Вазъи иҷтимоии Ванҷ дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX

Аҳолӣ

  Мувофиқи сиратҳои мардумӣ (этникӣ) тамоми аҳолии бекигарии Дарвоз, аз ҷумла миригарии Ванҷ саросар аз таҳҷоӣ иборат буд. Сокинони ин диёр хусусиятҳои нажодӣ ва антропологии ба қабилаҳои ориёӣ хосро дар баробари дигар сокинонони кӯҳистони Тоҷикистон қариб беолоиш нигоҳ доштаанд. Аз рӯи хулосаи мутахассисони касбии қиёфашинос (антрополог) онҳо монанди дигар тоҷикон ва ӯзбекони ба тоҷикон ҳамбастагии хунию авлодӣ дошта, аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди аврупоии брахисефалӣ (одамоне, ки бари косаи сарашон нисбат ба қади онҳо васеътар аст), ки аз қадимтарин сокинони Мовароуннаҳр маҳсуб мешаванд, тааллуқ доранд. Ҳайати ин нажод ба се навъи сират (симо) ҷудо мешавад: кӯҳистонӣ, наздипомир ва даштӣ. Сокинони Дарвозу Ванҷ ба зернамуди аввал – кӯҳистонӣ нисбат дошта, ба андешаи муҳаққиқи маъруф, қиёфашиноси (антрополог) халқҳои Осиёи Миёна Л.В.Ошанин, «кӯҳистониён намунаи хоссаи нажоди мовароуннаҳрии Осиёи Миёна мебошанд»[1].
  «Шакли зоҳирии дарвозиҳо (Ванҷро низ бояд дар назар дошт – Ҳ.П.) ва қаротегиниҳо, – навиштааст дар ибтидои асри ХХ табиб, антрополог ва мардумшинос А.Шишов, – қариб фарқ намекунад: пӯсти гандумгун, мӯйҳои росту зичи сиёҳ, хурмоӣ, зард; чашмони сиёҳ ва дорчинранг, мешӣ; рӯи дурусту назаррабо, пешонаи васеъ ва бинии рости нӯгаш хамшуда; қомати аз миёна баландтару боқувват ва синаи барҷаста, мушакҳои бақуввату борики соқҳои по; қомати росту бештар лоғарандом, кулӯлаи фарбеҳ ба назар намерасад. Дар байни занони Дарвоз ва Қаротегин бениҳоят нозанинон кам нестанд»[2].
  Албатта, Ванҷ мисли тамоми Дарвоз аз раванди муҳоҷирати ихтиёрӣ ва иҷбории минтақа дар канор буда наметавонист. Мисолҳои дар ин ё он замон сар задании бенизомиҳои сиёсӣ дар минтака, турктозиҳои беохир, задухӯрдҳои байни хонигариҳо, ҳадафи тасарруф қарор гирифтани мулкхои мустақилу ниммустақили кӯҳистон, кашмакашҳои сиёсии байни намояндагони сулолаҳои ҳукмрон барои соҳибтахтӣ ва ғайра кам нестанд, ки сабаби авҷи кӯчбандии одамон аз як мулк ба мулки дигар шудаанд. Табиист, ки ба ин минтақа ва дигар мулкҳои Помири Ғарбию Бадахшон омадану дар ин ҷойҳо зиндагии доимӣ ихтиёр кардани одамон аз музофотҳои марказии Осиёи Миёна ва аз ин ҷо ба мулкҳои дуру наздик муҳоҷир шудани иддае аз сокинони маҳаллӣ ҳодисаи муқаррарӣ буд. Вале ин муҳоҷиратҳо ба ҳайати этникии ин минтақа таъсири назаррас расонда наметавонист. Ҳатто муҳоҷирони бегонанажоде, ки аз таъқиботи сиёсӣ ба ин ҷойҳо омада, худро ба ҳимояи мардуми таҳҷоӣ дода буданд, баъди чанд муддате алоқаи хешовандӣ пайдо намуда, баъди ду ё се насл батамом худӣ мешуданд. То имрӯз дар