Йӯғанкадрав

  Дар мавсими “йӯғанкадрав” мардуми водӣ аксаран йӯғанкаҳдаравро[1] дар бармолҳо[2] ба тарзи ҳашар амалӣ мекунанд. Даҳ-дувоздаҳ ҳашаракӣ дар як рӯз қариб то сад-саду панҷоҳ “веб”[3] медараванд. Даравидану хелидани йуғанкоҳ ба шакли вебу омода кардани дарзаи йуғанкоҳ усул ва тарзи хоси хешро дорад ва нисбатан ба дравидани алафҳои рашагӣ мураккабтар мебошад.
Баъди йӯғанкаҳдарав шахсони нав ба йӯғанкаҳдарав машғулшудаи бетаҷрибаро дар дастҳояшон обилачаҳо мебароянд, ки дарду хориш доранд ва инро мардуми маҳаллӣ “йӯғанкабургӣ” ё “йӯғанка бурастш” мегӯянд. Ҳашари йӯғанкаҳдрав баъзан дар маҳтобшабҳо ҳам сурат мегирад. Кашондани дарзаҳои онро аз пуштаҳои баланд ба тариқи ҳашар анҷом медиҳанд. Соҳиби дарзаҳо зиёфат ороста, ҷавонмардони деҳро ҷамъ оварда, “банду сихик”[4] гирифта, ба пушта баромада, дарзаҳои йӯғанкаҳро бор баста, борҳоро пушт карда, тавассути пайраҳаҳои борики кӯҳӣ қатор мефароянд.
  Йӯғанканкаҳ навъи алафбуттаи бадбӯе буда, дар пуштаҳо рӯида, чорво тари онро намехӯрад. Агар буттаи расидаи он ба аъзои урёни инсон расад, дар ҷои расидааш обилачаҳо баромада, бо дарду хориш инсонро дар муддате азият медиҳанд.
  Алафи хушки он дар зимистон ғизое барои чорво буда, ба гуфти духтурони ҳайвон дар таркибаш моддаҳои муфиди кимиёвӣ дошта, ҳайвонро аз сирояти баъзе маразҳо ҳифз карда, кирмҳои аъзои дохилии онҳоро меафтонад. Азиз Қадамов.

[1] Йӯғанка – растании юған, юғанкоҳ
[2] Бармол – пуштаи ҳамвор
[3] Веб – дарзаҳои юған ба лаҳҷаи маҳал
[4] Сихик – сихчӯбе, ки дар миёни дарзаҳо барои наафтодани онҳо ҳангоми борбандӣ мехаланд

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.