Карим Каримов

  karimovkУстоди варзиш оиди тарзи гӯштии озод дар вазни мутлақ (130 кг) Карим Каримов соли 1973 дар деҳаи   Язғуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Яке аз паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳисоб меёбад. Ин паҳлавон аз овони мактабхонӣ машқи варзиш намуда, дар мусобиқаҳои бачагону наврасон аввалин муваффақиятҳои умедбахш ба даст даровардааст.
  Аз соли 1997 инҷониб дар мусобиқаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни мутлақ ғолиб омада, қаҳрамони варзиш эълон шудааст. Дастовардҳои варзишии паҳлавон дар миқёси байналмиллалӣ низ чашмрасанд. Аз ҷумла, ӯ ду маротиба дар мусобиқаҳо дар Ҷумҳурии исломии Эрон (1988-1997) ширкат варзида, дар ҳар ду маврид ба зинаи дуюми ифтихорӣ баромада, соҳиби медалҳои нуқра гаштааст.
  Ҳоло корманди прокуратураи ҷумҳурӣ Карим Каримов дар айни камолоти касби ва варзишӣ қарор дорад. Ҳамдиёрон ва тамоми мухлисони варзиши ҷумҳурӣ ба ин марди майдон фатҳи қуллаҳои навро дар гӯштии байналхалқӣ таманно доранд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.