Ванҷ одамоне ҳастанд, ки ривояти аз кишварҳои дур ба ин ҷо омадани авлоди пеши- наашонро аз рӯи шунид дар хотир нигоҳ медоранд. Албатта, хеле ҷолиб мебуд, агар ин раванди таърихии тағйири макон кардан, возеҳтар омӯхта мешуд. Он гоҳ шояд баъзе саҳифаҳои торики таърихи алоқаҳои сокинони Ванҷ ва тамоми Дарвоз бо бародарони ҳамнажоду ҳамзабону ҳамфарҳанги дигар минтақаҳои дуру наздики Осиёи Марказӣ равшан мешуд. Маълумоте, ки аз гузаштаи дур алҳол дар ин мавзӯъ дастрас аст, аксар дар заминаи тахмину фарзияҳо қарор дорад.
  Доир ба гузаштаи начандон дур (охири асримиёнагӣ ва нав) кам не- станд, мисолҳои ба Ванҷ бо сабабҳои гуногун аз Қошқар, Хуросон, Самарқанд ва ғайра кӯчида, истиқомати доимиро ихтиёр карданд. Кӯч бастан аз як ҷо ба ҷои дигар дар дохили манотиқи Дарвозу Ванҷ доимо ба мушоҳида мерасид. Аз рӯи маълумоту хулосаҳои олимони мардум- шиноси давраи шӯравӣ дар солҳои 50-60-уми асри XIX ба қаламрави Дарвоз омадану аз ин ҷо кӯчбандӣ ба мулкҳои ҳамсояи дуру наздик як чизи муқаррарӣ шуда буд. Масалан, аҳолии қисми соҳили рости Дарвоз бо мулкҳои ҳамсоя алоқамандии зич дорад. Аҳолии Порёви Боло қисман ванҷӣ буданд. Дар деҳаҳои гуногуни Ванҷ низ кӯчбастагон аз Қалъаихумбу дигар қисматҳои Дарвози миёна кам набуданд. Қисми мардуми Ванҷи болоро вахиёчиёни ба ин ҷо кӯчбаста ташкил медиҳанд.
  Аз номи (топонимика) маҳалу чойҳо тахмин кардан мумкин аст, ки сокинони Дарвозу Ванҷ ҳанӯз дар замонҳои қадим ин ҷоро сукунати худ ихтиёр кардаанд. Номҳои деҳаҳо, ба монанди Ҷорф, Зиғар, Шкев, Вишхарв, Всхарв, Рохарв, Садвадг, Старғ ва ғайра ба он далолат мекунад, ки аз забони қадимаи Эронии Шарқӣ ба мо мерос мондаанд. Худи номи «Ванҷ»-ро А. Девонақулов «чун маҳсули калимаи санскритӣ (Ҳиндии қадим)» шарҳ дода, бо итминони пурра қайд мекунад, ки «ба шарофати талаффузи арабӣ «Ван» ё худ «Ванна» ба «Ванҷ» табдил ёфтааст. Агар дар шакли аввалааш ин номи кишварамон ба забони ориёии қадим тааллуқ дошта бошад, пас бар асари махлут шудан дар давраҳои минбаъда «Ван»-и Ориёнӣ ба «Ванҷ»-и арабишуда мубаддал гаштаст»[3]. Албатта, дар ин ҷо аз фаҳмиши «ван» – дарахт ва «ванван» – ҷангал низ сарфи назар кардан лозим нест.
  Аз кадом самти таҳқиқие, ки ба раванди кӯчбандию муҳоҷиршавӣ назар накунем, хулосае бармеояд, ки ҳамаи гурезаҳои дар Ванҷ ва Дарвозу дигар минтақаҳои кӯҳистон сукунати доимӣ ихтиёр карда, тоҷик буданд ва бо ин роҳ ирсияти нажодии худро нигоҳ доштаанд. Аз ин рӯ, ақидаи баъзе олимон, ки гӯё дар замонҳои қадим кӯҳистон ҷои сукунати доимии аҳолии маҳаллӣ набуда, сокинони кунунунро фақат гурезаҳои дар давраи на он қадар дури таърихӣ ба ин ҷо омада ташкил мекунанд, мутлақо асоси илмӣ дошта наметавонад.
