Аҳтам Мавзудов

  ahtamavzudАҳтам Мавзудов соли 1955 дар деҳаи Убго таваллуд ёфтааст. Солҳои 1973-1977 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз мактаби варзишии устодон Ҳасаналиев ва Муруватшо Бачабеков гузаштааст. Аҳтам Мавзудов, ғолиби мусобиқаҳои вилоятӣ аст. Дар баъзе аз мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ширкат намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст даровардааст. Аз шогирдонаш устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Варқа Азорабеков, Давлаталӣ Мастов, Расо Шеров ва ғайра дар мусобиқаю маъракаҳои гӯштӣ фаъолона қувваозмоӣ менамоянд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.