Саломатшои Латиф

 salomatlatifСаломатшои Латиф устоди варзиши ИҶШС оиди “самбо”, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди “гӯштй”, 26 ноябри соли 1959 таваллуд шудааст. Варзишгар, мактаби миёнаи №4-ро хатм кардааст. Устоди аввалинаш Ҳукуматшо Ғайратов. Баъди хатми мактаб (соли 1976-1980) таҳсилро дар Донишгоҳи олии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад.
  Дар мусобиқаи умумииттифоқии дар ш.Ашқобод (Туркманистон) баргузоргардида иштирок карда, ҷои аввалро дар гӯштии тарзи озод мегирад. Соли 1977 дар чемпионати Тоҷикистон “гӯштигирӣ” ҷои аввал насибаш гаштааст. Соли 1978 дар мусобиқаи озоди Ҷумҳурии Узбекистон, гӯштии “самбо” ҷои дуюм, 1978 мусобиқаи умумииттифоқии оид ба гӯштии тарзи “самбо” ш.Минск ҷои 4-ум 1979 чемпионати Тоҷикистон оиди “самбо” вазни 52кг ҷои якум, 1979 мусобиқаи умумииттифоқӣ дар ш.Душанбе оиди “самбо” ҷои 1-ум, 1979 мусобиқаи умумииттифоқй барои гирифтани ҷоизаи Маршали Иттифоқи Шӯравӣ Блюхер оиди “самбо” ҷои 4-умро ишғол намуд. Соли 1979 – чемпиони Спартакиадаи Тоҷикистон оид ба гӯштини “самбо”. Саломатшои Латиф аз устодонаш Маҳмадшариф Сулаймонов ва Алиназар Мӯминов, ки ҳунари ӯро сайқал додаанд, сипосгузор ва миннатдор аст. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.