Амонатпаҳлавон

  amonatpalvonАмонатпаҳлавон яке аз паҳлавонони номдори Ванҷ дар миёнаи асри XIX мебошад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ӯ соли 1820 дар деҳаи Рованд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
  Дар маъракаҳои гӯштӣ Амонатпаҳлавон борҳо аз болои машҳуртарин паҳлавонони Дарвоз, Бадахшон, Афғонистон ва дигар музофотҳои дуру наздик ғалабаи комил ба даст овардааст. Амонат паҳлавон ҷисман хеле пурқувват будааст. Дар вазнбардорӣ ҳамеша ҳамдеҳагонро дар ҳайрат мегузошт. Аз рӯи шуниди одамони таҳҷоӣ, ки аз падару бобоёнашон маълумот гирифтаанд, ӯ харпули хонаро, ки зиёда аз 12 метр дарозӣ дошта, вазнаш тахминан ба 250-300 кг мерасид, танҳо бардошта болои девор мегузошт. 
  Амонатпаҳлавон бо маҳорати бузкашӣ, оббозӣ ва чӯбтарошии худ низ лоиқи таҳсину офарини мардуми диёр гашта буд. (Аз китоби «Ванҷ» – Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.