Шикорчигӣ дар Ванҷ

  Оид ба косиб ва вазъи ҳунармандӣ дар бекигарии Дарвоз ва хосатан миригарии Ванҷ сухан ронда, боз аз як шуғли анънавии мардуми ин диёр – шикорчигӣ набояд сарфи назар кард. Ин пеша ба мардуми кӯҳистон, аз як тараф, ғизои иловагӣ, аз тарафи дигар, пӯсту мӯинаи аълосифат медод.
 Дар ин минтақа монанди дигар минтақаҳои кӯҳистон макони навъҳои зиёди ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ аз ҷумла оҳу (нахчир), заргӯш, хирс, гург, рӯбоҳ, паланг, дала, қашқалдоқ, кабк, бедона ва ғайра буда, аз қадимулайём шикорчигӣ яке аз навъҳои хеле ифтихорманди шуғли мардум ҳисоб меёфт. Дар ҳар деҳа чандин кас ба шикор сару коре дошта, шикорчиёни касбӣ ё мерганҳои номдор хеле кам буданд. Ба дараҷаи шикорчии касбӣ расидан, аз рӯи фаҳмиши мавҷуда, ки асоси ривояти ё асотирӣ дорад, на ҳар кас расида метавонист. Ин ҳунар чун анъана авлодӣ буда, расидан ба санъати баланди касбии шикорчигӣ заҳмати зиёдеро талаб мекард.
  Шикор шуғли муқаддас ҳисоб меёфт. Шикорчӣ аз ҳар ҷиҳат бояд одами ростқавлу тоза ва мисли оҳангар фотеҳа ё дасти пир дошта бошад. Аз рӯи ривоятҳои маъмули ин диёр ва дигар ҳамсоямулкҳо ба ин шуғл низ монанди оҳангарӣ Ҳазрати Довуд асос гузоштааст (дар баъзе аз мулкҳои Помиру Бадахшон ба сифати пири мерганҳо ё шикорчиён Ҳазрати Хизрро парастиш мекунанд1. Ҳама вақт дар оғози шикор ва рафти он, барои бобарории кор порае аз Оёти Қуръонро қироат намудану фотиҳа гирифтан ва борҳо номашро ёдовар шудан, ба ёрию мадади рӯҳи он ҳазрат умед бастан лозим буд. Одатан яке аз куҳансолони корозмудатарини деҳа ё ҳамсояқишлоқ, ки дар ин касб муваффақ буданаш эътироф шуда буд, ба сифати пир қабул шуда, бе ҳидояту фотеҳааш ба нияти шикор ҷавоне милтиқ (камон) ба даст гирифтан наметавонист, чунки мувофиқи рӯҳияи хурофотии ба ҳукми анъана даромада ё ба шикасте дучор мегардид ё сайде ба даст дароварда наметавонист. Ҳангоми фотеҳа гирифтан аз рӯи одоб шогирд барои устод «сару тан» (ҷома, локӣ, миёнбанд, сала ва пойафзоли ҷойдорӣ), устод ё пир бошад, дар навбати худ ба шогирд милтиқ ё дигар олоти зарурии шикорӣ бахшида, дар ҳузури одамон, ки махсус барои бо ҳам дидани ин маросими гуворо ба зиёфат даъват мешуданд, аз рисолаи оҳангарӣ ва шикорчигӣ, ки пири ҳар ду касб Ҳазрати Довуд ҳисоб меёфт, бо овози баланд хонда, сипас ояте аз Қуръони Шариф оварда, фотиҳа мебахшид. Ҳамчунин дар ин маърака эмоми масҷид бо тиловати порае аз ин гуфтаҳои муқаддас дуои хайр дода, ба мергани оянда барори кор мехост. Аз рӯи ин фаҳмиш, гӯё тозатарин сайдҳо – оҳувони кӯҳӣ дар ихтиёри париёнанду онҳо бошанд, фақат ба пирони касбӣ итоат мекунанд. Ҳангоми аз онҳо фотиҳаю иҷозати шикор гирифтан, сайд худаш омада ҳадафи тир мешавад. Баъзан дар бораи шикорчиёни моҳир овозаҳое низ паҳн мешуд, ки гӯё кадоме аз париҳо – олиҳаҳои зебоӣ ба он мерган ошиқ шудаасту ба миқдоре, ки ӯ хоҳиш дорад, сайд шикор карда метавонад. Аз ин ҷиҳат ҳамдиёрон ба чунин шикорчиён эътиқоди хосса доштанд. Чунин мерганҳо низ ҳисси масъулиятшиносии баланд дошта, тамоми қоидаҳоро бечуну чаро риоя мекарданд. Аз ҷумла шикорчӣ, ҳангоми ба шикор баромадан бояд ғусл кардаву бадани тозаи намозӣ медошт. Аз ҳароси он, ки мабодо дар ин роҳи сафари ростин ба ягон каси нопоку баднияте вонахӯрад, пагоҳии барвақт то дамидани субҳ ба сафар мебаромад. Баъди аз шикори боба- рор баргаштан, одатан худ сайдашро намеовард, онро дар ҷои аз ҳайвоноти даранда бехавф панаҳ карда нишонае мемонду ба деҳа баргашта, барои овардан одам мефиристод (вобаста ба миқдору вазни сайд як ё якчанд кас). Шахсони барои иҷрои ин кор сафарбаршуда албатта аз ҳисоби сайд мукофоти мувофиқи заҳматашон мегирифтанд. Баъди ба деҳа расидани сайд, сайёд бо дилу дасти кушод аз он ба ҳамдеҳагон зиёфат медод, ҳақи камбағалу барҷомондагонро ҷудо карда мефиристод. Албатта, шикорчӣ ҳақи устодашро низ фаромӯш намекард.
