Алифбек Юсуфбеков

  AlifyusufАлифбек Юсуфбеков соли 1897 дар деҳаи Жовид дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хату саводи ибтидоиро дар назди Мулло Иброҳим омӯхта, бо тавсияи волидайн ва наздикони хонадон, ки ба қобилияташ бовар доштанд барои таҳсил ба Бухоро сафар карда, дар он ҷо фақат як сол имкони таҳсил дошт. Оғози ҷунбишҳои халқӣ ва алангаи инқилоб ба қатъ шудани таҳсили ӯ дар мадаса сабаб шуд ва ӯ ба диёр баргашт.
  Алифбеки ҷавон дар Бухоро услҳои кишти картошкаву сабзавот ва навъҳои гуногуни зироаткориро хеле бо шавқ омӯхт. Аз тухмиҳои овардааш ба замини наздиҳавлигиаш кишта ҳосили хуб гирифт соли дуюм тухми картошкаву сабзавотро дар тамоми деҳа паҳн кард.
Аз соли 1939 то соли 1946 Алифбек Юсуфбеков бригадири сабзавоткорӣ ва аз соли 1941 то соли 1945 дар як вақт раисии ҷамоатро оид ба кори ақибгоҳ ба уҳда дошт. Дар солҳои ҷанг ба душворӣ нигоҳ накарда, ба ҳар як аъзои колхоз то 30 кг картошка, 10 кг боқило, 15 кг гандум, 10 кг ҷав музди иловагӣ медиҳад. Чунин таҷриба дар ноҳия бори нахуст амалӣ гаштааст. Ин деҳқони асил аз соли 1946 то соли 1949 раисии колхози “Роҳи Сталин” ва аз соли 1947 то 1950 котибии деҳшӯроро ба зимма дошта, барои ҳамдирон намунаи баланди ҳосилгириро нишон додааст.
  Алифбек Юсуфбеков шахси хеле меҳнатқарину хушмуомила, то охири умр ба халқи диёраш содиқона хизмат кардааст. Фаъолияти намунавӣ ва содиқонаи ӯ бо мукофотҳои баланд, аз ҷумла бо ордену медалҳо қадр шудааст. Ӯ то охири ҳаёт шуғли меҳнат доштааст, сои 1980 дар синни 93-солагӣ вафот кардааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.