Дараи Ғавеҷ

  DaraghavejАгарчанде дар асотир ва маъхазҳои торихӣ ва ё “Шохнома”-и Фирдавсӣ, ё “Сафарнома”-и Носири Хусрав дар бораи ин мавзеъ зикр нашудааст, сарфи назар аз он ки дар ин мавзеъ ҳанӯз ҳам майдони ҳарбу зарби гладиаторҳо, ё майдони бозии голф низ кашф нашуда бошад, мавзеии Ғавеҷи бостонӣ, ки тақрибан дар чил ё чилупанҷ километрии роҳи пурпечу хаму ноҳамвори ноҳия, аз тарафи чапи Ванҷрӯд ва дар байни деҳаҳои Ширговаду Мдехарв воқеъ аст, бешак торихи тӯлоние дорад. 
  Дар мавзеи хушманзараи Ғавеҷ, ки воқеан бисёр хушбоду ҳаво, сердолу дарахтдорест, қабристони қадима ва парокандае дар қисмати поёни роҳи мошингард аз тарафи росту чапи дараи Ғӯлдара мавҷуд аст, ки ин қабристонро дар натиҷаи фаромадани сел дар замонҳои пештар аз ҳам ҷудо кардааст. Дар бораи торих, ба кадом қавму қабила мансуб будани ин қабристонро касе намедонад ва дар ин бора ягон малумоти саҳеҳе мавҷуд нест. Болотар аз қабристон дар қисмати чапи Ғӯлдара тарҳи базӯр намоёни иморатҳои фурӯрафтаи қадима ба назар мерасад.
  Дар солҳои ҳафтоду ҳаштодуми асри гузашта тарҳи ин иморатҳо беҳтар намоён буд, аммо дар натиҷаи роҳсозӣ, ки он аз байни ин иморатҳо мегузашт, тарҳи онҳо хароб гашт ва баъдан, ба сабаби истифодаи санги ин иморатҳо барои сохтанихона ва дигар иншоотҳои давлатӣ, тарҳи онҳо ба куллӣ хароб гаштанд. Дар тарафи рости мавзеи Ғавеҷ, дар қисмати болотар аз рохи мошингард қабристони дигаре вуҷуд дорад, ки дар натичаи боду борон ва бо мурури замон фурӯ рафтани яке аз ин кабрҳо чандин одамон шоҳиди он буданд, ки дар қабри мазкур ҷасади ду шахси калонсол гӯронида шудааст. Дар бораи ин қабристон ҳам мардуми маҳаллӣ ягон маълумоте надоранд.
  Фақат мо метавонем, хулосабарорӣ кунем, ки дар ин мавзеъ дар давру замоне қабила ё қабилаҳои дигаре зиндагӣ мекардаанд ва ба сабабҳои барои мо норӯшан ин мавзеъро тарк кардаанд. Дар қисмати чапи мавзеи Ғавеҷ баъди иморатҳои фурӯрафта боғе бо номи “Боғи Лангар” мавҷуд аст. Қисмати поёнии ин боғро аз болоӣ роҳи мошингард ҷудо месозад ва ин боғи сабзаву себарга ва майсазорро аз ҷониби поёниаш дарахтони себи ҳарранга, каёну тангу чормағзу олуча, аз тарафи имораҳои харобгашта дарахтзори себу олучаҳои ширин, синҷиту жужу тут иҳота кардаанд. Дар маркази ин боғ дарахти калони себи ширин мавҷуд аст.
  Мавзеи Боғи Лангар ҷои дамзании мусофироне, ки пиёда ба тарафи поёну боло ҳаракат мекунанд, мебошад. Шояд аз замонҳои қадим ҳам Боғи Лангар ҷои дамгирии мардуми мусофир будааст ва аз ҳамин лиҳоз дар байни мардум ин боғ номи “лангар”-ро гирифтааст. Дар бораи Ғӯлдара ҳам нақлу ривоятҳо бисёранд. Калонсолон нақ л мекарданд,ки Ғавеҷ ва умуман Ғӯлдара макони деву ҷину париву ғӯлу войту одами барфӣ будааст. Дар бевахтиҳо мардум аз гузар аз ин мавзеъ ҳазар мекарданд.
 Нақл мекарданд, ки дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта муаллиме дар намози шом аз хамин мавзъе гузар мекардаст. Ӯро аз даҳанаи Ғӯлдара то кӯтали деҳаи Ширговад деву ҷину аҷинаҳо бо созу наво ва карнаю сурнаю дафу дутору най гусел карда будаанд. Муаллими бечораро тарсу ваҳм зер карда, чанд сари сол азоби бемори рӯҳӣ кашида будааст. Дар асл, вожаи “ғӯлдара” бо ҷину деву ғӯл иртиботу бастагие надорад. Баръакс, дар гӯиши қадимаи мардуми мо дар мавриди чойю мавзеъоҳи чуқур вожахои “ғӯл”, “ғӯлӣ”, “ғӯлиё”-ро истифода мебурдаанд. “Ғӯливу ғлангӣ” ба маънои “пастиву бадандӣ”, ки дар миёни мардуми мо роиҷ аст, аз ҳамин падид омадааст.
  Маънои номи мавзеи Ғавеҷ баҳсталаб аст ва маълум аст, ки решаи он “веч” дар гӯиши забонҳои қадима макону чойгоҳро ифода мекунад. Номи мавзеъҳои “Галабнеҷ”, “Бунвеҷ” ва “Яде” бо он ҳамнавоянд. Аммо дар илми “плафталогия” ҳоло ҳам исбот нашудааст, ки чунин номҳо мисли “Ғавеҷ”, “Кӯтали Шову Ҳарӯс”, “Врусаки сарсӯхта”, “Девлохи Ҳарамӣ”, “Сари куи Бобошо” фақат дар минтакаи Ванҷи Бадахшон мавҷуданд, ё дар тамоми Тоҷикистон мавзеъҳое бо чунин ному маъниҳо вуҷуд дошта бошанд.
  Дар бархе аз деҳоти ноҳияи Айнӣ дарахтбуттаи ахманро ,”ғавнич” мегӯянд, дар мавзеи Ғавеҷ ахманзор бисёр аст, шояд ба вожаи “ғавнич” рабте дошта, бо мурури замон то ба даврони мо ба “ғавеҷ” табдил ёфта бошад. Ба ҳар ҳол,  номи ин мавзеъ ва худи ин мавзеъ ниёз ба пажӯҳиши бештару беҳтаре дорад, кӣ медонад, шояд тарҳи майдони ҷанги гладиаторҳо ва ё майдончаи голфбозиро ҳам аз зери хоки ин мавзеъ пайдо кунем… Азиз Қадам.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.