  Аз назари илмӣ ин амали баҳамбинӣ аз зарурати муҳиту зисти кӯҳистон бармеомад. Маҳдудияти имконоти таъмини ғизо дар дараҷаи зарурӣ ва аз он зиёд ба даст овардани маҳсулоти ғизоӣ дар шароити танги кӯҳистон, аз як тараф, муносибатҳои патриархалӣ-авлодӣ, аз тарафи дигар, ин одоби муфиду хайрҳоҳонаро ба ҳукми анъана даровардааст.
  Олати асосии шикорчӣ милтиқ буд, ки онро камон мегуфтанд. Гарчи дар худи маркази Дарвоз – Қалъаихумб устоҳои номӣ милтиқҳои бозор- гир месохтанд, дар қатори онҳо милтиқҳои «шаҳрисабзӣ», «самарқандӣ», «фарангӣ», «бухороӣ», «қирғизӣ» ва ғайра низ дида мешуд, ки номашон аз макони истеҳсолшудаашон дарак медод. Милтиқ, новобаста аз шикорчӣ будан ё набудан, яке аз рукнҳои зарурии хоҷагидорӣ ҳисоб меёфт. Дар Дарвозу Ванҷ онро дар қатори дигар молу анвоъ ҳангоми хонадоршавӣ ба сифати қалин ба волидайн ё хонаводаи арӯс медоданд2.
  Ба ғайр аз милтиқ мерган ҳангоми ба шикор баромадан дигар аҷноси шикориро, монанди камар ё камарбанди чармин, ки дар девораи беруни он камарча – киса барои дар дарунаш нигоҳ доштани халтачаи чармини борутдор, ченак – найчаи шохин барои чен кардани борут, шохак зарфи аз шохи ҳайвонот тайёршудаи нӯги пойёниаш тези сӯрохдор, ки аз ҳарду тараф сарпӯши намногузар (сартиққак) дошта, дар он захираи борути эҳтиётиро ҳангоми ба шикор баромадан мегирифтанд, ҳамчунин, қутии (халта) тирдон, корди буррои шикорӣ, халтачаҳо ба- рои чақмоқсанг, хафи аз харошаи пӯсти хушки буттаи шулха, ки бо шарораи сусти чақмоқсанг ба тезӣ оташ мегирифт ва боз як чанд чангакҳои оҳанин васл кардашуда буданд, бо худ мегирифт. Ҳамаи ин маводи барои шикор ниҳоят зарур дар камарбанд тавре васл карда мешуданд, ки ҳангоми дар миён бастану ҳаракат кардан, ба нишон гирифтан ё нишастан мерганро халал намерасонданд. Дигар аҷноси барои шикор зарурӣ, ки бе онҳо шикорчӣ ба сафар баромада наметаво- нист, шикорчӯб (чӯби аз асо ғафстару аз дувуним то се метр дарозидоштаи сахти ирғайи найзамонанде, ки дар нӯкаш оҳани тез васл шуда буд) ва борхалтаи чармин – замбила ҳисоб меёфтанд. Шикорчӯб дар вақти роҳ рафтан мувозинатро нигоҳ медошт, ҳангоми аз шаху теғаҳои мушкилу хавфнок гузаштан ё шохобҳои тези кӯҳиро убур кардан (ҷаҳидан) чун танба ё истиноди боэътимод ҳисоб меёфт. Борхалтаи чармин бошад, тӯшаи роҳро тозаву хӯрданибоб нигоҳ медошт. Албатта, мерган ба талаби мушкилиҳои роҳу бероҳагиҳои мушкилгузар вобаста ба фасли солу мавзеи шикор либосу пойафзоли мувофиқ мепӯшид (масалан, дар фасли зимистон пӯстин, чакмани пашмин ё ҷомаи нисбатан кӯтоҳи ғафсу бадошт барои дар барфи сахту ях налағжидан ва ба таги пойафзол як навъ чангаки оҳанӣ мебастанд). Борут ва тирро худи шикорчиён аз маводи лозимаи дар кӯҳистонбуда, аз ҷумла шӯраву олтингӯгирд ва лахчаи (ангишт) арчагӣ, борут (дору) ва аз қӯрғошими (сурб) маҳаллӣ ё баъзан аз Ҳисору Фарғона ва дигар ҷойҳо (қӯрғошими тоза) савдогарон оварда тир тайёр мекарданд.
