Оини мардонагӣ

  OinimardonagiҶавонмардӣ, мардонагӣ, родмардӣ, футувват дар гузашта ҳамчун оине таомул гардида буд. Ҷавонмарду родмардон тану бозуи худододаи қавиро исори таҳаққуқи ахлоқи карима, хӯи писандида менамуданд. Тибқи ин оин ҷавонмардро мебоист адои риояти шуруту қавоиди он мекард, то “мард”-у “ҷавонмард”-у “родмард” шинохту эътироф мегардид. Ростгӯӣ, тарки дурӯғгӯӣ, вафо ба аҳд, додани амонат, карам, саховат, ҳиммат, бахшандагӣ, бахшиш ба ятиму соил, дастгирии заиф, рафоқати самимӣ варзидан, меҳмон хондан, инсоф пеша кардан, шуҷоату исор кардан, ҳаё доштан аз тақозои оини мардонагӣ буда, фоили аъмоли хилофи инҳо шомил ба қатори “номард”-он мегардид.
  Шуҷоат, нотарсӣ, қаҳрамонӣ, паҳлавонӣ аз хусусиёти хоси оини мардонагӣ буданд ва соҳибони ин сифоту ҳунар эътибори вижа доштанд. Аҳли гузаштаи диёри мо, ки русуму таомули асили ниёгонро ба ин минтақаи дуру дастнораси кӯҳистон оварда, маҳфуз медоштанд, пойбанд ба оини мардонагӣ буданд. Онҳо ахлоқи шоиста доштанд. Баҳсу ихтилофи байни ду на бо ҷидолу муштзанӣ, балки ба тариқи мардонагӣ – қувваозмоӣ дар куштигирӣ хотима мепазируфт.
  Родмармардон паҳлавони зиёде дар диёр гузаштаанд. Онҳо тануманду нерӯманд буданд, ки дар диёру кишвар назир надошта ва алъон низ надоранд. Бузургмардоне чун Ғофилпаҳлавон, Амонатпаҳлавон, Хушдилпаҳлавон, Дилдорпаҳлавон, Шошопаҳлавон, Ҳимматпаҳлавон ва бисёре дигар аз хеш ному нишону зикри хайр ба ёд гузоштаанд. Тавре ки аз нақлҳо маълум аст, онҳо сифоту хусусиёти фавқан зикргардидаро доштаанд. Паҳлавонмардони азимҷусса шуғлу пешае доштанд ва аксаран кишоварз буданд. Аз меҳнати дасти хештан мехӯрданд ва самараи зиёдаро ба фақиру заифон медоданд. Дар ҳама умур дастгири хешу нотавонон буда, дасти фитодагон мегирифтанд.
  Мардуми гузаштаи диёр нисбат ба имрӯза бузургандому қавитар будаанд. Дар бораи нерӯву корнамоиҳои ашхоси мазбур мардум бисёр ривоят мекунанд. Дар деҳаи мо аз Муҳаммадҷон писари Сомон ёдоварӣ мекунанд, ки ҷавонмарди тануманде буда, дар замон назир надоштааст. Нақл мекунанд, ки пӯлчӯби катахонаи Аргингоро шаш ҷавонмард ба заҳмате бардошта, чанд қадаме бурдаанд. Аммо ӯ онро аз мавзеи Сеғго (ним километр) танҳо, пуштора овардааст. Ҷавонмарди азимпайкар ҳамагӣ бистуяк сол умр дидааст. Ҳамчунин, аз азимҷуссагони дигари деҳа ёд мекунанд. Усто Давлатшои маъруф ҳам пайкари бузург доштааст. Ба гуфти мардум кафи дасташ 30см дарозӣ дошта, паҳлавони нерӯманди замон буда, ҳариф надоштааст. Бо вуҷуди ин ҳама устои ҳамакора ва деҳқони асил буда, дар хидмати мардуми диёр будааст.
  Паҳлавонмардони гузаштаи диёр ҷисми бузургу қуввату нерӯи фавқулодда доштанд ва онро дар меҳнат масраф менамуданд. Хеш аз маҳсули он мехӯрданд ва бо дигарон бахш мекарданд. Дар соири аъмол ба мардум хидматгор буданд. Аз ҳисоби касе хӯрдан, ҳаққи касеро рабудан, бар нотавоне зӯри бозу нишон доданро ор дониста, ҳатто дар ҳолоти баҳсу ҷидол ба ҷониби ҳамдигар даст мушт намекарданд. Дар майдон, дар маҳзари ом, одилона бо ҳам қувваозмоӣ мекарданд ва мағлуб дасти ғолибро бардошта, мардонавор шикастро мепазируфт. Паҳлавонони диёри мо берун аз ҳудуди он маъруф буданд ва дар маъракаҳои калони гӯштигирӣ аз ҷониби шоҳи Дарвоз даъват мешуданд.
  Насли баъдина оини паҳлавониро идома доданд. Дар замони шӯравӣ паҳлавонони зиёде аз диёр буруз карданд ва бо намоиши маҳорату истеъдоди паҳлавонӣ номи хеш ва диёрро бардоштанд. Ин насл оини аз гузаштагон бамеросгирифтаи мардонагиро ҳифозат карданд ва ванҷиҳо ба шуҷоату мардӣ, ҳиммату сахопешагӣ машҳур шуданд. Албатта, ин эътибор ба туфайли изҳори хӯву рафтори шоиста ва риояти қавоиди мардонагӣ буд.
