Диёрам

  Дар рӯзномаи маъруф мақолаеро дар бораи диёр хондаму хешро лаҳзае дар олами гуворои рӯъё тасаввур намудам. Муаллиф рушду нумӯи диёр ва хусусан маркази онро тайи чанд соли ахир ба гунае васф намуда буд, ки даме худро дар канори шаҳри муосири мутараққие шабаҳи шаҳрҳои ғарбиаврупоӣ дарёфтам. Хиёбону кӯчаҳои ороста, бо биноҳои баланду мураттабу ба сабки меъморӣ зинатёфта, мардуму мошинҳо ба ҳар ҷонибе ба таъҷил дар онҳо раванда…, ҳатто ба ташвиши заҳмат кашидан ба ёфтани роҳ аз байни биноҳои баландошёну марокизи тиҷориву фароғатӣ, биноҳои наву хушсохти маъмурию хизматрасонӣ, мағозаву қаҳвахонаву тарабхонаҳо барои ба боло рафтан афтодам…
  Аммо ҳақиқати ҳоли мутаассифи диёр ба ёди гузаштаву хотираҳои хуби он ва қиёси ду даврони аз сар гузарондаам бурд. Низоми иқтисодии даврони пеш, ки осудаҳолию фараҳмандии мардумро таъмин карда буд, дар замони нав дар муддате андак ба фано рафт ва васоити фаннӣ тороҷу бинову иншооти он ба хонаю оғилхона табдил дода шуданд.
  Дар он замон мардум дар макони хеш соҳиби ҷои кору некӯҳол буданд, аммо дар ин замон барои таъмини рӯзгор дунболи ҳиҷрату ғурбатро гирифтанд. Аз ҳар хонавода фарду афроде ва ҳатто хонаводаҳо тарки диёр намудаву пирамарду пиразанҳо дар шаҳру музофоти Русистон барои гирифтани шиносномаи русӣ ва соҳиби нафақаи беҳтар гаштан саъю талош доранд. Ба василаи маблағе, ки аз он ҷо мефиристанд, аҳли диёр таъмини рӯзгор менамоянд. Аз маҳсулоти кишоварзие, ки аз вуфури он дам мезананд, хонаводаҳо аранге аз мавсим ба мавсим мерасонанд. Аммо замоне дар телевизонҳо муҳоботи мӯйсафедеро давр медоданд, ки сухан аз гирифтани ҳосиле меронд, ки онро боркашҳо дар тӯли сол ба пойтахт мекашонанд. Дар воқеъ барои ғунҷоиши ҳосили яксолаи кишоварзии ноҳия даҳ боркаш кофист.
  Як мушкили умда ва муҳиму музтариби мардуми ноҳия дарёи Ванҷоб аст. Дар замони пеш бо васоити техникӣ дар мавсими камӣ маҷрояшро рост ва дар мавзеъоти муҳим садду монеаҳо сохта, зарари онро  бартараф мекарданд. Аммо дар ҳоли ҳозир ин дарёи хурӯшони кӯҳӣ худсар аст ва ҳар соле қитъаеро аз роҳу мавзеъу ҷангалзору деҳе ба сангу регзор табдил медиҳад. Дар солҳои охир ба сангзор табдил додани ҳектарҳо замини мавзеи Заги Харгад дар минтақаи Ванҷи Боло, ки аз беҳтарину ҳосилхезтарин заминҳои ин ноҳияи камзамин буданд ва дар муқобили он кандани заминҳои кишту дарахтзори деҳаи зебои Ширговад хеле таассуфовар аст. Имрӯзҳо ҳам таҳдиде ба кандани деҳу мавзеот дорад. Барои пешгирӣ аз кандани оби дарё ва дар сардараҳои деҳот аз паҳншавии сел аз хору ангат тавассути ҳашар садд месозанд, ки амре ғайриҷиддиву бар абас аст.
