Донаёр Давлатёров

  donayordДонаёр Давлатёров 15 августи соли 1946 дар деҳаи Мотравни деҳшӯрои Язғуломи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1967 баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба Аспирантураи Академияи илмҳо дохил шуда, онро соли 1972 хатм мекунад. Солҳои 1971-1987 корманди илмии Шӯъбаи таърихи муосири ИҶШС-и Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии таърих ба номи А.Дониши АИ ҶТ шуда кор кард. Сипас ба ҳайси муаллими калони кафедраи таърихи Донишкадаи санъат ифои вазифа намуда, муаллифи даҳҳо мақолаҳои илмӣ мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.