Муносибатҳои тиҷоратӣ

  Тарзи истеҳсолоти феодалӣ дар ҳамбастагии қавӣ бо муносибатҳои патриархалӣ дар таърихи тӯлонии давраи шоҳигариҳои Ванҷу Дарвоз ва ҳатто солҳои аввали баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардани Дарвоз, ба пайдоишу ташакули муносибатҳои молию пулӣ монеаи ҳалнопазир эҷод мекард. Вале бо мурури замон он тағйироте, ки баъди ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба Русия ва тобеияти (вассал) худро ба он империяи абарқудрат қабул кардани амир дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании аморати Бухоро ба вуқӯъ пайвастанд, барои бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла Дарвоз ва миригарии Ванҷи он бетаъсир монда наметавонистанд.
  Муносибатҳои савдоӣ дар арафаи ба аморати Бухоро ҳамроҳ намуда- ни мулкҳои Бухорои Шарқӣ дар ҳолати бетағйир қарор дошт. Аз рӯи талаби шариат савдо ва амалиёти тиҷоратӣ бояд дар бозор сурат мегирифт. Ин бесабаб набуд. Аввало, дар бозор нарх муайян мешавад ва дар ҳузури шоҳидон (алалхусус даллол, ки то андозае нархро мувофиқи арзиши мол муайян мекард), сониян ва аз ҳама муҳим, маҳз дар бозор сав- до дар пеши назари нозири расмӣ – амин мегузашт ва ӯ бе монеа аминона (андоз аз савдо) гирифта метавонист. Маҳз ҳамин анъанаро аз шариатбохабарони маҳаллӣ пурсида ва худ ба мушоҳида гирифта, Д.Н. Логофет қайд кардааст, ки чун қоида амалиёти савдо дар бозорҳо ва корвонсаройҳои махсус ҷорӣ мегардид. Чунин амалиёт дар хонаи касон қариб тамоман ба назар намерасад. Номбурда сабабашро чунин шарҳ додаст: 1) моли барои фурӯш оварда бояд дар пеши чашм бошад; 2) фурӯшанда ва харидор бояд арзиши молро дуруст муайян карда тавонанд, то ки зарар набинанд (ба ин кор фақат бозор имконият медиҳад); 3) хариду фурӯши мол бояд ҳатман дар пеши назари шоҳид (шояд даллол дар назар дошта шудааст) рӯй диҳад1. Гарчи ин муаллиф аз мақсади ниҳоии маҳз дар бозор сурат гирифтани созиши савдо ёдовар нашудааст (шояд ба ин тарафи нозукии масъала эътибор надода бошад), вале ҳамаи ин муносибатҳо мусаллам будани роли аввалдараҷаи андозро пӯшида наметавонад.
  Аз тарафи дигар, сустию назарногирии муносибатҳои молию пулӣ маънии тамоман мавҷуд набудани савдои дохилӣ ва алоқаи тиҷоратӣ бо мулкҳои ҳамҷавору дурро надорад. Савдо ҳадди ақал дар шакли табодули маҳсулоти зарурӣ чун яке аз рукнҳои муҳимтарини фаъолияти одамон дар ҳамаи давру замонҳо вуҷуд дошт. Гарчи далели мӯътамади бевосита аз савдо ё шакли оддии он – мол ё табдили маҳсулоти Дарвозу Ванҷи давраи шоҳигарӣ надорем, аз мантиқи воқеъияти замон хулосае бармеояд, ки савдои дохилӣ ва алоқаи савдоии берунӣ, албатта, вуҷуд дошт. Агар муносибатҳои савдо дар ин мулк намебуд, бешубҳа, маҳсулоти косибчигии кишвар пеш рафта наметавонист.
