфта, ба он шомил гашта буданд, то охири ҳаёт ба касби кишоварзӣ содиқ монда, дар пешравии ин соҳа саҳм гузоштаанд.
  Замони хеле ҳассосу мушкили арафаи инқилоб ва солҳои аввали баъди инқилоб камбағаливу тангдастии эшони Сайидмуҳиддин имкон надод, ки бародарзодааш Шоҳзамон саводноку соҳибмаълумот гардад. Шояд ба ин қубҳи модарзодии чашмаш низ сабаб шуда бошад, ки Шоҳзамон фақат тавонист, ки солҳои 30-юм мактаби маҳви бесаводро хатм намояд.
  Ӯ аз бесаводии хеш борҳо шиква карда мегӯяд:

Шоҳзамон аз бесаводӣ ақл кӯтоҳ, гумраҳ аст,
Ширу шакар аз саводу хомаву дафтар шавад.
                               * * *

Бесавод аст Шоҳзамон, шеъра ғалат мехона,
Бесаводӣ ба ҳама халқи ҷаҳон дарди сар аст.

  Саводи кофӣ надоштан пеши роҳи истеъдоди модарзоди ӯро гирифта натавонист. Зеҳни бурро, истеъдоди баланди мушоҳидаи зиндагӣ боис шуд, ки ӯ ҳарчанд шоириро касб карда бошад ҳам (як умр шуғли деҳқониву галабонӣ дошт), лаҳзаҳои гуворову нохуши зиндагиро дар ашъори парокандааш воқеъбинона таҷассум намояд.
  Аз ҷумла, Шоҳзамон қубҳи биноӣ, заҳри ятимӣ ва ғами беписар буданашро чунин ба қалам додааст:

Илоҳо, мо чӣ бад кардем, ки моро кӯру кар кардӣ,
Зи раҳми модарам афтим[1], сағиру бепадар кардӣ.
Надой[2] умрам осоиш, надой чашми биное,
На фарзанд аз падар додӣ, на лоиқ аз писар кардӣ.[3]
Дар абёти зер низ чунин шикояте аз қисматкардааст:
Ҳамон рӯзе, ки чун аз батни модар мо хато[4] гаштем
Ба сад дарду алам пайваста бо ғам ошно гаштем.
Макида синаи модар, расидем то ба сесола,
Ҳаме қисмат чунин будаст, аз модар ҷудо гаштем.
Кашида заҳмати сахте ба рӯи хоку хокистар,
Тани дар хоку хун олуда, рӯи каҳдуно[5] гаштем.

  Ба як нуқта бояд ишора намуд, ки дар Ванҷ одамони бадеҳатан шеър мегуфтаро «барбастчӣ» ва шеърашонро «барбаст» мегӯянд, ки худ аз маънии бо ҳам баробар овардан ё барбастани вазну қофия бармеояд. Чунин барбастчиён (дар Ванҷ барбастчиёнро қофиягӯй ҳам меноманд. Қофия ба маънои ҳазлу шӯхӣ ё аскиягӯӣ низ фаҳмида мешавад) дар ин диёри соҳибзавқон кам набуданд (ва имрӯз низ ин анъана давом дорад), вале дар байни барбастчиён Шоҳзамон мақоми хосса пайдо карда буд. Аз ҳузури ӯ маърака таровати дигар мегирифт. Шеърхонию, барбасту базлагӯиҳо дар доираи фазлу одоб метафсид.
  Ҳамсӯҳбатӣ бо Шоҳзамон аз наздик шиносоӣ надошта, ҳатто бо шои- ри касбӣ буданаш бовар мекард. Ин истеъдодашро худи Шоҳзамон низ эҳсос менамуд. Бесабаб нест, ки борҳо кӯшидааст, то чанде аз ашъораш рӯи чопро бинад. Бо ин мақсад ба Сталинобод (Душанбе) омада, бо устод Мирзо Турсунзода ҳамсӯҳбат мешавад, вале аз мазмуни ин байт бармеояд, ки он сӯҳбат бенатиҷа анҷомида:

Шоҳзамон пеши ту Мирзо омадааст баҳри савол,
Бар саволи ман ҷавобе аз Шумо маълум нест.

  Шояд сабаби аз тарафи устод Мирзо Турсунзода беҷавоб мондани хоҳиши Шоҳзамон дар он бошад, ки шеърҳояш аз ҷиҳати мазмун сатҳӣ буданд ва ё ба талаби замон мувофиқ наомадаанд.
  Шоҳзамон бештар дар жанри ғазал ва дубайтӣ шеър гуфта, ба мавзӯъҳое таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, ки инъикосгари воқеии ҳаёт буданд. Маҳсули эҷодаш аксаран ба васфи табиъати биҳиштосои диёр, орзуи беҳдошти зиндагӣ, пешрафти фарҳанг, тараннуми ишқи диёру дилбарони маҳлиқояш, ҳазлҳои дар қолаби назм ба ҳамзамонону дӯстон ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра бахшида шудааст.
  Шоҳзамон 1 майи соли 1984 ҷаҳонро падруд гуфтааст. Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар қисмате аз ашъораш номукаммалии банду баст, заъфи забони адабӣ (дар баъзе лаҳзаҳо дар қолаби шеваи диёр маҳдуд мондааст) ба назар расад ҳам, шеърҳои мукаммалу ҷаззоби ин шоири рустоӣ кам нестанд.
  Албатта, тамоми мундариҷаи ҳаёту баракати эҷодии ин марди хоксору меҳнатии рустоӣ Шоҳзамонро, ки натанҳо аз заҳмати рӯзгор, инчунин аз нафосати сухани воло бархӯрдор буд, дар як навиштаи кӯтоҳ ё очерки мухтасар ғунҷонидан номумкин аст. Он чӣ алҳол имкон даст медиҳад фақат овардани намунае чанд аз ашъори ӯст.

