Маҳкамов Дастам
Хирмане аз киштзори парешон
Душанбе 2011
Тақриз
Ба китоби Маҳкамов Дастам «Хирмане аз киштзори парешон», ки яке аз китобҳои дорои арзиши баланди ахлоқӣ, маънавӣ, педагогӣ ва башарӣ мебошад ҳамчун шахси холис мехостам баҳо диҳам. Дар ин китоб фақат андешаҳои шахсии муаллиф не балки амалҳои накӯи умумиинсонӣ ҷой дода шудааст ва гуфтан зарур, ки ба ҳама табақаҳои аҳлии ҷомеа зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад. Фикр мекунам, ин китоб маводи сари вақтӣ ва тӯҳфаи арзандае дар рафти дар амал татбиқ намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.
Китоби мазкур яке аз гувоҳномаи рӯзгор ва арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллати тоҷик ва муаллиф аст, ки аз хаёлбофӣ тоза буда дар заминаҳои ҳодисоти воқеӣ, бо ишораи қаҳрамонони реалӣ, дидаву шунидаҳо дар натиҷаи хулосаҳои илмиву назарявӣ тавлид гардида аст. Мушоҳида ва бардоштҳои муаллиф моро ба паҳлӯҳои муҳими рӯзгори мардум, фарҳангу тамаддуни қадимии ориёии миллат, суннатҳои қадимии он, чун нангу номуси миллӣ, дарки некӣ ва накӯкорӣ, ростқавлӣ ва покандешӣ, таблиғу талқини сифатҳои ҳамидаи инсонӣ, муҳаббат ба мулку диёр, дастгирии бародаронаву беғаразона нисбати атрофиёну аҳлу байт ва нозукиҳои оиладорию меҳмоннавозӣ дар ин китоб ҷои асосиро ишғол менамояд.
Муаллиф дар ин асар то тавонистааст мартаба ва мавкеъи инсонро мавзӯи асосии таҳлили хеш қарор додаст. Ӯ ба марҳилаҳои асосии камолот, ба зеҳну фаросати азалӣ такя намуда ҷузъитарин василаи тарбияро дар раванди омӯзишу парвариш бо нигоҳдории мақоми асл ва моҳияти хоса ҷилвагар сохтааст. Ин китобро ба даст гирифта дар вақти таҳлил ва омӯзиши он ҳар як фард дар ҷойҳои зарурӣ ва вақти зарурии иҷрои амале хешро меёбад. Ҳеҷ набошад дар мавқеи мусбат ё манфӣ дар ин асар ҳар кас ба худ ҷои хосаеро меёбад. Дар ин росто ҳамчун хонандаи холис, донишҷӯ, мутахассис ё падару модари масъулиятшинос тавонистааст на танҳо бо хусусиятҳои равонии мувофиқ шахсияти хешро ҳамчун муаллиф муаррифи кунад, балки мисолҳои воқеиро перояи одобию ахлоқӣ пӯшонда, дар равияи талаботҳои тарбиявӣ намоиш дода аст. Муаллиф то як андоза кӯшидааст, ки аломатҳои беҳтарини инсонро ҳамчун поксиришту заҳматқарин, ростқавлу ростгуфтор, покдину покоин бо қалам диҳад. Дар ин китоб бештар саховатмандӣ, мардонагӣ, дастдарозӣ ва бебокӣ ба чашм мерасад, ки дар назди бинандаю хонанда мартабаи қаҳрамон ва намуди зоҳирию ботинияшро зебо мегардонад. Аз хама муҳимаш он мебошад, ки хонандаро ба пайравӣ ва тақлид ба рафторҳои беҳтаринӣ инсонӣ ҳидоят менамояд. Агар шахсе ё касе аз нуқтаю гуфтаҳои ин китоб баҳравар гашта даст ба чунин амалҳои хайр занад боиси ифтихор ва хурсандии муаллиф ва аҳли ҷомеа хоҳад буд. Фикр мекунам, ки дар шароити имрӯза барои тарбияи ҷавонон чунин китобҳо ниҳоят муфид ва фойдарасон мебошанд. Гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ ва рӯ овардани одамон ба сармояю бойгарӣ меҳру муҳаббатро як қадар коста ва одамонро сарду сангдил мегардонад, ки дар ин китоб чунин амалҳо ҷои хосаеро соҳиб гаштаанд. Ин китоб пур аз лаҳзаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ буда ба одамон саховат ва сахигиро ёд дода дар сифатҳои баландтарини инсонӣ қарор дорад. Ҳама ҳодиса ва гуфтаҷотҳои китоб дар асоси рӯйдодҳои воқеъӣ ба қалам дода шудаанд.
Дар ин китоб чизҳои хаёлии ороишӣ тамоман вуҷуд надоранд ва мақсади асосии таълиф кардани ин китоб расонидани таъсири маънавӣ- фарҳангӣ, тарбиявӣ- ахлоқӣ ба фарзандони худам, ба насли ҷавону умуман ба ҷомеъа мебошад. Кореро бояд анҷом дод, ки пагоҳ боиси пушаймонӣ ва афсӯз хӯрдан нагардад. Ҷавонони азиз! дар ҷавонӣ камбудӣ, нуқсонҳоятонро он қадар ба назар намегиред, аммо пагоҳ дар назди виҷдонатон ҳисобот дода азоби рӯҳӣ мекашед. Дар китоб сари баланди инсон аз меҳнати ҳалол, аз некӣ ва хайру саховат аз хушрафтору хушгуфторӣ ифода ёфтааст. Ногуфта намонад,ки худи муаллиф инсони дорои чунин хислатҳои накӯ мебошад ва ҳар сӯҳбату нишаст бо ӯ хусусияти тарбиявӣ ахлоқиро ноил мебошад. Инро ман аз рӯи солиёни дароз бо он кас паҳлӯ ба паҳлӯ истода кор карданам мегӯям. Тамоми гуфтаҳоям аз таърифу тавсифи беҳуда ва нодаркорӣ тоза мебошад ва чизе гуфтам холисона ва беғаразона мебошад. Худи муаллиф устоди маънавии мо ба шумор рафта, бисёр чизҳоро дар фаъолияти касбӣ аз он кас омӯхтему сармашқи корамон кардем.
Декани факултети “Энергетика ва телекоммуникатсия”-и Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ номзади илмҳои техникӣ Сафаров А.Ғ .
Сарсухан
Ҳанӯз аз ҷавонӣ саъй мекардам, ки дидаву шунидаамро ғалбер намуда, хулосаашро дар мизони ақл баркашам ва ҳикматашро чун ҷавҳаре ба хотира бозсупорам, то ки баҳри дафъи ҳаводис ба кор оядам. Пайваста ҳамсӯҳбате меҷӯстам, ки ташнаи сухан бошад ва ба қадри он бирасад. Имрӯз он чӣ дар кӯлвор ҷамъ овардаам, бисотест диданиву шуниданӣ, хирманест аз киштзори парешони зиндагӣ, ки ҳар донаашро бо арақи ҷабин парвариш кардаву ба хуни ҷигар об додаву бо нафасҳо бод намудаам. Биё эй дӯст, эй ҳамнафас, эй малӯлу хаста, бо ман бош, даме гӯш бинмо, ки шояд ба муроди хеш ҷавҳаре ёбӣ, сухане шунавӣ ва шод гардӣ. Агар чунин шавад, маро шод мекунӣ ва туро низ худо шод хоҳад кард.
Розномае, ки ин лаҳза ба хонандаи гиромӣ пешкаш аст, «Хирмане аз киштзори парешон» ном дорад ва онро солҳо дона-дона ҷамъ кардаам. Он ҳикояту таҳлили дидаву шунидаҳоест, ки метавонанд рӯзгори одамӣ, ба вижа ҷавононро ба нишони ибрат асаре дошта бошад ва имкон медиҳад, ки сари ин ё он амал жарфандеш бошем, неку бад ва сиёҳу сафедро ҷудо карда тавонем.
Солҳои охир коста гардидани рафтору кирдори одамон ва камёб шудани сифоте ба монанди: раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, ростию ростқавлӣ, некиву накӯкорӣ, боварию вафо маро водор кард, ки қалам ба даст гирифта, бо майдони Сухан ворид гардаму изҳори андеша кунам. Бо ин амал хостам таъкид кунам, ки барои инсон волотарин арзише, ки номро зинда медорад, хизмати софдилона ба халқу миллат аст. Дар ҳаёт инсон ба чӣ ҳодисаҳо ва мушкилоте рӯ ба рӯ намегардад, вале бо ёрию мадади ҳамдигар онҳо бартараф карда мешаванд.
Пеш аз ҳама мо бояд инсондӯст, ҳалим ва дилсӯз, меҳрубон ва мушфиқи аҳли байт ва атрофиён бошем. Тамоми олам бо инсон зебост ва инсонро худованд мартабаи волое додааст ва касе ҳақ надорад дигареро бад бинад, бадгӯӣ кунад ё нокомии ӯро интизор шавад. Дар ин китоб лаҳзаҳое рӯи сафҳа омадаанд, ки хоҳу нохоҳ моро ба андеша водор менамоянд. Дар ҳолатҳои мушкили зиндагӣ шиносу ношинос, худиву бегона нагуфта, дароз кардани дасти ёрию мадад ва аз мушкилот раҳо додани ҳоҷатмандону ниёзмандон амрест бузург, ки намунаҳои онро шумо дар ин китоб хоҳед ёфт. Бисёр хостаам, ки хонандаи арҷманд дар ин нақлу ҳикоёт худ ва ё дӯстони худро дарёбад, сари ҳар гуфта андеша кунаду пушти ҳар кор назар дӯзад, то бубинад, ки ростиву кажӣ куҷост. Нафрату бадбинӣ, ҳавобаландию нописандӣ, мағрурию худбинӣ тешаест, ки решаи ҳастиро мавҳ месозад ва аз он дар ҳазар бояд буд. Мо сари сифоти хуби инсонӣ ба монанди саховатмандӣ, хайрхоҳӣ, хушгуфторӣ, ҳалимӣ, некӣ ва накӯкорӣ бештар таваққуф намудаем. Кӯшидаем, ки боварии инсонро ба атрофиён қавӣ гардонем, хаторо ба тавба кардан ислоҳ бахшему вафоро бо амалҳои нек ҷилвагар созем.
Чанд гӯйӣ, ки ба пирӣ расаму тавба кунам,
Чӣ шавад, гар ба ҷавонӣ ба аҷал дармонӣ?
Ба сари қабри яке рафтаму гуфтам: чунӣ?
Гуфт: аҳвол чӣ пурсӣ, ки биёӣ, донӣ.
Ҳамнишинони ту дар зери лаҳад хок шуданд,
Чашми ибрат бикушо, хоҷа, агар инсонӣ.
(Ҷомӣ)
Ин гуфтаҳо ҳоҷат ба шарҳу баён надоранд ва ҳар фардро ба андеша ва дарки маърифати баланди инсонӣ даъват менамоянд, то ки ба амалу рафтори шоиста охирати бошарафро сазовор бошад.
Яке аз заруроти зиндагӣ пос доштани қадри падару модар, хоҳару бародар ва атрофиёну бузургон мебошад. Тадбире бояд андешид, роҳе бояд ҷӯст, ки бераҳмӣ ва сангдилии ҷавонон бартараф карда шавад ва онҳо ба меҳру муҳаббат рӯ биёранд. Дар ин китоб муаллиф то як андоза кӯшиш намудааст, ки сифатҳои беҳтарини инсониро аз қабили некӣ ва накӯкорӣ, ғамхорӣ нисбати мӯҳтоҷон, дармондагон, онҳое, ки ба як ҳолати мушкил афтодаанд, ёдрас шавад ва хонандаро ба андеша ва хулосагирӣ водор созад.
Дар ин китоб ёддоштҳо дар боби дороию нодорӣ, саховатмандию саховатпешагӣ, гузашт кардан аз гуноҳу нуқсониҳои атрофиён, оҷилан баровардани ҳоҷати касе дар ҳоле ки худ муҳтоҷтарӣ ва амсоли инҳо оварда шудааст. Ман боварии комил дорам, ки ҳама овардаҳо омили хубе дар тарбияи насли наврас хоҳанд буд. Инсон новобаста ба сатҳи камолоташ ниёз ба тарбия ва омӯзиш дорад ва ба қадри бардошт, фаҳму фаросат метавонад аз захираи маънавияш истифода барад. Ҳатто барои кӯдакон, ки ба арсаи зиндагӣ қадамҳои аввалинро мегузоранд, ин андешаҳо хеле манфиатборанд.
Дар тарбияи насли наврас ҳама чизро аввалиндараҷа ҳисобидан зарур аст. Аз ягон чиз набояд чашм пӯшид, зеро ҷузъитарин падида метавонад ба одат табдил ёфта, ояндаи бачаро дар зери хатар гузорад.
Агар эҳтироми калонсолон ва атрофиёнро бача аз падару модар ёд нагирад, дар кадом ҳолат сухан гуфтану кай хомӯш истоданро наомӯзад, чӣ гуна метавонад дар ҷомеа мақом пайдо карда, рӯзгори хӯшеро сомон бахшад? Чӣ гуна метавонад мавриди эҳтироми дигарон қарор гирад? Аз ин рӯ, эҳтироми миллат, ифтихор аз забон, маданият ва тамаддуни аҷдодиро ҳамеша сармашқи кор кардан зарур аст.Чорае бояд андешид, ки насли наврас ба падидаҳои зишту номатлуби ҳаёти имрӯза пайравӣ накарда, хок, об, бод ва табиати зебои зодгоҳ, ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриро эҳтиром кунад. Аз фарҳанги миллии хеш ифтихор намояд ва дар пайи ҳифзи он саъю кӯшишро дареғ надорад.
Ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ, меҳнатдӯстиву созандагӣ, некӣ ва накукорӣ, ростиву ростқавлӣ, покдиниву одамгарӣ тарбия бояд кард. Тавоноии давлат, пойдории миллат ба тарбияи дурусти насли наврас, аз муносибати оқилонаи онҳо нисбат ба ҳамдигар, атрофиён ва бойгарии шахсию ҷамъиятӣ зич алоқаманд мебошад. Ҳар як фарзанд бояд мартаба ва манзалати падару модарро донад, ки ба кадом хотир аз барои ӯ падару модар ранҷу азоб мекашанд. Лекин ҳоло солҳои охир падару модароне ёфт мешаванд, ки ба ҷурми сангдилии зумрае аз чунин фарзандон бе хонаву дар ва бе такягоҳу пушту паноҳ мондаанд. Аз ин рӯ, ман ба ҷавонон ва атрофиёну фарзандон хитоб карда мегӯям, ки писаронам, зинҳор дар паи ранҷиши эшон набошед, ки дар охир хеш ба ранҷу азоб гирифтор гардида, ба хорию зорӣ рӯзгор ба сар хоҳед бурд.
Ҳар касе, ки падару модарашро ҳурмат кунад, аз дуои неки онҳо баракат ёфта, дар зиндагӣ сарфароз мегардад ва дар баробари ҳурмати падару модар ҳурмати ҳамсоягон ҳам шарти асосӣ мебошад, ки аз ранҷиши онҳо низ ба боғи умратон газанд мерасад. Ба шумо мехоҳам фаҳмонам, ки ин насиҳатҳо дар муддати ҳазорсолаҳо амал карда, дурустияшонро дар рӯзгори мо нишон додаанд ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онҳоро ба ҷо биёред, ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳед шуд.
Шинохт ва ба ҷо овардани ҳурмати падар ва модар
Фарзандони азиз, донед ва огаҳ бошед, ки дар дунё аз падару модар дида азизтару муқаддастар касоне вуҷуд надоранд. Падару модар будан, соҳиби фарзандони солиму солеҳ шудан неъмати бузургтарини Худо барои бандааш мебошад. Зебоии ҳаёт ва мақсади зиндагӣ барои ҳар як инсон насли арзандае ба ҳаёт овардану бо арзишҳои баланди инсонӣ боқӣ гузоштан аст. Бисёриҳо бо ин умеду орзуи ширин умрро ба охир мерасонанду ба мақсад нарасида, ноком аз ҳаёт мегузаранд.
Аз зану марди солимақлу пок, хушмуомилаю боандеша, боодобу хоксор, босабру батамкин ҳеҷ гоҳ фарзандони ноқобил нахоҳанд рӯйид. Агар волидайн дар акси ҳол: бесабр, бадзабон, беандеша, бевафо, беаҳд, хиёнаткор ва мардонашон майпараст, асабонӣ, ҳаромхӯр, ҳаромгашт, фитнагар, тӯҳматгаро бошанд, оё боварӣ доред, ки фарзанди хуб аз эшон ба дунё биёянд?
Волидони гиромӣ! Агар дар ҳақиқат дӯстдори беҳамтои фарзандони хеш ҳастед, дар хурдиашон сахтгир бошед, то дар калонсолӣ хушбахт шаванд. Фарзандонро навозиши беҳуда ва эркаи аз ҳад зиёд накунед, ки дарди саратон мегарданд.
Бидон, эй писар, ки бар фарзанд воҷиб аст худро, асли худро, ки ба он падару модар дохиланд, ҳурмату эҳтиром дорад. Зинҳор фарзанд дар паи ранҷур ва хор доштани падару модар набошад…
Овардаанд, ки рӯзе шахсе аз хона берун баромада мерафт ва дар роҳ ӯро шахсе пеш омад ва гирифта ба хонааш бурд. Ӯро иззату икроми бисёре карда, чаҳор ҳазор дирам бароварда дод. Он мард ба тааҷҷуб монда гуфт: «Эй бародар, ман туро ҳаргиз намешиносам ва ба ту ҳаргиз накӯӣ накардаам, ин инъомро ба чӣ сабаб кардӣ?». Он мард гуфт: «Аз барои он ки ту ба падарам монанд астӣ, тӯҳфаю навозишро ба ин хотир кардам».
Агар ҳақи падару модарро аз рӯи дин надонӣ, аз рӯи хиради мардумӣ бигир, ки падару модар асоси некиву парвариши ҷисму нафси туанд. Чун ту дар ҳақи эшон бепарво бошӣ, чунин бошад, ки ту арзандаи некии ягон кас набошӣ. Касе, ки ба падору модар некӣ накардааст, ба қадри некии атрофиён низ намерасад ва ба некӣ хеҷ гоҳ сазовор буда наметавонад.
Ба носипосон некӣ кардан аз хирагии хирад бошад, ту низ хирагии худ маҷӯ ва бо падару модари худ чунон бош, ки аз фарзандонат тамаъ дорӣ. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки зиндагӣ ҷорист ва рӯзе щумо ҳам падар мешавед ва навбати варақ задании китоби хотираҳоятон мерасад, ки нисбат ба падару модар чиҳо раво дида будед. Ҳар ноаҳлӣ ва гарданпечие, ки аз фарзандатон мебинед, кардаҳои худро бо падар пеши рӯ биёред ва бегумон афсӯс хоҳед хӯрд. Касе, ки аз ту зоида мешавад, ҳамон тамаъеро дорад, ки ту аз падар доштиву вай аз ту дошт. Падару модар дарахтанд ва фарзандон меваҳои он ва дарахт чӣ қадар хубу хушзот бошад, мевааш низ ба ҳамон ҳад накӯ хоҳад буд.
Муҳаммад(с) расулуллоҳ гуфтаанд: «Акриму авлодакум фаман акрама авладаҳу акрамаҳуллоҳу таъала филҷаннати». Яъне:«Гиромӣ доред фарзандони худро ва касе гиромӣ дорад фарзандони худро, гиромӣ дорад Худои таоло ӯро дар биҳишт».
Бо мақсади соҳиби молу мулки падар ё мероси ӯ шудан орзуи марги эшонро накунед, ки агар насиби ту бошад, ба ту бирасад….
Ин рафтор бар хилофи маърифати инсонӣ ва ноогаҳӣ аз сирру асрори шариат мебошад. Ба касе, ки ҳолаш аз ту беҳтар аст, манигару ҳасад набар, ба касе нигар, ки ҳолаш аз ту бадтар аст ва шукргузорӣ кун. Агар бо мол дарвеш гардад касе, бояд ҷаҳд намояд, ки бо хирад тавонгар гардад. Мол хирад наоварад, аммо хирад тамоми молҳоро таъмин намояд. Ҷохил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурд ва дар обу оташ ҳалок натавон шуд. Агар тавоноии ҷавонон ва маърифаташон ёрӣ диҳаду хирадро бо касбу ҳунар пайванданд, падару модарони беҳтарин хоҳанд ба воя расид. Дар ин бора шоир барҳақ фармудааст:
Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат бар он диёр, ки нодон бувад азиз.
Дар олам аз падару модар дида муқаддастару азизтар касоне вуҷуд надоранд. Тамоми ҳастию вуҷуд, гӯёию шунавоӣ, биноию адлу инсофи мо аз онҳо смарчашма мегирад. Ҳар фард бо номи падару модари худ меболаду мефахрад, волидон ба чашми фарзанд чун офтоби тобон бузургу беайб менамоянд. Дар ҳадисе гуфта шудааст: «Инна фил ҷанати бобан яқулу лаҳу бобулфараҳи ло ядхулуҳу илла ман фариҳа авлодаҳу».
Яъне: «Ба дурустӣ, ки биҳиштро дарест, ки он дарро «боб –ул- фараҳ» (дари хурсандӣ) гӯянд ва наравад дар он магар касе, ки шод карда бошад фарзандони худро».
Маълум мешавад, ки зиндагии тифоқ ва рӯзгори маслиҳатомези падару модар,муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмии онҳо фарзандони некфарҷом, боодобу ахлоқро бо бор хоҳад овард. Аммо панҷ панҷа баробар нест ва аз нафаҳмидани талаботи педагогӣ ва зоҳир кардани беэътиноӣ нисбат ба кадом тифле, ё камтару бештар диққат дода шавад, ӯ аз дигар фарзандони оила фарқ мекардагӣ мегардад. Агар модар бо шири сафедаш ҷисму ҷони кӯдакро устувор созад, падар чун офтоб ба фарзанд гармӣ ва меҳри зиндагӣ медиҳад. Дар ҳақиқат барои калон карда ба воя расонидани ҳар як фарзанд падару модар заҳмати сангин мекашанд. Аз ин рӯ, ин ду шахси азизу мӯътабарро ҳурмату эҳтиром намудан, ба қадри хизмату заҳмати онҳо расидан, фармонбардору итоаткори онҳо будан яке аз рукнҳои беҳтарини умумибашарӣ мебошад.
Ҳодисае ба ёдам меояд, ки дар солҳои 80-уми қарни гузашта, ҳангоми дар омӯзишгоҳи касбӣ- техникии №25-и ноҳияи Ҷиликӯл ба ҳайси муовини директор кор карданам ба вуқӯъ пайваста буд. Он солҳо хеле ҷавон будам ва пагоҳии барвақт мӯйсафеде хоҳиши ба наздам даромадан кард. Пас аз вохӯрӣ ва пурсу пос аз мӯйсафед пурсидам, ки чӣ ҳоҷате ӯро ба назди ман овардааст. Мӯйсафед ба чортарафи дафтари кориям нигоҳ карда, бо нармӣ ба сухан оғоз кард.
– Муаллим, писари маро мумкин шумо шиносед, ӯ Наботов Мирзоҳаёт ном дорад.
– Падарҷон, шумо зудтар ба мақсад наздик шавед, магар ӯро барои ёрию мадади корҳои рӯзгоратон аз мактаб ҷавоб гирифтаниед? -гуфтам.
– Не охир, ман омадам, ки ба шумо амалу рафтори носазояшро нисбати ману модараш гӯям.
Ҳамин пагоҳӣ бинам, офтоб баланд шудаасту ҳеҷ не, ки аз хоб хеста хӯрокашро хӯрда ба мактабаш равад. Болои болинаш рафта,- Мирзоҳаётҷон, писарам хез, хӯрокатро хӯрда ба дарс рав, ки дер мемонию танбеҳ мегирӣ. Суханамро нав анҷом дода будам, ки якбора аз ҷояш хеста, як- ду шапалоқ ба рӯям фароварду ҳақоратҳои қабеҳ дода, баромада рафт. Аз ин рафтори қабеҳи фарзандам, ки ҳеҷ интизор набудам, дилам қариб мекафидва нафаскашиям қатъ мегардид. Ба андеша фурӯ рафта, ба худ мегуфтам: « наход қимати тамоми заҳматҳои 18 солаи ман ҳамин бошад». Ҳамин дарди сӯзон маро барои дардамро гуфта диламро сабук кардан ба назди шумо овард. Ҳозир шумо каме сабр карда шинед, як пиёла чой гирифта нафасатонро рост кунед, устои таълимӣ-истеҳсолӣ Маҳкамшо Давлатшоев писаратонро аз куҷое, ки набошад, пайдо карда меорад. Пас аз баромада рафтани устои таълимӣ ман аз мӯйсафед суол кардам, ки муносибати худатон бо падаратон дар ҷавонӣ чӣ гуна буд. Муйсафед як дам ба андеша фурӯ рафта, гуфт: «Дурӯғгӯӣ торикии имон аст, росташро гӯям, дар бачагӣ ман ҳам хеле шӯху ноаҳл будам. Боре падарамро зада ғалтонидам ва аз пояш гирифта, то лаби дарё кашола кардам. Мехостам ба дарё андохта ғарқ кунам, аммо ҳамсояҳо расида, наҷоташ дода буданд». Падар, Шумо бояд аз ин ҳодисаи пагоҳӣ писаратон ба саратон оварда шукрона кунед. Ҳар як инсон подоши амалашро мебинад ва донаҳои киштаашро медаравад. Хурсандӣ кунед, ки писаратон шуаморо бо нияти ғақ кардан ба лаби дарё кашола карда набурдааст ва танҳо як торсакӣ ба рӯятон задааст.
Падару модарро иззату ҳурмат кардан, онҳоро бузургу мӯътабар донистан аз гуфтаи онҳо набаромадан, бе розигии онҳо кореро накардан, сухани онҳоро рад накардан, фармоишашонро ба ҷо овардан яке аз фармудаҳои Худо мебошад.
Ривоятест, ки гӯё Худо Ҷабраилро супориш медиҳад, ки ба замин фаромада ду нафаро огаҳ кунед, ки фардо рӯзи қиёмат чои онҳо дар паҳлӯи шумо қарор мегирад. Аз ин суханон Ҷабраил хеле меранҷад ва қарор медиҳад, ки канӣ, рафта бинам, онҳо чӣ амали шоистае кардаанд, ки манзалаташон ба мо фариштагон баробар шудааст. Хулосаи ривоят ин аст, ки яке нонро бо дандонҳои худ хоида ба коми падари бедандонаш, ки хеста, гашта ва рисқу рӯзӣ пайдо карда наметавонад, мегузоштааст. Дигаре, ки бо ҳукми ҳақ таоло падари ноаҳлаш ба хӯк табдил ёфтааст, талош меварзад, ки ҳамсояҳо аз бӯи нохуш нороҳат нашаванд. Ӯро шустушӯ карда, тамоми шароиташро муҳайё месохт,ки вазифа ва ӯҳдадории фарзандиро ба ҷо биёрад. Ҳатто аз сафари Каъба барои хизмати падарро ба ҷо овардан даст мекашад.
Падару модар интихобӣ набуда, атои худо ва ҳукми тақдир мебошанд ва дониста бошед, ки дар ҳар шуғлу мансабе набошанд, бузургу муқаддасанд.
Аз сӯзи дили падар ҳазар бояд кард,
Аз кӯи ҷафои ӯ гузар бояд кард.
