Мақсад Ҳусейнзода

  Мақсад Ҳусейнзода соли 1974 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷи ВМБК дар оилаи омӯзгори номдор Шаъбон Ҳусейнов ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа соли 1994 ба Донишгошҳи шаҳри Хоруғ дохил шуда, баъди як сол таҳсилро дар риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон идома бахшид.
  Баъд аз хатми донишгоҳ дар мактаби деҳаашон ба кори омӯзгорӣ пардохт. Баробари фаолияти педагогӣ ба эҷоди шеър бо ҳавсала миён баст. Китоби нахустини ӯ “Чакомаҳои музофот” соли 2001 дар шаҳри Душанбе ба нашр расид. “Савти Аҷам” маҷмӯаи дуюми ашъори Мақсад мебошад.
  Мақсад пайраву меросбари ҳақиқии қиблагоҳи хеш, омӯзгори номдори ноҳияи Ванҷ Шаъбон Ҳусейнов мебошад. Падар, ки раҳнамо, сарпарасту мураббӣ шуд, Мақсад қобил гардид, бо падар ҳамкасбу кор аст ва рӯ ба қуллаи мақсуд бо қадамҳои устувор пеш меравад. Шеъраш содаву равон, маънирас, андешаҳояш ҷолибу хонданианд. (Аз китоби “Савти Аҷам”).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.