Муқим Муҳаббатов

  mqimmhabatСоли таваллудаш 1969. Дар ҳаёти варзиши ҷумҳурӣ Муқимпаҳлавон нақши шоистае дорад. Ин сифатҳои авлодиро ҳанӯз аз солҳои кӯдакӣ зоҳир мекард. Ӯ бо ҳамсолону шарикдарсон доимо дар часпу талош буд ва бо шавқу бовар нияти паҳ- лавон шуданро дар дил мепарварид.
  Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1987-1989 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намудааст. Баъди хатми мактаби махсуси милиса дар шаҳри Душанбе шахси низомӣ мебошад.
  Муқим таҳти роҳбарии устодони варзиши ИҶШС З.Музофиров ва Абдусамад касби камол намудааст. Ӯ дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, борҳо ғолиб омадааст. Аз ҷумла ӯ чун ғолиби мусобиқаи ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо расман қаҳрамони ин мусобиқа эълон шудааст.
  Дар фаъолияти ин пахлавон, махсусан вохӯриҳояш бо чунин паҳлавонони номӣ, монанди қаҳрамони варзиши ҷаҳон аз Доғистон Абдуллоев ва ғолиби мусобиқаи расмии ИҶШС С.Колесников шоёни таҳсину фаромӯшнашавандаанд. Ин паҳлавон дар ҳама маъракаҳои ҷиддии расмӣ ва ғайрирасмии оиди гӯштии миллӣ фаъолона ширкат меварзад.
  Сардори қисми ҳарбӣ, полковник Муқим Муҳаббатов ҳамчунин дар намудҳои оббозӣ, футбол, вазнбардорӣ, маҳорати баланд нишон медиҳад. Барояш варзиши суннатии бобоӣ – човандозӣ низ бегона нест. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.