Дар ин мавзӯъ дар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои мӯътабари Муҳаммад (с) расулуллоҳ ва осори бузургпояи ниёгон ба монанди, «Ҳуҷҷат- ул- ислом», «Эҳё- ул- улум», «Кимёи саодат», «Арбаийни Сулаймонӣ», «Наводир- ул- меъроҷ», «Салоти Масъудӣ», «Меъёр-ул-ахлоқ» ниҳоят гуфтаҳои баландғоя маҳфузанд. Ҳар як фарзанди солеҳ ва ҳушёр бояд ин ҳадисро донад: «Ризоуллоҳи фӣ ризоил волидайни ва сахатуллоҳи фӣ сахатиҳи». Яъне: «Хушнудии Худои таоло дар хушнудии падару модар аст ва нохушнудии Худои таоло дар нохушнудии онҳост». Аз ин ҳадис бар меояд, ки ҳатто ризои Худованд бе ризоияти падару модар набудааст. Озордиҳандаи падару модар бе шаку шӯбҳа нокому дӯзахӣ мебошад. Шумоён ҷавонони ниҳоят гиромӣ! ғаме надоред, зеро ки хӯрок ва пӯшоки шуморо онҳо муҳайё месозанд. Танҳо ба худ як суол диҳед, ки бо кадом хотир худашон кӯҳна ва нимдошт пӯшида, шуморо наву зебо ва шинам мепӯшонанд. Барои шумо тамоми чизи мумкину номумкинро таъмин сохта, орзӯю умеди хушбахтиатонро мекунанд. Лекин дар давраи пириву нотавонӣ тарбузи орзую умедашон ба замин афтода, тирашон хоки ноумедӣ мехӯрад. Ҳар як инсон бояд маъно ва мӯҳтавои ин мисраҳоро донаду дар атрофии онҳо андеша намояд:
Донӣ, ки чӣ гуфт Ҳақ таоло,
Он кун, ки ризои мо дар он аст.
Бо модари худ адаб нигоҳ дор,
Зеро ки ризои мо дар он аст.
Ҷаннат, ки сарои ҷовидонист,
Зери кафи пои модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои Ҳақ биёбӣ,
Он кун, ки ризои модарон аст.
Азизонам, аз ин гуфтаҳо хулосаи даркорӣ бароварда, ба қадри падару модари хеш бирасед. Ҳатто донед ва огаҳ бошед, ки ҳангоми дар хона будани падару модар шумо ҳақи болои бом баромада, гаштугузор кардан надоред. Чун дар як дасторхон ва табақ бо падар хӯрок мехӯред, эҳтиёт шавед, ки луқмаи онҳо мехостагиро нагиред. Ҳамеша баъди онҳо даст ба табақ баред. Инро ман ба хотири беҳбудии ҳар фард мегӯям ва хоҳиш мекунам, ки дар бораи бузургии онҳо жарф андеша намоед. Ба хотири он, ки пагоҳ худатон ҳам падару модар мешавед ва донаҳои киштаатонро даравида лаззати онро мечашед.
Интихоби ҳамсар ва тарбияи фарзандон
Эй писаронам ва ҷавононе, ки ба интихоби зан омода шудаед, пеш аз ҳама ҳурмату иззати худатонро накӯ доред. Инсон бо заҳмату талоши зиёде метавонад сазовори ҳурмату эҳтироми атрофиён гардаду бо як қадрношиносӣ, дар як нафаси кӯтоҳ онро аз даст диҳад. Ҳарчанд молу чиз азиз аст, вале аз зану фарзанд азизтару гувворотар нест. Молу чизи худро аз зану фарзандонатон дареғ надоред, чун зан порсову солеҳаву мусулмон ва фарзанд фармонбардору боинсоф ва боимон бошанд.
Ҳеҷ гоҳ занро ба хотири аз хонадони бой буданаш ва хешовандони мансабдору боҳашамат доштанаш интихоб нанамоед, ки мавқеъ ва мартабаи хешро дар зиндагӣ аз даст дода, азобу аъзият мекашед. Аммо чун дуруст ояду зан кунӣ, талаби моли зан макун ва аз сурати зебои ӯ ва ақли расояш хотирҷамъ набош, ки ба зудӣ маъшуқ гираду обрӯятро коста гардонад. Зан бояд покиза ва покдину кадбону ва дӯстдори шӯю аҳли хонадон бошад. Зан бояд шармгин, бомулоҳиза, зирак, кӯтоҳдаст, кӯтоҳзабон, сариштакор, пагоҳхез ва ҳушёрхобу хонадор бошад. Зани нек фарзандонам, биҳишти мард дар ҳамин дунё ва равшанибахши охирати падару модараш мебошад. Ривоятест, ки ба хонаи марди бенамозу ибодат хостгорон омада духтарашро хостгорӣ мекунанд. Тӯй шуда мегузарад ва пас аз се рӯз шавҳар азми сафар менамояд ва аз занаш хоҳиш менамояд, ки то омадани ман аз хона набаро. Рӯзе қосиде омада хабар мерасонад, ки падарат бемори сахт аст ва мехоҳад туро бубинад. Наметавонам, шавҳарам аз хона ба ҷое набаро гуфта супориш дода ба сафар баромада буд. Аз миён чанд рӯз гузашт, қосид аз нав пайдо гардида хабар расонид, ки падарат аз дунё гузашт,ҳеҷ набошад барои видо равед. Наметавонам, шавҳарам иҷозат надода буд гуфта ашки сӯзон рехт, аммо амри шавҳарро ба ҷо овард. Падар пас аз се рӯзи риҳлат дар хоби аҳли хонадон даромада аз итоаткории духтараш изҳори миннатдорӣ кард. Зан ҳар чи зебову меҳрубон ҳам бошад, ту ба якборагӣ хешро ба домани ӯ мапарто, ки гирифтори фармону иродаи ӯ мегардӣ ва рӯзат сиёҳу зиндагият табоҳ мешавад.
Искандарро гуфтанд: – Чаро духтари Дороро зан намекунӣ, ки чунин зебо ва қашанг аст?
Искандар гуфт: «Зишту бенамуд бошаду мо ба мардуми ҷаҳон ғолиб шавем, на зане бар мо ғолиб шавад».
Занеро интихоб намоед, ки дар дили ӯ ғайри ту ва муҳаббати ту каси дигар набошад ва нағунҷад.
Аз зани беамонат, таънагари аҳлу байт, ҷудокунанда аз наслу аслат ба зудӣ гурез, вагарна дӯзахро дар ҳамин дунё хоҳӣ ёфт. Занро бояд аз хонадони босалоҳу боимон хост ва бояд бидонӣ, ки духтари кист ва парваришро чӣ гуна дарёфтаасту худ дар чӣ сутӯҳе қарор дорад. Дар давраи интихоби ҳамсар одамгарӣ, меҳмоннавозӣ, ҳамсоядорӣ, рафтору кирдори падару модари ҷавонон бояд ҳатман ба назар гирифта шавад, ки яке аз рукнҳои маданияту фарҳангӣ аҷдодии тоҷикон мебошад. Дар ин бора шоир барҳақ мефармояд:
Ман аз беқадрии хори сари девор метарсам,
Ки нокас кас намегардад, ба ин боло париданҳо.
Ин суханро ман барои он овардам,ки дар илми муосир як чизро ген мегӯянд ва агар инсон аз қавму тоифаи паст бошад, дар кадом вазифа ва мансабе қарор надошта бошад дер ё зуд ин нишонаю аломат боло мегирад ва пастию нокасии ӯ зоҳир мегардад. Зеро ки хор ҳам аз ҷиҳати ҷинсию аҷдодӣ ягон арзищи дар баландӣ ҷойгиршавӣ надорад,аммо бо мақсади ба дасту ҷисми бадрафторе халидан ва хонаро аз чашму нияти бад ҳифз кардан дар чунин баландӣ гузошта мешавад. Аз ин баланд будани зумрае, аз худнамоии нокасе ҳеҷ гоҳ фирефта нашавед ва риштаи хешутаборӣ набандед.
Занро на танҳо баҳри рафъи талаботҳои шаҳвонӣ мехоҳанд. Зан бояд пухтаву расида ва оқилаю зирак ва ҳунарҳои зиёдеро аз модар омӯхта бошад. Зеро модари боандеша тамоми рафтору кирдори шоистаи худро ба фарзандаш талқин мекунад ва агар чунин накарда бошад, рисолати модариашро адо накарда ба шумор меравад.
Рашк кардан ба зан аз амалҳои носазое мебошад, ки мушкилотро пеш оварда, муҳаббату бовариро аз байн мебарад. Рашк пойдевори оиларо хароб намуда, боиси вайроншавии он мегардад. Ҳамзамон занро ба рашки беасос таънаву маломат мазан, ки оқибат ӯро ба худ душман созӣ. Агарчӣ бисёр дӯстат медорад ва азизат мешуморад, чун душманат шавад, баробари ҳазор душмани беруна бошад. Аз душмани бегона метавон эҳтиёт ва ҳазар кард, аммо аз зани душманшудаи худ на, чун ки аз ӯ интизори бадиву душманӣ нестӣ.
Агар талабгор ва ҳариси зан бошӣ, ҳар шаб бо ӯ наомез, зеро ки ин ба одат табдил меёбад ва сабрро аз байн мебараду оянда ҳангоми муддате ҳузур надоштани ту дар талаби ҳамнафас мешавад. Зан як муаммои мураккабу сарбастаест, ки дар натиҷаи зиндагии якҷоя бо мард тамоми хислатҳои ӯро касб мекунад ва баъзан тамоми хислатҳои зишти худро ба мард сироят мекунад. Ҳама сиру асроратро бо зан накушо, ки рӯзе шармсор ва шарманда хоҳӣ шуд, зеро ки андешаи зан кӯтоҳ аст.
Зани оқил бояд ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки шавҳараш аз наздаш дур ё дар ҳуҷраи дигар дар танҳоӣ хобад. Агар чунин беэътиноӣ руй диҳад, минбаъд ба одат табдил меёбад ва ҷангу пархошро дар хонадон эҷод менамояд. Дигар чизе, ки хотири мардро меранҷонад ва нисбат ба зан сардиро ба вуҷуд меорад, сари вақт анҷом наёфтани ду вазифаи зан аст:
- Дар вақташ омода накардану дар вақташ нағундоштани рахти хоб.
- Пагоҳӣ пеш аз марду кӯдакон нахестани зан ва наоростани дастурхони субҳона.
Дар риояти одоби интихоби ҳамсари мувофиқ ҷавонон бояд маърифати баланди динӣ, илмӣ ва ахлоқӣ дошта бошанд. Онҳо ҳам дар назди қонун, ҳам дар назди шариат ва ҳам дар назди инсоният масъулияти худро ҳис кунанд. Фарзандони ниҳоят гиромӣ! ҳамсари ояндаатонро дар рӯзҳои ид, тӯй ва маъракаҳо хуш накунед, ки фирефтаи ҳусни сунъӣ мегардед. Занро ҳеҷ гоҳ аз хешовандони наздик нагиред ва бо дӯстони наздикатон кӯшиши хеш шудан накунед, ки хунукӣ дар байн меафтад ва аз дӯстии пеш доштаатон маҳрум мегардед. Касеро ба занӣ интихоб кунед, ки саҳархезу кадбону, ҳалиму нармгӯ ва бо овози паст сухангӯю ҳурмати худат, падару модарат ва аҳли хонадонатро ба ҷо меоваранда бошад. Ту ҳам дар навбати худ ҳурмату иззати падару модар ва аҳлу байти ӯро ба ҷо биёр, то ки ин ду оила ба оилаи ягона табдил ёбанд ва дӯстиатон абадӣ гардад. Бидонед, азизонам, агар Худо шуморо писаре ё духтаре диҳад, аввал номи хуш ба вай ниҳед, ки аз он дар назди атрофиён шарм надорад, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падариатон яке ин аст. Дуввум тарбияи ӯро ба доягони мушфиқу меҳрубони соҳибмаърифат супоред ва бикӯшед, ки дар тарбия таъхиру кашолкорӣ набошад. Вақти хатна кардан суннат ба ҷой оваред ва ба миқдори тоқати хеш шодӣ кунед. Пас андешаи илм, касбу ҳунар ва Қуръон омӯхтани ӯро кунед. Кӯшиш намоед, ки фарзандатон шуғлу касби аҷдодиро омӯзаду пайравӣ намояд. Дар вақти фориғ будан аз омӯзиши илму Қуръон ба фарзандатон шино ва дарёгардӣ биёмӯзед.
Падару модар бояд тамоми диққатро ба солимии ҷисми фарзандон равона сохта, тамоми тадбирро андешанд, ки фарзандонашон дар намудҳои зиёди бозиҳои варзишӣ моҳир гарданд. Аз санъату ҳунар огаҳ ва худ моҳир бошанд, ки Худованд фармон диҳад, то фардо дар майдони намоиш он чӣ омӯхтааст, бар Худованд арза кунад.
Пас, ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандро биёмӯз, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷо оварда бошӣ, ки аз ҳодисаҳои олам эмин натавон буд ва дониста наметавонӣ, ки аз сари мардум чӣ меояду гузарад. Дар вақти таълим агар муаллимон ӯро бизананд, ба ӯ дилсӯзӣ макун ва бигзор, ки кӯдак илму ҳунар бо калтак омӯзад ва на бо табъи хеш. Аммо агар беодобӣ кунаду ту аз вай дар хашм шавӣ, бо дасти хеш вайро назан, то кина бар ту дар дилаш нагирад. Аммо бо вай ба ҳайбат бош, то туро хор нагирад ва доим аз ту тарсон бошад. Агар фарзанд бад бошад, ту ба ин нигоҳ накарда, ҳаққи падарӣ ба ҷо биёр. Аз тарбияи одоби ӯ даст макаш, агар қабул накунад, оянда рӯзгораш ӯро маҷбур месозад ва ба қадри заҳматҳоят мерасад ва нокомиҳояшро аз худаш мебинад на аз шумо.
Тамоми хушбахтию бадбахтӣ, муваффақияту нобарории фарзанд аз саъю талоши ӯ дар майдони бачагӣ ва заҳмату омӯзиши шахсияш ҳосил мешавад. Мо дар ин умри начандон тӯлонии худ онҳоеро дидем, ки дар ҷавонӣ ноаҳлу гапношунав буданд, бо рафторашон хотири падару модарро меранҷониданд ва минбаъд худашон гирифтори азобу машақат гардиданд. Ҳаррӯз ранҷишро аз фарзандон ва хонадон мебинанд ва ба доштани ҷабину андешаи пушаймонӣ рӯ барӯ мешаванд.
Бинобар ин, ҳушёр бошеду ба амалҳои нек даст занед. Инсондар зиндагӣ масъулияти зиёдеро ба дӯш дорад, аммо аз чӣ бошад, ки онро баъзан то охири ҳаёт ҳис карда наметавонад ва зиндагии якрангу бе мазмунро аз сар гузаронида бе ному нишон мегардад. Дар ин боб Хайёми зинданом чунин фармудааст:
Як қатраи об буд, ба дарё шуд,
Як зарраи хок бо замин якто шуд.
Омад шудани ту андар ин олам чист?
Омад магасе падиду нопайдо шуд.
Омадану рафтани зумрае дар ҳаёт ба магас шабоҳат дорад, ки фақат мазмуни омаданро ба неъмати дунё часпида гирифтан мепиндоранду халос. Мехӯранду маишат карда, осоре аз худ боқӣ намегузоранд ва зиндагии онҳо барои наслҳои оянда боз чандин мушкилотро пеш меорад.
Дар ин боб Саъдии Шерозӣ мефармояд:
Барои одамият се нишона,
Накӯ фарзанд, дигар бунёди хона.
Ниҳолеро ба ҳосил парваридан,
Бимонад се нишона ҷовидона.
Яке аз маъниҳои асосии ҳастии инсон фарзандони накӯро ба дунё овардану бо хислатҳои хубтарин парвариш карда, ба воя расонидан аст, ки дар ҳалли ин масъала бисёриҳо беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Баъзан гумон мекунанд, ки калон шуда ба воя расад, ақлаш медарояд ва комил мешавад, ки ин мутлақо хато мебошад.
Бунёди хонаро метавон бо маъниҳои гуногун фаҳмид, аввал он ки хонадони обод, дасторхони пурнозу неъмат, қабул ва гусели меҳмонон номро зинда медорад. Дувум, бунёди хона ба маънои доштани дӯсту рафиқони зиёди ҷоние мебошад, ки дар кадом минтақае равед, худро соҳибхона меҳисобед. Сеюм, кӯшиш карда хонае сохтан зарур, ки дар оянда ёдгории таърихӣ шаваду номатон зиндаю ҷовидонӣ гардад. Чорум кӯшиш кунед, ки маҳсули заҳмати илмӣ, адабӣ ва бадеӣ, касбӣ боқӣ гузоред, ки номатон вирди забонҳо боқӣ монад. Ниҳоли босамар ва боғи бо заҳмати шахсӣ парварида ҳам яке аз нишонаҳои беҳтарини инсонӣ мебошад, ки наслҳои оянда дар ҳақи кас дуои хайр мекунанд. Зиндагии инсон дар рӯи замин бояд аз рӯи барномаи аниқ ҷараён гирад, то ки инсон ба чизе ноил шуда тавонад. Агар зиндагӣ худсарона ва бебарнома бошад, инсон ба чизе мушарраф намегардад ва нишоне аз худ боқӣ намегузорад.
Хайём оламро ба биное ташбеҳ медиҳад, ки ду дар дораду мо аз яке ворид гардидаву аз дигаре хориҷ мегардем, ки мазмуни он чунин мебошад:
Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,
Ҷуз хуни дилу додани ҷон нест дигар.
Хуррам дили он, ки як нафас зинда набуд,
В-осуда касе, ки худ назод аз модар.
Хайём дар замонаш хурраму осудагиро танҳо дар онҳое медид, ки зода нашудаанд ва дар дунё зиндагӣ накардаанд. Лекин замони мо дигар аст, дар ин ҷо хуррамӣ ва осудагии шахс аз дараҷаи касб, ҳунар, маҳорат ва маълумоташ вобаста мебошад. Дар интихоби дӯст ниҳоят ҳушёр бошед, зеро дар бисёр китобҳо маслиҳат дода мешавад,ки бо мардуми беҳунар ва нодоне,ки худро доно мепиндоранд дӯстӣ макунед.
Дар ин боб ба ҳамаи мо шайх Саъдӣ рӯ оварда мегӯяд:
Ҷаҳон,эй бародар намонад ба кас,
Дил андар ҷаҳонофарин банду бас.
Накун такя бар молу дунёю пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар рӯи хок.
Моли дунёро ё мехӯранд ё ба ғорат медиҳанд, ки дар натиҷа одам камбағал мешавад, аммо ҳунар ва дониш ганҷҳои абадие мебошанд, ки касе онҳоро рабуда натавонад. Дар ҳаёти имрӯзаи мо баъзе омилҳои маҳалбозӣ, хешутаборпарастӣ мавҷуданд, ки мушкилоти моро даҳчанд мекунанд. Боварии комил дорам, ки шууру тафаккури миллат ташаккул ёфта, одамон аз ин омилҳои носазо ва рафторҳои ношоиста даст мекашанд. Яке аз мушкилоти асосӣ дар таълиму тарбияи насли наврас ҳамин дағалӣ ва зӯроварӣ дар ҷомеъа мебошад, ки ба меъёри зиндагӣ табдил ёфтааст ва фарзандон ин омили зиштро тақлиду пайравӣ менамоянд. Чӣ хуш аст, агар пас аз сари мо мардум ба ёд биёранд, ки писар ё набераи фалонӣ чӣ амали хуберо ба сомон расонидааст. Вале барои ин меҳнату заҳмати зиёди оқилонаи тӯлонӣ кардан лозим аст. Барои ин худи падару модар бояд таълими хуб дида ва тарбияи солим ёфта бошанд.
Дар ҳадиси Муҳаммад(с) расулуллоҳ гуфта шудааст: «Куллу шайин ярҷиъу ила аслиҳи». Яъне «Ҳар як чиз ба асли худ мекашад». Аз марду зани солими дорои ақли пок, хушмуомилаву боандеша, боодобу хоксор, босабру тамкин фарзанди ноаҳлу ноқобил ҳаргиз нахоҳад рӯид. Кӯдаки дар гаҳвора буда ҳам ҳисси вуҷуд дорад, дар рӯ ба рӯи ӯ набояд корҳои ношоиста бикунед, даҳон ба бадгӯӣ ва таҳқир бикушоед ё даст баҳри зулм бардоред.
Эй азизон! Боз як бори дигар хотиррасон бояд кард, ки агар аз худ номи нек монданӣ бошед, дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд масъулияти бузургеро ҳис кунед ва дуруст амал намоед, ки Саъдии бузургвор фармудааст:
Чу хоҳӣ,ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Ки гар ақлу раъяш набошад басе,
Бимириву аз ту намонад касе.
Дар дунё аз ҳама даҳшати азимтарин бе ному нишон зистан ва беному нишон шудан мебошад. Мутаасифона дар зиндагӣ бисёриҳо ин мушкилотро ҳал карда наметавонанд ва дар даруни хоки торик аз роҳат ёфтан дар ҳаросанд.
Ҳамсоягӣ бо мардони накӯ
Ман аз солҳои ҷавонӣ ба таълимот ва китобҳои дорои арзиши баланди инсонии Имоми Аъзам, Ғаззолӣ, Кайковус, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Румӣ ва дигар бузургон дар боби ҳаққи ҳамсоя ва нозукиҳои ба ҷо овардани он шинос будам ва ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ин масъулияти бузургро бе олоиш ба ҷо биёрам. Аз ҷумла Имоми Аъзам мефармояд, ки инсон бояд ба ҳамсоягон муносибати нек дошта, ба онҳо мунису ғамхор ва бо муомилаи нек бошад. Ба ҳамсояҳо некӣ кардан яке аз сифатҳои инсони комил ба ҳисоб меравад. Дар таълимоти ӯ омадааст: «Ҳамсоягонро ҳамеша саргарму хушҳол дошта бош, гоҳе бо онҳо шӯхӣ кун ва дӯстона сӯҳбат намо, ки ин гуна рафтор муҳаббати туро дар қалби онҳо зиёд менамояд», «Гоҳе ҳамсоягонро ба ғизо даъват намо, аз хатоҳои онон чашм пӯш. Корҳояшонро анҷом бидеҳ ва бар онҳо нармӣ кун». «Агар аз онҳо ранҷише дидӣ, тарзе аз он бигзар, ки гӯё асло надидаӣ». Падари бузургворам ба мо насиҳат медоданд, ки агар ҳамсоя ба коре банд бошад, ҳеҷ гоҳ ҳамроҳ нашав ва дахолат накун. Агар ба ёрӣ ва дастгирӣ талаб нанамояд, сари худ рафта ёрӣ нарасон, ки аввалан розӣ намешавад ва баъдан қадру қиматат паст мегардад. Лекин дар ҳолатҳои зарурӣ кори худатро монда, кори ҳамсояро ба сомон расон, ки дилаш наранҷад. Дониста бош, ки хурсандии ҳамсоя ин хурсандии Худо ва хафагии ҳамсоя хафагии Худо мебошад.
Солҳои 1983 маро ба кор ба шаҳраки Гароутии н. Ҷиликӯл фиристоданд, ки ҳеҷ касро дар он ҷо намешинохтам. Фаъолиятамро ҳамчун муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз кардам. Лекин аз сабаби надоштани хона ҳар бегоҳ пас аз анҷоми кор ба н. Колхозобод рафта меомадам. Ниҳоят Қурчиев Илчибег маслиҳат дод, ки ин бегоҳ ба Колхозобод нарав, ба хонаи як зани рус, ки кӯчида рафтанӣ ҳаст, меравему хонаашро бароят савдо карда, мегирем.
Бегоҳӣ баъди кор назди Илчибег омада, якҷоя баромада назди он зан равон шудем. Ман соддагии Илчибегро медонистам ва дар роҳ маслиҳат додам, ки агар зарурият наафтад, ба савдои мо дахолат накунад ва танҳо хомӯш истода мушоҳида намояд. Оқибат ба хонаи Зоя-хола расида, ба даромадан иҷозат гирифтем. Баробари вориди хона шуданамон Илчибег ба таърифу тавсифи ҳавлӣ, дарахтон, ангуру мурғхона ва гулу гулгаштҳо пардохт. Поёнтар рафтем, бинам аз ситоиши ҳоҷатхона ва ҳамому панҷараҳои оҳанину дарвоза дигар даҳонаш ҷамъ намешавад. Фурсати мувофиқ поида, бо баҳонае, ки чизи муҳимеро фаромӯш кардаам гуфта, барои баромада рафтан рухсат гирифтам. Дар роҳ Илчибег аз ман пурсид:
– Чаро савдоро вайрон карда, баромадӣ? Кор ниҳоят хуб рафта истода буд ва Зоя- хола аз суханони ман ҳаловат бурда, бениҳоят мулоим шуда буд. Ҳа, дар ҳақиқат мулоим шуда буду афсуз, ки ба фоидаи мо не
– Монанди ту далол дошта бошам, савдо ҳеҷ гоҳ ба фоидаи харидор намепазад. Исто, ман туро нафаҳмидам, ту барои ман далолӣ карда истодаӣ ё барои Зоя?
– Албата барои ту, гуфт ӯ.
– Ин хел бошад, чаро якбора даҳонат кушода шуда рафту таърифу тавсифи хонаи ӯро сар кардӣ?
– Охир хонааш меарзидагӣ, гулу растаҳояш чӣ хел зебо, гирди хона чӣ тавр панҷараи ботартиб гирифта шудааст.
– Ман дар роҳ туро таъкид карда будам, ки ё даматро дошта меистӣ ё ба ҳама чиз аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медиҳӣ. Ту бошӣ, ҳамаро расво кардӣ, акнун бо вай гапро пазонидан душвор гардид. Аз пагоҳ туро бо худ намебарем, ҳамроҳи Бобоқул рафта корро мепазонем. Бегоҳӣ дар якҷоягӣ бо Бобоқул, ки дар вазифаи мудири хоҷагӣ дар омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 25 кор мекард, ба ҳавлии холаи Зоя рафтем. Баробари дидан аз ӯ бахшиш пурсидам, ки дирӯз то охир маслиҳат карда натавонистем ва бо кори таъҷилие баромада рафтам. Зан ба тезӣ далоли дирӯзаро пурсид, ки чаро он кас ҳамроҳатон нест? -Ҳа ба коре банд будаасту омада натавонист ва ба шумо салом мегӯяд, гуфтам.
Бобоқул ҳама чизро аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медод ва дар охир ба ман рӯ оварда пурсид: «Ин хонаро ту барои чӣ мехарӣ, охир меҳнату хароҷоти ин ниҳоят зиёд аст». Дар ҳамсоягии ман хонаи зебоеро бо арзиши яку ним ҳазор мефурӯшанд, нашавад ҳамонро гирифта медиҳам. Зан каме нороҳат гардида, биёед савдо кунем, маъқул нашавад, нагиред, гуфт. Хайр чанд мегӯед? Зан фавран аз вазъият истифода бурданӣ шуда, 1500 сӯм нарх кард ва пурсид, ки шумо чанд медиҳед. Бобоқул ба гап оғоз карда гуфт, ки ман аз 1000 сӯм ягон танга зиёд дода наметавонам. Зан бошад раҳм кунед, ҳамон қадаре диҳед, ки ман борамро бо ҳамон пул ақалан ба ватанам барам. Майлаш боз 200 сӯм илова мекунам, лекин ба бештар умед набандед. Зан ноилоҷ розӣ шуд ва ба хона даромада пулро шумурда ба дасташ додему забонхаташро гирифтем.