  Ҳамин тариқ, дар ибтидои солҳои 80-уми асри XIX аз бекигариҳои Бухорои Шарқӣ фақат дар Дарвоз бозори доимоамалкунанда набуд ва ба гуфтаи шоҳиди бевоситаи ҳол, олими табиатшиноси рус А.Э. Регел дар ин ҷо он замон ҳанӯз савдои мустақил вуҷуд надошт2. Шоҳидони баъдина қайд кардаанд, ки нахустин бозор дар Қалъаихумб дар ибтидои солҳои 90-уми асри XIX кушода шудааст. Дар рӯзҳои аввали кушодашавӣ то ба ҳукми анъана даромадани мавҷудияти он ҳаҷму навъи молҳои савдо хеле маҳдуд будааст3. Ин барои тамоми бекигарии Дарвоз ягона бозор ҳисоб меёфт. Ба ҷуз маҳсулоти кишоварзӣ, дар ин бозор молҳои истеҳсоли маҳаллӣ, асосан маҳсули дасти оҳангарони моҳир, як миқдор чити истеҳсоли англисӣ, ки шояд аз Ҳиндустон оварда шуда бошад ва боз баъзе чизҳо ба савдо мондашуда буду халос4. Мардуми миригарии Ванҷ ва дигар амлокдориҳои бекигарии Дарвоз маҳсулоти хушсифати маҳаллӣ ва мануфактураи аз Русияю дигар мамолики хориҷӣ, аз ҷумла англисии аз тариқи Афғонистону Ҳиндустон воридгардидаро маҳз аз ҳамин бозор дастрас мекарданд. Вале дар маҷмӯъ муносибатҳои молию пулӣ ҳамоно дар сатҳи ниҳоят паст буда, амалан қариб ба назар намерасид. Хоҷагии натуралӣ ҳамоно мавқеашро мустаҳкам нигоҳ медошт. Капитан Кузнетсов, ки нисбат ба дигарон ба воқеъияти ҳоли Дарвози ибтидои солҳои 90-уми асри XIX бештар шиносоӣ дошт, қайд кардааст, ки ҳоло ба пайдо шудани бозор нигоҳ накарда, дар Қалъаихумб савдо пурра характери табдили молро дорад5. Дар ин ҷо нархи маҳсулоти маҳаллӣ ё худӣ ҳанӯз ба арзиши аслии мол мувофиқат накарда, хеле арзон буд. Дар фурӯши молҳои истеҳсоли саноатӣ ё мануфактурӣ, ки аз дигар ҷо ворид мешуданд, вазъият баръакс буд. Вобаста ба дурии роҳу аз дасти чанд савдогар гузаштанашон, онҳо дар бозори Қалъихумб ба арзиши чанд карат болотар соҳиб мешуданд.
  Бояд қайд кард, ки барои ба ҷараёни муқаррарии бозорӣ ворид шудани муносибати сокинони маҳаллӣ вақти зиёде лозим нашуд. Таъсири рӯзафзуни муносибатҳои молию пулӣ, ки дар рафти мувофиқ омадани истеҳсолоти аморати Бухоро ба талаботи сармоядории Русия торафт бештар эҳсос мешуд, барои бекигарии Дарвоз низ бетаъсир монда наме- тавонист. Дар як муддати кӯтоҳ анвои моли ба бозори Қалъаихумб воридшаванда хеле зиёд гардид. Ба ғайр аз маҳсулоти кишоварзӣ ва косибии маҳаллӣ, миқдори молҳои нисбатан арзони саноатии Русия, аз қабили матоъҳои ранга, асбобҳои рӯзгордории чӯянӣ, шишагӣ ва ҳатто молҳои аз хориҷи дур воридшударо доимо дарёфтану харидорӣ кардан мумкин буд. Б.Н. Литвинов соли 1894, ҳангоми дар Қалъаихумб будан ва вазъи бозорро мушоҳида намуданаш, тааҷуби худро аз зиёд будани молҳои дорои тамғаи англисӣ (матои дастархонӣ, чойи кабуд, набот ва ғайра), пинҳон дошта натавонистааст6.
  Ишора намудан ба маврид аст, ки Русия ба ворид шудани моли давлатҳои дигар ба қаламрави аморати Бухоро муросо карда наметаво- нист. Бесабаб набуд, ки дар як муддати кӯтоҳ миқдори солонаи моли саноатии ба аморати Бухоро воридшавандаи Русия ба маблағи умумии 20 миллион сӯм баробар шуд7. Албатта, аз ин воридоти моли Русия ба аморати Бухоро Дарвоз дар канор монда наметавонист. А.А. Семёнов беа- сос қайд накардаст, ки дар Қалъаихумб ҳама вақт моли Русияро дидан мумкин аст8. Табиист, ки он молҳо аз сабаби мушкилии роҳ то ба бозори ин маркази Дарвоз расидан қариб аз даҳ даст мегузаштанд[9]. Мардуми имконияти муайяни харидорӣ доштаи Ванҷ молҳои ниёзи худро дар бозори Қалъихумб дастрас мекарданд.
  Албатта, ҳарчӣ бештар ворид шудани моли саноатӣ ба Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла ба Дарвоз, барои нигаҳдошту рушди маҳсулоти косибии маҳаллӣ зарбаи сахт буд. Бисёре аз навъи маҳсулоте, ки барои тайёр карданашон ҳунармандон дар тӯли қарнҳо заҳмати хешро дареғ наме- доштанд ва бо як ғуруру ҳисси қаноатмандӣ онро сайқал медоданд, ба рақобати моли санотӣ тоб наоварда, тадриҷан аз байн мерафтанд.