  Аз рӯй анъана мерганҳо дукаса ё баъзан танҳо ба шикор мебаромаданд. Албатта, дар шароити кӯҳистон дукаса шикор кардан бехавфтару осонтар буд. Ҳеҷ набошад аз ҳуҷуми ҳайвони даранда (гург, паланг, хирс), ё тасодуфан лағжида захм бардошта, аз ҳаракат мондану ёрии саривақтӣ нагирифтан эмин медошт.
  Навъи ҳайвоноти шикоршаванда хеле зиёд буд. Аз ҷумла гургу рӯбоҳ, палангу хирс ва амсоли ин даррандаҳои хурдтар. Онҳо, аз як тараф, барои пӯст, аз тарафи дигар, барои нигоҳ доштани саршумор ё мувозинати лозимии ҷонварони аҳамияти ғизоидошта, (оҳу, заргӯш ва ғайра) ҳадафи тири мерганҳо мешуданд. Бояд қайд кард, ки равғани хирсу суғур чун дору барои табобати баъзе касалиҳо мавриди истеъмол қарор ёфта буд.
  Ба ғайр аз милтиқ, ки одатан барои ҳайвоноти азимҷусса ва сайди хеле маъмул – бузи кӯҳӣ ё нахчир истифода мешуд, боз асбоби дигари шикорӣ аз қабили қапқон (барои ҳайвоноти нисбатан хурдтари мӯинадор – рӯбоҳ, дала, сағур ё суғур), сангдом (доми сангин, чукурие кофта дар болояш тахтасангро моил карда, маводи хурданибоби ҳайвони ҳадафи шикор қарорёфтаро гузошта, тахтасангро дар болои сутунчаи чӯбине, ки бо андак расидан ё ресмону чӯбчаи аз он то маводи хӯрокаи назарфиреб гузошташударо зер кардан поя дафъатан аз ҷояш мепариду санг болои чуқурии ҳайвони шикорӣ ба он воридшударо мепӯшонд), қил (ҳалқаҳои аз думи асп тайёркарда, дар гирди қафаси кабки хонагии дар он буда мегузоштанд, ҳангоми садо додани кабки хонагӣ пои баъзе аз кабкҳои ваҳшии дар гирдаш ҷамъ гашта ба қил андармон мешуданд ва шикорчии камингирифта дарҳол баромада онҳоро гирифта сар мебурид), чапарак, чордум ва ғайра асбобҳои сайдгирии ихтирооти маҳаллӣ васеъ истифода бурда мешуд. Чунин усули истифодаи тарзи маҳаллии шикор дар моҳигирӣ низ ривоҷ дошт. Сабадҳои даҳонашон нимбофтаро дар шохоби нисбатан моили дарё мехобонданд, моҳиҳо бо чараёни тези об ба даруни он афтода, худро берун кардан наметавонистанд ва моҳигир қариб бе заҳмати ҷиддие соҳиби ин маводи хӯрокаи серғизои табиӣ мегашт.