  Аз рӯи мантиқи зиндагӣ дар кӯҳистон шахсони ба ин ҷо чун гуреза омада, ҳеҷ гоҳ дар ҷои тамоман холӣ зиндагии худро таъмин намуда, ҷон ба саломат бурдан наметавонистанд. Сониян, дар шароит кӯҳистон бе сохтани иншооти обёрӣ, кишти ғаллаву дигар зироати ғизоӣ зиндагӣ кардан номумкин аст. Аз ин ҷост, ки гурезаҳо ё муҳоҷирон ҳадди аввал дар деҳоти нисбатан обод, зери ҳимояю сарпарастии сокинони маҳаллӣ, ки як бурда нони худро аз бародарони ба тариқи гуреза омада дареғ намедоштанд, қарор гирифта, барои обод намудани қитъаи нави замини кишт камар мебастанд. Пазироию меҳмоннавозии кӯҳистониён низ беасос набуда, аз ҳамон зарурати бо ҳам дидани маводи бе ин ҳам нокифояи ғизоӣ маншаъ гирифтааст.
  Муайян намудани шумораи аҳолӣ низ яке аз масъалаҳои ниҳоят муш- кили таърихи ин диёр мебошад. Чи тавре ки маълум аст, то инқилоб на дар Ванҷу Дарвоз ва на дар тамоми қаламрави аморати Бухоро барӯйхатгирии аҳолӣ боре ҳам гузаронида нашудааст. Ин чорабинии ба давлатҳои нисбатан пешрафтаи Аврупову Русияи охириасримиёнагию давраи нав маъмул, яъне кӯшиши муайян намудани шумораи аҳолӣ ва ахиран гузаронидани маъракаи бисёрҷабҳаи барӯйхатгирии аҳолӣ барои аксари давлатҳои мусулмон, алалхусус барои хонигариҳои Осиёи Миёна то давраи ҳамроҳ кардани ин минтақа ба Русия бегона буд. Баъди ҳамроҳ намудану таъсис додани генерал-губернатории Туркистон дар ҳудуди он соли 1897 аввалин барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд. Дар Бухоро бошад, мисли дигар давлатҳои ҳанӯз дар таъсири ҳурофоти динии асримиёнагӣ монда, ҳатто кӯшиши тахминӣ муайян намудани шу- мораи аҳолӣ ба назар намерасид. «Шумурдани одамон, – менависад Д.Н. Логофет, – аз рӯи шарҳи уламои мусулмон ва рӯҳониён хилофи дини ислом аст. Бинобарин, на ҳукумати Бухоро, на маъмурияти олии марказӣ шумораи аҳолиро муайян карда наметавонанд ва доири тавлиду муриши он тасаввуроти тахминие ҳам надоранд»[4].
  Аз ин ҷост, ки раванди таҳқиқи ин масъала ягона манбаи нисбатан мӯътамаде, ки мо ба он такя карда метавонем, маълумоти аз худ боқӣ гузоштаи олимону саёҳатчиёни тоинқилобии рус мебошад. Табиист, ки онҳо низ аз имконияти васеи бо усули оморӣ муайян намудани шумораи аҳолӣ аз амалдорони маҳаллӣ дида, бештар маҳрум буданд. Гарчи ҳисоби онҳо тахминист, вале то андозае ба ҳақиқат наздикӣ дошта, имкон медиҳад, ки то ба ҳалли масъала тахминӣ бошад ҳам, қадре наздик шавем.
  Бо таҳкими ин назардошт, аз маълумоти тадқиқотчиёни тоинқилобии рус оид ба шумораи аҳолии бекигарии Дарвоз, аз ҷумла, миригарии Ванҷи охири асри XIX – ибтидои асри XX дар ихтиёр доштаамон, намунаеро манзури хонандагон менамоем.