Ба ман таъкид кард, ки бо ин ҳамсояҳо дуру дароз зиндагӣ карда наметавонед. Ниҳоят одамони бад, дузду чапдастанд бо даъвату бе даъват даромада чизу чораатонро бардошта мераванд. Бовар кунед, аз ин гуфтаҳо худам ҳам ба андеша афтодам ва чандин фикру хаёлҳо майнаамро азоб медод. Зеро дар урфият мегӯянд, ки хонаро не, ҳамсояро хар. Танҳо 15-уми сентябри соли 1983 тамоми корҳоро ба сомон расонида, аҳли оилаамро овардаму чорпоеро сар зада, ҳамсояҳоямро ба хона даъват кардам. Хостам боз ҳам наздиктар бо ҳамдигар шинос гардем ва дар ҳама шодию ғам ҳамнафаси ҳамдигар гардем.
Аз худи рӯзи аввал ҳис кардам, ки ҳам акаи Фатҳиддину Холмурод, ҳам Шералию Рустам, ҳам Нозиму Саидҷаъфар, ҳам Сафарбегу Раҷаббег ниҳоят одамони чеҳракушод ва некхоҳанд ва бо онҳо ҳамсоягӣ кардан мумкин аст. Фатҳиддин як шахси фақир ва заҳматқарин буд ва 11 нафар кӯдакони ноболиғ дошт. Акои Холмурод ҳам шахси серфарзанд буд, лекин фарзандонаш болиғ буданд. Муносибати ман ба ҳама ҳамсоягон хуб буд, лекин ба Фатҳиддин бештар наздик будем, ки пиёлаи чойро бе ҳам намехӯрдем. Танҳо як мушкилот буд, ки дар байни ҳамсояҳоям одамони таҳсилкардаву маълумотгирифта набуданд, ҳамаашон деҳқон буданду бо обилаи даст ризқ меёфтанд. Вале маданияту фарҳанги баланди одамӣ ва аҷдодӣ доштанд.
Як рӯз Фатҳиддин наздам омада нишаст ва оҳиста ба мақсад наздик шуда гуфт: «Муаллим ягон имконияте надорӣ, ки писари маро ба кор гирӣ ва дар паҳлӯи ман ҳам як маошгир пайдо шаваду қоматам каме рост гардад». Майлаш ако, шумо кай гуфтеду мо не гуфтем, пагоҳ ҳуҷҷатҳояшро гирифта наздам дарояд. Пагоҳӣ писари калонии онҳо бо ҳуҷҷатҳояш наздам омад ва мудири қисми таълимро ҷеғ зада, супориш додам, ки ин ҷавонро, ки маълумоти миёнаи касбӣ дорад, ба вазифаи муаллими варзиш ба кор гирифта, маҳали корияшро нишон диҳад.
Соли 1987 ман як мошини «Москвич»-ро аз ҳамсояам Шералӣ харидам, ки ин хурсандии баробари фарзандони худаму фарзандони ҳамсояам Фатҳиддин буд. Вақте бегоҳӣ аз кор бармегаштам кӯдакони ду ҳавлӣ то сари кӯча ба пешвозам медавиданд ва ба мошин нишаста, то ҳавлӣ хумор мешикастанд. Ҳам худам ва ҳам мошинам ҳамеша дар хизмати ҳамсояҳо омода будем ва мекӯшидам, ки майдатарину ночизтарин ранҷише рӯх надиҳад.
Як бегоҳӣ дар хона бо аҳли хонавода нишаста, аз ину он боб сӯҳбат доштам. Ҳис мекардам, ки Фатҳиддин ниҳоят серташвиш ва сарсон шуда гашта истодааст. Аз ҳамсарам пурсидам, ки дар хонаи ҳамсоя чӣ гап бошад, зеро Фатҳиддин бисёр дарову баро дорад. Мо мефаҳмидем, ки чанд вақт боз оилааш бемор аст. Намедонам, гуфта, ҷавоб дод ҳамсарам. Пештарак рафта хабар гирифта будам, тинҷӣ буд. Ку, рафта фаҳмида биё, мабодо ягон ёрии мо зарур набошад, ки айб шавад. Баъди чанд вақт оилаам гашта омад ва хабар дод, ки аҳволи оилааш Оиша вазнин аст. Мехоҳанд пагоҳӣ мошин ёфта, ба шифохонаи Қаряи- Болои шаҳри Душанбе баранд. Пеши чанде аз хешу таборонаш рафтааст, вақт надорем, гуфта, баҳона кардаанд.
Ҳоло назди додараш рафт, ку бинем, чӣ мешавад. Ҳамин суханро ба анҷом нарасонида будем, ки овози дардолуди акаи Фатҳиддин ба гӯшамон расид, ки мегуфт: «Охир чӣ кор кунам, ман мошин надорам, ки ба ҷои дилат хостагӣ барам. Не, гуфтанд ва соҳибмулканд, ман чӣ кор карда метавонам». Ҳамсари ман, ки ниҳоят дилсӯз аст, маро ба ҳолам намонда ба рафта донистани асли гапи хонаи ҳамсоя маҷбур кард. Ниҳоят вориди хонаи ҳамсоя шуда ҳолу аҳвол пурсидам. -Эй бародар, напурс, худо касеро камбағал ва мӯҳтоҷи хешовандон накунад. Занамро саломатияш бад аст, хостем то шифохонаи Душанбе барем, ягон кас аз хешу наздикон гапамро нагирифт,- гуфт бо алам Фатҳиддин ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад.
Ако, намедонам, чаро ба дуриҳо рафта, дар назди марду номард худатонро паст мекунию дар таги биниатон мошин истодааст, як даҳон намегӯед. Охир, муаллим аз шуморо гуфтан шарм медорам, мошини шумо ҳамеша дар хизмати мо қарор дорад. Ҳеҷ гап не, хуш давлате, ки инсон хизмати инсонеро карда тавонад ва ба касе лозим шавад.
Имоми Аъзам мефармояд: «Бо ҳамсоя хушрафторӣ намо ва ба азобу азияти ӯ сабр кун». Ризоияти Худовандро охир дар ризоияти ҳамсоя гуфтаанд, шумо дигаи чунин накунед, набощад хафа мешавам.
Ту бо ҳамсояат рафтори хуш кун,
Гар озорат диҳад, гуфтори хуш кун.
Дигар ягон ҷо саргардон нашав, Шералиро бинед, агар розӣ шавад, ронанда шуда, пагоҳӣ барвақт шуморо бо мошини ман ба шаҳр бурда биёрад. Худам дар мактаб директорам ва комиссияи вилоятӣ омада корамонро санҷида истодааст, як бало карда бо мошини роҳ ба корам меравам. Шералиро ҳозир карданд, вале бе ман рафтанро қабул накард, ки дар роҳ мабодо тафтиш кунанд, мошинро кашида мегиранд. Хайр, майлаш, ҳарчи бодо бод, ба хотири ҳамсоя ба ҷои корам ҳам хабар надода, меравам, бачаҳо хабар медиҳанд.
Ману Шералӣ дар пеш ва Фатҳиддину оилааш дар қафо шишта сӯҳбаткунон роҳи шаҳрро пеш гирифтем. Сафарамон ниҳоят бобарор ва сабук буд ва дар ягон ҷо ба мушкилоте рӯ ба рӯ нашудем. Пеш аз оғози рӯзи корӣ ба назди шифохона расидем ва аз мошин фаромада сӯҳбаткунон ба назди корпуси шашум рафта, интизори навбат шудем. Дар майдончаи назди шӯъба каме интизорӣ кашидему бемор об пурсид. Ман рафта як зарфро пури об карда, оварда ба дасташ додам. Дар ин айём табибон ҳам ба кор ҳозир шуданд ва акаи Фатҳиддин беморро барои муоина гирифта вориди кабинет гардид. Ману Шералӣ қарор додем, ки ба гӯшае гузашта каме дар болои алаф пойҳоямонро дароз карда, мондагии роҳро барорем. Дар ин ҳангом акаи Фатҳиддин «хонаам» гӯён нолакунон баромад ва хабар дод, ки занаш дар назди табиб ҷон дод. Ба чор тараф даву тоз карда, матои кафан пайдо карда, маитро бор карда, дар гармии рӯз роҳи хонаро пеш гирифтем.
Дар қишлоқҳои Уялӣ, Қизилкалъаю Оқҷар якбора хешу табор ва наздиконашро ба ҷанозааш даъват кардему маитро бурда дар шаҳраки Гароутӣ дар пеши ҷигарбандони нокомаш фаровардем. Акаи Фатҳиддин боз наздам омада, гуфт, ки муаллим ман ба он номардон гапамро ҳайф намекунам, илоҷи дигар нест, медонам монда шудаӣ, лекин аз Қабодиёну Шаҳритуз хешовандонашро ба ҷаноза гап задан даркор. Ҳеҷ гап набудааст ака, рафта гап мезанам, лекин як одами суроғаашонро медонистагиро бо ман ҳамроҳ кунед, ки роҳбаладӣ кунад.
Ҳамин тавр то намози пешин ҳама корҳоро ҳал карда, ба хона бар гаштам. Ёздаҳ нафар тифлакон бе модар монданд ва садои мошини маро шунида, бо фарзандонам ба пешвозам медавиданд. Ман ҳам тарзе рафтор мекардам, ки боиси ранҷишашон набошад. Чизе меовардам, аввал ба онҳо ва пас ба фарзандонам медодам.
Як сол нагузашта падарашон зан овард, ки бо фарзандон соз нагирифт ва падар ҳам фарзандонро партофта, бо занаш зиндагии аз онҳо дурро ихтиёр кард. Онҳо акнун калонтар шуда, чандон муҳтоҷи навозишу дастгирии падар набуданд. Писари калонии оила хонадор шуда, ду нафар хоҳаронро низ хонадор кард. Писарони дигар ҳам ба меҳнату даромад омода шуда буданд, вале роҳбару роҳнамое набуд, ки онҳоро ба самти дуруст равона созад. Ба қадри дастрас ману оилаам ба онҳо панду насиҳат медодему аз амалҳои носазо мегардонидем.
Ниҳоят солҳои 90-ум вазъияти сиёсӣ дар он минтақаҳо рӯз то рӯз бад мегардид ва як бегоҳӣ онҳоро ба хона даъват карда фаҳмонидам, ки дигар дар ин ҷойҳо зиндагӣ кардан номумкин гардидааст ва ба шаҳр ба назди наздиконам меравам, ки аз беқонунӣ истифода бурда ягон кас зада ба хонаам надарояду онро тасарруф нанамояд. Ин хонаву дарро ба шумо бовар карда, бо тамоми анҷомаш мемонам. Агар умр боқӣ бошад ва вазъият хуб шавад меоем,агар не шумо бемалол зиндагӣ кардан гиред.Аз ду сар шумо бисёриед ва оиладор шуда ба хона ниёзманд мегардед. Ҳамин тавр, оилаи мо ба шаҳр кӯчида омад. Он фарзандон ҳам тез- тез ба дидорбиниамон меомаданду хоҳиш мекарданд, ки рафта бо онҳо зиндагӣ кунем, ки ҳамеша моро ёд мекардаанд.
Бовар кунед, шуморо бениҳоят дӯст медорем, лекин хешу табор ва хонаю дарро партофта ба он ҷо дигар рафта наметавонем. Ин хел бошад, рафта ақалан ҳавлиятонро фурӯхта ба ягон кас диҳед, ки мо аз посбонӣ халос шавем. Чӣ, писарам ҳавлии ман,ки тамоми шароити беҳтарини зиндагиро доро мебошад,барои шумо зиёдӣ карда истодааст. Ман аз аввал гуфта будам, ки ҳавлии ман барои шумо аз шири модаратон ҳалол бод. Ман аз шумо талаби ягон танга надорам ва хурсандии ману аҳли байтам ободии шумо мебошад. Ҳамин қадаре кунед, ки ягон вақт ба меҳмонӣ омадем, гузашта баҳузур дам гирем, фақат омаду рафтро фаромӯш накунед. Дарахтони боғамро нигоҳубин карда меваҳояшонро хӯреду дар ҳақам дуо кунед, бароям тӯҳфаи арзанда мебошад. Хонаам сермеҳмон буд, агар тавонед, ин анъанаро давом диҳед ва кадру қимати ҳамсояҳоятонро донед. Пеш аз ҳама нисбати якдигаратон меҳрубону дилсӯз бошеду хоҳараконатонро соябонӣ карда, хоршавӣ намонед, ки онҳо паршикаста ва мӯҳтоҷи дастгирии шумоянд. Дар ҳақи арвоҳи падару модаратон гоҳ- гоҳ хайру дуои нек кунед, ки онҳо танҳо ба як мушт дуои шумо муҳтоҷанд.
Дар боби роҳбарӣ ба мардум
Фарзандонам, донед ва огаҳ бошед, ки Худо бузург аст ва шумо ҳамин гуна хурдсол ва мӯҳтоҷи ғизою неъмати падару модар ва навозиши онҳо намемонед. Агар насиб кунад ва умратон боқӣ бошад, шумо ҳам мактаб хонда, хату савод мебароред, аз деҳу зодгоҳ ва назди падару модар баромада меравед. Вақти зиёде нагузашта, соҳибмаълумот мешавед ва касберо пеша менамоед. Агар Худо насиб карда бошаду лоиқ донад, ба вазифа, мансаб ва мавқеъи арзанда ҳам сазовор мегардед.
Фарзандонам, дар кадом зинае набошед, адлу инсофро пешаи коратон созед, ки дар ислом ва маданияти башарӣ мақоми хосае дорад. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ беҳуда нагуфтааст:
Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.
Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
Гӯ ту хуш бош, ки мо гӯш ба ахмақ накунем.
Донед ва огаҳ бошед, ки ҳақи зердастон ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират дар зиммаи шумо мебошад. Агар иқтидору тавонатон кифоят кунад, аз зулму золимӣ, аз ҳасудӣ, бахилӣ, бадгӯӣ, бадандешӣ, ғайбату тӯҳмат худатонро канора гиред. Ин нохубиҳо обрӯятонро коста гардонида, исёни рӯирост ба муқобили Худо ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи моро Худо дидааст ва тақдиру қисматамонро муайян кардааст. Бояд дар зиндагӣ ба монанди осиёб дар гардиш ва такмили касбу ҳунар бошем ва нонамонро аз меҳнати ҳалоламон ба каф орем ва ҳалолро аз ҳаром фарқ намоем.
Агар дар ҷое ба амри тақдир роҳбар таъин гардед, ба шиносбозӣ ва маҳалгароӣ барин амалҳои номатлуб даст назанед, ки дароз намепоед. Дар ҳалли ин ё он масъала кӯшиш намоед, ки кор бе зӯриву баланд кардани овоз ба анҷом расад. Овози баланд худ нишони ноӯҳдабароии роҳбар аст ва ақлро мерабояду ранҷиш ба бор меорад.
Фарзандонам, роҳбар набояд қасдгир бошад. Ӯ бояд хафа нашавад, балки ҳама чизро таҳлил карда, хулосаи даркорӣ барорад. Ӯ зиракона пай барад, ки чаро дар баробараш касе беэътиноӣ карда истодааст ва аз паи ислоҳ шавад. Ҳеҷ гоҳ худро муҷассамаи мутлақ ва барои атрофиён дастнорас напиндоред, балки дар назди онҳо масъулиятро ҳис намоед, ки ин боиси зиёд гардидани нуфузу мартабаатон хоҳад шуд. Дар қабули қарорҳо аз вазифаю мансабатон истифода набурда, фикру дархости атрофиёнро низ ба эътибор бигиред, ки бисёрии онҳо аз шумо дида таҷрибаи ғанӣ ва малакаи кофӣ доранд.
Фарзандонам, дар рафтори роҳбар яке аз амалҳои беҳтарин худомӯзӣ ва сайқал додани маҳорати касбӣ ва хоксорӣ дар идоракунӣ мебошад. Роҳбар бояд рафтору кирдор, кобилият ва истеъдоди ҳар узви коллективро донад ва мувофиқи он кор барад. Маслиҳат дода мешавад, ки агар зарурият наафтад, роҳбар набояд ба кори зердастон мудохила кунад. Зеро ки ҳар яки онҳо мутахассиси соҳаи муайян мебошанд ва аз нозукии кор то андозае огаҳанд. Дахолати ноҷо боиси хархашаю дилхунукӣ ва коста гардидани обрӯи роҳбар мегардад.
Роҳбари хуб ҳамеша дар паи ҷустуҷӯ ва ҷамъ овардани мутахассисони хуб мебошад, лекин роҳбари бад аз онҳо метарсад ва тадбире меандешад, ки аз онҳо халос шавад. Аз ин амал қонуни фалсафии инкишоф осеб мебинад ва инкишофи ҷамъият халалдор мегардад.
Фарзандонам, роҳбари хуб ба кормандонаш баҳри амалӣ гардонидани нияту мақсадҳо ва нақшаҳои корӣ озодии комил медиҳад. Зеро ки Саъдии бузург фармудааст:
Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,
Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.
Ӯ набояд ба хашм ояд, бояд ботаҳаммулу пуртоқат, босабру боандеша бошад. Шахсе, ки бисёр асабонӣ мешавад, роҳбари хуб шуда наметавонад ва ба тезӣ сиҳатиашро якҷоя бо обрӯяш аз даст хоҳад дод.
Роҳбари хуб дар ҳолати сахтӣ, мушкилоти зиндагӣ ва хурсандии мардум ҳамеша бо онҳо буда, ғаму хурсандиашонро бо ҳам мебинад. Кӯшиш кунед, ки дар ҳама лаҳза бо мардум бошед ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо канора наҷӯед. Роҳбари хуб ва тарбиягирифта дар ҳузури атрофиён ё мардуми бегона ба зердасташ эрод намегирад. Зеро ки ӯ ҳам шахсият аст ва ғуруру нанг дораду чунин рафтор дар муносибати онҳо бе нақш намемонад. Тамоми эроду гуфтаниҳоро дар танҳоӣ ё дар ҳузури муовинҳо ҳал намудан беҳтар мебошад. Аз чунин амал зердаст намеранҷад, балки хулоса мебарорад ва корашро хубтару пухтатар ба роҳ мемонад.
Фарзандони азиз! донед ва огаҳ бошед, ки яке аз омилҳои афзоиши қадру қимати инсон интихоби дурусти пӯшок ва санъати либосро шинам пӯшидан мебошад. Зебою шинам пӯшидани либос диққати атрофиёнро ҷалб намуда, фарзандонатонро ба тақлид ва пайравӣ ҳидоят менамояд. Либос то як дораҷа омили муайянкунандаи шахсият ва ифодакунандаи зинаи маданияти шахсии инсонҳо мебошад.
Дар ҳама ҳолат кӯшиш намоед, ки қобилияти фитрӣ- зеҳнии кормандони худро донед ва ба эътибор гиред. Шумо набояд аз ҳузури одамони дорои маърифати баланд дар коллективатон тарсед. Коре кунед, ки бо онҳо наздик шуда, аз донишу таҷрибаашон ба нафъи ко рва фаъолияти ояндаатон истифода баред. Агар дар корхона каму беш зиддият ва қувваҳои мухталиф набошанд, карахтӣ ҳукумрон мегардад. Саъдии бузургвор мефармояд:
Душмани доно баландат мекунад,
Бар заминат мезанад, нодон дӯст.
Агар дар болои гурӯҳи хурдтарин роҳбарӣ карданро Худо насибатон карда бошад, донеду огаҳ бошед, ки ноҳақӣ ва беҳурматӣ обрӯятонро рехта, аз иззати атрофиён маҳрум мегардонад ва аз мансаб дур месозад. Паҳлавон Маҳмуд дар ин боб барҳақ фармудааст:
Шоҳӣ талабӣ, бирав, гадои ҳама бош,
Бегона зи хеш ошнои ҳама бош.
Хоҳӣ, ки туро чу тоҷ бар сар гиранд,
Дасти ҳама бӯсу хоки пои ҳама бош.
Чӣ хел маъною мазмуни баланду зебо дар ин мисраҳо ифода ёфтааст, ки дар хулоса аз онҳо ҷаҳони инсон дигар мегардад. Инсон ба шоҳӣ ва тамоми вазифаю мартабаҳо танҳо ба воситаи инсондӯстӣ, ошнои ҳама будан, ба мардум даст дода, дасти онҳоро гирифтан ва бӯсидани хоки пои онҳо мерасад. Дар вазифаю мансаб шарт нест, ки танҳо дасти меҳру шафқататро ба фарқи сари хешовандону наздиконат гузоред, бояд ҳамаро ба монанди онҳо донӣ ва ғамхорӣ намоӣ. Агар чунин рафтори зишти роҳбар мушоҳида гардад, дилхунукӣ ба вуҷуд меояду мавқеъ аз даст меравад.
Гурусначашмӣ, баднафсӣ ва ҳамеша дар паи хуру хоб будан қадру қимати инсонро паст менамояд,ки Саъдии Шерозӣ барҳақ фармудааст:
Рӯдаи танг ба як нони ҷавин пур гардад,
Неъмати рӯи замин пур накунад дидаи танг!
Дараҷаи баландтарини беҳурматӣ нисбати одамон дар вақти таъингардида ба наздашон набаромадан ва онҳоро дар интизорӣ нигоҳ доштани роҳбар мебошад. Аксарияти роҳбарон баъди вориди толор шудан маҷбур месозанд, ки ҳама хеста бо як пой рост истада, онҳоро пешвоз гиранд. Баъзан ба худашон андеша наменамоянд, ки оё ин кори онҳо дуруст аст ё не. Ин корро асло накунед, ки шумо як нафар ва онҳо 20-30 нафаранд. Агар худашон маъқул дониста хезанд, майлаш, лекин шумо ин амалро бо зӯрӣ ҷорӣ накунед. Бо кору амалҳои шоиста худатонро нишон диҳед, зеро фарҳангу маданият эътибори шуморо беш мекунад ва он вақт ҳозирин ба истиқболатон рост меистанд.
Ба маҷлису чорабиниҳо ҳеҷ гоҳ бе таиёрӣ наравед, ки обрӯйро аз даст медиҳед. Хамеша пухта таиёр шавед ва ба назди роҳбарони олимақом даъват шавед, фаҳмед, ки бо кадом масъала даъват шудаед ва бояд чӣ гӯед. Кӯшиш кунед, ки дар ягон ҳолат гапҳои ноҷо ва бе мавқеъ нагӯед ва пеш аз гуфтани сухане оқибати онро фикр кунед.
Фарзандонам, дониста бошед, ки ба роҳбар мағрурӣ, нописандӣ, ҳавобаландӣ намезебад. Тамоми вазифаю мансаб муваққатӣ ва даргузар мебошанд, танҳо ҳунару донишу фарҳанг ганҷинаи адонашавандаи инсон буда, одамгарӣ ва хубиҳо дар хотирҳо абадӣ мемонанд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:
Тавофи Каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст Каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ.
Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,
Қабули ҳақ нашавад, агар диле биозорӣ.
Ба куҷое сафар карданӣ бошед, кӯшед, ки бо дуои падару модар аз дари хона берун шавед. Чун роҳбари идорае ҳастед, вақте ки аз дафтари кориатон берун меравед, ёваронро огоҳ созед, то дигаронро бигӯянд, ки беҳуда шуморо интизор набошанд. Ба куҷо рафтан, кай баргаштанатонро гӯед, ки дар ғайбатон касе шарҳ дода тавонаду нофаҳмӣ пайдо нашавад.
Шахси оқилу доно комёбиҳои меҳнатиро ба худаш нисбат намедиҳад, балки аз он хурсандӣ карда, ба мардуми зердаст таҳсину офарин мегӯяд, ки аз натиҷаҳои ба даст омада шодӣ кунанд. Кӯшиш кунед, ки ҳеҷ гоҳ қасос нагиред ва ба ин амали носазо пайравӣ накунед. Нисбати касе, ки ҳатто амалаш боиси ранҷиши шумо гардидааст, қасд нагиред. Лаёқату донишаш бошад, ба тӯҳфа, ҷоиза ва вазифаҳо пешбарӣ намоед, худаш аз амалҳои нодурусташ шарм дошта, эътибори шумо дар ӯ қавитар мегардад. Танҳо ба вазифаю ҷоиза хешутабори ноарзи хешро пешбарӣ накунед, зеро ки барору нобарори онҳоро коллектив ба таври воқеъбинона баҳо дода аз пуштат гапу калоча мебарояд. Худи вақт довар аст ва ҳама чизро ҷо ба ҷо мегузорад ва пагоҳ аз кор рафтед ба чашми онҳо нигоҳ карда наметавонед.
Фарзандонам, дониста бошед, ки инсон ба роҳбарӣ расид, ҳамеша дар иҳотаи мардум мавқеъ мегирад. Мардум ҳам гуногун ва дорои хислатҳои мухталиф мебошанд. Шумо аз мардуми тамаллуқкор ва таърифу тавсифгарон бояд худро эҳтиёт кунед. Дар ин бора шоир мефармояд:
Машав ғаммоз андар назди шоҳон,
Битарс, охир зи оҳи бегуноҳон.
Бикӯшед, фикр кунед, андеша намоед, ки онҳо чӣ ғаразе доранд, ки шуморо ин қадар таърифу тавсиф менамоянд. Аз болои ҳама ба шумо хабарҳои нодурустро расонида, одамонро ба сарзаниш ва шиканҷа гирифтор менамоянд. Таърифу тавсифи беасос ҳушёриро аз байн бурда, бадбахтӣ ва гумроҳиро ба майдон меорад. Агар касе нисбати касе ба шумо хабареро расонад, пеш аз ҳама андеша кунед, ки чӣ мехоҳад. Пас хабаркашро пеши худ нигоҳ дошта, қосид фиристонед, то он касро биёранд ва дар ҳузури худаш масъаларо кушоед. Он вақт ҳама асрор маълум мегардад ва бо гапноравӣ шӯҳрат меёбед.
Кӯшиш кунед, ки дар майдатарин фард шахсиятро бинед, зеро ҳама инсонҳо ҳисси хештаншиносӣ ва эҳтироми шахсӣ доранд. Дар маҷлису ҷамъомадҳо барои худнамоӣ ва худнишондиҳӣ эродҳои бемавқеъ нагиред, суханони баланду тунд нагӯед, ки шахсиятатонро нафрин мекунанд. Тамоми камбудию хатоҳоро бо суханони маслиҳатомези паст хубтару беҳтар ҳал кардан мумкин аст. Дар фароварди мавзӯъ аз номи шоир гуфтаниям:
Ту шохи мевадорӣ, сархамӣ кун,
Чу борони баҳорон ҳотамӣ кун.
Ту аз одам шудӣ пайдо ба олам,
Ба одам мисли одам одамӣ кун.
Солҳои хотирмон
Инсон бо хотираҳои хеш, ки гоҳ талху шӯр ва гоҳ ширинанд, зиндагӣ менамояд. Ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам, ки солҳои 90-уми садаи гузашта Тоҷикистони азизро ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Одамон нисбати ҳамдигар хеле эҳтиёткору нобовар гардида буданд. Ҳеҷ кас гапашро бе ибою тарс намегуфт ва аз ҳама кас ҳазар мекард. Ман ҳамчун муаллими собиқадор ва аълочии маорифу як умр дар вазифаи директори мактаб кор кардагӣ аз пагоҳӣ то бевақтӣ мактаб ба мактаб гашта ҷои кор мекофтам. Ба куҷое мерафтам, фақат як ҷавобро мешунидам: «Дер кардед, ҳоло ҳама ҷойҳо банд шуданд». Пеш аз вориди мактабе шудан ҳамин калимаи шуми «ҷой нест»- ро интизор будам ва пас аз шунидани он ноумед ба хона бармегаштам.
Сири ин муамморо донистанӣ шудам, ки дар чӣ бошад ва ба зудӣ фаҳмидам, ки сабаби асосӣ шиносномаам будааст. Дар саҳифаи якуми он ВМБК навишта шуда буд, ки ин боиси ҳазар кардани директорони он вақтаи мактабҳои шаҳри Душанбе мегардид. Албатта он рӯзҳоро ман бо низоҳои дохилӣ дарк мекардам, вале ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, ки директорони мактабҳо ҳам ба чунин амали носазо ва маърифати паст олуда шудаанд. Охир худи ман ҳамон ҷойҳо, яъне Помирро то имрӯз надидаам, гар чӣ чандин мамлакатҳои хориҷиро дида бошам.