  Дар деҳаҳои соҳили Панҷии Дарвоз ҳамчунин шикори саги обӣ ё самури обӣ, ки дар дарёи Панҷ афзоиш дошт, шӯҳрат пайдо карда буд. Ҷои мавҷудияташро муайян намуда, дар лаби дарё чукурие кофта, кӯзаеро мегузоштанд ва дар дарунаш пораи гӯшт ё рӯдаи чорворо ҷой намуда, дар боло тахтасанги нишеберо болои пояи ноустувори чӯбин мегузоштанд, ҳамин ки ин ҷонвари хушмӯина барои хӯрдани чизи дар кӯза буда вориди он мешуд, бо ҷунбиши андаке поя лағжида санг даҳони кӯзаро мепӯшонд ва ҷонвар дастгир мешуд. Барои сайди кабку кабӯтар аз парандагони шикорӣ, монанди ҷонвару боша низ истифода мебурданд.
  Ба ғайр аз усули тоқашикор ва шикори дукаса тарзи шикори дастҷамъона (коллективона) низ дар бекигарии Дарвозу амлокдориҳои он, аз ҷумла миригарии Ванҷ аз қадим ба ҳукми анъана даромада буд, ки онро бо ибораҳои маҳаллӣ «қнрғашикор» (қунурғашикор), «шикори халқия» (деҳаи Ёгед), «қабалшикор» (Ванҷ) ном мебурданд. Ин навъи шикорро бештар барои шикори оҳу истифода мебурданд. Одатан мергани калон баъди муайян намудани рамаи оҳувон дар масҷид ё ягон хона мардони ҳамдеҳаро ҷамъ намуда, бо маслиҳат нақшаи шикор ва вазифа, ҷои камингирии ҳар кас ё гурӯҳро муайян мекард. Одатан шикор дар ҳудуди он шикорҷое, ки ба деҳа тааллуқ дошт ва чун қаламрави он шинохта мешуд, мегузашт. Албатта, ба истиснои амалдорон. Онҳо куҷоеро, ки барои ин навъи шикор интихоб мекарданд, соҳибихтиёр буданд.
  Саҳарии барвақт, пеш аз бомдод, иштирокчиёни шикор одатан аз 10 то 20 нафар, баъзан аз ин ба маротиб зиёд, то 80 ё 100 нафар (аз ҷавонони 15-16 сола то нисбатан солхӯрдагон) иборат бо чизи дар ихтиёр дошта (милтиқ ё асоҳои дарози то 4 метра) мусаллаҳ шуда, бо сагони дар деҳа буда, ба ҷои зарурӣ ҳозир шуда, бузҳои кӯҳиро аз ҳар тарафе, ки эҳтимолияти раҳо шуданро доранд, печонда дар муҳосира мегиранд. Бо мурури паҳн шудани рӯшноӣ шикорчиён ҳалқаи муҳосираро танг ме- кунанд. Одамони бе милтиқ бо ёрии сагҳо ва асодастаҳо оҳувонро тарафи милтиқдорон танг мекунанд, онҳо бошанд, дар навбати худ ин ҷонварони ниҳоят чолоки наздикшударо ҳадафи тир мегардонанд. Дар чунин шикори коллективона сайди зиёде (тибқи маълумоти мавҷуда аз 10 то 70-то) ба даст меомад3. Аз рӯи анъана гӯшти ин сайдҳоро дар байни тамоми ҳамдеҳагон тақсим мекарданд (албатта, ба амалдорон бештар мерасид). Онҳо дар навбати худ аз он хӯрок пухта якҷоя худоӣ мекарданд.
  Ҳамин тариқ, аз далелҳои боло чунин бармеояд, ки шикорчигӣ яке аз шуғлҳои муфиди мардуми Дарвоз буда, дар таъмини ғизои сокинони меҳнатқарини ин диёри баландкӯҳ мавқеи хеле намоён доштааст. Аз рӯи тарзи муносибат ба ин касби аҷдодӣ, ки аз кишоварзиву чорводорӣ куллан фарқ мекард, воқеан ҳам шуғли ҳунармандиву касбӣ буд. Ин навъи ҳунарӣ монанди дигар навъҳои касбӣ, нуфузу эътибори сокинони диёрро дар минтақа ва берун аз он дар пояи хеле назаррас нигоҳ медошт. Аз китоби «Ванҷ”-и Ҳ Пирумшоев.

1 Ниг.: Андреев М.С. Такджики долины Хуф (верховья Аму-Дарьи). – Вып. II. – С.226.151
2 Ниг.: Таджики Каратегина и Дарваза. – Вып. I. – Душанбе, 1966. – С.293; Вып. III. – Душанбе, 1976, – С.36.
3 Ниг.: Таджики Каратегина и Дарваза. – Вып. I. – С.299. 154

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.