  Ҳамин тариқ, аз ин мулоҳизаҳо чунин хулоса бармеояд, ки ба ҳамаи монеаву мушкилиҳои табиию (роҳҳои мушкилгузар ва аз марказҳои муҳимми савдо дар канор мондан) иҷтимоӣ (тобеъияти феодалӣ) ва дараҷаи пасти муносибатҳои истеҳсолӣ (тарзи истеҳсолоти феодалӣ дар ҳамбастагӣ бо муносибатҳои патриахалӣ), пойбарҷоии хоҷагии натуралӣ, ҷой надоштани муносибатҳои молию пулӣ ва дар ин замина ниҳоят маҳдуд будани бозори савдову муносибатҳои тиҷоратӣ нигоҳ накарда, вобаста ба талаби замон муносибатҳои оддии савдо дар шакли мубодилаи мол дар шоҳигариҳои Дарвозу Ванҷ, сипас Бекигарии Дарвозу миригарии дар ҳайати он қарордоштаи Ванҷ ҳама вақт ҷой доштанд. Дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ, бо мурури ҳарчӣ бештар ба доираи таъсири Русияву муносибатҳои истеҳсолии ба талаби замони сармоядорӣ мувофиқ кашидани аморати Бухоро барои афзоиши муносибатҳои савдоӣ дар бекигарии Дарвоз шароити куллан мусоидтаре фароҳам меомад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри XIX дар Қалъаихумб кушода шудани бозор ва торафт дар он бештар суръат ёфтани савдо ин хулосаро пурра тасдиқ менамояд.
  Вале нисбатан афзоиш ёфтани муносибатҳои савдоӣ талаботи сокинони Дарвозро қонеъ карда наметавонист. Маҳсулоти маҳаллӣ ҳанӯз ха- рактери молӣ пайдо накарда буд. Қобилияти харидории мардум низ дар дараҷаи хеле пасту маҳдуд қарор дошт. Ин талаботу ба Дарвоз овардани моли саноатии ниёзи мардум ва пасандози ночизи пулиро шуғли мардикорӣ то дараҷае таъмин мекард. А.А. Бобринской мушоҳидаҳои худро дар ин бобат чунин ба қалам додааст: «Ҳунари тиллошӯӣ дар кӯҳистон хеле паҳн шудааст, аз сабаби кам ба даст омаданаш даромади назаррас дода наметавонад. Дар Ванҷ бошад, эҳтимол аз сабаби дуру дароз нигоҳ доштани анъанаи оҳанистеҳсолкунӣ нафақат барои ба роҳ мондани истеҳсоли олоти на он қадар хушсифати зарурӣ, аз қабили белу каланд, зоғнӯлу табар ва ғайра, инчунин маҳсулоти нисбатан хурду заҳматталаб, аз қабили қайчӣ, теғи мӯйсаргирӣ, кордҳои гуногун истеҳсол намуда, ба савдогарони аз амлокдориву бекигариҳои ҳамҷавору нисбатан дур омада, ба ивази молу маводи овардаашон медо- данд. Дигар воситаи ба даст омадани маблағи муайяни таъминоти рӯзгор ин мардикорӣ буд. Ҷавонони қобили кор аксаран ба Фарғона ва дигар шаҳру навоҳии Туркистон сафар намуда, корҳои вазнину каммуз- дро аз қабили посбонӣ, боркашӣ ва ғайраро иҷро карда, бо пасандози ночизе ба диёр баргашта, талаботи ҳадди аққали зиндагию рӯзгордории хешро таъмин мекарданд. Дар Дарвоз талаботи сокинон ба истеҳсолоти ҳунармандии маҳаллӣ, аз ҷумла пӯшок, пойафзол, молҳои зарурии рӯзгордорӣ то андозае таъминоти худро меёфт”10.
  Ин ахбори овардаи олими рус худ гувоҳи равшани он аст, ки дар пешрафти муносибатҳои савдоии бекигарии Дарвоз ба таври умум ва миригарии Ванҷ хосатан мисли дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ мавқеи мардикорон хеле назаррас будааст. Аз китоби Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

1  Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – Т. 1. – С.298.
2 Регель А.Э. Поездка в Каратегин и Дарваз // Изв. РГО. – Т. 18. – 1882. – Вып. 2. – С.140.
3  Семёнов А.А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М., 1903. – С.16.
4 Ҳамон ҷо. _ С.16; Ҳамчунин ниг.: Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухары. – СПб., 1913. – С.402.
5  Капитан Кузнецов. – Асари номбурда. – С.86 – 88.
6 Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памир // Исторический вестник. – Т. 98. – С.714 – 715.
7          Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – Т. 1. – СПб., 1911. – С.282 – 284; Ҳамчунин ниг.: Истории таджикского народа. – Т.2. – кн. 2. – М., 1964. – С.192.
8 Семёнов А.А. Этнографические очерки Заравшанских гор, Каратегина и Дарваза. – С.16.
9   Мазов С. Восточная Бухара, Бадахшан и Северный Афганистан (по чужим наблюде- ниям и заметкам) // Русское дело. – 1886. – № 17.
10 Бобринской А.А. Орнамент горных таджиков Дарваза (Нагорная Бухара). – М., 1900.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.