Аз чунин муносибати одамони алоҳида нисбат ба худ, маҳалли таваллуд ва касби дӯстдоштаам хеле нороҳат будам ва афсӯс мехӯрдам, ки ҷомеа ба кӯчаи сарбаста, ғори амиқу торике раҳсипор аст ва Худо аз он паноҳ дорад. Баъзан аз худ нафрат мекардаму дар танҳоӣ ашк мерехтам, вале боз шукронаи Худои бузургро мекардаму навмед набудам.
Як рӯз пагоҳии барвақт ба назди директори комбинати консерваи меваю сабзавоти ш. Душанбе, ки бародарам Ёдгор дар он ҷо муовини директор шуда кор мекард, омадам. Директори он корхона як марди доғистонӣ буд ва маро қабул карда, ниҳоят бодиққат гӯш карда гуфт: «Ман бовар карда наметавонам, ки дар шароити имрӯза барои тарбияи насли наврас муаллимон даркор набошанд». Мумкин даркоранд, аммо ба куҷое равам, аз куҷо буданамонро пурсида, ба кор намегиранд, гуфтам.
Онҳо намефаҳманд, ки мо дар он ҷойҳо фақат таваллуд ёфта, маълумоти миёнаи нопурра гирифтаему халос. Боқӣ тамоми фаъолияту зиндагии мо дар ин ҷо гузаштааст. Ӯ оҳи пургудозе кашида, ҳеҷ гап не, ин ҳамааш мегузарад, мардуми тоҷик бохирад ва соҳиби тамаддуни қадимиянд, ҳамааш батезӣ пушти сар мешавад. Рӯзе мешавад, ки ҳама чиз ҷои худашро мегираду боз сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ фаро мерасад. Инро ман ба шумо аз рӯи зиракӣ ва ояндабинии мардуми Қафқоз мегӯям. Охири ҳама, ҷангу низоъ хоҳу нохоҳ сулҳу оштӣ мебошад. Гапҳояшро ба охир расонида, ба ман рӯ оварда пурсид: «Акаҷон, бе шӯхӣ шумо дар ин корхона бо мо кор кардан мехоҳед? Шуморо ҳамчун коргар ба кор қабул кунам, виҷдонам намебардорад». Охир шумо солҳои дароз заҳмат кашида, хонда маълумоти арзанда гирифтаед ва дар соҳаи аниқ мутахассиси хуб ҳам шудаед. Ғайр аз ин гуфтору рафтори шумо бо ин категорияи одамон рост намеояд ва азоби рӯҳӣ мекашед. Чӣ илоҷ, ки дигар чора надорам, дар хонаам ҳафт нафар кӯдакони ноболиғ ҳастанд ва онҳоро илоҷе карда хӯронидан ва пӯшонидан лозим аст.
Ин гапат дуруст, ки онҳоро ба по гузоштан вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар мебошад. Майлаш шароитатро ба эътибор гирифта, аз имрӯз шуморо посбон таъин мекунам, ҳушёриро аз даст надода, коро ҷиддӣ ба роҳ монед. Коратон дар се шабонарӯз як маротиба навбатдорӣ кардан аст. Метавонед каму беш меваю сабзавот барои таъминоти оилаатон баред ва дар рӯзҳои холигиятон ба кори дигаре машғул шуда, ризқу рӯзиятонро пайдо кунед. Аз пагоҳаш ба кор аз рӯи ихтисоси бегона оғоз кардам. Дар соли 1992 вазъияти шаҳр ташвишовар, рӯҳияи мардум тамоман шикаста ва як тарсу ҳаросро дар ҷисмашон мушоҳида кардан мумкин буд.
Мардуми дар комбинат кор мекардагӣ дар он рӯзҳо музди меҳнати на он қадар баланд мегирифтанд, ҳамаашон серфарзанд ва дорои рӯзгори калон буданд. Пас аз анҷоми кор, ҳангоми ба хонаҳо рафтани коргарон дар назди дарвоза кофтукоб карда мешуданду ба хонаҳояшон бо дастони холӣ мерафтанд. Дилам ба ҳолашон хеле месӯхт, аммо чӣ илоҷ, коре карда наметавонистам. Посбонҳо борхалтаҳояшонро тафтиш карда, памидору бодиринг, себу зардолуҳояшонро гирифта дар замин холӣ карда, боз чандин гапҳои пасту баланд мегуфтанд. Аз ин амали нангин қаҳру ғазабам баланд мешуд, аммо чорае андешида наметавонистам.
Ниҳоят ба худам қарор додам, ки назди директори комбинат даромада гап мезанам, ки ба мардум каме раҳм кунанд. Вақте назди он кас даромадам, аз ҷояш хеста ба пешвозам омада, бо як самимият салому пурсупос намуда, ба нишастан таклиф кард. Ниҳоят боҳузур нишаста аз кору бор ва зиндагию рӯзгори ҳамдигар пурсон шудем. Ман дар ин лаҳза ҷуръат пайдо карда, ба мақсад наздиктар шудам ва гуфтам: « Раис, як фикр дораму назди Шумо омадам, ки маслиҳат кунем. Рости гап, намедонам, ки гӯям ё нагӯям ». Не муаллим шумо гӯед, агар аз дастамон ояд мекунем, агар натавонем мегӯем, ки наметавонем. Раис! ман дар байни коргарони оддӣ фаъолият дорам, бегоҳӣ вакти аз кор ба хона рафтанашон посбонҳо борхалтаҳояшонро кофта, то охирин меваю сабзавоташонро ба замин мерезанд ва гапҳои пасту баланд мегӯяду онҳоро меранҷонанд. Шароити зиндагии имрӯзаи мардумро худатон бе гуфтани ман ҳам нағз мефаҳмед. Музди меҳнаташон он қадар баланд нест, ки барои таъминоти оилаашон расад. Онҳо танҳо ба хотири ду- се дона меваю сабзавот дар ин корхона дар шароити намнок кор мекунанд ва касалии ревматизмро (тарбодро) ба мерос мегиранд. Раис оҳи давомдор кашида илова намуд: «Фикр мекунед, ки инро ман намедонам ва азоб намекашам. Охир ман ҳам аз осмон наафтидам».
Саъдии бузургвор беҳуда нафармудааст:
Бани одамӣ аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ҳамеша дар фикри онҳо узвҳоям месӯзанду дар ҷӯстани роҳу воситаҳои беҳтар гардонидани дараҷаи зиндагии аҳли заҳмат мебошам. Лекин чӣ илоҷ, ки чора надорем, набошад маоши худамро нагирифта ба онҳо мебахшидам, ки каме ҳам бошад зиндагияшон беҳтар шавад.
Раис рости гап мо ҳотамии шуморо медонем, дар ҳақиқат мардуми заҳматкаш ҳамеша дуои хайр мекунанд ва аз шумо минатдор мебошанд. Боварӣ дорам, ки дуои онҳо рӯзе ба шумо мададгор хоҳад шуд, зеро фармудаанд, ки неки куну ба Даҷла андоз. Раис! агар имконият дошта бошед, сари масъалаи гуфтагиам ягон андеша кунед.
Онҳо ба хотири як ду дона памидору бодиринг дар ин корхона заҳмат мекашанд, ки ҳеҷ набошад бегоҳӣ шакароби камбағалона карда, аҳли байташонро орому хотирҷамъ гардонанд. Охир посбонҳо сумкаю борхалтаҳои онҳоро ба замин рехта, ба анбор намесупоранд, балки ба халтаҳои шиносҳои худ андохта, мефиристонанд, ки аз ин ба корхона ягон фоида ворид намегардад. Аз одамони бегона дида худиҳо баранд беҳтар аст, ки меҳнат мекунанд.
Раис пешонаашро молида гуфт:- пагоҳ посбонҳоро гап занед соати даҳ дар кабинети ман ҳозир шаванд, дар якҷоягӣ сари ин масъала маслиҳат мекунем. Пагоҳӣ тамоми посбонҳоро пайдо карда ба назди директор даромадем. Раис ба ҳамагон рӯ оварда, медонед шуморо барои чӣ наздам даъват кардам? Дирӯз дар бораи ҳолу аҳволи коргарони камбинатамон фикр карда, ба хулосае омадам, ки дар якҷоягӣ бо шумо коре кунем, ки гирифтори лаънати мардум нашавем. Ин рӯзҳо абадӣ намемонанд, мегузаранд ва боз рӯзҳои хуб фаро мерасанд, лекин гандагӣ ва сангдилии мою шумо фаромӯш намешавад ва он вақт коргарон моро намебахшанд. Аҳволи мардум вазнин аст, чанд моҳ боз мо музд дода натавонистем, шумо бошед, сумкаҳояшонро дар замин чапа карда, меранҷонед. Наметавонед 1-1,5 килло меваю сабзавотро бе дидану фармудани ман худатон гузашт кунед. Акнун аз имрӯз эътиборан ҳар бегоҳ ба каму андакашон кордор нашавед, монед гузаранд. Лекин ин сирро набояд ғайри ману шумо касе донад, худатон медонед, ки барои ин кор ҷазо медиҳанд. Ин воҳӯрӣ ва фармоиши директор рафтори баъзе посбононро тағир надод ва чун пештара корҳояшонро давом медоданд. Ҳамон амали зишташонро такрор карда, аз дасти модару хоҳаре, ки дар комбинат заҳмат мекашидад, меваю сабзавоташонро дар замин рехта, ба халтаи ошно ва шиносҳои бегонаи берунӣ андохта, пул кор мекарданд. Ман фаҳмида наметавонистам, ки онҳо дар муқобили он чашмони ашколуду нигоҳҳои навмедона чӣ гуна тоқат мекарданд. Худоё, наход инсонҳо ин қадар бетафовуту дилсанг шуда бошанд, оё ин нишонаи охири дунё бошад. Баъзан занҳо пас аз холӣ шудани сумкаҳояшон оби чашм рехта, бо сӯзу гудоз ба назди фарзандони интизорашон холӣ бармегаштанд.
Рӯзҳои навбатдории ман касе агар борхалтааш холӣ мебуд, қафо гардонида мефиристодам, ки рафта аз сех ягон килло сабзавоту мева гирифта равад, ки дар хона фарзандонаш интизоранду борхалтаашро мекобанд. Коргарон ба кор омада, суроғ мекарданд, ки имрӯз навбати кӣ бошад, агар мефаҳмиданд, ки навбати мо се нафар аст, дами беғам мекашиданд ва хурсанд мешуданд. Дӯстдории онҳо нисбати мо рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ман ҳам аз он хурсанд будам, ки некиеро бо дасти касе анҷом додам ва боиси аз ранҷишу таҳқир озод шудани мардум гаштам.
Аз он рӯзҳои вазнин қариб 20-сол гузашта бошад, ҳам нақши он дар майнаҳои мо боқӣ мондааст. Як ҳодисаи он рӯзҳо рӯйдода ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки 19-уми декабри соли 1993 пагоҳӣ ман, Наримон ва Тағоибек навбатдориро қабул кардем. Мувофиқи тақсимоти объект ман мебоист дар дарвоза даромаду баромади ҳам мизоҷон ва ҳам нақлиётро назорат ва тафтиш мекардаму ба ғорат шудани моликият роҳ намедодам. Ба кор шурӯъ карда, кӯшиш мекардам, ки ягон гапи зиёдатӣ нашавад ва ягон амал аз мадди назар дур намонад.
Тахминан соатҳои 10-11 мошине пурбор шуда аз анбор баромада ба дарвоза наздик шуд. Ман бо мақсади тафтиши мошин болои зина баромадам. Аз ин ҳолат Нуралӣ, ки сменаашро супорида буду ҳоло ҳам ба хонааш нарафта, дар комбинат гашту гард дошт, истифода бурда, тукмачаро зер карда, дарвозаро кушод ва мошин бе тафтиш баромада рафт. Аз ин рафтори ӯ хело қаҳрам баланд гардида буд, вале хотир дида чизе нагуфтаму корамро давом додан гирифтам. Бинед, инсон чӣ хел махлуқи аҷоиб аст, охир худи ӯ посбон аст ва медонад, ки кори посбонӣ чӣ қадар ҷавобгарӣ дорад. Раваду дар он мошин чизҳои дуздӣ ва қалбакӣ бошанду дар роҳ ба дасти нозирони роҳ афтад. Ҷавобро бояд аз рӯи мантиқи инсонӣ кӣ диҳад?
Чандон вақти зиёд нагузашта буд, ки мошини дигари пурбор аз анбор баромада ба назди дарвоза омад. Вазифаи ман онро тафтиш карда ҷавоб додан буд ва ба ин хотир дафтари қайдро ба даст гирифта, ба назди ронанда рафтам. Мушоҳида кардам, ки Нуралӣ нороҳату саргардон аст. Ман зуд фаҳмидам, ки ин ҷо ягон сирре ниҳон аст, ким о аз он огаҳ нестем. Нав назди зина мехостам равам, ки ӯ тукмачаи дарвозаро зер кард. Дарвоза акнун дар ҳоли бозшавӣ буд, ки ман расида, дасташро аз тукмача канда партофтаму гуфтам: Нуралӣ кори худатро кун, мо ба шумо ва сменаатон ягон вақт кор гирифтаем? Чаро ин хел хирагӣ мекунӣ? Ӯ ба ҷаҳл омада, ронандаро ба қафо гаштан фармон дод, ман бошам нагузоштам, ки мошин аз ҷояш ҷунбад. Ман ба тафтиш кардани ҳуҷҷатҳо ва бори мошин сар кардам. Аз тафтиши мошин маълум гардид, ки як насоси бузургҳаҷми обкашӣ бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба мошин бор карда шудааст.
Аз ронанда ҳуҷҷати тасдиқкунанда талаб кардам, ягон гап зада натавонист ва изҳор кард, ки онро Нуралӣ маҷбуран бор кардааст. Ҳозир ман метавонам директорро ҷеғ зада, ҳуҷҷат тахт карда, ба органҳои танобкаш супорам, гуфтам. Танҳо барои шумо ман як некӣ мекунам, мошинро қафо диҳед, насосро дар ҷояш дар ҳузури худам фароред, ман надидам ва шумо гӯё надуздидед. Аввал хеле зорӣ карданд, диданд, ки намешавад, ба зӯрӣ гузаштанд ва ба тезӣ фаҳмиданд, ки ин ҳам фоида надорад. Ман танҳо як суханро гаштаю баргашта такрор мекардам, ки кор кор асту дӯстӣ дӯстӣ, мо ба касе намегӯем, танҳо онро ба ҷояш фароварда баромада равед. Онҳо ночор мошинро ба ҷои бардоштаи насос ронда, боз бо ҳазлу ҷиддият маро мулоим кардан мехостанд, ҳатто пули калон ваъда карданд, лекин ман розӣ нашудам. Чун боварӣ ҳосил карданд, ки бо ягон роҳ маро ба ҷиноят ҷалб карда наметавонанд ва насос фароварда шудааст ба таҳқиру таҳдид оғоз намуданд. Анҷоми кор Нуралӣ таҳқиромез ба ман рӯ оварда,- майлаш, кори кардаатро кардӣ, фидоӣ, шаб мебинем, гуфта аз наздам баромада рафт.
Ман рости гап ба таъқиби ӯ чандон диққату эътибор надода, онро як сухани оддии муқаррарӣ кабул кардаму корамро давом додан гирифтам. Бегоҳ борони сахт меборид, тамоми коргарон ба хонаҳояшон рафта буданд ва сатҳи комбинат холиву ором буд. Аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, Наримон ба тайёр кардани хӯроки шом машғул буду ман ҳамроҳи Тағоибек ҳудуди камбинатро тафтиш мекардем, то орому беташвиш бошем. Пас аз тафтиш ба муҳофизхона баргашта, сари дастурхони хоксоронаи посбонӣ нишаста будем, ки тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Баромада бинам, як одами либоси ҳарбипӯш истодааст ва аз тамоми вуҷудаш бӯи шароб меояд. Мақсади ба ин даргоҳ қадам ранҷа карданашро пурсидем, ман аз фалон шӯъбаям, гуфта, ҳуҷҷаташро нишон дод ва гуфт, ки барои бурдани муаллим омадааст. Ман шӯхиомез гуфтам, ки ин ҷо корхонаи истеҳсолӣ мебошад, муаллимонро дар мактаб меёбед, мактаб он қадар дур нест, рафта пурсед, ягон муаллимро ёфта ба дастатон медиҳанд. Не, охир, шумо чаро ин қадар кундфаҳмед, ба ман гуфтанд, ки кадоме аз посбонони шуморо муаллим гуфта, ном мебаранд.
Ман ҳам барои тезтар тенҷ шудани вазъият пеш баромада, маро муаллим мегӯянд ва гӯед, ки аз ман чӣ мехоҳед? Пеш даро, гуфта, таппончаашро ба пешонаам рост кард, -дар ҷои зарурӣ гуноҳатро мафаҳмӣ,-комсомол, илова кард. Илоҷи дигар набуд ва ман ночор пеш даромадам ва он шахси низомӣ аз қафо пушти маро бо тапончааш нишон гирифта, қадам мезад. Ҳангоми ба болои купрукчаи канали назди камбинат расидан аз пуштам садои ҷонкоҳонаи тир баромад. Нишони роҳ, ки дар болои пул буд, ба мисли санги осиёб ба гардиш даромад, ин аломати ба он расидани тир буд. Ман гумон кардам, ки тир бадани маро сӯрох карда гузашта, ба нишони роҳ бархӯрдаасту дар гармӣ нафаҳмида истодаам. Аз қаҳру ғазаб тарс аз вуҷудам дур шуд, ҳатто намефаҳмидам, ки ӯ метавонад бори дигар парронад ва маро кушад. Якбора дасташро гирифта, зер карда, такон дода, ба дарахт задам, ки тапончааш ба даруни ҷӯй афтид. Якчанд зарбаи сахт ба ҷисму ҷонаш расонида будам, ки ҳамкоронам расида омаданд ва он махлуқро дастгир карда, дасту пояшро бастанд. Намедонам мастии ӯ куҷо шуд ва дар як дам ӯ ба як инсони ҳалиму ором табдил ёфта, ба зорию тавалло даромад.
Бародарони азиз, ман шуморо намешиносам ва ягон бор роҳамон ба ҳам напечидааст. Маро дигарон аз ҷавониам истифода бурда як- ду пиёла арақ нӯшонда, ба ин роҳ тела доданд ва ҳоло аз шумо илтимос мекунам, ки ҳаётамро насӯзед. Чаро ту аз онҳо асли ҳодисаро напурсидӣ ва тамоми кори шудаю гузаштаро ба ӯ нақл кардам. Агар ин хабар ба ҷои корам расад, маро аз кор пеш мекунанд ва хонаводаамон бе нони хӯрданӣ мемонад. Қасам мехӯрам, ки то рӯзе зиндаам, некиатонро фаромӯш намекунам. Дилам ба ҳолаш сӯхт ва ҳамкоронамро гуфтам, ки биёед, ӯро озод кунем. Ба фикрам аз қиёфааш маълум аст, ки ӯ бачаи ганда нест, лекин ӯро фиреб додаанд. Фикр мекунам, агар мо ӯро нафаҳмему гузашт накунем ва ҳаёташро сӯзем, дар назди виҷдонамон як умр ҷавобгар мемонем. Аз ин тавр сурат гирифтани кор ҳис кардам, ки дар ҷисми ӯ ҷони нав ворид гардид ва гарму самимӣ бо мо хайру хуш карда рафта аз даруни об тапончаашро ёфта гирифт ва тоза карда ба миёнаш басту рафт. Ӯ минбаъд тез тез барои дидани мо меомадагӣ шуд ва бисёр маслиҳатҳоро аз мо мепурсид.
Банда шодам, ки натарсида, қариб аз ҷон гузашта, ба ивази бадии он ҷавон некиеро анҷом додам, ки то имрӯз дар назди виҷдонам пушаймон нестам. Амали кардаи ман барои он ҷавон низ дарси ибрате буд, ки дар заминаи он тарбия меёфтанд.
Шаби ноорому пурташвиши декабр
Пас аз ором кардани вазъият ҳамроҳи рафиқони ҳамкорам бо сару либоси тар ба муҳофизхона ба хушк кардани либосҳоямон сар карда, як пиёлагӣ чой нӯшида, атрофро давр зада, аз назар гузаронида, ният кардем, ки як лаҳза бо навбат хоб рафта дам мегирем. Лекин дилам худ аз худ дар изтиробу ташвиш буд. Оромиву осудагӣ дер давом накард ва ниҳоят садои тақ – тақ-и дарвоза баланд гардид. Наримон барои фаҳмидан баромад ва дере нагузашта бо се тан вориди муҳофизхона гашт. Ман ниҳоят устокорона аз ҷой хеста меҳмонони нохондаро ба сари дастурхон даъват кардам. Медонистам, ки ин натиҷаи тафтиши пагоҳии мошини назди дарвоза ва фаровардани насоси дуздидаашон мебошад. Ман сипоҳиро аз даст надода онҳоро ба як пиёлаи чой даъват мекардам. Онҳо таҳдидкунон исрор мекарданд, ки ба берун бароям. Ман худро ба нодонӣ ва соддагӣ зада гуфтам, ки баромада наметавонам, либосҳоям таранд. Биёед, чӣ гапе дошта бошед, дар ҳамин ҷо гӯед, ман аз ин рафиқонам боварӣ дорам ва аз онҳо ягон сирри ниҳонӣ надорам. Шумо ҳам хотир ҷамъ бошед, онҳо дар ягон ҷо сухани зиёдатӣ намегӯянд ва розатонро намекушоянд.
Аз ин суханони ман Нуралӣ ба каҳр омада, ҳар гуна ҳақорату дашномҳо додан гирифт. Бори дигар онҳо ба берун баромадани маро ба миён гузоштанд ва ман то пеши дар омада, дарро кушода, ба осмон нигоҳ карда, гуфтам: «Бародарон касе, ки мусулмон бошаду имон дошта бошад, на барои худаш ва на барои душманаш ин гуна ҷабрро раво намебинад». Биёед, ей бародарони ҳамдину ҳамзабон ин масъаларо ба вақти дигар монем. Охир пагоҳ рӯз мешавад, биёед дар равшанӣ гапзанон мекунем ва чизе бошад, дар якҷоягӣ ҳал менамоем. Аз қаҳр онҳо дандон ба дандон месоиданду аз соддагӣ ва бефаҳмии ман ҳайрон монда буданд. Ниҳоят аз дастонам гирифта ба берун кашола карданд ва аз хонача берун шудем. Ман боз зӯр зада, қафо гаштанӣ шудам, ки ягон либоси гарм пӯшам, ки либосҳоям таранд ва яке аз онҳо гуфт, ки ба шумо чизҳои гарму хушк дигар лозим намешаванд. Баъди 10- 15 дақиқа мо ба шумо некие мекунем, ки на хунукию на гармӣ, на серию на гушнагиро ҳис намекунед ва аз тамоми ташвишҳо раҳоии абадӣ меёбед. Аз ин суханҳо мӯи сарам рост хест, баданам ларзид ва ҷиддӣ будани масъала ва мақсади онҳоро ҳис кардам. Рости гапро гӯям, мурдан намехостам ва бо марг дар ҳамон лаҳза хешро даст ба гиребон ҳис мекардам. Ҳамон лаҳзаҳо ҳама буду набуди хешро ба хотир овардам, ҳис мекардам, ки зиндагӣ беш аз ҳарвақта бароям ширинтару дунё зеботар асту ҳоло ман чизе гӯё надидаам. Чанголи маргро дар гиребонам мустаҳкамтар ҳис мекардам, аммо домани умедро раҳо наменамудам, ба чизе нигарон будам. Як нафари онҳо ба тахтапуштам зарба зада, ба тезтар гаштан маҷбур мекард, лекин ман батезӣ ба ҳалокат расидан намехостам. Бо оҳистагардӣ умед доштам, ки боз ягон дақиқа аз зебогии дунё баҳра барам ва дар ин дам бояд касе сабаб гардаду маро наҷот диҳад. Пеш-пешашон мерафтаму беному нишон гардидани зумраеро дар ин ҷанги бемаънӣ аз дасти чунин палидҳо ба ёд меовардам. Худ бо худ андеша мекардам, ки охир ҳоло тарсу ваҳм аз органҳои давлатӣ вуҷуд надорад, ки ин махлуқҳо маро тарсонида сар диҳанд. Акнун аниқ макушанд, онҳо ба беҷазо монданашон боварӣ доранд, бояд чорае андешид ва ҳушёриро аз даст набояд дод.Таг- таги дарахту кад- қади девор ба анбори Исмоил-ако расидем. Аз осмон борон селвор ба сарам мерехту гӯё обе буд, ки бояд пас аз кушта гардидан ҷисми маро шуста пок мекард. Ман барои кашол додани вақт ба онҳо гуфтам: «Ман аз як чиз метарсам, ки дар ин борон либосҳои шумо тар мешаванду бемор мешавед». Ман синнам аз шумо калон аст, лату зарби зиёдро дидаам, чандин маротиба бо марг рӯ ба рӯ истодаам, аммо шумо афсӯс, ки бачагӣ карда инро намефаҳмед. Охир барои лату шиканҷаи ман чӣ ҳоҷат буд, ки либосҳоятонро тар кунед. Дар ҳамон хонача лату қинатонро карда мерафтед, чӣ зарурат дошт ин сарсонию саргардониҳо. Ман боварӣ дорам, ки модари пирам имшаб маро дар хобаш дида, ташвишу ғамаш даҳчанд мешавад. Вақте ки ба таги дарахти тут расидем, ман як ист карда, пешниҳод намудам, ки бародарҳо, дили ман ба ҳоли шумо месӯзад. Охир шумо аз пушти ман сарсон шуда, тар ва бемор мешавед. Биёед, ман дар миёнам тасмаи чармини бақуват дорам, бардошт мекунад. Онро ба ҳамин шохи дарахти тут баста, ҷисмамро овезед, аз шумо гумонбар намешаванд ва гумон мекунанд, ки зиндагӣ ва ташвишҳои он ба ман зӯр овардаасту ман худкушӣ кардаам. Аз тарафи дигар, садои тир намебарояд ва шоҳидону гилза ва гунаҳкор намеҷӯянд.