  Ҳамватаноне бо бачаҳо дар қатора ошно гашта буданд. Онҳо дар Сибир шуғли тиҷорат доштанд ва барои хариди коло ба Маскав меомаданд. Ванҷиҳои тозаошноро ҳатто хуб намешинохтанд, аммо амин медонистанд, бастаҳои пули онҳо дар ҷевони хонаи иҷоравӣ, ки дар он даҳу гоҳе понздаҳ нафар мезистанд, рӯзу ҳафтаҳо мехобиданд. Худ аз гашту гузор дар Маскав меҳаросиданд ва бастаҳои пулашонро Азизи Қадам дар ҷайбу бағал зада, ба ҷойҳои лозима бурда, умури зарурияшонро анҷом дода, мегуселонид.
  Ҳамдиёре, ки зода ва сокини гӯшаи дигари кишвар аст, арз намуд, ки пеш дар соири навоҳӣ як ё якчанд хонаводаи ванҷӣ мезистанд, дигарон бо эшон муносибати хоса доштанд. Мардуми дигар эҳтирому эътимодамон менамуданд. Ҳангоми ҷабру тааддӣ ва ё дар ғурбат ба мо муттакӣ мешуданд. Вале баъзан дар нишасту сӯҳбатҳо аз аъмоли зишту ахлоқи бади ҳамдиёрони мо дар Русистон сухан мегӯянд, ки дар миёни мардуми ғайр эҳсоси шарму хиҷолат мекунем.
  Мутаассифона, дар даврони ахир афроде падид омаданд, ки номи “ванҷӣ”-ро бо аъмоли зишти ғайриахлоқиву шаръӣ ва хилофи қавоиди мардонагӣ доғдор карданд. Онҳо ванҷиро бо дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ҳақхӯриву ҳақситонӣ ва дигар корҳои бад бадном карданд. Ин бешарафон нерӯву зӯрии хешро дар ин корҳои пасту зишт нишон дода, қуввати бозуро дар мушту лагатзании заифу нотавонон санҷиданд. Муфтхӯриро пеша карда, ба хӯрдан аз ҳисоби фақиру нотавонон одат карданд. Магар касе шунидааст, ки ҷавонмардони гузашта мисли Ғофилпаҳлавону Амонатпаҳлавону Ҳимматпаҳлавону ғайра касеро ғорат карда, ё моли касеро ситонда, ё заиферо силӣ зада бошад? Онҳо ин аъмолро ғайри рафтори мардонагӣ медонистанд. Вале ин дунон аз ин корҳои зишту ғайри одоби мардонагӣ ҳатто ифтихор доранду моро дар назди дигарон шармсор мекунанд.
  Ҳоло аъмолу афъоли паст монандӣ тамаллуқу чоплусӣ, дурӯғгӯию фиребгарӣ, қаллобию маккорӣ, хасисию тарсуӣ ва хусусан, бухлу ҳасаду суханчинию наммомӣ, ҳамдигарфурӯшӣ дар миёни аҳли диёр густариш ёфтааст, ки шаъну эътибори номи диёрро костааст. Ба ҷуз мардонагиву паҳлавонӣ аҳли диёр бо донишмандию бофарҳангӣ шӯҳрат доштанд, мутаассифона, ҳамдиёрон ба илм имрӯз камтар таваҷҷӯҳ дошта, сатҳи бесаводӣ боло рафтааст.
  Паҳлавонӣ, ки ҷузви муҳиме аз мардонагист, дар диёр аз қадим маъруф буда, аҳли он ба он таваҷҷӯҳи хосса ва паҳлавонон мақому эътибори вижа доштанд. Тавре ки тазаккур додем, паҳлавонони гузаштаи ванҷӣ берун аз диёр шӯҳрат доштанд. Дар замони шӯравӣ зебдиҳандагони майдонҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқоти шӯравии собиқ буданд ва Ванҷро ҳамчун диёри паҳлавонон маъруф гардониданд.
  Дар замони пас аз шӯравӣ паҳлавононе мисли эшон падид наомаданд ва умуман, бо иллатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба ин суннати аҷдоди камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир намуданд. Аммо дар замони ахир дигарон аз мо пештоз гаштанд. Ҳатто ононе, ки пеш бо паҳлавонмардони мо дар майдонҳо сарбасар шуда, дар талоши аввал аз ҳаво ба замин меомаданд, аз рӯи кинаи дерина таъну писханд мезаданд. Вале ору номус ҷавонмардони бонанги диёрро, ки дар сиришт аз аҷдод боқист, ором нагузошт ва ниҳоятан, парчами шӯҳрати паҳлавонии диёрро муҷаддадан барафрохтанд.
  Хушқадампаҳлавон солҳо барои ба ҳадаф расидан ранҷ кашиду талош намуд ва аҳли диёр ба ӯ умед бастанду имдодаш намуданд. Вале бурду бохт дар варзиш умури таваккалиянд ва ӯ дар ибтидо муваффақ нашуд. Ин ҷавонмарди бонангу ғурурро ором намегузошт ва ӯ хешро дар назди аҳли диёр қарздор мешумурду аз нокомиҳояш хиҷил буд. Ӯ ва дигар ҷавонпаҳлавонони диёр ба маротиб унвони қаҳрамонии кишварро касб карда буданд, вале алъон барои эътибори диёр аз ин бештар лозим буд. Чунин имконе надошт, ки аз диёри паҳлавонон қаҳрамони ҷаҳон набошад.
  Ниҳоятан, гурди майдон, вориси авлоди паҳлавонон Хушқадампаҳлавон орзуи деринаи аҳли диёрро бароварда гардонд ва унвони баланди қаҳрамонии ҷаҳонро барои мо ва тамоми кишвар касб намуд. Вай дар ин масир аввалан қадами хуш гузошт ва бо хости Худованд соири ҷавонпаҳлавонони умедбахши диёр дар ин ҷода пайи нек хоҳанд гузошт. Ашраф Акрам.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.