Олимшо Давлатов

  olimdavlatОлимшо Давлатов соли 1968 таваллуд шудааст. Дар мактаби миёна ва баъди хатми он таҳти роҳбарии Устоди хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Ғайратов Ҳ. оғози машқ намуд. Солҳои 1982-1990 дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, 4 маротиба чемпион оиди “самбо” “дзюдо” ва “гӯштии тоҷикӣ” (ғолиб) дониста шуда, меъёри устоди варзиши ҷумҳуриявӣ ва номзад ба устоди варзиши ИҶШС- ро иҷро намудааст. Ғолиби чандин мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятию ҷумҳуриявӣ, Олимшо Давлатов идомаи шуғли гӯштӣ дорад. Мекӯшад таҷрибаи касбии хешро ба ҷавонон омӯзад. Умед дорем шогирдони хубе ба воя мерасонад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.