Ин пешниҳоди ман ба онҳо писанд омад, ки ба дидану санҷидани шоху навдаҳои дарахти тути пир сар карданд. Ман, ки аз санъати бокс ва чанд навъи гӯштин бохабару дорандаи дараҷаи спортӣ ҳастам, аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, шохеро бо дастам ба як нафари танумандашон нишон дода, бо ҳамон даст мушти хосе ба сахтии гулӯ- хекиртакаш задам, ки беовоз ба замин афтиду дигар наҷунбид. Фурсатро аз даст надода бо сарам ба даҳону бинии дуюмаш чунон бо шаст фаровардам, ки садои шикастани бинияшро шунидам ва хун аз даҳону биниаш мерехт. Сеюмаш ҳамон Нуралии номард буд, ки рӯ ба гурез ниҳод ва ман аз пушташ дод задам: қафо гард, номард, набошад дар хонаат рафта, саратро аз танат ҷудо мекунам. Ӯ ноилоҷ қафо гашта, наздам омад ва узр мепурсиду мегуфт, ки шӯхӣ кардем, танҳо мехостем андаке туро тарсонем, ки дигар якравӣ накунӣ. Дастони он бузбалаашро, ки акнун нафасаш андаке раҳо шуда буд, бо ҳамон камарбанди чармини худам ба пушт бастам ва сипас, бардошта, рост кардам. Дуюмиро бо камарбанди худаш даст баста ва ҳарсеяшонро пешандоз карда, ба муҳофизхона овардам. Чунин дастболо вориди ҳуҷра шудани маро Наримону Тағоибек дида, дар ҳайрат афтиданд, ки чӣ тавр қариб як мӯсафед се роҳзани ҳузарби силоҳдорро ба ин ҳол расонидааст. Онҳо, ки ҳар дам шояд хабари марги маро интизор буданд, якбора гӯё ҷон дароварда, ба маломаташон шурӯъ карданд: Эй харкаллаҳо, ман мехостам ба шумо гӯям, ки ин муаллим гӯшташ сахт аст ва корди шумо асар намекунад, фурсат надодед, ки гӯям. Ана акнун ба чашми худотон дидену дар тани худотон санҷиден. Ҳолиям соз, ки накуштайтона, гуфт Наримон. Тағоибек бошад, як корди кундалаи хлебрезакуниро дар дасташ бозӣ доронда афзуд. Эй паато, агар дар мӯи муаллим хор мезад, ана бо ҳамин ханҷар ҷигарои ҳарсетона резонда дар пеши Олтой (саги калони пире, ки Тағоибек аз як чӯпони ёвонӣ харида буд ва аҷибаш ин буд, ки ғайр аз ҷигари мол чизи дигаре намехӯд) мепартофтам. Тақдиртон баландӣ кард, ки муаллим боксёр ҳам бошад, одами вазнинай. Муаллима шогирдош қариб ҳамашон чемпионан, фаҳмиден каллағурҳо. Ҳангоми «разбор» маълум гашт, ки он ҳарбии пештар омада ва ин дастаи ҷиноятпешаро барои куштани ман Нуралӣ иғво андохта будааст. Сабабаш ҳамон мошини бо бори дуздии ҷавоб надодаам, ки дар болояш насоси обкаш буд. Ман ба Нуралӣ рӯ оварда гуфтам, оё дар ҳамин муддати ҳамкориамон аз тарафи мо хатое гузаштааст, ки ин қадар тӯҳфаи арзишнок бароямон тайёр кардӣ.
Оё ту бо ин калаи бемағзат намедонистӣ, ки шайх Аттор дар бораи ману ту чӣ гуфтааст:
Ҳар ду аз як об дар хун омадем,
Ҳар ду аз як роҳ берун омадем.
Ҳар ду аз як зод барпоем мо,
Ҳар ду аз як бод барҷоем мо.
Дар ҳама навъе чу бо ту ҳамдамам,
Ман чаро бар хезам, аз ту, чӣ камам?
Оё виҷдонат азоб намедиҳад, ки бо ин ҳиллаю дасисаи ту падари ҳафт фарзанд кушта мегардид. Ту виҷдон дорӣ, имону дин чӣ, оё ту шири инсон нахӯрдаӣ, ки бо ин амали ту ҳафт нафар тифл бе саробону зору саргардон мешуд. Оё шумо пайравон мефаҳмидед, ки мақсад ва сабаби даст заданатон ба ҷиноят аз чӣ иборат аст? Медонистед муаллимеро, ки куштан рафта истодаед, ҳақ астед ё ноҳақ? Ғайр аз ин мефаҳмидед, ки ба муаллим ҳам ҳаёт ширин аст ва зистан мехоҳад ? Худатон андеша накардед, ки ӯ ҳам гӯсфанди кар нест, ки кушта рафтан гиред. Вай ҳам ними ҳаёташро дар мусофирату гардишҳо гузаронида, пастиву баландиҳои бисёреро дидааст, сахтиҳои зиёдеро пушти сар намуда, дар сексияҳо машқ карда, барои ин гуна ҳолатҳо тайёр ва пухта шудааст. Акнун мард шуда гӯед, ки ман ба шумо чӣ ҷазоро раво бинам? Ин гуноҳи шумо оё бахшиданист ё не? Худи ҳамин одам ҳам мисли мо посбон аст ва чаро ин дуздиро дар сменаи худаш неву дар сменаи мо бояд анҷом медод? Албатта он қадар беақли бад нестед, ки ҳамин қадарашро ҳам нафаҳмед , кӣ агар ин амалро дар сменаи худаш кунад барои ӯ чандон манфиатовар нест. Воқеан, дар ин майнаҳои бемағзи шумо гумон аст, ки ба ин саволҳо ҷавоб ёфт шавад.
Пеш аз ин ҳодиса чанд нафар омада бо пули ҳамон рӯзҳо барои насос 5 миллион сӯм пешниҳод карда буданд, лекин мо розӣ нашуда будем. Ин махлуқи ношуд бошад, бо пул модари зорашро мефурӯшад ва мисли шумо ҷавонони роҳгумро аз пасаш мебараду ба ҷиноят тела медиҳад. Ҷавони тануманди бузбала ба зорию илтиҷо даромада, хоҳиш кард, ки дастонашро кушоем,то ин махлуқро худаш бӯғӣ карда кушад. Охир ӯ ба мо тамоман дигар хел шарҳи ҳодиса карда буд. Бо дӯстонам Тағоибеку Наримон нишаста, дар ин масъала сӯҳбат кардем , ки бо ин махлуқҳои ноарз чӣ кор кунем. Фикрҳо гуногун буданд. Тағоибек мегуфт, ки то нимкушта кардан кӯбему сар диҳем. Наримон пешниҳод мекард, ки милитсияро ҷеғ зада, супорем, мувофиқи амалашон ҷазои сазовор гиранд. Дар охир ман гуфтам, дӯстонам,ҷазои даркориро гирифтанд ва аз он зарбаҳое, ки инҳо хӯрдаанд, мумкин хулосаи даркорӣ бароварда, одам шаванд. Ин махлуқҳоро дар хона падару модар интизоранд ва дар ин шароити вазнини иқтисодӣ мумкин онҳо ризқдиҳандаи як оила бошанд. Як оилаи тоҷик бе ризқи ҳаром монад, боз ба ягон қаҳру ғазаби Худо гирифтор нагардем. Ман аз хурдсолӣ дар рӯҳияи раҳмдилӣ ва гузашткорӣ тарбия ёфта, калон шудаам ва ба амали бад- бад ҷавоб дода наметавонам. Пас ба он махлуқҳо рӯ оварда, гуфтам: «Агар ҳозир аз гуноҳатон гузашта, шуморо озод карда ба хонаатон равед, гуфта, ҷавоб диҳам, чӣ кор мекардед?» То оламу одам аст, некиятонро фаромӯш намекардем ва дар ҳақатон дуои нек мекардем,- гуфтанд баробар. Ба мо дигар карда фаҳмонида буданд ва мақсади асосиро акнун фаҳмидем. Акаҷон, бовар кунед, шумо чашмони моро чунон кушодед, ки мо дигар ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои чунин маккорон ҳамроҳ намешавем ва луқмаи муфтро ҳам орзӯ намекунем. Дастҳояшонро кушода, гуфтам: «Равед ҳаволаатон ба Худои бахшандаю меҳрубон, дар назди виҷдонатон бори дигар ҳисобот дода, ҳақро аз ноҳақ фарқ карда, азоб кашед». Баъди рафтани онҳо ман бо рафиқонам маслиҳат карда, ба хулосае омадам, ки корро дар комбинат партофта, ба кори таълиму тарбияи насли наврас мегузарам. Зеро дар ин муддате, ки дар комбинат кор кардам, ба хулосае омадам, ки гӯё тамоми мардуми кишвар рӯ ба дуздиву қаллобӣ, фиребу найранг ва ғорату куштор овардааст. Дар ин амр гоҳе худро гунаҳкор ҳам мешуморам. Зеро агар мактабу маориф ҳамкориашро бо ниҳодҳое чун хонавода ва ҷомеа дуруст ба роҳ мондаву таъминоту назоратро танзим мекард, тарбияро дар самти ватанхоҳӣ, одамият, ифтихори миллӣ, номӯси ватандорӣ ва ҳалолкориву поксириштӣ дуруст ба роҳ мемонд, шояд ҷавонон то ин дараҷа гумроҳу бепарво намешуданд. Аз ин рӯ, гумон мекунам, ки ҳоло ҳам фурсат асту ман бояд ба кори таълиму тарбия баргардам. Шояд, ки боз гӯшам ба ҷои алфози қабеҳи ношуниданӣ сухани нарм шунаваду чашмам ба ҷои ғорату куштор некиву меҳрубонӣ бинад. Ҷавононро дар ҳоли мутолиа бинаму мардони ҳузарбро дар арсаи корзор, занонро бо чеҳраи шоду тифлаконро хандон.
– Дӯстонам, қариб се сол якҷоя ман ба шумо кору фаъолият кардам, лекин аз пагоҳ сар карда, дар мактабҳо гашта, ҷои кор меёбаму ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғул мешавам. Аз шумо ҳам хоҳиш мекунам, ки ҳар чӣ тезтар ин корро раҳо карда, луқмаи беминнаттаре ёбед, то як рӯз дер нашаваду нишаста, афсӯс хӯрдаву надомат накунед. Дар зери таъсири суханони ман онҳо низ ба тезӣ ин кори хатарнокро партофта рафтанд ва имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Ҳар куҷое бо ҳам во хӯрем, ҳурмату иззатамро ба ҷо оварда, муаллим ном мебаранд.
Бозгашт ба кори таълим ва тарбия
Як рӯзи истироҳат бо дӯсти давраи донишҷӯиям Қурбоналӣ Раҳмонов, ки дар ДДОТ кор мекунад вохӯрда, аз аҳволу зиндагии ҳамдигар пурсон шудем. Ман аз муҳити кориям муфассал нақл карда, изҳори дилхунукӣ кардам. Қурбоналӣ туро фаҳмидам, гуфт ва илова намуд, ин кори посбонӣ барои ту намешавад, дар ин умри ҷавонам бисёр чизҳоро дидам, аммо посбони «Дипломи сурх»- дорро надидам. Шумо бо одамоне сару кор гирифтаед, ки на сухану гуфтор, на ахлоқу одоб, на маданияту фарҳанг ва на ақлу фаросаташон хоси ченакатон нест ва худро дар чунин коллектив ҳамчун моҳии аз об берунмонда ҳис мекунед.
Намефаҳмам, боз чӣ намерасад, охир, гашта ба мактаб равед, кори муқаддаси таълиму тарбия ҳамеша ба муаллимон ниёз дорад. Худат як кадри арзанда ва хизматҳоят низ дар ин соҳа хеле зиёданд. Тамоми умр роҳбар шуда кор кардию акнун бошад, боварам намеояд, ки ту ба мактабу маориф ва таълиму тарбия даркор набошӣ. Ҳоло замона хело тинҷ шудааст, рафта кофту коб кунед, ҷои дилхоҳатонро ёбеду фаъолиятатро оғоз бахшед. Набошад одат карда, аз таълиму тарбияи насли наврас дур мешавед.
Пагоҳӣ назди директори камбинат даромада, аризаамро дар бораи аз кор рафтан рӯи мизаш гузоштам. Вай хеле хурсанд шуд, -дидӣ, ман гуфта будам, ки рӯзҳои хуб боз фаро мерасад ва талабот ба шумо омӯзгорон пайдо мешавад. Инро ман аз рӯи ақлу фаросати мардумони қафқоз ва маданияту тамаддуни баланди мардуми тоҷик гуфта будам. Ман танҳо ба шумо роҳи сафед орзу карда, мехостам, ки дар симои шумо мактаб муаллими хубро ёбад ва агар дар давраи фаъолияти якҷоя аз ҷониби мо хатое гузашта бошад, бубахшед. Раис ин хел нагӯед, ман аз шумо то қиёмат хурсандам ва некиҳоятонро,ки дар лаҳзаи вазнинтарини зиндагӣ бароям кардед ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам.
Ҳамин тавр моҳи августи соли 1995-ум дар ҷустуҷӯи ҷои нави корӣ шуда ва бо маслиҳати дӯстам Қурбоналӣ ба техникуми политехникӣ,ки Заррина ном ҳамсоядухтаракаш дар он ҷо котиба шуда кор мекард, даромадам. Ҳамроҳи устодони он вохӯрда шароиташро аз коргарони кӯҳансол пурсуҷӯ карда баромадам. Яке аз коргарони кӯҳансол замонҳои роҳбарии директори собиқ Атабаеваро ба ёд оварда, дар ҳақаш дуои нек кард. Ӯ шуҳрату шаҳомати ин даргоҳро бо сӯзу гудоз ба ёд оварда гуфт: «Имрӯз аз он техникуми овозадор танҳо қолаб мондааст, вале вонамуд менамоем, ки гӯё ягон тағйироти ҷиддие нашудааст». Лекин ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯем, ки дар давраи нотинҷии сиёсӣ ҳамин қадарашро ҳам бо меҳнату заҳмати Яқубов Самариддин Эмомович нигоҳ дошта тавонистем. Бо мо кор кунед, худатон мефаҳмед, ман агар гап занам, мумкин гумон кунед, ки ман таърифи беҳуда карда, шуморо моил карданиам. Ман боварӣ дорам, ки худатон ба зудӣ ҳамаашро мефаҳмед. Пагоҳаш омада директорро дар ҷои кораш ёфта, наздаш даромада, худро шинос кардам. Он кас маро хуш пазируфта, хеле пурсу порс кард ва барои шиносоӣ ба назди муовини директор оид ба корҳои таълим М.А. Харламова фиристод. Он зани ҳалиму дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ маро бо тартиби кор, талаботи дохилӣ, риояи тартиботи дохилӣ ва сарбории тахминии кориям шинос намуд. Ӯ ба ман нигоҳ карда, тамоми шароити корро фаҳмонид ва илова намуд: «Ногуфта намонад, ки баъзе чизҳоро ман рӯирост гуфта наметавонам, онҳоро худат дар давраи кор ёфта мегирӣ. Фақат як чизро ба шумо мегӯям, ки бо мардум бисёр зиракона ва эҳтиёткорона муносибат кунед, дар ҳар ҷо ва бо ҳар кас сиратонро нагӯед, зеро ки аксари онҳо баробари баромадани суханатон ҳамон замон ба ҷои даркорӣ бурда мерасонанд. Ҳамин хел муассисае мебошад, ки аз қафои ҳар яки мо бо ном «бегонаҳо» як ё дутогӣ штрехбрехерҳо истодаанд. Ҳисоб кунед, ки ин суханонро ман нагуфтам ва шумо нашунидед. Расонанд расонидан гиранд, тамоми фаъолияти худро мо ба манфиати кор ва беҳдошти таълиму тарбия сарф мекунем ва дар дил ягон нияти баду ғаразнок надорем». Табиати мо варзишгарону паҳлавонон аз ҳама фарқ мекунад ва дар замири мо ба касе итоат кардан,тобеъ будан ва расонидани хабар нест.
Ҳамин тавр аз аввали соли хониши 1995-ум ба кори таълиму тарбия ба сифати муаллими фанҳои ҷамъиятӣ шурӯъ кардам. Қобилияти маро ба эътибор гирифта, ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбия , таъин карданд, ки то соли 1998 дар ин вазифа кор кардам. Заҳматҳо зиёд буданд ва ба натиҷаҳои хуб ҳам ноил шудем, нисбати заҳмату дастовардҳоямон директорамон нигоҳи хайрхоҳона дошту иззату ҳурматамонро ба ҷо меовард. Чизе, ки ҳавасу хоҳиши маро ба кор беш менамуд, рафтори холисона ва ёрию дастгирии беғаразонаи С.Э.Яқубов буд.
Тамоми маъракаю чорабиниҳоро дар толори барҳавои коллеҷ дар як ҳолати тантанавӣ мегузаронидем ва ба ивазаш таҳсину офарин мешунидем. Рӯзе директор маро ба ҳузураш хонда, маслиҳат дод, ки шӯъбаи автомобилӣ аҳволаш вазнин ва бесоҳиб мондааст. Биёед, розӣ шуда ба он ҷо дар вазифаи декан гузаред ва корро ҷоннок кунед. Рӯзҳои аввал дар он ҷо мушкилоти асосӣ парокандагии коллективи муаллимон буд, ки бо ҳам намеомаданд. Аввалин коре, барои ба сарҷамъии коллектив кардам, ташкили хӯроки якҷояи нисфирӯзӣ буд.
Роҳбарии ман дар факултети «Автомобилию механикӣ» аз соли 1998 то соли 2002 давом кард ва кор дар он ҷо ҳамроҳи устодони беҳтарин: Т.М. Шомуродов, Н. С. Раҳимов, Д. Мусоев, И. Хоҷаев, С.А. Қурбонов, С. Иброҳимов, Қ. Ш. Шарипов, М.Р. Азимаҳмадова ва Таняхола ба таъби дил буд. Ҳар яки ин устодон фонди тиллоии коллеҷ ба ҳисоб рафта, мактаби таҷрибаи пешқадам буданд. Ҳар кадоми онҳо дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои методӣ барои муаллимони ҷавон маслиҳатгари беҳтарин буданд.
Худи ҳамин сол байни ману директор мухолифате пайдо шуд ва талаб кардам, ки маро аз вазифаи декани факултет озод кунад. Лекин қариб шаш моҳи дигар аризаамро хобонида, маро озод накарданд. Соли 2002 пеш аз рухсатии меҳнатӣ боз ба таври даҳонӣ аз директор хоҳиш кардам, ки масъалаи аризаи маро бинанд. – Ҳоло ягон одами арзанда нест, агар пайдо кунем, шуморо озод мекунем, ҳоло бошад, корро бурда истед, -гуфт директор. Рӯзи 14-уми сентябри соли 2002 писари ҷигарбандам, ки дар коллеҷ дар курси дуюм мехонд ва 16 сол дошт, аз бемории саратон вафот кард. Ғаму андӯҳи ман хеле зиёд ва ба як инсон басанда буд. Тамоми вуҷудам месӯхт, чунон менамуд, ки ханҷари тезе ҷигарамро пора кардааст. Лекин мекӯшидам,ки худро ба даст гирам,зеро дар паҳлӯям Яқубов С.Э, Алиев Д. ва коллектив мавқеъ доштанд.
Яке аз сабабҳои дар дили ман беш гардидани эҳтироми С.Э. Яқубов низ дар ҳамон лаҳзаҳои сахттарини зиндагӣ пеш аз ҳама дар паҳлӯям рост истданаш буд. Гузашта аз ин, дар рӯзҳои маъракаҳоям ҳамеша наздашон даъват карда чӣ мушкилоту мӯҳтоҷӣ доштанамро мепурсид.
Ман дар давраи кори якҷоямон танҳо як маротиба каме аз он кас ранҷидам. Пас аз маъракаҳои писарам ба кор баромада, Салимро дар мансаби мудири шӯъба дар кабинетам дидам. Ранҷишам аз он буд, ки наход то баромадани ман сабр карда натавонистанд. Охир, замин ба осмон намечаспид, ман ҳуҷҷату анҷомҳоро месупоридам ва он шахси мансабхоҳ, ки дар панҷ вазифа кор мекард,декании маро ҳам гирифта салтанат меронд. Т.М.Шомуродов ба ман рӯ оварда гуфт: «Беҳуда худатонро асабонӣ накунед, дар назди директор арзиши ҳамаамон ба арзиши Қурбонов М.Ҳ. баробар шуда наметавонад, охир ӯ ба ҳама разолат дастонаш пеш ва таиёр аст». Барои ҳамин ин махлуқи ношуд дар шаш вазифа кор карда истодааст ва агар ягон мансаби нав пайдо гардад боз насиби он кас мегардад.
Соли 2002 маро мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо» таъин карданд, ки то соли 2006 дар ин вазифа ба нафъи халқу диёр содиқона хизмат кардам. Соли 2004 техникуми политехникӣ ба коллеҷи политехникӣ табдил дода шуд ва И.Саидаминов директор таъин шуда омад. Ӯ марди ҷисман аз директори пештара калону намуди аҷиб дошт ва дар вақти шиносоӣ Т.М. Шомуродов аз ман пурсид,ки ку, қиёфашинос, инаш чӣ хел одам бошад. Аз намудаш намебинӣ, ки кӯтоҳбин ва беҳурмат, дағал ва гаправ аст ва худо хоҳад дер намекашад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ба тезӣ тамоми сирати ӯ ба атрофиён аён гардида аз мансабу вазифа сабукдӯш гардид ва салтанату лашкарони наздиконашро, к ибо худ оварда буд бо худ гирифта рафт.
Дар ибтидои соли хониши 2005 ҷавони ниҳоят зебо Р.Ҳ. Саидовро ба вазифаи директори коллеҷи политехникӣ таин карданд. Саидов Раҳимҷон ҷавони дорои беҳтарин хислатҳои инсонӣ, ба монанди ҳалимӣ, хушгуфторӣ, бомулоҳизагӣ буд. Дарки баланди илм, маданият, санъат дошт. Талаботаш нисбат ба симои ботиниву зоҳирии омӯзгорон ниҳоят ҷиддӣ буд. Рӯзе дар вақти даромадан ба шӯрои илмӣ галстук надоштани маро мушоҳида карда, супориш дод, ки тез ёфта, баста биёям. Ман,ки котиби шӯро будам рафта дигар ба шӯро наомадам ва пагоҳӣ барои сарзаниш наздаш хост ва боз бе галстук даромадам. Чаро имрӯз ҳам бе галстук омадӣ? Ман касалии гулӯ дорам ва галстук нафасгирам мекунад, аз ин рӯ намебандам. Майлаш, ман ҳеҷ чиз намегӯям, лекин шумо аз духтур як маълумотнома оварда супоред,ки ман ба атрофиён фаҳмонам, набошад ин талаботи мо натиҷаи хуб намедиҳад.
Соли 2007 ман дигар дар он муҳит кор карданро нахоста ба Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба кор рафтам ва ҳамчун ҳамкор дар он ҷо мондам. Дар он ҷо ҳам худро аз таълиму тарбия канор нагирифта, дарсҳои фалсафаро дар коллеҷи техники ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба ӯҳда гирифтам, то ки маҳорати касбиямро сайқал дода, барои корҳои илмиям озмоиш ва тадқиқот гузаронам. Он қадар дароз кор накарда директори коллеҷ маро наздаш хонда маслиҳат дод, ки вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбияро қабул кунам.
Ин вазифаро қабул карда ҳамроҳи Бобохонов Беҳзод нав корҳои тарбиявиро ба як самти муайян гузошта будем, ки маро ба кафедраи «Фалсафа ва сиёсатшиносӣ» ба сифати мудир хостанд гузарониданд. Мақсад аз он иборат буд, ки дар кафедра омӯзгорони зиёди ҳамкор кор мекарданду корашон чандон сифатнок набуд. Дар он кафедра устодони зиёди ҳамкор фаъолият доштанд ва бисёр каҷравиҳо аз он ҷо сар мезад. Ба директор ман ваъда додам, ки дар вақти кӯтоҳ ҳамаашонро вазифадор карда, ё мувофиқи дастури мо кор мекунанд ё аз кор меронам. Вазифаамро иҷро карда, муаллимони фиребгарро ҷавоб додам. Аз ман хоҳиш карданд, ки барои гузаштан ба вазифаи муовини муваққатии декани факултети «Сохтмон» розӣ шавам,ки дар он ҷо ҳам вазъият чандон хуб нест. Ман бо нармӣ ва эҳтироми хоса ба директор гуфтам: «Дӯстам охир худатон андеша кунед, дар зери роҳбарии У.Ф.Исматов кору фаъолият карданро барои худам айб медонам. Вай рафтору кирдорҳои ношоиста дорад, байнамон метарсам, ки ягон хафагӣ наандозад. – Охир, шумо розӣ шавед, вайро ба ҷояш, ҳамчун муовини директор фароварда худатон дар он ҷо мустақил мешавед. Ман розӣ шуда аз пагоҳаш корро дар факултет сар карда, ҳуҷҷатҳоро ба низом даровардам. Лекин мушоҳида мекардам, ки У.Ф.Исматов нисбат ба мо боварии пурра надорад.
Ҳангоме ман бо омӯзиши ҳуҷҷатҳои факултет шурӯъ кардам, ба зудӣ маълум шуд, ки дар факултет камбудиҳои зиёде ҷой доранд. Зиёда аз садҳо донишҷӯён бо қарзҳои академикӣ дар бахшҳои болоӣ мехонанд ва инро то имрӯз кадоме гӯё пай набурда бошад. Инро ҳуҷҷат карда, ба дасти директор барои назорат супоридам. Баъзе гоноҳдорон наздам омада ба дуруст кардани ҳуҷҷатҳо сар карданд, баъзеяшон аз кор рафтанӣ шуданд, қисмате аз онҳо боа со мегаштагӣ шуданд. Вале дере нагузашта шахсони гунаҳкорро ба вазифаҳои баландтар гузарониданду умуман оид ба гуноҳҳояшон чизе нагуфтанд ва ёдрас ҳам нашуданд.
Якрӯз берун мебаромадам, бинам У.Ф.Исматов донишҷӯёнро наздаш даъват карда дар танаи девор рост монда, супориши мушаххас медод, ки гӯш карда, поида, фаҳмида, ҳама сиру асрорро ба ӯ расонанд. Агар ягон ҳодиса аз мадди назарам дур монад, ба шумо ҷазои сахтро раво мебинам, гуфта, метарсонд. Ӯ маро надида буд, ман, ки дар ақибаш мавқеъ доштам ва ҳама гапҳояшро шунида, торафт нафратам зиёд мегардид. Ба кабинети кориям даромада варақу ручкаро гирифта ба навиштани аризаи бо хоҳиши худам аз кор рафтанро сар кардам. Охир худатон ҳукм бароред, миллати тоҷик солиёну асрҳои зиёд дар асорату тобеияти бегонагон буд ва ин рӯҳияи ғуломӣ ҳоло ҳам дар ҷисми миллат боқӣ мондааст. Имрӯз бошад, У.Ф.Исматов аз ҳар гурӯҳ боз панҷ- шаш нафарро дар ин рӯҳия тарбия кунад вой бар ҳоли миллат ва амнияти диёр. Охир пагоҳ онҳо низ хатм карда ба хоҷагии халқи мамлакат мераванду бо одамон сару кор мегиранд ва чизҳои аз мо омӯхтаро дар амал татбиқ месозанд.
Аризаро ба назди директор дароварда додам ва он кас ғур-ғур кунон сар ҷунбонида, – зӯри шумо ҳам нарасид, – гӯед, гуфт. Ҳамин тавр бо табъи хуш ва сари баланд аз кабинети директор берун омадама, аз он хурсанд будам, ки дар назди виҷдонам покам ва касеро нафӯрӯхтаам ва ба касе хиёнат накардаам.
Маро табиат чунин аст ва ба муқобили ин қувваи аъзими ҷонофар коре карда наметавонам ва аз он хурсандам, ки Худо маро бо чунин хислатҳои накӯ офаридааст.
Сӯҳбат бо марди мӯҳтоҷ
Рӯзе дар шӯъбаи автомобилӣ, дар дафтари кориям машғули кор будам. Чанд нафар дӯстонам пасопеш вориди кабинет шуданду аз ҳар боб сӯҳбат мекардем. Дар ин вақт касе дарро кӯфт ва иҷозаи даромадан хост. Ман иҷозат додам ва як марди аз миёнасол болотар ворид шуда, салом дод. Ман бо он мард вохӯрӣ карда, ба нишастан ҳидояташ намудам ва як пиёла чой дароз кардам. Мехостам ҳарчи тезтар мақсади ин марди ношиносро фаҳмам, ки ба кадом ҳоҷат назди мо омадааст. Аз ӯ пурсидам:
– Ака, ба мо ягон кор доштед?
– Ҳа, муаллим, ман ба ин корхонаи шумо барои он даромадам, ки шумо муаллим ҳастед ва аз ҳама зиёдтар ҳолати рӯҳии одамро мефаҳмед. Пагоҳӣ аз хона кампирам ба ҳолу ҷонам намонда як – ду суми захираашро ба дастам дода, барои бозорӣ кардан ба шаҳр фиристод. Вайро ҳам фаҳмидан мумкин, охир арафаи иди қурбон аст. Ман пулҳоро ба ҷайб гузошта, ба шаҳр омадам ва мақсад доштам, ки зуд чизҳои фармудаи кампирро харида, ба хона бармегардам, то пухтупази идонаашро барвақттар анҷом диҳад. Ана ақнун пухтупаз карда, идро ҷашн гиранд.
