Натиҷаи тобеъ шудани диёр ба Аморати Бухоро

  Бо фаъолияти амир дар кори ба аморати Бухоро тобеъ кардан ва ҳамроҳ намудани мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ, алалхусус Дарвоз ва Ванҷ шинос шуда, табиист, ки хонанда зарурати ба ин падидаи таърихӣ баҳо доданро эҳсос намуда, амали амири Бухороро чун ғасби кишвар қатеъона маҳкум мекунад ва ба муқовимати озодихоҳонаи мардум бо ифтихор чун ҳақталошӣ ва қаҳрамонӣ баҳо медиҳад. Чунин муносибат ва арҷгузорӣ комилан дуруст аст. Вале барои мутахассони таърих пӯшида намемонад, ки парокандагии феодалӣ барои ҳамаи кишвару халқҳои дар зинаи муайяни мавҷудияти худ ба гирдоби он афтида давраи мудҳиштарини таърихӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи вазнинии бори талошҳои беохиру хунрезиҳои аҳли хонадони ҳокимон, задухурдҳои бардавоми федалон барои васеъ кардани замин, ва ба ҳамин монанд, рафтори ғоратгаронаю харобкоронаи онҳо пеш аз ҳама бар дӯши аҳли заҳмат меафтид. Агар ба ин боз тохтутозҳои ғоратгаронаи ҳамсоягон ва аҷнабиёни бегонанажодро, ки маҳз дар замони бӯҳронҳои шадиди парокандагии феодалӣ авҷ мегиранд, зам намоем, он гоҳ вусъати фоҷиабору тоқатфарсои ин падидаи номақбули таърихӣ боз равшантар мегардад.
  Аз ин лиҳоз кӯшиши тамаркузи давлату халқият дар ҳама ҳолат амали хайру тақдирсоз ҳисоб меёбад. Бояд ба масъалаи ҳамроҳ намудани Бухорои Шарқӣ ба аморати Бухоро низ аз ин манзар нигариста, ба он чун падидаи мақбули тақдирсози халқ баҳо дод. Вале ҳангоми мушаххас ба ин ҳодиса, яъне ҳамроҳ кардани мулкҳои Бухорои Шарқӣ ба аморат баҳо додан аз як ҳақиқати дигар сарфи назар намудан мувофиқи адолати таърихӣ нахоҳад буд. Ташаббускори ин тамаркуз амири манғитӣ ҳаргиз ба гӯшаи хотир овардан наметавонист, ки бояд чун ҳимоятгари манфиати мардум амал кунад. Барои ӯ, бо кадом роҳу усуле набошад, ҷои музофотҳои аздастрафтаашро аз ҳисоби ғасби ин мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кардан ва доираи истифодаашро васеъ намудан буду халос. Аз ин ҷост, ки муборизаи сокинони ин мулкҳо, аз ҷумла мардуми шоҳигарии Дарвоз ва миригарии Ванҷ, ки ба муқобили манғитиён нигаронида шуда буд, чун амали озодихоҳона ва одилона бояд баҳогузорӣ шавад. Мардум мулки худро аз ғасби бегонагон шуҷоатмандона дифоъ мекарданд. Ҳазорон курбониҳо аз фоҷиаи ба сари халқи ин диёр омада дарак медиҳанд. Қаҳрамонии муҳофизони диёр дар ёди наслҳо чун амали ҳақталошӣ ва мояи ифтихор ҳасту боқӣ хоҳад монд.
  Ҳанӯз то ҳуҷуми манғитҳо Муллоёри ҳаталош медонист, ки шоҳи Дарвоз низ дар истисмори раъият аз амир кам нест ва ҳатто аз санохоние, ки ҳангоми дар хизматаш будан ӯро водор месохт, ҳисси пушайониашро пинҳон карда наметавонист. Ин ҳиссиёти худро дар мисраъҳои зерин чунин овардааст:

Аз ҳаводис, аҷабо хаставу нолон шудаам,
Хотирозурдаву бо ҳоли парешон шудаам.
Ёрӣ бо ин ҳама ошуфтагӣ дар охири кор,
Аз санои шаҳи Дарвоз пушаймон шудаам.

  Вале дар ибтидои ҳуҷуми манғитҳо ҳисси ҳифзи диёр шоирро водор кардааст, ки ғосибонро маҳкуму муқовимати шоҳро тараннум намояд. Муллоёр, ки худ табиатан ниҳоят ҳассосу бебок буд, зулму ситами манғитиёнро ба аҳли заҳмат дида, ҳиссиёти нафрату бадбинии хешро пинҳон дошта наметавонист. Мисраъҳои зерин гувоҳи ҷасорати шоир ва бепарда маҳкум кардани ҳокимияти манғития мебошанд:

Олам аз шӯру шари мангитиён лабрез аст,
Ханҷари наҳси замон аз ду бараш хунрез аст.
Аз бари кӯҳу даман роҳату осоиш рафт,
Хирмани кӯфтаи мардум ҳама бе без аст.
Ёрӣ осоише аз умр ба Дарвоз маҷӯ,
Ки дар ин ҷо дами селоваи даврон тез аст.