  Тибқи маълумоти ба генерал-губернатори Туркистон пешниҳод- намудаи сарвари идораи Намояндагии сиёсии (Политическое агентство) Русия дар Бухоро соли 1894 шумораи аҳолии бекигарии Дарвоз – 65 000 муайян шудааст . Капитан Кузнетсов соли 1892 шумораи аҳолии бекигариро – 55 000 тахмин кардааст. Ю.И. Пославский бошад, маълумоти дар ҳуҷҷатҳои Штаби генералии Русияи подшоҳӣ ҷойдодаро овардааст, ки мувофиқи он соли 1908-1909 аҳолии бекига- рии Дарвоз 53 000 нафар будааст[5]. Дар ин мусоҳибот, ки нобаробарии рақамҳо бараъло ба назар мерасад, аз як тараф, ҳисоби тахминӣ, аз тарафи дигар, таъсири марзбандии сарҳадии соли 1895 байни Русияю Англия, ки мувофиқи он амлокдориҳои қисми соҳили чапи дарёи Панҷи Дарвоз расман ба қаламрави ҳудуди Афғонистон ҳамроҳ карда шуданд, равшан эҳсос мешавад.
  Баъзе далелҳои дигар ба ҳалли ин нобаробарии маълумоти мавҷуда таъсири амиқ нагузоранд ҳам, (онҳоро бештар пурихтилоф мегардонанд), вале аз овардани онҳо худдорӣ карда наметавонем. Онҳо низ бояд аз назари хонанда пинҳон намонанд. Муаллифи «Таърихи Ҳумоюн» Муҳаммадсодиқи қаровулбегӣ, ки бо тахаллуси Гулшании Бухороӣ машҳур аст, дар китоби ба амир Абдулаҳад (1885-1910) бахшидааш – «Таърихи Ҳумоюн» (соли таълифаш – 1908/1909) чунин овардааст: «Ҷамъияти куллии Дарвоз 25 ҳазор хонавор аст. Аммо тамоми саканаи Дарвоз, маъа қасаботи он 50 ҳазор аст»[6]. Ба ин далелҳо боз маълумоти расмии маъмурияти марказии аморатро овардан ҷоиз аст. Мувофиқан дар солҳои 1914-1917 шумораи аҳолии бекигарии Дарвоз – 41 960 нафар муайян шудааст[7], ки ин ба ҳақиқат наздик буда наметавонад. Чӣ хеле, ки дар боло ишора рафт, аҳолии маҳаллӣ ба маъмурони амир дар ин бора маълумоти аниқ пешниҳод намекард, чунки ба воситаи он боз хавфи зиёд намудани андози сарикасӣ зам мешуд. Маъмурон низ аз чунин таҷрибаи ҳисоботи оморӣ (стастикӣ) фарсахҳо дур буданд. Мантиқи баҳисобгирии амалдорони Бухоро ва муносибати аҳолӣ нисбат ба онҳо моро ба хулосае мерасонад, ки дар ҳар хонавода мекӯшиданд, аъзоёни оиларо аз будаш камтар нишон диҳанд. Табиист, ки ин нишодиҳанда чун далели мӯътамад кабул шуда наметавонад. Аз ин лиҳоз, бо ҳам нисбатан мувофиқ омадани маълумоти Штаби генералии Русия ва Гулшанӣ (3 000 нафар фарқият мушоҳида мешавад), аз диди мо тахмини ба воқеъият наздиктар аст. Аз он чунин хулоса бармеояд, ки шумораи сокинони бекигарии Дарвози ибтидои асри ХХ беш аз 50 ҳазор нафар будааст.
  Тадкиқотчиёни тоинқилобии рус Г.А. Арандаренко, Капитан Кузнетсов, Н.Н. Покотило, Б.Л. Громбчевский, Н. Февралёв, В.И. Масалский, А.А. Семёнов, М. С. Андреев ва дигарон дар ахбори пароканда ва зидди- ятноки худ, барои муайян намудани шумораи тахминии аҳолии амлокдориҳои бекигарии Дарвоз саҳмгузорӣ намудаанд. Натиҷаи муқоисавии кӯшиши онҳо дар маҷмӯъ чунин аст:

Амлокдорӣ ва ҷамоа

Шумораи

деҳа

Шумораи

буна

Шумораи

аҳолӣ

1.

Чилдара

25

632

3 800

2.

Тавилдара

62

1 100

7 700

3.

Лоҷирг

29

337

4 380

4.

Сағирдашт

17

400

2 800

5.

Ванҷ

49

272

3 800

6.

Жумарч

23

244

1 700

7.

Моймай

18

165

1 650

8.

Қалъаихумб

63

2 170

12 600

9.

Шикай

24

604

4 300

10.

Куф

24

675

4 540

11.

Хангон

19

334

3 300

12.

Ҷамоаи (шӯъба) Язгулом

9

133

1 050

13.

Ҷамоаи Тангшев

1

6

60

 

Ҷамъ:

363

7 072

51 680

  Ин ҳисоб дар арафаи тақсимоти сарҳадӣ, ки мувофиқи шартномаи байни Англияю Русия соли 1895 (то ҷудо кардану ба Афғонистон додани амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ) амалӣ шуда буд, аҳолии бекигарии Дарвоз тахминан 51 ҳазору 680 нафарро ташкил медод. Ин рақамҳо табиист, ки ба маълумоти умумии барои тамоми бекигарӣ дар боло овар- дашуда мувофиқат намекунанд. Дар санадҳи аз ин пештар омада, шумораи аҳолии бекигарӣ барои солҳои 1908-1909 50-53 ҳазор нафар муйян шудааст. Дар ин ҷо бошад, қариб ҳамин миқдор барои солҳое нишон дода шудааст, ки ҳанӯз амлокигариҳои соҳили чапи Панҷ ҷудо карда нашуда буданд. Агар онҳоро аз ин рӯйхат бардорем, он гоҳ шумораи аҳолии бекигарии Дарвоз баъди ин тақсимоти сарҳадӣ ҳамагӣ камобеш 40 ҳазорро ташкил медиҳад. Вале ин рақам аз диди мо хеле кам буда, ба ҳақиқат рост намеояд.
  Сабаби онро дар нисбатан кам нишон додани шумораи сокинони амлокигариҳо бояд ҷуст. Албатта, тадқиқотчиёну намояндагони ҳарбию саёҳатчиёни касбии рус ба ҳар як деҳаи дурдасти ин амлокдориҳо рафта, аҳолиро аниқ муайян карда наметавонистанд ва чунин зарурат ҳам барояшон пеш наомада буд. Ҳатто агар чунин зарурат пеш меомад ҳам, дар шароити дар таассуби сатҳи асримиёнагӣ қарор доштани аморати Бухоро иҷрои он ғайриимкон буд. Аз ин ҷост, ки шояд баъзе деҳоти дурдаст аз мадди назар афтида, ё шумораи сокинон аз будаш кам нишон дода шуда бошанд. Аз диди мо ин сабаби кам нишон додани шумораи умумии аҳолӣ гаштааст.
  Ба ҳар сурат таҳлили маводи маъхазҳои мавҷуда хулосаеро, ки дар ибтидои асри ХХ шумораи аҳолии бекигарии Дарвоз беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медод, бе баҳс набошад ҳам, тасдиқ менамояд. Аз ин миқдор дар 49 деҳаи Ванҷ, ки 72 бунаро (хонавода) дар бар мегирифт, 3800 нафар нуфус доштааст. Агар ба ин шумора саканаи ҷамоаи Язгуломро, ки шумури аҳолии дар 9 деҳаву 133 хонаводаи он ба 1050 нафар мерасид, зам гардад, пас шумораи умумии аҳолии миригарии Ванҷ ба 3850 мерасид. Албатта, чӣ тавре дар боло ишора рафт, ин рақам гарчӣ тахминӣ бошад ҳам, то андозае ба ҳақиқат наздик аст. Бояд қайд кард, ки шумораи аҳолии ин диёр мисли тамоми Бухорои Шарқӣ ва тамоми аморат, дар муқоиса бо имрӯз ниҳоят кам буд. Ба зиёдшавӣ мушкилоти иҷтимоии замони феодалӣ имкон намедод. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1]  Ошанин В. Ф. Антропологический состав населения Средней Азии и этногенез её народов. – Ч. 1. – Ереван, 1957. – С.94; Дар қисми 3-уми асари номбурда, очерки нис- батан пурраи омӯзиши намуди антропологии тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз ҷой дода шудааст (Ереван, 1958. – С.64-73); Дар ин бора ниг.: Таджики Каратегина и Дарваза. $1-Вып. 1. – Душанбе, 1966. – С.49.
[2]  Шишов А. Таджики (Этнографическое исследование). – Алматы, 2006. – С.106.
[3]  Девонақулов А. Асрори номҳои кишвар. – 1989. – С.91. 108
[4]  Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – Т. I. – 1911. – С.151.
[5]  Капитан Кузнецов. Дарвоз. – С.61; Пославский Ю. И. Экономический очерк Таджи- кистана (источники материалы) // Таджикистан. Сборник статей. – Ташкент, 1925. – С.181.
[6]  ГВИА РФ. – Ф. 1396. – Оп. 2. – Д. 1484. – Л. 75 (Обзор событий пограничных мест- ностей Туркестанского военного округа).
[7] ЦГА РУзб. – Ф. 9. – Т. 1. – Д. 224. – Л. 2.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.