– Шумо равшантар гап занед, ман нафаҳмидам, ку чизҳои харидагиятон?, – гуфтам.
– Ҳама гап ҳам дар сари ҳамин меравад, ки ягон чиз харида натавонистам.
– О, чаро бо ҳамон пулҳои аз хона гирифтаатон нахаридед?
Дар бозор гӯштро кашед ва пулашро ҳисоб кунед гуфта, дастамро ба кисаам занам, нобуди пул, худи кисаро наёфтам. Маълумам шуд, ки пулро бо киса якҷоя бурида рафтаанд. Бовар кунед, зиқ шудам ва аз бозор то назди шумо ноилоҷ аз бепулӣ пои пиёда омадам. Ҳатто бераҳм барои гашта ба хона рафтанам ягон танга ҳам намондааст.
Ба он мард ман суол додам, ки аз мо чӣ мехоҳед? Ягон ариза навишта диҳем гуфта омадед? Не бародар, имрӯзҳо аризаро мехондагӣ ва ба дарди мардуми ҷабрдида мерасидагиҳо ниҳоят кам мондаанд.
Гуфтам як даромада дарди диламро ба аҳли маърифат гӯям, бисёрианд ва агар чанд тангагӣ диҳанд, ман мошинпулӣ карда, то хона ақалан худамро дасти холӣ расонам. Ман дар ин рӯзҳо аҳволи шуморо ҳам медонам, ки чандон хуб нест.
Шумо зиқ нашавед, як пиёла чой гиред, ҳамин Иброҳимҷон аз қишлоқи ҳамсояи шумост. Корро, ки тамом кард, шуморо ба деҳаатон бепул бурда мемонаду пас ба хонааш мегардад. Аз ин тавр сурат гирифтани кор он мард хело хурсанд шуда, оромона ба чойнӯшӣ сар кард.
Шумо ба ман як чизро нагуфтед, ки кампиратон аз хона шумурда ба дасти шумо чанд сӯм дода буд? Ҳа, дар ёдам ҳаст, хамагӣ дар хона 170 сӯми захиравӣ доштем, 50 сӯмашро ҳамчун баракати сандуқаш монду 120 сӯмро ба мани бекалла дод. Мебоист онҳоро дар даруни тоқиям мемондам ва харид карда бармегаштам, намедонам акнун бо кадом рӯ ба хона гашта меравам.
– Ғам нахӯред, ака, охир шумо имрӯз кори савобро анҷом додед, яъне як дуздро хурсанд кардед, вай ҳатман дар ҳақатон дуои хайр мекунад. Охир мову шумо баринҳо набошем, дуздҳо аз гуруснагӣ мемуранд ва агар онҳо чизе наёфта муранд, дарҳои биҳишт ба рӯи мо пӯшида мегардад, гуфта, шӯхӣ кардам.
Устодони ҳамкор сӯҳбати маро бо он мард бо диққат гӯш карда, лаззат мебурданд. Ниҳоят ман аз ҷоям хеста назди сейфам рафта, дари онро кушода ба шумурдани пулҳои эҳтиётии факултет сар кардам. Муаллимон, ки одати нармдилии маро медонистанд, дам назада бетарафона мушоҳида мекарданд, ки ку бинем, чӣ гап мешавад.
Муаллимон ҳис кардам, ки ягон нафарашон ба танга додан хоҳиш надоштанд. Мана, ҳоло барвақт аст, ин пулҳоро гирифта ба бозор равед ва чизҳои фармудаи кампиратонро гирифта, ба назди фарзандонатон баргардед. Он мард як лаҳза карахт шуда, гумон мекард, ки хоб дида истодааст ва нобоварона хеста наздам омад, пулро ба дасташ додаму ягон шарту шароит нагузоштам. Ӯ хурсандона аз кабинет танҳо – боз мебинем,- гуфта, дуои хайркунон баромада рафт.
Пас аз баромада рафтани он мард, ки ҳатто номашро напурсида будам, ҳамкоронам маро ба муҳокима кашиданд. Ту пулро дода, ақалан забонхаташро нагирифтӣ? Забонхаташ ба ман чӣ даркор аст, наход шумо одамро нашиносед, наход ростро аз дурӯғ фарқ карда натавонед. Дар гуфтору рафтори ӯ макру фиреб набуд, тамоми суханонаш рост ва аз самимӣ қалб буданд. Т.М. Шомуродов суханро аз он сар кард, ки ҳозир замона ва одамон куллан тағир ёфтаанд. Дигар одамони ростқавлу ростгӯ нестанд, ҳама кӯшиш мекунанд бо роҳе ба боварии касе даромада, ҳисоби корашонро ёбанд. Дар ин боб Хоҷаев Иброҳим, Мусоев Давлат, Раҳимов Нафис бисёр мисолҳо оварда, маро огаҳ мекарданд, ки пулҳоят зиёдатӣ буданд, садақа кардӣ ва рӯи онҳоро дигар нахоҳӣ дид.
– Бародарон шумо ташвиш нашавед, ман педагогика ва психология хондаам ва ба қадри имкон одамшинос ҳастам, агар намуди ҳамон кас шӯбҳаовар мешуд, ҳамроҳаш гап намезадам. Боварӣ дорам, ки як шахси худотарс ва заҳматкаш аст.
– Хайр, мебинем, вақт довар аст, мо ҳам хондагиҳои шуморо хондаем ва ба тамоми масъулият дар назди ҳамин ҳозирин мегӯем, ки пулатро дигар намебинӣ, гуфта ҳамкорон маро масхара мекарданд.
– Хайр, кори шудагӣ шуд, наорад, бахшидамаш, аз шири модараш ҳалол, насибаш кунад, – гуфта ба баҳс хотима бахшидам.
Минбаъд ҳар рӯз дар вақти вохӯрӣ ҳамкорон шӯхиомез – пулатонро оварданд,- гӯён мепурсиданд. Ҳамин тавр рӯзҳо паи ҳам мегузаштанд ва ман ҳам аз пулҳо торафт хотирамро ҷамъ медоштаму ба гӯшаи фаромӯшӣ онҳоро месупоридам, лекин дилам дигар чиз мегуфт.
Як рӯз ҳамроҳи устодон дар майдончаи назди бинои таълимӣ истода сӯҳбат доштем, ки марде дастурхон дар даст вориди бино гардид. Дере нагузашта Таня-хола баромада маро ҷеғ зада, хабар дод, ки як одам шуморо мепурсад. Нав азми даромадан кардам, ки Мусоев Давлат шӯхиомез, -равед, мумкин ба касе боз пул даркор шуда бошад,- гуфт. Даромада бинам, ҳамон марди «қарздор» бо як табақи калон маро интизор аст. Муаллим як ош карда наздатон омадам, то он некии шуморо гардонам. Фавран тамоми устодони ба баландии мартабаи инсонӣ шӯбҳадоштаро ба кабинет ҷеғ зада, сари табақи ош шинондам.
– Ин ташкилиро нафаҳмидем, ки ба муносибати чист?, – пурсид кадомаш.
– Ин мард ҳамон корафтодаест, ки чанд вақт пеш пулҳояшро дуздон рабуда буданд ва ман ба ӯ аз сидқи дил ва бе ягон тамаъ 120- сомонӣ пул дода будам. Имрӯз имконият ёфта, ҳам пулро овардааст ва ҳам ин табақи ошро. Аҳли нишаст бо ҳайрат ба ин манзара менигаристанд ва оши палави болаззатро мехӯрданд.
– Дидед, бародарон, ман чӣ хел одамшинос будаам ва ба ҳамаамон маълум гардид, ки илми психологияро ман бештар медонистаам. Ягонтаи шумо ба баргаштани пулҳои ман боварӣ надоштед ва танҳо дар симои одамон шумо қалобу фиребгарро медидед.
Он мард гуфт, ки мумкин то охири ҳаёт ин лаҳзаро фаромӯш карда натавонам ва ҳоло ҳам хаёл мекунам, ки ин мумкин хоб бошад. Ғайри ин ман мехостам аз муаллим бахшиш пурсам, ки пулашро як қадар дер овардам. Дар деҳа шароити пулёбӣ хеле мушкил аст, аз ин рӯ, як қадар дер кардам. -Бародар, шишта ҳамроҳи мо аз оши овардаатон як луқма гирифта бо аҳли нишаст аз наздиктар шинос шавед, ҳамаи инҳо ҳамин сахигиро соҳибанд, вале ман пешдастӣ кардам, набошад онҳо ин амали некро анҷом медоданд,- гуфтам.
Он мард аз ҷой хеста, дасташро ба бағалаш халонида, аз он ҷо як миқдор пулро бароварда ба шумурдан сар кард. Аҳли нишаст ин манзараро бодиққат мушоҳида мекарданд. Ман ҳазломез гуфтам: «Ин дафъа дуздҳоро бенасиб ва малол кардаӣ. Чӣ тавр туро аз мадди назарашон дур мондаанд». Он пулҳоро ба сӯи ман дароз карда, барои каме дер баргардониданаш узр хост. Ман пулҳоро аз дасташ гирифта аввал шумурда боварӣ ҳосил кардам, ки 120- сомонӣ аст ва гардонида дар кисааш андохтам.
Он мардро акнун фаҳмидам, ки Қудрат ном доштааст ва гуфтам: – ако пулҳоро аз дастатон гирифта шуморидам, боварӣ ҳосил кардам, ки ҳамааш дар ҷояш, лекин онҳоро аз сидқи дил ба шумо бахшидам. Рафта барои ҷиянчаҳо аз номи мо муаллимон ягон тӯҳфа гирифта, онҳоро хурсанд кунед.
Ӯ бисёр муқобилият нишон дод, чанд маротиба пулҳоро кашида ба ман дароз кард, вале – бародар агар ин пулҳоро ман гирифтанӣ мешудам, аввал ному насабатро пурсида, пас забонхат мегирифтам. Шумо ҳис накарда будаед, ки ман он пулҳоро дар арафаи иди Қурбон ҳамчун садақа ба шумо хайр карда будам, гуфтам.
Борҳо шудааст, ки худ барои ҳоҷате мӯҳтоҷӣ мекашидам, аммо касеро ноумед накардаам. Ман сарватманд нестам ва дороӣ бароям мафҳуми дигарест. Ба ҳар нияте, ки берун равам, бо мадади Худо ва ҳидояти ақли рӯшанбин ба мурод мерасам. Чизеро, ки интизор нестам, муяссарам мешавад ва аз ин ҳамеша шукргузорам. Ба одамон некӣ ва мададгориро қарзи инсонии худ медонам.
Гарчи Ҳотам нестам, аз пайравони Ҳотамам,
Резачини боғу роғу боғбони Ҳотамам.
Бемории Тошбой
Тошбой як фарди ниҳоят ростқавл, меҳнатдӯст, сахтгир, дилсӯз, поквиҷдону, лекин бе ҷуръат аст. Дар симои ӯ шахсеро мебинед, ки аз манфиати шахсии худаш дида манфиати ҷамъиятро боло мегузорад. Барои баланд рафтани кори таълиму тарбияи насли наврас тамоми ҳастӣ ва вуҷудашро бахшида, монанди шамъ ҳамеша месӯзад.
Ниҳоят интизоми хуби корӣ дорад ва аз дигарон ҳам риояи низому қонунро талаб менамояд. Нисбат ба молу мулки техникуми собиқи политехникӣ ниҳоят дилсӯзона муносибат менамуд ва баъзан азоби рӯҳӣ мекашид.
Ӯ маслиҳатчӣ ва устоди дорои таҷрибаи пешқадами педагогӣ мебошад. Ӯ ҳастӣ ва хушбахтии худро дар кор меди два пеш аз ҳама ба кор омада, баъди ҳама аз кор мерафт. Донишҷӯён ҳам устодро бениҳоят дӯст медоранд ва ҳамеша аз маслиҳату супоришҳояш берун намебароянд.
Тошбой бо директорони зиёд дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Дар ҷараёни кори якҷоя меҳнатдӯстӣ ва тозакории ӯро дида, директорҳо монанди ширеш ба ӯ мечаспиданд. Намегузоштанд, ки ба ҷои дигари дилхоҳаш ба кор гузарад. Ҳатто монеъ шуда, баъзе манфиатҳои иловагӣ ваъда медоданд, то ки бо онҳо бимонаду ба ҷои дигар наравад.
Соли 1995 шиносоӣ ва фаъолияти кории мо бо Тошбой оғоз гардид, ки дар он солҳо синни муборакаш ба 65- солагӣ расида буд ва вазифаи мудири шӯъбаи автомобилиро иҷро мекард. Намедонам, таъсири камолот буд ё чизи дигар, ки иштирок кардан дар маҷлисҳоро бениҳоят бад медид. Ҳамеша баъди маҷлисҳо худро бад ҳис мекардагӣ шуд ва аз директори техникум Яъқубов С.Э. хоҳиш кард, ки ӯро аз вазифаи мудири шӯъба озод кунанд. Яъқубов С.Э дар ҷавоб гуфт: «Мо шуморо аз нағзбинӣ дар ин вазифа нагузоштаем», то одами арзанда пайдо кардани мо корро баред, мо фикр мекунем. Шуморо аз маҷлисҳо озод менамоем, танҳо ягон намояндаатонро фиристед, ки ширкат варзида, мақсаду маромро ба шумо расонад.
Ҳамин гузашти ночиз ҳам ӯро қонеъ ва хурсанд намуд ва боз як-ду соли дигар дар ин вазифа кор кард. Ниҳоят бо мо маслиҳат кард, ки назди директор рафта, аризаи аз кор рафтанамро месупорам. Маълум буд, ки беморӣ ва камолот ӯро азоб дода истодааст.
Ман бошад ба таври шӯхиомез гуфтам: «Тошбой сарсон нашавед,ариза нанависед, директор шуморо аз вазифа озод намекунад». Барои чӣ озод намекардааст? Мувофиқи Конститутсия ман ба рафтан ҳуқуқ дорам, гапҳои беҳударо нагӯед.
Дуруст мегӯед, шумо ҳуқуқ доред, лекин директор дигар монанди шумо ӯзбаки содда, содиқ ва хизматгорро аз куҷо меёфта бошад. Аз ин рӯ директор аз шумо ҳеҷ гоҳ ҷудо шудан намехоҳад. Аз ин сухани ман аввал Тошбой ранҷида оташ гирифт, вале ба зудӣ фаҳмида, гуфт: «Дар ҳақиқат рост мегӯяд, тамоми ҳастиямро ҳамчун хизматгори хоҷа ба чунинҳо бахшидам» акнун бас будагист, боқимондаашро барои ҳаёти шахсӣ сарф кардан зарур аст.
Тошбой аризаашро бардошта назди директор рафт ва ин дафъа хурсанд баргашта, аз дур – сад шукр, ки ба мақсадам расидам, вазифаю мансабро супоридам,- гуфта, хабар дод. Вақти зиёд нагузашта буд, ки касе маро ба назди директор дароед, шуморо пурсида истодааст, гуфт. Ҳайрон шудам, ки директор бо ман чӣ гап дошта бошад? Ягон гуноҳ накардаам, дарс нашикастаам, чӣ мехоста бошад, аз дил гузаронида, наздаш даромадам. Директор маро қабул карда, аввал ниҳоят самимӣ ҳолу аҳвол ва аз кору зиндагиям пурсон шуд. Гумон мерафт, ки шаб маро дар хобаш дидааст ё нисбати ман ягон нияту хоҳиши хубе дорад. Ҳар гуна фикру хаёл майнаамро мушавваш мекард.
Ниҳоят ба ман рӯ оварда гуфт: «Муаллим фаҳмидӣ, ки дар чунин як лаҳзаи ҳассос Тошбой мудирии шӯъбаро партофта рафт?» Шуморо барои он даъват кардам, ки таҷрибаи зиёд доред ва солҳои зиёд роҳбар шуда кор кардаед, киро дар ин мансаб тавсия медодед. Ман зимонати ягон касро ба дӯш гирифта тавсия дода наметавонам, зеро ки тавсиядиҳанда пагоҳ шарманда мешавад. Худатон коллективро аз ман зиёдтар мешиносед, касеро дилатон хоҳад, монед, бо худатон кор мекунад.
Мехостагиҳоямро монам, мегӯед. Шуморо мехоҳам, ки аз имрӯз сар карда, мудирии шӯъбаро қабул кунед ва пӯстини ҷангиро пӯшида, корро дуруст ба роҳ монед. Ҳар қадар баҳона пеш овардам, муқобилият кардам нашуд, вазифаро ба гарданам бастанд. Аз худи ҳамон рӯз ба иҷрои вазифа сар карда, коллективро ҷамъ карда, маҷлис гузаронидам ва ба ҳар як узви коллектив супоришҳои мушаххас додам. Ҳис мекардам, ки оҳиста –оҳиста коллектив муттаҳид шуда истодааст ва ҳамаяшон сари як дастурхон менишинанд.
Пагоҳаш Тошбой наздам омада, масъала гузошт, ки ҷадвали дарсҳояшро аз нав дида барояму ду рӯзро холӣ карда диҳам, то мошинашро таксӣ карда, рӯзгорашро саришта кунад. Ин корро фавран дида, ба таври дилхоҳ ҳал кардам ва Тошбой ҳам дарсҳояшро аз сидқи дил мегузашт ва ҳам рӯзгорпшро сомон мебахшид. Ҳамроҳи Иброҳимҷон баъзан мушоҳида мекардем, ки Тошбой баробари ба истгоҳ расидан аз мошинаш фаромада, саросемавор ба ҳоҷатхона медавад.
Рӯзи дигар Тошбой наздам даромада, аз саломатияш шикоят карда, гуфт, ки намедонад чӣ кор кунад, саломатӣ азоб дода истодааст. Назди духтурҳо рафтам, гуфт, ҷароҳӣ маслиҳат дода истодаанд ва барои он пули калон лозим аст. Ҳоло ман чунин пул надорам, таксии задагиям танҳо рӯзгорро нӯг ба нӯг мерасонаду халос. -Тошбой, шумо ғам нахӯред, охир ҷон набудааст, пул будааст- ку, гуфтам. Ман медиҳам, коратонро буд кунед. Тошбой ин суханонро шунида, каме ором гардид ва нобоварона сӯям нигоҳи маънидорона карда, гуфт: «Нигоҳ кун, ки дар ин кор шӯхӣ беҷост, агар гапат ҷиддӣ бошад, назди ягон кас сарсон шуда наравам». -Тошбой, ман ягон вақт бо шумо шӯхӣ карда, фиреб додаам, ки ба суханам бовар намекунед,- гуфтам. -Не, Дастамҷон, бовариям барои он наомада истодааст, ки имрӯзҳо ҳама бечораю бенаво шудаанд ва ҳама мӯҳтоҷу нотавонанд.
Пагоҳаш ба кор омада Тошбойро дар кор надидам, аз касе пурсам, ба кор набаромад, мегуфтанд. Ниҳоят ҳамроҳи Сайфиддини Ашуриён ба хонааш рафтам. Гуфтанд, ки шаб вазъияти Тошбой бад шуд, ҳоло бошад, дар хонаи дарун хоб аст. Иҷозат гирифта, наздаш даромада, ҳолпурсӣ кардем.
– Тошбой, акнун ба чӣ хулоса омадӣ, беморхона меравӣ ё дар хона табобат мегирӣ.
– Дар хона намешавад, дарди ман дарди хонагӣ нест ва маҷбурам ба шифохона рафта хоб кунам.
Пеш аз хайру хуш дастамро ба зери болишташ бурда, як миқдор пулро гузоштам ва аз ҷой хеста, азмӣ рафтан кардем. Ӯ бо мо ниҳоят гарму ҷӯшон хайру хуш кард ва мо -табъатро чоқ гир, ҳар гуна фикрҳои беҳударо аз сарат дур куд гуфта баромада рафтем. То боздид, Худо мададгоратон бошаду тез шифо ёфта ба наздамон бар гардед,- гуфтем.
Рӯзи дигар огаҳ шудем, ки Тошбойро ба беморхона бурдаанд ва ҷароҳияш хуб гузаштааст. Як гурӯҳ дӯстон хостем ба аёдаташ равем, лекин фаҳмидем, ки ҳоло дар вазнинхона будаасту наздаш даромадан намемондаанд. Баъди аз вазнинхона баромадан як гурӯҳ дӯстон ба аёдаташ рафта, дуру дароз сӯҳбат кардем. Аз чеҳрааш пай бурдан мумкин буд, ки аз натиҷаи ҷарроҳӣ ва бақои ҳаёт дар тарсу ҳарос аст. Аз вазъияти фарорасида истифода бурда, аз забони Ҳофизи бузугвор гуфтам:
Соқӣ биё, ки ҳотифи ғайбам ба мужда гуфт,
Бо дард сабр кун, ки даво мефиристамат.
Ҳам дард, ҳам шифо ва тамоми шикасту рехти мо дар дасти офаридгор аст ва мебинед, ки пагоҳ шифо ёфта, мебароеду рӯзгоратонро идома медиҳед. Тошбой аз ин суханон рӯҳи тоза гирифта, каме чеҳрааш кушода гардид. Бо ҳам гарму ҷӯшон хайрухуш карда, аз наздаш баромада рафтем.
Пас аз чанд рӯз ногаҳон ҳолати саломатии Тошбой каме бад шуда будааст. Доруҳои гузаронидаи духтурон таги пӯст зада ва ранги пӯсташ ботамом сиёҳ ба чашм мерасидагӣ шудааст, ки ин ҳолат боиси тарси ҳамкорон ва аёдаткунандагон гардида буд. Ҳамкорон баъди аёдат манзараро ниҳоят хатарнок шарҳ дода, интизори хабари нохуш буданд. Як гурӯҳашон изҳори ташвиш мекарданд, ки ту дигар пулҳоятро гирифта наметавонӣ. Ҳоло зинда аст, рафта пулҳоятро талаб кун ё хонадонашро шунавон, ки аз ман ҳамин миқдор пул қарздор аст. Эй дӯстони азиз, ба ман гӯед, ки шумо чӣ хел одамони кӯрдил, бераҳму бешафқатед. Наход ҳамин рӯзу ҳамин соат вақти пулпурсӣ бошад. Оилаву ҳамсояҳо ба ин ниқобдории шумо чӣ мегуфта бошанд? Магар шумо аз ғазаби Худо наметарсед, оё шумо мурданӣ нестед? Танаш сиҳат монад, медиҳад, агар ягон ҳодиса шавад, аз шири модараш ҳалол бод, гуфта, мебахшам. Аз ин ҳам зиёдашро ба корафтодагон бахшида будам, кам нашудам, балки манфиати зиёдтар дидам. Дастгирӣ кардан ва бахшида тавонистан ҳам яке аз сифатҳои хуби одамист. Инсони беманфиат, бепарво ва сангдил ба хори мағелон ва қумзори тафсон шабоҳат дорад.
Дере нагузашта Тошбой шифо ёфт ва ба кор баргашта, дар паҳлуямон фаъолияти омӯзгориро давом медод. Аҷиб он буд, ки ҳамон мардуми аз бемориаш шоду маргашро чашминтизор аз ҳама бештар ҳарфи садоқат мезаданд. Ӯ шахси ошкорбаён буда, тамоми камбудиҳоро бе тарсу ҳарос мегуфт. Як оҳ кашида гуфт: «Бисёриҳо дар шифохона омада ҳамдардӣ мекарданду дар пуштам маргамро орзу менамуданд. Дар ғайбам зинда намемонад ва пулҳои додаатонро дигар гирифта наметавонед, мегуфтаанд. Хайр, шукри Худо, ки ба ман сиҳатӣ ва умри дубора бахшид, росташро гӯям, ҳатто худам бовариямро аз даст дода будам.
Дигар ҳамааш мегузарад ва дастгирие, ки Дастамҷон кард, танҳо ба худи ӯ хос аст. Ҳамеша аз Худо талаб дорам, ки давлаташ афзун, саломатиаш бардавом ва хонадонаш обод бошад.
Дар ин бора Носири Хусрав фармудааст:
Шамшери нек аз оҳани бад чун кунад касе?
Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким, кас.
Борон, ки дар латофати таъбаш хилоф нест,
Аз боғ лола рӯяду аз шӯрабум хас.
Ҳар кас ба чунин мардонагӣ арзанда ва лоиқ буда наметавонад, гарчи ин сифатро бояд тамоми инсонҳои ба охират бовардошта бояд дошта бошанд. Ин мардак дар байни одамони гуногун дар минтақаву мавзеъҳои зиёд зиста, беҳтарин сифатҳои одамиро касб карда, шахсияти худро оро додааст. Ман мушоҳидаҳои зиёд кардам ва ба хулосае омадам, ки дар ботини ӯ ҳасад, бухл, хасисӣ, бадгӯӣ, бадниятӣ дида намешавад. Ӯ шахси бомаърифат ва ҷаҳонгаштаю дорои ҷаҳонбинии баланд ва маданияту анъанаҳои ба худаш хос мебошад.
Соябонии ятимон
Тобистони соли 1983 маро аз омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 19- и ноҳияи Колхозобод ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 25- и ноҳияи Ҷиликӯл ба кор гузарониданд. Дар он замонҳо касе мадори намеравам, гуфта, рад кардан надошт, зеро сиёсати давлат хело сахт буд ва ба куҷое мефиристоданд, рафтан мегирифтӣ.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Ҷиликӯл ба кор шурӯъ кардам ва азбаски дар ин ҷо сарпаноҳе надоштам, бегоҳӣ пас аз анҷоми кор гашта ба Колхозобод мерафтам. Баъди як муддат масъалаи хонаро ҳам ҳал кардам ва хотирҷаъмона корро давом додам. Як рӯз аз ошхонаи донишҷӯён дидан карда бо ҳайати коргарони он шинос гардидам. Сарошпази ошхона акои Ҷалилро аз шароити корӣ ва шароити зиндагии ҳар коргараш пурсон шудам. Маълумам гардид, ки ӯ ҳам нисбати ҳаёту мамоти онҳо бетараф набудааст.Ӯ аз ҳама бештар Маша (Муродсултон) ном пазандаро таърифу тавсиф карду оҳи сӯзоне кашид. -Ҳа, Ҷалил- ако, чаро ин қадар оҳи пурдард кашидед?- гӯям, -муаллим шумо аҳволи ин зани муштипарро намедонед. Соли гузашта шавҳарашро кушта, дар партовгоҳ партофтанд ва ҳафт фарзанди ноболиғаш ятим мондаанд. Ин зани бонангу номус иродаро нашикаста, бо заҳмати ҳалолаш зиндагияшро сомон мебахшад. – Ҷалил- ако, бояд ин ҳодисаро бо ман нақл намекардед, акнун чанд рӯз хобу роҳатро аз даст медиҳам, гуфтам. Фикру хаёли онҳо маро азоб медод ва дар андеша мондам, ки чӣ тавр ба онҳо ёрии беғаразонаи худро расонам.
Он рӯзҳо директорамон Ҷӯрабоев Каримҷон, ки мубталою гирифтори касалии қанду фишори хун буд, дар муолиҷа қарор дошт. Вазифаашро ман иҷро мекардам ва мустақилона қароре қабул карда наметавонистам ва намехостам, ки ягон кору амали ман боиси ранҷиши хотири он кас гардад. Ҳамеша роҳ мепоидам, ки тезтар ӯ биёяду дар якҷоягӣ барои дастгирии ин ятимон маслиҳат кунем. Боварӣ доштам, ки Каримҷон ҳам худаш шаҳди ятимиро чашидааст ва нисбат ба ин масъала бетараф буда наметавонад.