  Дар замони пеш қисмати бештари роҳҳои ноҳия асфалтпӯш буда, боқӣ тахту ҳамвор ва таҳти нигаҳдории доимии идораи роҳсозӣ буданд. Пас аз гузашти он даврон, бо мурури замон кӯҳнаву фарсуда гашта, қисмате аз роҳҳои интиҳоии ноҳия аз байн рафтанд. Баъзе аз қисматҳои роҳ аз маҷрои Ванҷоб мегузаранд ва дар фасли тобистон дар зери об мемонанд. Солҳост, ки ба сари мардуми деҳоти Мурғурга ва Ванван машаққат бор аст. Бо фарорасии мавсими гармо дарё роҳашонро банд намуда, аз оғози тобистон то ибтидои тирамоҳ бо ҷуволҳо пуштора дар тӯли километрҳо озуқа мекашанд. Аз қабили роҳҳои ҳозираи минтақаи Ванҷи Боло дар замони шӯравӣ ба дараҳои баланди Лангару Ғуҷовасту Абдулқаҳҳору ғайра сохта буданд, ки ҳоло нобуд шудаву роҳҳои дохили ноҳия сифати бадтар аз онҳоро гирифтанд. Умуман қитъаи роҳ аз Дарвоз то Ванҷ аз ҷумлаи роҳҳои хатарноки олам буда, гузаштан аз ин минтақа амри таваккалист. Роҳҳо дар фасли замистон низ мушкилоти бузургеро барои мардум эҷод мекунанд. Дар замони пеш дар ҳар қитъаи муайяне аз роҳ булдозере омода меистод ва баъд аз ҳар боридани барф роҳро тоза мекард. Аммо ҳоло барфу тармаҳо ба муддати моҳу бештар аз он роҳро банд намудаву мушкилоте барои рафту омади мардуму мошинҳо пеш меоранд. Нақлиёти мусофиракаш дар ноҳия мавҷуд набуда, мардум бо мошинҳои худӣ ё таксиҳои шахсӣ аз пайи ниёзе аз ҷо ба ҷое мераванд. Замоне автобуси мусофирбаре ба минтақаи Ванҷи Боло дода буданд, ки бо вақту нархи дастрас мардумро ба марказу аз он ҷо пас мебурд. Вале дар роҳҳои кандаву ноҳамвори минтақа зуд корношояму ба хоби абадӣ рафт.
  Имрӯзҳо аз қитъа ба қитъаи дигари олам ба қаъри баҳрҳо қубури моеъкаш мебаранд, аммо солҳои мадид аст, ки деҳоти диёр ба мушкили таъмиру таъмини ҷӯйборҳо рӯ ба рӯянд. Аҳли деҳот умдатарин масъала мушкили ҷӯйборҳоро муаррифӣ намудаву пайваста дар талаби кӯмаканд.
  Дигаре аз масоили муҳим мисли соири манотиқи кишвар дар солҳои мустақилият масъалаи барқ аст. Дар муддати чанд сол ба ҷуз маркази ноҳия, ки барқро бо соат дар маҳалоташ тақсим намуда буданд, дигар қисматҳо аз он маҳрум буданд. Баъдан қисмати поёнии ноҳияро ба хати барқи нерӯгоҳи Норак пайвастанд, ки рӯшноии онро аҳёнан медиданд. Дар минтақаи Ванҷи Боло нерӯгоҳи хурде сохтанд, ки мансуб ба амрикоие буда, як шабонарӯз як қисм ва шабонарӯзи дигар ба қисмати дигари минтақа барқ медод. Вале рӯшноии он ба ҳадде буд, ки шабонгаҳ аранге пеши по дида мешуд ва аз мардум дар тӯли солҳо ба қимати амрикоӣ пул меситонданд. Он ҳам аксар вақт дар ҳолати корношоямӣ ва ҳоли тармим буд. Дар гузаштаи наздик нерӯгоҳе сохта, бо намоишу тантана ифтитоҳ карданд. Дар муддати кӯтоҳе ба мардум рӯшноӣ дода, дар ҳоли ҳозир ҳам аз ин ва ҳам аз он барқи нимаравшан маҳруманд. Дар замони шӯравӣ барои нерӯгоҳи марказ сарбанди бузургу маҳкам аз бетону оҳан сохта буданд, меъёри об ва кори мунтазами онро таъмин мекард. Имрӯз агар дар фасли замистон обаш нарасад, дар фасли тобистону фаровонии об ҷараёни тезу шадиди дарё сарбанди аз хору ангат сохтаро шуста, ҷӯйи он холӣ ё нимхолӣ монда, иқтидораш кам мегардад.
