Устод ҷиддиву ҳадафманд

  AmirmurodМуалллими Муродов Амир аз шумори камтарин ва пуркортарин шахсонест, ки дар рисолати омӯзгории худ ҷиддиву ҳадафманд муносибат мекард. Баъди ба бознишастагӣ (нафақа) баромадан ёди омӯхтаҳову серталабиву ҷиддияташон барои мо як дарсе аст.
  Синфи 8 мехондем. Аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» аз муаллими Амир тадрис мегирифтем ва ба назарам, аввалин шахсе буданд, ки дар ҷодаи шинохти давлату асосҳои ҳуқуқ роҳамонро рост карду меҳри ин илмҳоро (давлатшносӣ, ҳуқуқшносӣ, иқтисодшиносиро) дар замираман ҷой дод.
  Дар китоби синфи ҳаштуми “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” як мавзӯъ бо унвони “Сохти иқтисодӣ” ҷой дорад, ки шарҳу тафсиру таҳлили муаллим дар меҳвари ин мавзӯъ барои ман бисёр хотирмон буд. Талабаи синфи 8 будем, барои аввалин бор фанни болозикрро нав ба хондан сар кара будем. Дар назарамон як проблемаи ҷиддӣ менамуд. Лекин вақти шахсияту ҳайсияти ҳирфаии муаллими Амир раҳбарии таълими фанн гирифт, як кашфи нав барои мо ва як роҳи дӯст доштани ингуна илмҳои ҷамъиятиву сиёсӣ шуд.
  Мавзӯи “Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ”-ро бароямон гзашт, то ҳол, муболиға нагардад, дар кадом фанни донишгоҳие ҳамин мавзӯъ меомад, ҳамон шарҳу сабку таҳлилҳои муаллимро меовардам, мақому нигоҳи илмиро эътироф месохтанд. Дар як ҳафта то 10 модда аз Конститутсия меъёри азёд карданамон буд. Дар як нимсола ҳама толибилмо то 50 моддаро дар зери сиёсати серталабии устод аз ёд карданд. 
  Ҳамин аст, ки мақоми ин гуна афрод дар дилу дидаи мардумон ҳасту номи эшон сархати ҳар маҳфилу ҳар достон. Аз талошу пайкори накӯяшон инсон месозанду ҷомеаву кишвар. Рисолати бузургу номи шарафмандро ҳамеша бо худ доранд, ки бешак меъморони маънавиётанд.  Худованд тани солиму қуввату тандурстии муаллими киром – Амир Муродовро бардавом нигаҳдор бошад. Бигзор хонаводаи мӯҳтарами муаллими кироми мо халалнопазиру нишебиро набинаду доимо ганҷи хонадон боша. Абубакр Бачамардов.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.