Ҳамеша дар пеши чашмонам чеҳраи он тифлакони мӯҳтоҷи ёрию мадади атрофиён меистоданд. Дам ба дам мисраҳои ғазалиёти Саъдии зинданом ба ёдам мерасиданд, ки фармудааст:
Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан.
Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.
Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок.
Агар сояи хеш рафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.
Аз ин рӯ, пас аз кор ба ноҳияи Колхозобод, ба шифохона, барои аёдати директорамон Каримҷон рафтам. Ӯ дар болои кат дароз кашида, рӯзномаҳои зиёдеро наздаш гузошта, мутолиа мекард. Саломи маро шунида, рӯзномаҳоро ба замин гузошта, ба пешвозам бархост. Ҳамдигарро ба як самимияти хоса ба оғӯш кашида, пурсупос намудем. Ӯ дуру дароз аз вазъи кору аҳволи коллектив пурсон шуд. Дар рафти сӯҳбат фурсати мувофиқ меҷӯстам, ки дар бораи шароити зиндагии он ятимакон гап андозам. Худо рост овард, ки Каримҷон вазъи таъмини ошхонаро бо маҳсулоти ғизоӣ пурсид. Бад не, Каримҷон, ҳама чиз мерасад, маҳсулоти ғизоиро барои ошхона бетаъхир оварда истодаанд. Лекин ин ҷо як мушкилот баромад, зани ошпаз Маша наздам даромада, изҳори майли аз кор рафтан кард. Мегӯяд, ки бо ин 70-сӯми моҳона рӯзи ҳафт нафар фарзандони ятимамро ман гузаронида наметавонам. Ман фикр мекунам, ки агар малолатон наояд ва ба фикри ман розӣ шавед, дар ҳафта ё даҳрӯза аз ҳисоби ошхона каме шакар, макарон, гӯшт, маска, биринҷ ва ғайраҳо диҳем, тифлакон хӯранду ба ҷиноят даст назананд савоб мегирем. Зеро ки шоир фармудааст:
Надорад дин, агар марде сахӣ нест,
Агар бошад сахӣ,ӯ дӯзахӣ нест.
Каримҷон каме ба андеша фурӯ рафту ногаҳон ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. -Мебахшед, ман ятим калон шудааму дар чунин лаҳзаҳо худамро дошта наметавонам. Падару модари Шумо дар қайди ҳаёт ҳастанд?- Ҳа, – гуфтам. – Дидед, шумо чӣ хел инсони хушбахтед, шумо бояд ҳамеша шукргузори даргаҳи зоти пок бошед.
– Ба касе нақл кардани он рӯзҳоро тоб надорам, дилам тоб оварда наметавонад. Дастамҷон, дар ин бора чанд бор ман ҳам фикр карда будам, лекин аз фазои носолими ин минтақа метарсидам. Модом, ки дунафар шудем аз назди ман баромада рафтӣ, фавран акои Ҷалилро наздат даъват карда, фаҳмон, ки бо директор маслиҳатро пазондем ва дар ҳафта ё даҳрӯза 1-2 киллоӣ маводи хӯрока барои таъминоти тифлаконаш ба он зани паршикаста диҳаду овоза накунад, ки мардум боз мақола карда нанависанд. Тарзе кун, ки ин амали хайрро ӯ аз сарошпаз ва ҳотамии ӯ гумон кунад. Хурсанд шавад ва қадри акои Ҷалилро дониста, софдилона кор кунад. Занҳо кӯтоҳақланд ва дар ҷое мабодо нақл накунаду мардум нодуруст фаҳманд. Ҷалилро баъди аз назди директор баргаштанам наздам даъват карда ба таври махфӣ фаҳмонидам, ки бе ягон тарсу ҳарос ин амалро баҷо биёрад.
Як пагоҳ барвақт ба кор омадам ва навбатдори ошхона Ҷанатов Аъзамат гузоришеро оварда болои мизи кориям партофта, изҳор кард, ки дуздии молу мулки ҷамъиятиро фош кардааст. Хонда бинам, гузориш бисёр босаводона навишта шудааст ва дар охир ҷамъбаст гардида, зарари расонида бо пул ишора гардидааст. Тарафи навбатдор рӯ оварда, пурсидам: «Ин ҳуҷҷатро худат навиштӣ ё касе ёрдам дод?» Ман аз он дар ҳарос будам, ки мабодо ягон маҳбасии қонунчиро дар сохтани ин ҳуҷҷат киро накарда бошаду корамон расво нашавад. Не худам дасгир кардам ва дар ҳузури шоҳидҳо навиштам. Охир ман якчанд сол дар органи назорати халқии ноҳия кор карда будам. Офарин, Аъзамат Ҷаннатович, агар мисли ту бисёриҳо мебуданд ва вазифаашонро содиқона иҷро мекарданд, ҷамъияти инсонӣ нест мешуд ва аз инсоният ному нишоне намемонд. Пеш аз сар кардан ба навиштан ту аз худат савол накардӣ, ки ман чӣ менависам ва оқибати кор чӣ мешавад? Ӯ аз ин суханони ман чизеро нафаҳмида як лаҳза карахт шуд. Ман бошам ӯро бахуд омадан нагузошта, як варақи тозаро наздаш партофта фармудам, ки аризаи аз кор рафтанашро бо хоҳиши худаш нависад. Ӯ ҳайрон монд, ки чаро ба ивази хизмати арзандааш дар ҳифзи моликият ва бойгарии давлатӣ ба чунин ҷазо сазовор гардидааст.
Ман бо як оҳистагии хоса гуфтам: «Бародарам Аъзамат! агар имрӯз касе ба ман хабар медод, ки туро бо ҳамин миқдори бору мавод дар назди хонаи ҳамин зан дастгир карданд, фахр мекардам ва мумкин ифтихорнома медодам». Оё ту намедонӣ, ки соли гузашта шавҳари ин занро кушта, дар партовгоҳ партофтаанд ва ҳафт нафар фарзандонаш ятим мондаанд. Ягон вақт андешае дар бораи ба чунинҳо дароз кардани дасти ёрию мадад аз лавҳи хотират гузаштааст, ки дасгир мекунию худро ҳамчун ғолиб эҳсос менамоӣ. Худат фарзанди як одами хуби ноҳия ҳастиву дар сандуқи синаат ба ҷои дил санги сиёҳеро бардошта гаштаӣ.
Акнун имрӯз фаҳмидам, ки ту арзандаи дастурхони мо набудаӣ вам ан хатои вазнине карда туро ба кор қабул кардам. Як насиҳати беғаразона медиҳам, ки минбаъд дар куҷое бошӣ, андеша кун ва пеш аз ҳама аҳволи одамонро ба эътибор бигир. Ҳамин тавр дониста гир, ки ин супориши ман дар ҳамоҳангӣ бо директорамон буд, ба хотири дастгирии ятимони ин оила. Ту бошӣ, қаҳрамони беинсоф, худам қапидам, гуфта, фахр мекунӣ. Бо ҳамин сӯҳбати мо анҷом пазируфт ва Ҷаннатов Аъзамат аз дарвоза бо қаҳру ғазаб баромада рафт. Он зан акнун фаҳмид, ки ин хайр ва дастгирӣ бо ташаббуси кӣ будааст. – Муаллим, барои некиҳоятон ҳазорон раҳмат, лекин метарсам, ки ягон нохушиеро ба саратон наоранд. Барои ману фарзандонам шуда, вазифаю мансабатонро дар зери хатар намонед, аз пагоҳ эътиборан дигар ёриатонро намегирам, охир ӯ бо ҷаҳл аз дарвоза баромада рафт ва дар маркази ноҳия шикоят мекунаду ягон балоро мехезонад,- гуфт, Маша. Аммо ба Ҷалил- ака гуфтам, ки минбаъд ҳам ёриро қатъ накунад ва то рӯзи дар ҳамин кору вазифа буданамон онро давом диҳад. Таваккал ба худо, агар хайру шафқат сабаби аз кор рафтани ман гардад, тайёрам, ки равам. Лекин боварӣ дорам садақа пеши ҳама балоҳоро мебандад. Ҳамон рӯз дар дафтари кориам бо сармуҳосиб баъзе масъалаҳои хоҷагиро дида истода будем, ки тақ- тақи дар баланд шуд. Марҳамат, дароед, гуфтам.
Се нафар вориди дафтари корӣ шуданд ва ҳарсеяшон мансабдорони ноҳия буданд. Онҳоро истиқбол карда, хуш омадед гуфта, ба шиштан даъват кардам. Котибаро барои ташкили дасторхон супориш додам, онҳо бошанд, ташвиш накашед, ҳоло вақтамон ниҳоят танг аст. Чойро ягон бори дигар агар насиб бошад, менӯшем. Ҳоло мо бо масъалаи дигар назди шумо омадем. Тамоми ҳушу ёдам ба шумо, гуфта, ба меҳмонон наздиктар нишастам. Мехостем сабаби аз кор рондани коргаратон Ҷаннатовро фаҳмем, ки чаро ба ивази хизмати софдилонааш дар ҳифзи моликият аризаашро талаб кардаед. Кӣ ба шумо чунин ваколат додаст, ки қонунро поймол намоед? Ман нотарсона ва бе ягон дудилагӣ гуфтам «Вай ба ин ҷазо арзандаю сазовор аст ва ман аз мавқеи инсонгароиву гуманизм ин ҷазоро ба ӯ муносиб донистам». Корманди кумитаи бехатарии ноҳия тарафи сардори бозрасии автомобили ноҳия нигоҳ карда гуфт: «Аз ин муаммо ман чизеро нафаҳмида истодаам». Дӯстам худатонро азоб надиҳед ин асрорро танҳо аз худи Аъзамат фаҳмида метавонед. Онҳо аз ҷуздонашон аризаи ӯро, ки пур аз тӯҳмату дурӯғ буд, бароварда, ба наздам гузоштанд. Дар ҳолати ҳузур доштани одами зинда ариза чӣ зарурият дорад, охир ариза забон надорад, ки аз он росту дурӯғашро ёфта гирем.
Супориш додам, ки як лаҳза интизор шаванд ва котибаро барои даъвати Аъзамат бо Ҷалилу Маша равон кардам ва дере нагузашта онҳо ҳозир шуданд. Акнун маро бодиққат гӯш кунеду хулосаатонро дар асоси адлу инсофи инсонӣ бароред. Тамоми ҳодисаро аз аввал то ба охир бо тафсил ба онҳо гуфта додам. Онҳо маро бодиққат гӯш мекарданду ба тарафдории Аъзамат дигар чизе гуфта наметавонистанд ва дар охир акааш (корманди бозрасии автомобилии ноҳия) маро ба оғӯш кашида, моро бубахшед, ки таги гапро нафаҳмида шуморо ташвиш додем. Ҳеҷ гап не, бародарон, шоир барҳақ фармудааст:
Ту шохи мевадорӣ сархамӣ кун,
Чу борони баҳорон ҳотамӣ кун.
Ту аз одам шудӣ пайдо ба олам,
Ба одам мисли одам одамӣ кун.
Талаби ман ҳам аз бародари шумо танҳо ҳамин аст, ки ҳалимӣ ва меҳрубониро пеша кунад, атрофиёнро низ фаҳмаду мувофиқи шароит амал намояд. Худо ба ӯ дил додаст ва аз талаботи шариат бохабар асту мувофиқи он амал намекунад. Охир ӯ дар хонаводаи муллои бомаърифат ва пешқадами ноҳия ба дунё омадааст. Магар аз осмон афтидаасту аҳволи ин занро, ки ҳамшарияш мебошаду солиён бо ҳам кор мекунанд, намефаҳмад. Наход дарк накунад, ки ҳафт нафар тифлаки бегуноҳ бегоҳӣ омадани ин занро интизоранд. Агар гурусна монанд, ба ҷиноят даст мезананду модар мумкин роҳи дигареро интихоб кунад. Агар ҳамин рафтори маро тороҷи моликият ҳисобед, мувофиқи аризаи он курдил ман ба ҷавобгарӣ тайёрам, гуфта, ҳарду дастамро дар пешашон доштам, то занҷир зананд.
– Не, устод, моро маъзур доред, ки шуморо ташвиш додем,- гуфтанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Тавофи Каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст Каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ.
Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,
Қабули ҳақ нашавад, агар диле биозорӣ.
Ҳамин тавр онҳо бо ман хайру хуш карда баромаданӣ шуданд ва хоҳиш карданд, ки барои чунин рафтори ғайриинсонона бародарашонро акнун аз кор пеш кунам. Аммо ман гуфтам, ки барои ташвишу сарсонии шумо имконият медиҳам, то дар паҳлуямон кор кунад ва нозукиҳои одобу рафтори одамиро омӯзад. Зеро ки муаллим шудан ва ба олимӣ расидан осон аст, аммо ба мартабаи инсонӣ расидан ниҳоят мураккабу мушкил мебошад. Шодравон Лоиқ мефармояд:
Дидаам дилрезаҳое, ки радифи дил нашуд,
Соҳибунвоне фузун дидам, яке фозил нашуд.
Зиндагӣ, гар устоди мо тӯй, бе парда гӯй,
Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд.
Аъзамат ҳам шояд аз кабили чунин шогирдҳо бошад ё холо ҳам чавонӣ карда истодааст. Ба мартабаи баланд инсон танҳо бо заҳмати зиёд, андешаи пухта ва ҳатман бо кӯмаку мадади атрофиён расида метавонад. Ӯ дар фаъолияти меҳнатии минбаъда хеле обутоб ёфта, ба қадри одаму одамгарӣ мерасидагӣ шуд. Ҳоло ҳам иззату ҳурмати моро ба ҷо меорад ва устод гуфта муроҷиат мекунад.
Аз маҳбас ба мактаб
Табиатан ман аз даврони бачагӣ моил ба ғамхории атрофиён, дилсӯзу ҳамрози корафтодагон, чораҷӯи дармандон ва мададгори мӯҳтоҷон буд. Аз тарафи дигар, ниҳоят ҳассосу зудранҷам ва худо накарда фарзандам ба бовариям сазовор нагардад, дилам тез меранҷаду сӯҳбату машваратро бо ӯ хотима мебахшам. Ба ин одату рафтор ҳар қадар кӯшиш кардам, хайру хуш карда натавонистам. Пули охиринӣ доштаамро ба корафтодае дода худам мӯҳтоҷӣ мекашаму лекин аз амали кардаам қаноатманд мешавам. Баъзан мардум аз ин сӯъистеъмол мекунанд, вале ман намеранҷам ва ин амали хайрро тарк карда наметавонам. Солҳои 70- уми садаи 20 аксар устодони машҳуру донишманди Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченкоро бо тӯҳмату дурӯғ, ки сиёсати он вақтаи ҳизб буд, ба ҳабс гирифтанд. Дар давраҳои охири адои мӯҳлати маҳбасӣ онҳоро ба маҳбӯсони озод табдил дода, ба шаҳраки Гароутии ноҳияи Ҷиликӯл оварда буданд. Онҳо дар даштҳои Оқҷар участкаи ёрирасон доштанду дар он пайваста заҳмат макашиданд. Аксари онҳо шахсони бегуноҳе буданд, ки хислати балегӯӣ надоштанд ва ин қимату арзиш ҳамчун айбнома онҳоро ба маҳбас кашида буд.
Моҳи декабр ё январи соли 1984- ум аз шаҳри Душанбе бо мошинаи шахсиям хона мерафтам. Чун ба маҳали Оқҷар расидам, ногоҳ мошинам ду-се маротиба суръаташро гум карда, якбора хомӯш шуд. Ҳарчанд дигарбора хостам маторашро ба ҳаракат дарорам, натавонистам. Ман, ки ғайр аз рондани мошин дигар аз банду басту шикасту рехташ хабар надоштам, чӣ кор карданамро намедонистам. Дар паҳлуи роҳ гурӯҳеро машғули кор дида, наздашон рафтам. Пас аз салому вохӯрӣ аз онҳо хоҳиш кардам, ки агар ронандагон ё шахси мошинро каму беш мефаҳмидагӣ дар байнашон бошанд, як мошинаи маро бинанд. Як марди ниҳоят лоғар пеш баромада, аз ман чӣ айб доштани мошинамро пурсид. Гуфтам, ки чанд бор силтав заду фишораш гум шуду дамаш гирифт. Ҳеҷ гап набудааст, гуфта, калидро аз дастам гирифту сӯи мошин рафт.
Зеҳн монда нигарам, тамоми мушкилии меҳнатро ба гардани як марди синнаш ба ҷое расида бор кардаанду имконият намедиҳанд, ки қоматашро рост кунад. Инро дида, дилам ба ҳолаш сӯхт ва наздиктар рафта, хостам дар борааш маълумот гирам. Ӯ изҳор кард, ки муаллими фанни физика шуда кор мекардаасту ҳамчум миёнарав ба маҳбас афтодааст. Ному насабашро пурсидам ва дар варақе навишта гирифтаму ваъда додам, ки бегоҳӣ бо мактуб назди сардоратон Мискинов даромада, шуморо ба кори таълиму тарбия ҷалб мекунам. Кошки ҳамин корро мекардед, набошад ба чунин азобу машақат тоб намеораму пеш аз мӯҳлат ин бераҳмҳо маро мекушанд. Додарам, бовар кунед, бегоҳӣ баъди анҷоми кор аз бемадорӣ чизе хӯрда наметавонам ва хобам мебарад, агар ҳамин хел давом кунад, мурда рафтанам дур намондааст.
Бегоҳ бо мактуб назди сардори каллонаи ислоҳотӣ Мискинов даромада, Нормуродовро бо зарурияти истеҳсолӣ дархост карда гирифтам. Аз рӯзи дигараш ӯ ба кори таълиму тарбия шурӯъ кард ва ҳолати ӯро ҳис карда, супориш додем, ки барояш ҷои хоби муваққатӣ диҳанду ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. Аз муаллимони шароити хубдошта хоҳиш кардам, ки як чиз- ним чиз ба ӯ диҳанд, то ба худ биёяд.
Нормуродовро ба наздам хонда, як миқдор пулро ба дасташ додам, ки сару либоси корӣ харад ва худашро дар назди дигарҳо оҷизу нотавон ҳис накунад. Ин пулро ба шумо қарз не, балки аз дили соф додам, ки сару либосатонро нав ва дар ҳақи мо дуои нек кунед. Аз ин амали хайри аҳли коллектив ӯ ниҳоят хурсанд буд ва изҳори миннатдорӣ кард. Дар чашмонаш ашки шодӣ чарх мезад. Писарам, забонам лол гардидааст ва дар баёни миннатдорӣ сухане мувофиқ наёфта истодам. Ин одамгарии шумо тавсифнашаванда аст. Шукри Худои бузург, шукронаи чунин падару модар, ва шукронаи сарзамине, ки ба мисли шумо фарзандони боандешаю бомаърифатро ба дунёи ҳастӣ овардааст.
Ҳамин тавр дуокунон Нормуродов аз кабинетам баромада рафт ва маро андешаи ҳаёти минбаъдаи ӯ ором намегузошт. Директори совхози «Субтропик»-и нохияиҶиликӯл ба ман додани 3-га замини бенақша (бидуни шартнома барои супоридани маҳсулоти парваришшуда)- ро ваъда дода буд. Агар ҳамон замини ваъдагиро диҳанд, ҳамин бечораро бо худ мегирам ва зиндагияш хуб мешавад. Инсон ҳеҷ гоҳ бе хатогию иштибоҳ намешудааст. Бинед, ки бо дидани намуди зоҳирии Нормуродовман ба иштибоҳ афтода, тайёр будам, ки тангаи охиринамро ба он кас диҳам. Ҳатто аз худо ғофил будам, ки охир ӯро гирифтори ғазаби хеш гардонидааст.
Баҳор ҳам фаро расид ва як рӯз назди директори совхоз рафта, дар бораи ваъдаи додааш лаб кушодам. Ӯ сараграномро супориш дод, ки рафта аз куҷое муаллим хоҳад, замини бенақша ҷудо карда диҳед. Раис беҳтараш, то ягон гапу гапча нашавад, шартномаатонро бандед, мо аъзо баҳисоб рафта боз музди меҳнат ҳам мегирему нақшаи сабзавотро иҷро карда, соҳиби фоида мегардем, гуфтам.
Ин суханони ман ба раис хело ҳам маъқул афтоданд ва дар охир гуфт: «Мехостам ба шумо замини бенақша диҳам, аммо худатон нахостед, ихтиёратон. Аслан фикри шумо дуруст аст, замона нотинҷ, мардумро фаҳмидан мушкил шудагӣ, бояд чизе гӯянду нависанд, набошад бароҳат хоб карда наметавонанд». Бо раис хайру хуш карда, ҳамроҳи сарагроном барои интихоби замин рафтем. Заминро дар наздикии мактаби таҳсилоти умумии № 20, ки сероб буд, интихоб кардем. Бегоҳ Нормуродовро наздам хонда мақсадамро гуфтам. Муаллим дар кори деҳқонӣ шумо худро чӣ хел ҳис мекунед, ки ба умеди шумо шуда, ман се гектар замини совхозро гирифтам. Дуруст андеша кунед, агар аз ӯҳдаяш бароем, сар кунем, агар не, ба ягон кас иҷора диҳем.
Шумо медонед, ин орзуи деринаи ман буд ва ба ҳар кас муяссар намешавад замин ёфтан, шумо бошед, онро боз ба иҷора медодед. Падару бобои ман дар Деҳнав аз пушти деҳқонӣ ва белу каланд нон мехӯрданд.
Аз пагоҳаш пас аз анҷоми кори таълиму тарбия ба сари замин баромадем, то ки онро ба кишт тайёр кунем. Трактори шудгоркунӣ ва ҷӯйяккаширо киро карда, заминро ба кишт тайёр кадем. Нормуродовро ба бозор фиристодам, ки тухмиҳои хуби тарбуз, харбуза ва каду харида, шабона тар карда монад ва нами замин напарида пагоҳ шинонем.
Пагоҳӣ бо ёрию мадади хоҷагидорони ҳамсоя ба шинонидани тарбуз, харбуза, мошу лӯбиё, турбу шалғамча (редиска) сар кардем ва тамоми гирду гӯшаи заминро каду коридем. Ба замин бо хоҳиши баланд ва муҳаббати бепоён муносибат мекардем. Намегузоштем, ки алафи бегонае сар барорад ва пайваста дар он машғӯли меҳнат будем ва аз рушду нумӯи дастранҷамон меболидем. Аз ибтидои кор маълум буд, ки худо хоҳад, ҳосили фаровон ба даст меорем.
Яке аз рӯзҳо бо Нормуродов маслиҳат кардем, ки пагоҳ омада, ягонакунӣ мегузаронем ва ба зироат дору дода, об мемонем. Омада акнун корро сар кунем гуфта, ният карда будем, ки як одам омад, ба хонаи Эргаш- ако ба нон даъват кард. -Хезед, рафта аввал нонро мехӯрему пас баҳузур корамонро кардан мегирем,- гуфтам. Ҳардуямон вориди хонаи Эргаш – ако шудем ва аҳли нишаст маро ҳамчун директори мактаби деҳаашон хуш пазируфта, ба ҷои намоёне бо ҳамроҳи Нормуродов шинонида, чою нон оварданд.
Хӯрок бо гӯшти гӯсфанд буд ва барои ман таъсири баде надошту мушкилотеро пеш намеовард. Лекин дар дилам мегузашт, ки аҳволи ин мӯйсафедро бад мекунад. Ӯ бошад, ҳурмати директории маро риоя карда, пешдастӣ намекард. Аз вазъият истифода бурда, бештар гӯштпораҳои беравғанро худам мехӯрдаму равғандорашро тарафи ӯ тела медодам.
Ӯ ҳам чизе нагуфта, бо завқи калон мехӯрд ва пас аз якчанд пиёла чойи сабз аз соҳибхона хоҳиш кардем, ки дуо карда, моро ҷавоб диҳад. Пас аз дуою хайру маъзур бо он хонадон бо Нормуродов ба тарафи замин равон шудем.
Як вақт бинам, рӯяш ба монанди лаблабӯ суп- сурх шудааст ва худамро қафо гирифта ба гашташ назар кунам, морпеч ва шикаста мегардад. Ҳамин тавр, ба сари замин расидему ба қафои мошинам гузашта, пӯшоки корӣ пӯшида, каландҳоямонро бардошта, вориди замин шудем.
Авзои Нормуродов беҷо буд ва ба гумони аниқ дароз кор карда наметавонист. Пас аз чунин хӯроки боқувват як чойник чои кабӯд мешуд, мудаъои дил буд, гуфт он кас. Ин чандон кори мушкил нест гуфтам ва тарафи хонае, ки дар назди заминамон воқеъ буд, овоз додам. Писари мудири хоҷагии мактаб Мелибой дере нагузашта як чойник чои кабӯдро оварда, наздамон гузошт ва каландро гирифта ба ёрдам шурӯъ кард. Ӯ ниҳоят устокорона каланд мезад, ки ҳаваси бинанда меомад.
Пас аз чойнӯшӣ паҳлӯи якдигар ба кор сар кардем ва сӯҳбатамон бисёр самимӣ буд ва ҳазлу шӯхӣ мекардем. Ӯ аз ин бобу он боб суол карда, ҷавобҳои дилхоҳашро мегирифт ва ниҳоят лаҳзаҳои беҳтарини ҳаётро ба ҳам нақл мекардем.
Як вақт ҳис кардам, ки беҳуда сӯҳбат карда истодаам ва шунаванда надорам. Ба қафо нигарам, Нормуродов дар ягон ҷо наменамояд, гумон кардам ба ҷое барои ҳоҷат рафта бошад. Лекин ҳолати аз меҳмонӣ баромаданаш пеши хотирам омаду ба ҷустуҷӯяш даромадам. Бинам, дар масофаи дуртар дар даруни ҷӯяке хобидааст. Аввал гумон кардам, ки монда шудаасту дам мегирад. Наздик шуда, овоз диҳам, ҷавоб намедиҳад ва чун ба ӯ даст расонида, ба паҳлуи дигар гардонам, бинам аз даҳонаш кафк баромада, нигоҳи чашмонаш хира шудаанд. Вой дареғо, ман хостам зиндагиашро беҳтар кунам, насиб набудааст, мурдаашро чӣ хел бурда дар хонааш месупорам. Зану бачаҳояш чӣ мегуфта бошанд? Коллектив ба ин ҳодиса чӣ хел баҳо медиҳад? Суолҳои зиёде ба сарам меомаданд ва ба ягонтаи онҳо ҷавоб ёфта наметавонистам. Дар охир худро ба даст гирифта, Мелибойро овоз додам. Ӯ дарҳол расида омад ва якҷоя Нормуродовро ба назди гидран (лӯлаи об) бурда, зери шораи он гузоштем. Аз сардии об баъди фурсате дар ӯ нишонаҳои зиндагӣ аз худ дарак доданд ва чашмҳояшро кушода, ба ҷумбиш даромад ва ман андак ором шудам.
Ӯ ба худ омада, норозиёна ба ҷанҷол даромад, ки чаро маро беҳурматӣ карда, соламро ба инобат нагирифта ба об партофтеду либосҳоямро тар кардед. О, намедонӣ, ки мо туро аз зери дарвозаи дӯзах базӯр кашида гирифтем. Боз ба ҷои раҳмат ва изҳори минатдорӣ ҷанҷол бардошта истодаӣ, гуфтам.
Рӯз то рӯз киштаҳои мо авҷ карда, даву рез мепартофтанд, ки аз тамошои он манзара як ҷаҳон умеду лаззат мебурдем. Пешопеш тарбузу харбузаҳо низ мепухтанд ва мо хеле хушҳол будем. Як рӯз ҳангоми дамгирӣ тарбузеро пора карда хӯрдем ва худоро сад шукр мегуфтем, ки меҳнатамон бор овард.
