Бовуд

  Бовуд деҳаи хушнамуде аз зумраи деҳаҳои Ванҷи Поён буда, пас аз маркази ноҳия ба ҷониби Ванҷи Боло ва дар зери деҳаи Одешт, пеш аз деҳаи Ҷангали Зуго дар мавзеи ҳамворе ҷойгир аст.
  Аз маркази ноҳия деҳаи Рохарв то Бовуд тақрибан ду киллометр масофа буда, онҳоро аз ҳам мавзеи Дашти Бовуд ҷудо мекунад. Деҳа дар мавзеи ҳамвор ҷой дошта, боғу дарахтзор ва заминҳои кишти ҳамвораш манзараи онро ҷолиби назар   (хусусан дар фаслҳои баҳору тобистон) гардонидаанд. Аз поёни деҳа канали Нерӯгоҳи Обӣ–Барқии Рохарв мегузарад, ки намуди он ба деҳа ҳусни мазид бахшидааст. Дар поёни он боғи зардолу ва ҷангал мавҷуд буда, дар замони шӯравӣ дар баромадгоҳи деҳа, дар ибтидои канал сарбанди бузурге сохта шуда буд, ки он ҳавзи калонеро бо ҷангалзори зебое дар атрофаш эҷод намуда буд. Басо манзараи ҷолибе дошт ва мардум аз тамошои он ҳаловат мебурданд. Инчунин дар ин ҷои зебо истироҳатгоҳи ҳукуматӣ сохта шуда буд, дар он ҳатто ҳукуматдорон аз маркази ҷумҳурӣ фароғат менамуданд. Сарвари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев ҳам муддате дар ин ҷо қарор гирифта буд. Аммо пас аз канда шудани сарбанд қариб тамоми ҷангалзор ва қисмати калони боғи зардолу ба коми Ванҷоб фурӯ рафтанд.
  Деҳа ба мисли соири деҳоти Ванҷ асосан аз ду маҳалла Ибара ва Убара иборат аст. Маҳаллаи Ибара дар навбати худ аз маҳаллачаҳои Боғак, Мазорак, Қрғано (ё Зминои Қрғано), Бари Тор таркиб ёфтааст. Маҳаллаи Убара як маҳаллаи том буда, онро маҳаллаи Ҳавсамадовҳо ҳам меноманд.
  Дар деҳаи Бовуд мактаби миёнаи рақами 16, толори варзишӣ ва ду мағоза фаолият доранд. Дар давраи шӯравӣ дар деҳаи фермаи калони комплексӣ –  автоматиконидашудаи ширӣ вуҷуд дошт, ки монанди дигар иншооти он замон танҳо бинояш ба ёдгор мондааст. Дар пушти деҳа чашмае бо номи Чашмаи Дараи Пун мавҷуд аст, ки хосияти шифобахшӣ дошта, мардум барои рафъи дарди пою буғуму дигар аъзо ба он ҷо мераванд. 
 Деҳаи Бовуд дорои афроди зиёдест, ки дар соҳаҳои гуногун: илм, ҳунар, фарҳанг, варзиш ва ғайра хадамоти арзандаро адо намудаанд, ки мутаассифона, мо ҳоло оиди аҳволу аъмоли эшон маводе дар даст надорем. Ашраф Акрам (Баҳодур Бачабеков кӯмак намудаанд).

Бовуди ман 

Хоки гавҳарбор дорад, деҳаи Бовуди ман,
Номи нотакрор дорад деҳаи Бовуди ман.
Зодгоҳам Бовуд аст, як гӯшаи хоки Ватан,
Мардуми боор дорад деҳаи Бовуди ман.
Ҳафт пушти халки Бовуд аст, Бобои Рачаб,
Пири шӯҳратёр дорад деҳаи Бовуди ман.
Паҳлавондеҳ аст, номаш аз қадим то ин замон,
Мардуми хушкор дорад деҳаи Бовуди ман.
Бачагиям андаруни хонаи сангӣ гузашт,
Меҳри пуранвор дорад деҳаи Бовуди ман.
Менависад, Хайдараш «Бовуднома» баҳри ӯ,
Арзиши ашъор дорад, деҳаи Бовуди ман.
                                            Ҳайдар Маҳмадзода.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.