Одинамо Раҳмонова

  Номзади илми тиб Одинамо Раҳмонова 5 сентябри сол 1949 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Бо гирифтани маълумоти миёнаи нопурра, соли 1963 ба Шӯъбаи таълими ҳамшираи тиббии омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, баъди хатми он солҳои 1966-1972 дар факултаи табобатии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1972-1973 аз ординатура гузашта, ба амали касбии хеш ҷиддан машғул шуд.
 Одинамо Раҳмонова солҳои 1973-1977 ба ҳайси табиби участкавӣ дар муолиҷахонаи (поликлиника) рақами 10-и шаҳри Душанбе, 1977-1979 таҳсилу таҷрибаи ординатураи клиникӣ дар назди кафедраи касалиҳои дарунии Донишкадаи тиббӣ, 1979-1986 мудирии шӯъбаи касалиҳои хунии (гемотология) касалхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ ба номи Дяковро ба ӯхда доштааст.
  Одинамо Раҳмонова соли 1986 дар асоси конкурс ба вазифаи асистенти кафедраи Касалиҳои дарунии рақами I интихоб шудааст. Солҳои 1977-1978 дар ҳайати экспедитсияи илмии кафедра дар ноҳияи Мурғоб доири мавзӯи “Касалии дил дар шароити баландкӯҳи Помир” тадқиқот гузаронда доир ба ин самти кор чандин мақолаҳо таълиф намудаву чоп кардааст.
  Натиҷаи тадқиқотҳои хешро, ки соли 1990 оғоз ёфта буд, Одинамо Раҳмонова чамъбаст намуда, чун рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Самаранокии терапияи нақшавии тундамали сафедхунӣ, такмили табобати фаръӣ” (“Эффективность програмной терапии острых лейкозов, совершенствование вспомогательного лечения”) пешниҳод намуда, онро соли 1995 бомуваффақият дифоъ намуд ва ба дараҷаи номзади илмҳои тиб ноил гардид. Бояд қайд кард, ки ин мавзӯъ дар асоси шартномаи илмии байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Точикистон ва Институти касалиҳои хуни Академияи илмҳои тибби Русия ба иҷро расонда шуда, 3 маротиба натиҷаю хулосаҳои илмии рисола аз ташхису назорати комиссияи Институти гемотологии шаҳри Москва гузашта, баҳои баланд гирифтааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.