  Аз мазмуни шеъри дигари шоир бармеояд, ки ӯ ба Бухоро сафар кардаву он ҷоро пур аз фисқу фуҷур ёфтааст. Ин мушоҳидаашро дар шеъри ба унвони «Ноумедӣ» навиштааш чунин баён кардааст:

Ноумедам ҳама аз мулки Бухор,
Нимараҳ мондаам бо дидаи чор.
Мулку авзои малик бегона,
Н-омадам ҳамдиёри хеш дучор.
По куҷое кашему сар ба куҷо,
Набувад пеши чашм гайри губор.
Мо ғариби диёри хештанем,
Бар гарибон куҷост сабру қарор.
Ку шиносу даре, ки сар кӯбем,
Дида осоишоте як миқдор.
Соддалавҳӣ бас аст, эй Ёрӣ
Лутф з-ин мардумон умед мадор.
Бори реҳлат ба мулки дигар банд,
То ки гардӣ зи бахт бархурдор.

Чунин мисраъҳо низ ба ҳамин мазмун наздиканд:

Агар бо чашми ибратбин ту ин дунёи дун бинӣ,
Зи бедодӣ шаҳони фитна толеъ сарнагун бинӣ
Худоё навҳагар набвад халоиқро дар ин даврон,
Ба ҳар ҷое назар афтад, фигону ҷӯи хун бинӣ.[1]
  Шояд ҳамин яъсу ноумедӣ шоирро маҷбур кард, ки баъди Бухоро ба Афғонистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ фирор кунад.
  Вале ин суханон фақат баёни як қисми ҳақиқат мебошанд. Қисми дигарашро дар воқеъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии замон бояд ҷуст. Дар шароити авҷи талошҳои мустамликахоҳонаи давлатҳои абарқудрат кишварҳои қафомондаи феодалӣ мустақилияти худро нигоҳ дошта наметавонистанд. Акнун бо амри таърих, хонигарии Қӯқанд пурра ва ҳудуди хонигариҳои Бухорову Хева қисман ба дасти Русия афтида буданд. Табиист, ки онҳо вобаста ба талабу талоши сиёсию маъмурӣ, иқтисодиву иҷтимоии мустамликадорон идора ва истисмор карда мешуданд. Ҳамроҳ кардани мулкҳои Бухорои Шарқӣ низ, чи хеле дар боло қайд шуд, аз хоҳишу дастгирии Русия вобастагӣ дошт. Он чи дар ин ҷода амалӣ гашт, гузашта аз нияту сиёсати Русия ва амири Бухоро барои халқи тоҷик дар ин марҳила бурди таърихӣ буд. Гарчи илми таърих калимаи «агар»-у фарзияҳоро намеписандад ва фақат ба воқеъияти реалӣ сару кор дошта, ҳадафаш муайян намудани қонунияти рӯйдоди воқеаҳост, агар ин раванд самти дигар мегирифт, эҳтимол фоҷиабортар мешуд.
  Ба Бухоро пайвастани Дарвоз мисли дигар мулкҳои ҳамсоя маънои баъди ҷудоиҳои иҷбории бардавоми чандинасра боз бо ҳам пайвастани шохаҳои парокандаи халқи тоҷикро дошт. Муҳим боз он буд, ки ба харобии иқтидори иқтисодию фарҳангии асримиёнагии худ нигоҳ на- карда, Бухоро то кунун асолати фарҳангии худро нигоҳ медошт. Ҳукуматдории қариб ҳазорсолаи бегонагон суннатҳои шаҳрдорию шаҳрнишинии тоҷиконро дигар кардан натавонистанд. Аксари мутлақи сокинони ин сарзаминро тоҷикон ташкил медоданд. Аз тарафи дигар, дар ҳудуди Бухоро ҳам пайвастани тоҷикони кӯҳистон барои ҳалли тақдири ояндаи онҳо, бахусус ва аз ҳама муҳим барои эҳёи давлатдории тоҷикон заминаи мусоиде фароҳам овард. Вале ба ин ра- ванди дар оянда тақдирсоз бидуни хосту фаҳмиши амиру амалдоронаш, ки аз ҳирсу тамаъ ва фисқу фасоди ба табиати низоми давлатии теократии феодалӣ хос берун буда наметавонистанд, пиёда шуда, фосилаи дарозеро тай кардан лозим омад. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1] Ин мисраҳо оварда шудаанд аз: Муллоёри Ванҷӣ. Табъи оташбор. – Душанбе: Адиб, 2008. – 158 с. Ашъори шоир бо заҳмати шоири шинохтаи миллат, тадқиқгари борик- бин устод Басир Расо ба табъ расидааст.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.