Рухсораат барги гулай, эй гулбадан, моро накуш,
Мо сӯхтем дар ишқи ту, нозукбадан, моро накуш.
Гар қасди куштан мекунӣ, доғи муҳаббат сар бибур,
Бо ханҷари фӯлодиат, дар дил мазан, моро накуш.
Рӯят сафед аст мисли моҳ, сӯхтӣ маро шаб то пагоҳ,
Чашмони шаҳло пурхумор, симинбадан, моро накуш.
Дандон дур(р)у лаб чун набот, куштанд моро ин ғамат,
То бӯса гирам аз лабот, як-ду даҳан, моро накуш.
Дар пеши бар себу анор, себу анор гирам канор,
Дастам кунам бар ҳарду бар, муште бизан, маро накуш.
Бин Шаҳзамон хонд ин ғазал, шояд маро гирӣ бағал,
Ҳарчанд ғазал омад дағал, эй ҷони ман, моро накуш.

                                   * * *                                                                                                                
Як саҳар дар хоб будам, моҳи каҷабрӯ гузашт,
Пеши пою доманаш моро заду аз рӯ гузашт,
Панҷакашро бин, ба доман аз пасу паҳлӯ гузашт,
Мисли оҳуи рамида, ин қадар берӯ гузашт.
Моҳи шаб тобанда буд ё офтоб рӯзанда буд,
Ё шуъои шамъи шаб, ё оташи сӯзанда буд,
Ё ки бо теғи назар дар қасди ҷони банда буд,
Вақт тангӣ дошт гӯё шона андар мӯ гузашт.
Ишқ месӯзад дили ман, кай аз он ёбам амон,
Пур шуд аз умрам бубин панҷову ҳафтум ин замон,
Умри ман тарсам чу пайконе барояд аз камон,
Пас бигӯӣ, Шоҳзамон чун булбули хушгӯ гузашт…                     

                          * * *
Маро аз ишқ дилбар чун хабар кард,
Зи ишқаш теғи ханҷар дар ҷигар кард,
Ҳаме бо гӯшаш чашмаш назар кард,
Ба як дидан талаб аз молу зар кард.
Ҳамон рӯзе, ки чашмашро бидидам,
Паси сайде чу сайёде давидам,
Ба гулзори ҳавас кай мерасидам,
Маро гӯшанишин он ҷилвагар кард.
Шудам аз шавқи рӯяш дилпарешон,
Чу булбул нола дорам дар гулистон,
Чу парвона ба шамъе медиҳам ҷон,
Бидид шоир ҷамолаш шеър сар кард.
Маро дар ишқат эй дилбар бисӯзӣ,
Муродам аз лабонат ризқу рӯзӣ,
Агар мурдам кафан шояд бидӯзӣ,
Чу ишқ омад аҷаб ҳолам батар кард.
Даровардӣ ба нолиш булбулонро,
Бо ҷӯш овардаӣ пиру ҷавонро,
Сухангӯ кардаӣ ту Шаҳзамонро,
Қалам бинвишту об аз дида сар кард.

                  * * *
Дар гардиши чархему хурӯшида бирафтем,
Дар деги кабобему наҷӯшида бирафтем,
Чун барг хазонему афтида бирафтем,
Чун тири камон аз назари дида бирафтем.
Як тоза ниҳолему надорем самар мо,
Аз бандагии хеш надорем хабар мо,
Андар лаби обему надорем гузар мо,
Дар гӯшаи як бодия нолида бирафтем.
Ёрон ҳама доранд ба сар дида ду чашме,
Дастам шуда кӯтоҳ, ба ҳар мева нарасме[6],
Аз рӯзи азал қисмати ман дидани хасме,
Мардум ба ду дида[7] мо ба як дида бирафтем.
Ҳар кас, ки ба ёд орад гуфтори Замона,[8]
Аз шеъри тараш, баъди сараш чанд бихона,
Шояд, ки пасон номаки ман зинда бимона,
Аз гулшани дунё гуле ночида бирафтем.

                        Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1]  Афтим – афтидам.
[2]  Надой – надодӣ.
[3]    Бояд гуфт, ки Шоҳзамон аз беписарӣ дили захмин доштанашро дар шеъру барбастҳояш такрор ба такрор, вале бо рамзу қофияҳои гуногун баён кардааст.
[4]  Хато – маънии ба дунё омадан.
[5]  Рӯи қаҳдуно – дар қаҳдонҳо.
[6]  Нарасме – намерасам.
[7]   Дида – чашм.
[8]  Замона – Шоҳзамонро.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.