Назриддин Шонасриддинов

  nazrdinshonasrНомзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Назриддин Шонасридинов 10 январи соли 1949 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1968 то соли 1970 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ адои хизмат дошт. Соли 1971 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1976 бо баҳои аъло хатм кардаст.
  Аз соли 1976 то соли 1983 ассистент ва аз соли 1983 то соли 1989 муаллимии калони кафедраи Қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнатии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба зимма дошт.
  Таҳти роҳбарии олими намоёни шӯравӣ дар бахши ҳуқуқ, профессор В.О. Ойгензихт соли 1988 рисолаи номзадии илми ҳуқуқшиносиро дар шаҳри Свердловск дифоъ намуда, аз соли 1989 то соли 2001 ба ҳайси дотсенти кафедраи Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултаи ҳуқуқшиносй кору фаъолият менамояд. Аз соли 2001 вазифаи мудирии кафедраи мазкурро ба ӯҳда дорад.
  Назридин Шонасридинов муаллифи зиёда аз 70 корҳои илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 2 асари илмӣ, 2 китоби дарсй барои донишҷӯёни макотиби олии ҳуқуқӣ, 12 васоити таълимӣ ва ҳуқуқӣ, зиёда аз 50 мақолаи илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ, меҳнатӣ ва кишоварзӣ мебошад.
  Мақолаҳои илмии Назридин Шонасридинов, ҳамчунин дар нашрияҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Молдова ба табъ расидаанд.
 Асари илмии “Танзими ҳуқуқии истифодаи сариштакоронаи нерӯи барқ ва гармӣ”, китоби дарсии “Ҳуқуқи кишоварзии Ҷумҳурии Т оҷикистон” силсилаи мақолаҳои илмии Назридин Шонасридинов оид ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсии шаҳрвандон, иҷора, шартномаи меҳнатӣ, танзими ҳуқуқии истифодабарии об сазовори баҳои баланди олимону донишмандони маъруфи соҳаи ҳуқуқ гаштаанд.
  Олим дар семинару конфронсҳои байналхалқӣ дар Венгрия, Голландия, Белгия ва ғайра баргузоршуда, фаъолона иштирок намуда, шарафи илми тоҷикро ҳимоя намудааст.
  Назридин Шонасридинов ба ҳайси узви гурӯҳи корӣ дар таҳияи лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калон гузонпа, хамчунин дар таҳияи лоиҳаи Кодекси моделии меҳнати Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ фаъолона ва босамар ширкат варзидааст.
  Соли 1991 бо унвони ифтихории “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 20 августи соли 1999 барои хизматҳои шоён дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ, саҳми калон дар рушду инкишофи илми ҳуқуқшипосӣ ва ислоҳоти низоми ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Шараф” сарфароз гардонида шуд.
  Феълан узви гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Кодекси моделии меҳнат барои давлатҳои ИДМ, Шӯрои диссертатсионии минтақавӣ, Шӯрои илмӣ-машваратии Суди Олии иқтисодӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.