  Беморхонаи марказӣ шароити бади табобатиро дошта, асбоби лозимии ташхису муоинаро надорад. Барои ташхиси оддие мардуми ноҳияро ба зами беморӣ зарур аст, заҳмати ба маркази вилоят ё ҷумҳурӣ рафтанро кашанд. Дорую даворо дар аксар маворид аз марокизи вилояту ҷумҳурӣ фармоиш дода, мунтазир мешаванд. Беморхона дар дохил об надошта, худи беморон аз берун бо сатилҳо об мекашанд. Ҳоҷатхонаи бадбӯи рустоие дорад, ки дар саҳни он ва даҳҳо метр аз он дур аст. Хусусан, дар фасли зимистон хунукии утоқҳои хоб ва рафтуомад ба ҳоҷатхона беморие ба бемориҳои беморон мефизояд. Дар асри бистуяк, дар аҳди пешрафти технологӣ пизишкони беморхонаи мазкур асбобҳои оддии дастии ҷарроҳию шикастабандиро надоранд. Дар баъзе ҳолот аз устоҳои мошин калиду мурваттоб пурсидаю асбоби қадимию шикастаашонро кафшергарон ба ҳам мепайванданд. Аз ҷиҳати надоштани шароити муосири фаннии муоинотӣ чандин беморро ташхису муолиҷаи нодуруст кардаанд.
  Дар замони шуравӣ ба соҳаи маориф аҳамияти вижа дода мешуд. Таълиму тарбия дар сатҳи баланд буда, мардум аксаран босавод буданд. Масалан, дар деҳае, ки мо бузург шудем, қариб тамоми мардон соҳибкасбу дипломдор буданд. Ҳатто коргарони совхозро бо роҳхат ба ҷое фиристода, соҳибкасб менамуданд. Бар зами хониш ба манотиқи мухталифи кишвари беканор ба хизмату таҷрибаандӯзӣ, такмили ихтисосу сафарҳои хидматӣ фиристода шуда, савияи донишу ҷаҳонбинияшон вусъат меёфт. Аммо дар замони пасошӯравӣ мутахассисон бекор мондаю соҳоти фаъолияташон барҳам зад ва онҳо ба кишоварзию устогӣ ва дигар корҳо машғул шуданд. Барои таъмини рӯзгор муаллимони пеш ё тарки мактаб ва ҳатто тарки диёр карда, устодони насли нав ҷойгузинашон гаштанд, ки дарҷаи донишу фаҳму тафаккурашон аз хонандагони мактаб болотар набуд. Натиҷаи он бесавод гаштани насли нав буда, хонандагони ангуштшумор ба макотиби олӣ дохил гаштаю аксар шомили оммаи бесаводи ҷамъият мегарданд. Бар зами ин, шароити таълим хеле бад буда, макотиб асбоби хониши зарурӣ надоранд. Масалан, мактаберо, ки хатм намудаам, ҳанӯз солҳои шастуми асри бист сохта шудаву шифти синфхонаҳо аз дуди оташ сиёҳгаштаву дар фаршҳояшон сари сангҳо баромадаву бӯи хок эҳсос мешавад. Солҳои баъд чанд синфхонае сохтаанд, фарқашон фақат дар фаршҳои чӯбин буд ва чун фасли зимистон аз он ҷо дидан намуда будем, бӯи заҳу нам ба машом мерасид. Мизу курсиҳои мактаб аз солҳои шасту ҳафтоди асри гузашта ба даври нав ба мерос монда ва умуман мактаб намунае аз он даврро мемонад. Дар синфхонае чанд компютерро гузошта буданд, ки ҳатто аз сустии қувваи барқ равшан намешуданд. Хонандагон танҳо намудашонро дидаву бо онҳо ошноӣ ҳатто надоштанд. Аз дур нигаристан ба деворҳои кандаю кафидаи намои мактаби номдори маркази ноҳия, ки дар даврони мактабхонӣ ба олимпиадаҳои макабиямон меоварданд, хеле ҳузновару таассуфбор буд.