Пагоҳии рӯзи дигар Нориуродов дигар бо мошини ман ба сари замин намеомадагӣ шуда, велосипеде пайдо карда, алоҳида меомад. Ҳар рӯз дар пушти велосипедаш ду халта оварда, пас аз анҷоми кор ба ман рӯ оварда, мегуфт, ки шумо барои шаби бачаҳо тарбуз намебаред? Мебарам, гуфта, як дона тарбузро канда, ба бордони мошин мегузоштам ва мушоҳида мекардам, ки саросемавор ба тарбузчинӣ даромада, ҳарду халтаро таранг бор карда, ба пушти велосипедаш мебаст ва пас дуо мехонду дастонашро ба рӯи қоқи офтобхӯрдаи камгӯшташ молида, ба роҳ мебаромад. Пагоҳ боз айнан ҳамин манзара такрор мешуд ва ман дар ҳайрат монда будам, ки магар бачаҳои ӯ ғайри тарбуз чизи дигаре намехӯрда бошанд.
Як рӯз дар шаҳрак дӯстам Раҳимбегро вохӯрдам, ки тарбузи калонеро бардошта хона равон буд. Ҳолпурсӣ карда, сӯҳбаткунон мерафтем ва ӯ аз зани Нормуродов 5-сӯм гирифтани тарбузашро нақл кард. Ман хомӯшона гӯш мекардаму то кадом дараҷа ба зиндагӣ таиёр будану аз ҳама чиз фоида ҷӯстани ӯро андеша менамудам. Ҳар рӯз агар ба таври миёна ҳисоб кунем, ӯ бештар аз 50- 60 сӯм фоидаи соф мебинад ва мани содда гумон мекунам, ки он бечораҳо ғайри тарбуз чизе намехӯранд.
Ба болои ин дар масъалаи чидан, киро кардани мошин, бор кардан ва фаровардани тарбуз ва хароҷоти маблағҳо ӯ ягон масъулиятро ба зиммааш намегирифт ва фоида боз баробар тақсим карда мешуд. Бо ҳамин фикрҳо ба сари замин расида, пӯшок иваз карда, вориди замин шуда корро ба анҷом расонида будам, ки ӯ ҳам омад. -Мебахшед, меҳмон омада буд, каме дер кардам, барои оянда чӣ супоришҳо ҳастанд, -гуфт. Мегӯям зироат пухта таиёр шудааст, баъди ду- се рӯз шумо бо фарзандонатон ва мо бо фарзандонамон баромада ҳосилро чида, ҳеҷ набошад ба нуқтаи қабул супорида, нақшаи савхозро иҷро мекардем, кори хайр мешуд, гуфтам. Маслиҳатро пазонида, ман баҳонаҷӯёна сарпӯши (капоти) матори мошинамро кушода, ба ин ҷою он ҷояш даст задан гирифтам, то бинам, ки ин шахси деромада чӣ кор мекунад. Ӯ фавран халтаҳояшро гирифта, ба тарбузканӣ сар кард. Дар ин ҳолати мувофиқ, ки калидҳо дар дастам буданд, ба назди велосипедаш рафта, номаълум чархи қафояшро кушода, тормозашро хароб кардам ва боз чархро ба ҷояш устувор намуда, ба назди мошинам баргаштам. Пас аз фурсате ӯ ду халтаи пури тарбузро ба роҳ бароварда, аз ман хоҳиши кӯмак кард, то онҳоро ба велосипед бор кунем. Халтаҳояшро ба пушти велосипед мустаҳкам баста, пас аз дуою молидани кафи дастҳояш ба рӯи қоқинаи дар он лаҳзаҳо бароям нафратовараш ба сафар баромад. Ҳар қадар аз наздам дур мешуд, ҳамон қадар маро даҳшат зер мекард. Охир роҳе, ки ӯ мефарояд, бисёр нишеби тез буд ва ҷои яктарафа шуда, роҳ додан ба техникаи аз рӯ ба рӯ меомадаро надошт ва худо накарда, ягон нақлиёт аз пеш барояд, тормоз надорад ва зери он монда мемурад. Хайр, кори шудагӣ шуд, гуфта, андеша мекардам, ки пешонаи тракторе намоён шуд, қариб беҳуш шуда ғалтида будам. Саросемавор мошинро ба он самт ронда, дар болои теппае доштаму пиёда шуда, ба ҷустуҷӯяш даромадам. Дар як ҷо велосипедашро, ки трактор зер карда, аз болояош гузашта буд, ҳамроҳи тарбузҳои кафида ёфтам, вале аз ҷисмаш нишоне набуд, ки дилам ором гирад. Боз тозон боло баромадам, то тракторро ёфта бинам, ки мабодо дар ягон ҷояш ҷисмаш часпида кашола нашуда бошад. Лекин ҳайҳот, аз трактор ному нишон набуд ва бори дигар поён фаромада, ҷои ҳодисаро аз назар гузаронидам. Нишони тарӣ ва хун набуд ва дар ин муаммо ҳайрон монда, номашро гирифта, овоз додан гирифтам, ки аз баландии девори ҷарӣ садои нолише ба гӯшам расид. Наздиктар рафта бинам, дар як чуқурии хурдакак танҳо пойҳояш менамоянд. Кашолакунон ӯро бароварда бинам, тамоми пӯсти баданаш харошида ва хуншор аст, аммо хушбахтона захмҳо ҷиддӣ набуданд ва бовар кардан мумкин буд, ки зинда мемонад. Ҳар рӯз дар мошини ман тенҷ омада мерафтӣ- ку, чаро ин велосипеди бехосиятро гирифтӣ, – гуфтам.
Ӯро дар назди ҷӯйбор шинонида дасту рӯяшро шуста, ба мошинам шинонидам ва чизи аввалине, ки талаб кард, велосипедаш буд. Талаб кард, ки велосипедашро ҳам ба мошин бор кунам, бурда онро таъмир мекунад. Ман бошам, барои он, ки боз ин дарди сарро обод накунад, парто ин бехосият будааст, қариб саратро барбод дода буду боз бурда таъмир мекунам мегӯӣ, куҷояшро таъмир мекунӣ, аз вай ҷои обод намондааст. Ҳамин тавр, розӣ карда, ба мошинам савор кардаму ба роҳ баромадем ва дар роҳ ба саволу ҷавоб сар кардем.
– Зор монад ҳамин баландӣ, нав ба фаромадан сар карда будам, ки овози трактор ба гӯшам расид. Хостам манъ шуда, дар ягон кушодӣ тракторро роҳ диҳам. Тормоз кунам, намеқапад ва торафт суръат тез мегардад. Калимаамро арза карда, қаҳрамонона ба истиқболи марг рафта, велосипедро ба девори ҷар задам ва хайрият,ки маро ба ҳамон чуқурӣ ҳаво дода будаасту ба зери чархи трактор наафтидаам.
– Бародар, обу донаат канда нашуда будааст, набошад паҳлуи ҳам наменишастем, ба ҳаминаш ҳам шукр гӯй. Агар мемурдӣ, кӣ медонад, мурдаат чанд рӯз мехобид. О, ҳамон тормози сабилмондаатро пеш аз савор шудан ё баъд аз савор шудан як бор санҷӣ, намешуд. Барои чор тарбузи ҳаром мурдан магар айб нест?
Пас аз ин ҳодиса кори ман боз ҳам мушкилтар шуд, акнун ӯро бурда дар сари замин мемондаму қафо гашта, техника киро мекардам, ки зироатро то пункти қабул бурда супорам. Ҳосилро супорида, ҳуҷҷатҳои расмиро дуруст карда, боз рафта аз сари замин ӯро ба хонааш мебурдам.
Саломатии ӯ низ рӯз то рӯз барқарор мешуд ва пешниҳод кард, ки тарбузамон дар пункти қабул ҳайф мешавад, биё, ба бозори ноҳияи Ҳисор мебарорем,охир дар ин ҷо пули кам медиҳанд. Бо як мошин тарбуз ба бозори Ҳисор расидем. Аз бетаҷрибагӣ кӯрпаю болишт, шолчаю анҷомҳои зарурриро бо худ надоштем. Аз гӯшае садое ба гӯшам расид, ки касе худро Аҳмадҷони дузд муаррифӣ мекард. Ман ӯро наздам хонда гуфтам: «Аҳмадҷон, чӣ гуна номи зебо, вале дузд. Дар тамоми мамлакатҳои дунё аз ҳама шуғли паст дуздӣ аст. Дуздро даст мебуранд ва аз хайру садақот маҳрум мекунанд.
Аҳмадҷон, илтимос худатро паст назан, дуздам нагӯй, агар даркор бошад, мана ҳамин ғарами тарбузи ман аст, гирифта ҳамаашро бару ин калимаи зиштро ба забон нагир, ки мардуми Ҳисор бадном мешаванд. Аҳмадҷон, ту бояд аз ҳоли мо мусофирон огаҳ бошӣ, ки оё курпаю болишт дорем ё не, дар кадом шароит мавқеъ дорем. Тарбузро барои худату хонаат худамон медиҳем, ки ҳалол бару хӯр». Пас аз шунидани чунин суханҳо Аҳмадҷон -ҳозир ман гашта меоям,- гуфта, ба куҷое ғайб зад ва пас аз фурсате шолчаю кӯрпаю болишт бардошта оварда, ба мо доду бо ҳаммаслаконаш моро тарк гуфт. То рӯзи анҷоми савдо тез-тез наздамон омада, хабар мегирифт ва рӯзи ба хона баргаштанамон ман ӯро наздам хонда, изҳори миннатдорӣ кардам ва хостам, ки пули кӯрпаю болишташро диҳам, аммо қаътӣ рад карду нагирифт, бозори Ҳисори шодмон пешкашатон, ҳар вақт ки омадед, хуш омадед, гуфта, бо мо худоҳофизӣ кард. Пули савдоямонро дар мобайн монда, шумурда, ду тақсими баробар кардему бо Нормуродов ба мошин шишта, ба хона баргаштем.
Пагоҳӣ ба сари замин рафта бинем, ҳосил пухта ба баровардан тайёр истодааст. Қарор додем, ки чида ба бозори Кофарниҳон барорем ва ҳамин тавр ҳам кардем. Пулҳои ин дафъа ҳам ба даст овардаамонро баробар тақсим карда гирифтем ва хурсанд будам, ки ба касе дасти ёрию мадади худро дароз кардам.
Рӯзи дигар Нормуродов таклиф ба миён гузошт, ки шумо директори мактаб ва корҳоятон зиёдтаранд. Биёед, пагоҳ ду мошин киро кунед, ман ҳамроҳи писарам тарбузро бор карда, ба бозори шаҳри Душанбе бурда, савдо мекунем ва пас аз баргаштан даромадро баробар тақсим менамоем. Шумо ба замин ҳашар карда, дору занеду аз об бароред, набошад заҳматамон барбод меравад.
Аз чунин фикрҳои оқилонаи Нормуродов хурсанд шуда, тамоми корҳои заруриро дар замин анҷом додам. Ниҳоят онҳо ҳам аз шаҳр пас аз як ҳафта баргашта омаданду дар бораи натиҷаи савдо ҳеҷ забон намекушоданд. Худро ба нодонӣ зада пурсидам: «Муаллим, дар бораи корҳои савдоятон дар шаҳр чизе нагуфта истодаед. Ё тарбузҳоятонро дуздон бурданду аз ман ҳазар карда намегӯед, агар чунин шуда бошад, мо ҳам фарзанди инсон ҳастем мефаҳмем».
Не, росташро гӯям, савдоямон бисёр хуб гузашт, даромади хуб ба даст овардем, аммо як қисми пулҳоро дар як кор писарам Набиҷон харҷ кард. Ҷои хароҷотро рӯзҳои наздик пур кунам, дар байн монда, баробар тақсим мекунем. Ҳамин тавр, рӯзҳо мегузаштанд ва кори саҳро ҳам қариб ба поён мерасиду ҳеҷ не, ки ҷои хароҷоти он кас пур шавад. Як рӯзи офтобӣ ба коре сари замин мерафтам, ки дар сари роҳ он кас даст бардошта, маро ба манъ кардан ишора кард. Мошинро манъ кардам, зуд савор шуд.
Пас аз салом ман ба роҳ зеҳн монда, бо ӯ тамоман гап намезадам аз ин ӯ чизеро пай бурда, ба гап сар кард:
– Муаллимҷон! димоғатон сӯхтагӣ ё касе ба нафсатон расидааст, ки аз ҳамон шӯхиҳои ширинатон ному нишонро намебинам. Муаллим, вай пулҳо дар ҳушам ҳаст, имрӯз ё пагоҳ писарам Набиҷон ҷо ба ҷо кунад, оварда медиҳам,-гуфт.
– Хайр, Нормуродов, масъалаи пулро тезтар бинед, ки мошинро таъмир кардан зарур аст. Ин ҷонвар тобистони дароз ба шумо ҳам хизматҳои зиёде кардааст, -гуфтам.
Аз миён боз як моҳ гузашт, вале аз пул дарак набуд ва боз ба мошинам нишаста ба маркази совхоз рафта истода будем, то ки чор адад тракторароба (телешка) барои ба пункти қабул бурда супоридани тарбуз дархост намоям. Нормуродов бори дигар -димоғатон сӯхтагӣ барин,- гуфта, ба тарафи ман рӯ овард.
– Мани содда Аттору Мавлавию Саъдиву Ҳофизро хонда-хонда, фиреб хӯрда, туро аз маҳбас озод карда, ба кори таълиму тарбия баргардонида, хостам вазъи зиндагиятро беҳтар карда, савоб гирам. Ту бошӣ, аз худ рафтӣ, ака.
– Баъзан инсон аз хомӣ ё ноогоҳӣ аз худ меравад ва танҳо андешаи манфиатҳои шахсиашро аз ҳама боло гузошта аз одамгарӣ дур мешавад. Камбудиҳои зиндагиро намегӯед?
Дар ҷавоб гуфтам: «Рости гапро гӯям ман аз шумо не, балки аз худам димоғам сӯхтааст ва норозӣ ҳастам, ки кӯҳистонии соддаам. Дӯстро аз душман, росгӯйро аз фиребгар ва ҳалолхӯрро аз ҳаромхӯр фарқ карда наметавонам. Туро ҳамон вақте ки дар саҳро беҳуш шуда, дар замин хобида будӣ, ба ҷои заҳмат кашида ба об партофта зинда кардан бояд зада мекуштам. Лекин мани беақл ташвиш кашида, туро ба ҳуш оварда, ба хонаат бурдам. Агар мурдаатро бурда месупоридам, беҳтар мешуд». Мошинро дошта, хоҳиш кардам, ки фаромада дафъ шавад ва дигар рӯям ба рӯи номуборакаш нарасад. Бо ҳамин роҳи мо аз ҳам ҷудо шуд ва то имрӯз он пулҳо дигар ҷамъ нашуданду байни дуямон тақсим нагардиданд.
Саъдии бузургвор фармудааст:
Оқибат гургзода гург шавад,
Гар чӣ бо одамӣ бузург шавад
Ва Шоҳпири Кашмирӣ ҳам мегӯяд:
Агар бачаи чуғзро боғбон,
Зи вайрона орад сӯи бӯстон.
Нишеман диҳад бар дарахти гулаш,
Саҳаргоҳ диҳад нағмаи булбулаш.
Ки охир пару бол пайдо кунад,
Ҳамон кунҷи вайрона маъво кунад.
Соли 1994 ҳамсояҳоям аз шаҳраки Ғароутӣ ба шаҳри Душанбе омада, меҳмони ман шуданд ва дар рафти сӯҳбат огаҳ шудам, ки ашёҳои қиматноки хонаҳояшонро ин палид аз вазъияти ҷанги бародаркушӣ ва бе қонунӣ истифода бурда, бардошта ба шаҳр овардааст. Суроғаашро пурсам, дар ҳамон хонае, ки мо мезистем, мезистааст. Писарамро фиристодам, то ӯро ёфта биёрад ва дере нагузашта пайдо ва вориди хонаи ман гашт.
Ба нишастагон рӯ оварда гуфтам: «Тақдиру насибро бинед, аз ин одам ман дар ҳамон ҷо безор будам, дар ин ҷо боз ҳамсояам шудааст.» Нормуродов! ин одамонро мешиносӣ? Онҳо сарсону саргардон шуда, аз роҳи дур омадаанд, ки чизҳои аз хонаҳояшон ба чизҳои худат монанд карда,дуздидаатро қафо гардонида гирифта баранд. Наход синнат ба ҷое расида бошаду ҳалолро аз ҳаром фарқ карда натавонӣ. Боз ришчаро овехта дар масҷиди маҳалла қатори одамони хуб мешинӣ. Ӯ сар ба пеш афканда буд ва гӯё касеро намешунид. Як замон бинам, китфҳояш пасту баланд мешаванд ва садое аз гулӯяш нимшунаво берун меояд.
– Эй, масхарабоз, акнун гумон мекунӣ, ки бо сархамию гиряи зӯракӣ боз ба дили мо роҳ меёбию мардум аз гуноҳат мегузаранд? Агар боз камтараке аз одамгариву виҷдонат боқӣ монда бошад, саратро баланд куну ба чеҳраи ин мардуми заҳматкаш нигар. Ҳамаашонро мешиносӣ, бо онҳо солиёни дароз паҳлӯ ба паҳлӯ кору зиндагӣ кардию даст ба хиёнати молу ҳолашон кардӣ. Ҳар чиро, ки аз хонаҳояшон ба яғмо бурдаӣ, баргардон, нобуд карда бошӣ, пулашро деҳ, то дар қиёмат аҳволатро аз ин бадтар набинам.
Шоир барои ту барҳақ гуфтааст:
Кас натавонад гирифт домани давлат ба зӯр,
Кӯшиши бефойдаст вусма бар абрӯи кӯр.
Ноилоҷ ба омадагон ваъда дод, ки чизҳои ҳоло нафурӯхтаашро ё нобуд накардаашро бармегардонад. Агар фурӯхта бошад, пулашро медиҳад. Ин корро ба зудӣ анҷом деҳ, набошад онҳо хонаи маро медонанд ва омада ба ман хабар медиҳанду коратро ба суд месупорем. Бигузор, ҳукматро онҳо бароранду аз мо домангир нашавӣ.Ӯ то ҳол дар ҳамсоягии ман зиндагӣ мекунад, вале барои ман вуҷуд надорад. Хушо ба ҳолаш агар фаҳмида бошад, ки аз ҳисоби шӯрбахтии дигарон хушбахтӣ ба даст оварда намешавад ва аз ниятҳои ифлосаш даст кашида бошад.
Ҳамкорӣ бо Исмоили Отақул
Исмоил як шахси хоксор, хушмуомила, хушгуфтор, меҳнаткаш ва шикастанафсе буд, ки ҳамеша дар хизмати мардум қарор дошт. Шиносоии мо бо ӯ аз солҳои 70-уми қарни 20 оғоз гардида буд. Он солҳо ӯ дар омӯзгоҳи касбӣ- техникии № 19-и ноҳияи Колхозобод устои талимӣ шуда кор мекард. Техникаи ба ӯ вобастагардида ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошт ва тамоми кори мардуми шаҳраки Чапаевро ба таври ройгон иҷро мекард.
Исмоил аз он ҷо корро бас карда, ба шаҳр кӯчид ва чандин сол аз ҳолу аҳволи ҳамдигар хабар надоштем. Соли 1995 вақте ба техникуми политехникӣ ба кор рафтам, бо ӯ вохӯрда фаҳмидам, ки солиёни зиёде дар ин ҷо дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият мекардааст.
Исмоилҷон, ман ҳам ба ин ҷо ба кор дохил шудам, намедонам маъқул мешавад ё не. Хайр, ҳоло кор кардан гир, бо одамон шинос шав, мебинӣ, агар маъқул шавад, кор мекунӣ, нашавад ба дигар ҷо мегузарӣ.
Исмоил баъди чанде наздам омада, маслиҳат пурсид, ки мехоҳам писарам Алишерро ба ҳамин техникум дохил кунам. Ба фикри шумо кадом щӯъба беҳтар ва ояндадортар аст. -Хубтараш ба шӯъбаи автомобилӣ супоред, муаллимони баққуват ва базаи хуби моддӣ- техникӣ дорад ва худи ман ҳам дар он ҷо декан шуда кор мекунам, гуфта ба ӯ маслиҳат додам. Исмоил ҳамин тавр ҳам кард ва Алишер дар гурӯҳе, ки ман куратор будам, бо одобу ахлоқи намунавӣ таҳсил карда, соҳиби диплом гардид.
Пас аз ин ду нафар духтаронаш дар шӯъбаи иқтисод ва идора дохил шуданд, ки як нафараш хатм кард ва дигараш хатм карда натавонист. Сабаб ин буд, ки вазъият он қадар тенҷ набуд, дар кӯчаҳои шаҳр қариб нақлиёти ҷамъиятӣ намегашт ва духтарчаи хурдияш дарсро тамом карда, пои пиёда ба хона рафта истода будааст, ки як мошини сиёҳшиша дар наздаш истода, ӯро ба зӯрӣ шинонда, ба самти номуайян гирифта бурдааст. Падару модари бечора сарсону саргардон ва аҳли хонадон дар ташвишу талоши кофту коб шабу рӯз хобу роҳатро аз даст дода буданд.
Намедонистанд, ки арзу доду ғаму дардашонро ба кӣ гӯянд. Дар он солҳо касе дасти ёрию мадад дароз намекард ва инсон танҳо ба худаш ва худо такя мекарду халос. Лекин хайрият пас аз се рӯз духтар зинда ба хона бармегардад, вале одамсуратони ҳайвонсиришт бо шиканҷа бакораташро рабуда, доманашро якумрӣ доғдор карда будаанд.
Исмоил аз ин ҳодиса бисёр шикаста гардид аз ҳама шарм медошт ва кариб бо одамон наменишаст. Рӯзе дар назди ман изҳор кард, ки шармандаю шармсор шудам, намедонам, чӣ хел ба чашми одамон нигарам. Исмоил,- гуфтам,- шумо одами аҷоибед, ин фалокат метавонист бо ман ё мӯъмини дигаре рӯй диҳад. Духтари муштипаратон ҳам гуноҳ надорад ва нисбати ӯ муносибати дағал накунед, охир ӯ дар муқобили он разилон чӣ кор карда метавонист. Ҳамин кори шудагӣ барои ӯ азоби сахттарин аст ва ӯ боз бардошт карда истодааст. Баракс, ҳоло ӯ мӯҳтоҷи дастгирии ҳамаи шумо мебошад ва агар аз тарафи шумо сардиро ҳис кунад, мумкин ноилоҷ монда, даст ба худкушӣ ё дигар амалҳо занад. Андеша кунед, Исмоил, набошад боз худатон месӯзеду азоб мекашед. Пас аз сӯҳбати тӯлонӣ Исмоил ташакургӯён аз наздам акнун каме сабук шудам, гӯён баромада рафт.
Шоир барҳақ фармудааст:
Сӯҳбати марди худо мардат кунад,
Сӯҳбати ҳар носазо сардат кунад.
Дар ин лаҳза одамоне даркор буданд, ки дар бораи ин ҳодисаи нохӯш саволҳои зиёд надода, аз рӯи шариат ва рафтору кирдори инсонӣ роҳу усулҳои муносибати оилавиро ба ӯ ёдрас шаванд. Ҳодисаи намешуданӣ акнун шуд, чизеро мо намехостем, рӯй дод ва фақат ба Худои офаранда рӯ оварда, ҷазои номардонро талабидан лозим буду халос.
Бузургон фармудаанд:
Мадеҳ чун булҳавас дар сина ҷо ишқи маҷозиро,
Макун бо масъият олуда домони намозиро.
Чунин махлуқҳо агар аз илму ислом, аз фарҳангу маданияти аҷдодӣ бохабар мебуданд, ба ин амали зишту разил даст намезаданд. Боварии комил дорам, ки дере нагузашта подоши ин амалашонро мебинанд. Дар зиндагӣ ягон кишт бе дарав ва савол бе ҷавоб намемонад.
Ҳар рӯз Исмоил шикаставу оҷизтар мегашт ва як пагоҳӣ дар вақти вохӯриамон изҳор кард , ки барои ҳоҷате каме пул даркор шудааст. Агар дошта бошеду тавонед, пагоҳ биёред, баъди даҳ рӯз кӯшиш мекунам гардонида диҳам. Оварда 300 доллари амрикоиро ба дасташ додам, гирифту раҳматгӯён аз дарвоза баромад. Мӯҳлати зиёде нагузашта 200-тояшро гардонида доду 100-тоятро рӯзҳои наздик насиб бошад, мегардонам, гуфта, ваъда дод. Ӯ бемор буд ва худро табобат мекард. Як пагоҳӣ ба кор омада будем, ки касе омада, моро ба ҷанозааш хабар кард.
Аҳли коллектив дар якҷоягӣ ба ҷанозааш рафтем ва аз ман суол мекарданд, ки пулҳоятро гардонида дод ё не? Ман 200- тояшро гирифтаму 100- тояш монда буд гуфта, ҷавоб додам. Ҳоло дар сари давра мепурсанд, метавонед даъво карда, пулатонро гардонида гиред,- гуфт касе.
Дӯстонам, ҳозир дар ҳамин ҷо ҳамаатон ҳузур доред ва ман дар шоҳидии шумо ҳамон пулро ба ҳамин одам бахшидам, дар қиёмат ҳам даъво надорам гуфтам. Тамоми аҳли сӯҳбат аз чунин сурат гирифтани кор ҳайрон монданд. Нафаре гуфт, хешу таборат набошад, барои чӣ мебахшӣ, охир ин одам ҳамшаҳрият не, балки узбак аст. Як ҷо нону намак хӯрдем, чандин бор дар хонааш меҳмон будем, наход ҳамин зебанда бошад, ки дар ҳамин рӯзи сахт даъвои пул кунем, гуфтам.
Ҳозир боз агар имконият дошта бошем, бояд дасти ёрию мадади хешро ба ин хонадон дароз кунем. Ҳеҷ набошад, дар рӯзҳои маъракааш омада, дар назди аҳлу байти онҳо рост истем, то фаҳманд, ки ӯ дар назди мо қимате доштааст. Охир арзиши инсонӣ бо ягон пулу бойгарӣ чен карда намешавад, ҳеҷ набошад дар ҳамин рӯзи сахти ин хонадон худамонро ҳамчун инсон нишон диҳем.
Савораю пиёда
Дар ёдам ҳаст, ки як рӯз бо муаллими тарбияи ҷисмонии мактабе, ки директораш будам,- Атанов Ҷумъабойи туркман маслиҳат кардем, ки рӯзи якшанбе ба шаҳри Душанбе меравем. Ҷумъабой ронандаи бомаҳорате буду аммо ҳуҷҷати ронандагӣ надошт. Дар ин сафар бояд бо мошинаи шахсии ман мерафтем ва ӯ дар даруни шаҳр вазифаи ронандагиро ба ҷо меовард. Худам берун аз шаҳр ронандаи хубу моҳир будам, аммо дар даруни шаҳр маро воҳима зер мекард.
Аз рӯи маслиҳати пешакӣ пагоҳии барвақт бояд ба сафар мебаромадем, аммо бо сабабҳои гуногун натавонистем ва танҳо соатҳои ёздаҳ шароит фароҳам расид. Рӯз ниҳоят гарму тафсон буд ва сӯҳбаткунон ба мавзеи Қизил-Калъа расида, салоҳ донимстем, дар чойхона каме дам гирем ва як пиёлагӣ чой нӯшем. Охир, мошин дар таги поямон ва кадом вақте хоҳем, баромада боҳузӯр меравему боз бар мегардем. Пас аз дамгирӣ Ҷумъабой мошинро аз назар гузарониду ман ба сари рул нишастам ва сафарамонро давом додем.
Сӯҳбат самимӣ ва ниҳоят дилкашу ҷолиб буд, ки вазнинии роