Ванван

  Деҳаи Ван-Ван дар ҷониби рости Ванҷоб воқеъ гашта, аз ин ҷониб охирин деҳаи Ванҷ аст.
  Аз маркази ноҳия то ин деҳа тақрибан 70 км масофа буда, он аз ду деҳа: Ван-Вани Таг (ё Ван-Вани Поён) ва Ван-Вани Тор (ё Ван-Вани Боло) иборат аст. Аслан, ин ду қисмат деҳаҳои алоҳидаро мемонанд ва дар байнашон низ масофаи дарозтар ба андозаи масофаи байни деҳот мавҷуд аст. Оид ба маънои вожаи «ванван» дар байни мардум ҳар гуна назар аст ва бештар онро вожаи ахзшуда аз забонҳои қадимӣ меҳисобанд. Ба ривояте маънои «ванван» ҷангалзор аст.
  Ван-Вани Таг қисмати аввал ва наздик ба Ванҷоб воқеъбудаи деҳа буда, тақрибан дорои 15 хоҷагист. Аҳолияш кам ва қаламраваш калону замину боғу ҷангалзораш бештар аст. Ин қисмати деҳа як маҳала маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо мактаби ибтидоӣ мавҷуд аст.
  Ван-Вани Тор қисмати дигари деҳа дар баландӣ ҷойгир аст. Он тақрибан аз 60 хоҷагӣ иборат буда, дар навбати худ ба маҳаллаҳои Торва, Таг ва Ғаво ҷудо мешавад. Дар ин ҷо мактаби рақами 8 деҳа ҷойгир аст. Деҳа табиати ниҳоят зебо дошта, боғу дарахтҳои гуногун онро зеб медиҳанд. Деҳа дарахтони чормағзи зиёд дорад. Мошин то онҷо мебарояд.
  Зодагони деҳаи Ван Ван дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, дар роҳи ободии ватан хидматҳо намудаанд. Валӣ Сайёрабег, Ҷаббор, Маҳмадгиё, Фирдавс Ризвоновҳо, Ҳукумат Шарипов аз ҷумлаи эшонанд. Ҳоким Мониев аз устоҳои машҳури деҳа ва минтақаи Ванҷи Боло буда, дар оҳангариву устоиву соири ҳунарҳо маҳорати баланд дорад.
 Баъди ба анҷом расидани деҳаи Ван Ван мавзеъҳои Зумахсум, Жавадк воқеъанд ва баъди онҳо Кашолаяху Хирсон водии Ванҷро ҳусни анҷом мебахшанд. Ашраф Акрам (Дар таҳияи мавод Давлатиёр Ташрипов кӯмак намудаанд).

Деҳаи Ванван

  Деҳаи Ванван дар тарафи рости Ванҷоб, такрибан 63 километр болотар аз маркази ноҳия чойгир буда, аз ин тараф охирон деҳаи ноҳияи Ванҷ мебошад. Деҳаи Ванван 40 ҳочагӣ дошта, яке деҳаҳои сарсабзу ҳурам ва боғу роғдори ноҳияи Ванҷ ба ҳисоб меравад. Мардуми ин деҳа аз қадим то ба ҳозир ба зироаткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ аҳмияти ҷиддӣ ва хосса зоҳир мекунанд.
  Деҳа аз ду қисмат: Ванвани Тагу Ванвани Тор иборат буда, Ванвани Таг аз Ванвани Тор қариб дар фосилаи як километр дуртар аст. Ванвани Тор дорои се маҳалла: Тагва, Ғавво ва Торва ва мактаби миёна ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.  Дар Ванвани Таг мактаби миенаи ибтидоӣ мавҷуд аст.
  Мардуми сарбаланди ин деҳа аҳли илму маърифатанд, барои сатҳи саводнокии фарзандони ҳеш аз даврони шуравӣ то ҳоло кушишҳои зиеде ба ҳарч медиҳанд. Аз ин лиҳоз шахсони дорои маълумоти олӣ дар ҳар як ҳонадони ин деҳа то ду-севу ва то чор нафар мебошанд. Мардуми меҳмонавози ин деҳа як ҳислати начибе доранд, ки дар дигар деҳаҳо кам ба чашм мерасад. Дар ҳар онадони ин деҳа дутор мавҷуд аст ва мардуми ин деҳа ба ғазалсароӣ бисер майлу рағбат доранд ва дуторо бо як шӯру шавқ ва маҳорати ҳоса навоҳхта, ғазалсароӣ мекунанд.
  Аз сабаби дур будани ин деҳа аз маркази ноҳия қариб шаш сол аст, ки бероҳӣ ва фаромадани сел дар фасли баҳор, роҳбандии Ванҷоби саркаш, сербарфӣ, тармафароӣ дар фасли замистон мардми ин деҳаро тез-тез дар бунбаст қарор дода, барои ин мардум саду як мушкилотро ҳамасола эҷод мекунад. Ягона роҳи мошингарде, ки ин деҳаро бо дигар деҳаҳо ва ба маркази ноҳия мепайвандад, кайҳо ҳароб гаштаасту ба ду бора барқарор кардан ниез дорад. Азиз Қадам.

Деҳаи Ванван 2

  Деҳаи Ванван 65 км аз маркази нохия софа дошта, дар тарафи офтоббаро чойгир аст. Агарчанде ин деҳа дар минтакаи дурдасти ноҳияи Ванҷ воқеъ аст, таърихи кӯҳан дорад. Чӣ хеле Устод Абдулқодири Алавӣ вуҷуди Жамакро – деҳаи дурдасти Язгуломро аз давраи шоҳ Ҷамшед хабар дод, таърихи ин деҳа низ ба даврони кадим мерасад.
 Маънои номи он то ҳол саҳеҳ нашудааст. “Ванван” бо забонҳои ангилисӣ маънои “як-як”, бо язгуломӣ “тата” ва яғноби “хуб-хуб”-ро дорад. “Ванван” ба забони қадимаи точикӣ “бедзор” маънидод шудааст, ки дар қадим дар ин ҷо ҷангали калони бед будааст. “Ван” як паррандаи хурди мисли гунҷишк будааст, ки аз шохи бед ба беди дигар мепаридааст. Ванван маҳз аз номи ҳамон парранда гирифта шудааст.
  Шуғли асосии мардуми ин деҳа асосан ба чорводорӣ, зироаткорӣ ва боғдорӣ буда ва то ҳол давом дорад. Деҳа хело таърихи кӯҳан дорад. Дар давраи мирӣ паҳлавони зуртарини Ванҷ бо номи Ғофилпаҳлавон аз ин деҳа будааст, ки ягон кас ӯро мағлуб накардааст.
  Деҳаи Ванван пеш аз инқилоб яке аз деҳаҳои бойи Ванҷ ба шумор мерафтааст. Дар деҳа шахси сарватманде бо номи Шехи Тӯфон зиндагӣ мекардааст, ки агар дар Ванҷ зимистони сахту қаҳратун меомадааст, занҳо кӯдаконашонро мегуфтаанд: “Баҳор кариб омадааст, роҳ кушода шавад, бобот рафта аз  Шехи Тӯфон нону талқон меорад”.
  Марди саховатманди маъмули дигари деҳа Ниҳмон будааст, ки дар давронаш дориву саҳоватмандиаш дар тамоми минтақаи Ванҷ вирди забонҳо будааст. Инчунин, шикорчии беҳтарини минтақ пеш аз инқилоб бо номи Ризвон низ аз ин деҳа дурдаст будааст, ки то ҳол шогирдони зиед дорад. Боз дар ин деҳа пеш аз инқилоб марди донову насабдон, гуруғлихони беҳтарини Ванҷ бо номи Бобои Қарча ҳаёт гузаронидааст. Яке аз домулоҳои маъруфи Ванҷи Боло бо лақаби “Мир” Сайёрабек дар мадрасаи Бухоро таҳсил кардааст. Ҳачунин,  аввалин мошини даврони шуравиро низ дар Ванҷи Боло сокини ин  деҳа марде бо номи муаллими Абдулло харидорӣ намудааст.
  Дар ин деҳаи Ванван чанд ёдгории тарихӣ то ҳол арзи вуҷуд доранд. Мазори Хоҷаи Савзпӯш, Манораи Бобои Ҷангӣ, Кони оҳансанг (бо чиндону чоҳҳои лахчасӯзаш), Қаторосёбои Срхсело аз ҷумлаи ин ёдгориҳо мебошанд. Дар болои сангҳои Заги Чқрак ва шӯхи роҳи сари Қлайга навиштаҷоти қадимие мавҷуданд, ки бо кадом забон буданашон маълум нест. Шоҳин Абдуллоев.

Баъзе мавзеъҳои деҳа:

  Пули даргови сех, Якум сех, Осёбо, Нови қлайга, Қлайга, Срхсело, Сфедорако, Мнороо, Заги чқрак, Чшмай ҷарако, Заги лолаглак (дар амин Заги лолаглак як санги чқр барои бз ҷӯшини аст), Даҳани куча, Чархрав, Заги мина, Заг, Қӯл, Кафяку.

Vavan1

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.