Усто Шахкамон

  Бобои Шахкамон писари Паҳлавоншоҳ соли таваллудаш 1778 ва вафот 1930, зодаи деҳаи Жамаки водии Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВХКБ мебошад. Модари падарам духтари бобои Шахкамон мебошад. Теъдоди наберагону аберагони бобои Шахкамон чи дар Язгулом ва чи дар дигар ноҳияву шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Русия шояд тақрибан аз 1500 то 2000 ҳазорро нафарро ташкил бидиҳад. Ӯ чаҳор (4) писар ва се (3) духтар доштаст. Қариб аксарияти фарзандонаш аз 90 то 130 сол умр дидаанд.
  Солҳои шастуми асри ХХ бо супоришоти махсуси роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ гирди манзили ин пири хирадмандро девор карданд ва дар як санги калон ном, соли таваллуд вафоташро низ навишта карданд. Расми ин санги болои қабри бобои Шахкамонро ба хонандагон пешкаш менамоем.
  Ин ҷо бояд як чизро хотиррасон намоям, ки дар ҳар 13 соли охири умраш, ҳар сол 1 қабр барои худаш, пеш аз даромадани фасли зимистон, пешопеш қабр мекандаст, то мардум барои қандани қабраш дар фасли сармои зимистон ба заҳмат ва сахтӣ набошанд, вале соҳиби ин қабрҳои кандашудаи ӯ дар тули 13 сор дигар нафарон шуданд.
  Агар иштибоҳ накунам, Бобои Шахкамон шояд яке аз шахсиятҳои кӯҳансолтарини рӯи дунё мебошанд. Дар солҳои аввали асри ХХ кадом олим ва ё донишманде, ки ба водии Язгулом ташриф меоварданд, ҳатман роҳбарияти Язгулом ба онхо пешниҳод мекарданд, ки агар дар бораи ин ё он масъалаи муҳиме пурсиданӣ бошанд, аз пири Шахкамон бипурсанд. Ҳарфҳо ва қиссаҳо дар мавриди Бобои Шахкамон хеле зиёд аст, вале дар ин ҷо ман танҳо бо овардани як шеъре аз шоири шаҳир Мулло Ёри Ванҷӣ дар васфи ин пири хирдманд таваққуф мекунам, ки гуфта:
Дар Жамаг аз шасти тири Шахкамон,
Селаи нахчирро набвад амон.
Аз камонаш бехатое меравад,
Тири ӯ бар сайду аз мо осмон.
Паҳлавонмардӣ ба номаш хатм шуд,
Дар Бадахшон зӯриаш шуд достон.
Ҳақтаъоло додаасташ сад ҳунар,
Ёриё, устоияш андак мадон.

Абдулқодир Алавӣ.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.