Шодӣ Баҳромов

  shodibahromУстоди варзиши ИҶШС, устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ оиди тарзи гӯштии классикӣ Шодӣ Баҳромов аз зумраи он варзишгарони шинохтаи тоҷикест, ки шарафи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар майдонҳои умумиҷаҳонӣ ҳимоя мекунад. Ӯ соли 1972 дар оилаи коргар, дар Душанбе чашм ба дунё кушодааст. Хатмкунандаи мактаби захираҳои олимпии шаҳри Душанбе (1992) ва Донишгоҳи варзиши Тоҷикистон мебошад.
  Шодӣ Баҳромов ғолиби панҷкаратаи мусобиқаҳои расмии ҷумҳуриявӣ, до- рандаи медалҳои нуқра ва биринҷии мусобиқаҳои умумииттифоқӣ (солҳои 1989-1991), медалҳои биринҷӣ дар мусобиқаҳои минтақавии Осиё аст. Ин паҳлавон соли 1999 дар мусобиқаи кормандони вазоратҳои хориҷии мамолики Осиё ба гирифтани мақоми авзал ноил гаштааст.
  Дар спартакиадаи минтақавии Осиёи Марказӣ дар Душанбе, соли 2003, оид ба гӯштии классики Шодӣ Баҳромов ҷои дуюмро ишғол намуд.
  Паҳлавон Шодӣ Баҳромов ҳоло ба ҳайси мураббии (тренер) кормандони вазорати корҳои дохилии вилояти Ленинобод адои хизмат дорад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.