  Сатҳи фарҳангию ахлоқии мардуми диёр ба зинаҳо паст рафт. Пеш бадахлоқию беадабӣ сабаби коста гаштани шаъну эътибори кас ва ҳатто хонаводаи кас мегашт. Ҳатто барои фашҳзабонӣ касро маҳкум менамуданд. Аммо ин имрӯз дар доираи меъёр аст. Насли нав дар нисбати бузургсолон беэҳтирому насиҳатношунав аст. Ҷинояткорӣ дар диёр падидаи нодире буд. Агар касе ба маҳбас меафтод, баъди он ба диёр барнамегашт. Шумораи эшон дар он замон ангуштшумор буд, ки аксаран ба амри тасодуф ҷиноят содир намуда буданд. Аммо имрӯз навҷавонон ба Русистон рафта, вориди зиндонҳо мешаванд ва ҳатто аз ин ифтихор ҳам доранд. Ифтихори навҷавонони пеш аз мардиву майдондорӣ буд. Бе ҷавонмардони паҳлавони диёр майдонҳои варзишу куштиро тасаввур намекарданд. Аммо имрӯз ҳама бо таҳайюр аз ба куҷо ғайб задани паҳлавонони ванҷӣ суол мекунанд. Ҳатто бархе шомили гурӯҳҳои ҷинояткору бераҳму ваҳшонӣ гаштаанд. Падару модарон ба ҳамаи ин мактабро гунаҳкор донистаю мактаб ин ҷурмро ба гардани волидай бор мекунад.
  Хулласи калом, ноҳия дар шароити бади иқтисодию иҷтимоӣ қарор дошта, ҳар зодаи диёр бояд дар нисбати он бетафовут набошад ва ба қадри имкону тавон саҳми хешро дар рушду нумӯи иқтисодию иҷтимоии он бигузорад. Хусусан, онҳое, ки имрӯз масъулият ба дӯш доранд, бо истифода аз фурсат ва имконоте, ки дар даст доранд, барои пешрафту ободонии он ҷаҳд намоянд, то нишоне аз худ боқию ба оянда номи неке баранд. Бетафовутию беэътиноӣ дар нисбати он, нодидагирию пардапӯшии мушкилоту камбудҳо, ба ваҷҳи ҳасан адо нанамудани вазифаю ӯҳдадорӣ ва масъулияти ба гардан гирифта хиёнате дар ҳаққи насли имрӯзу фардои диёр хоҳад буд.
  Масъулини ноҳия бояд талош варзанд, ки ноҳияро ба минтақаи сайёҳию кӯҳнавардӣ табдил диҳанд. Зеро табиати ба он муносиб ва дар он воқеъ будани қуллаҳои кӯҳии оламшумул, аз ҷумла Қуллаи Сомонӣ ва пиряхҳои бузург ҳатман оламиёнро мутаваҷҷеҳ хоҳанд кард ва ба туфайли ин суду нафъе ба диёру кишвар хоҳад расид. Ашраф Акрам. 04.08.2016.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.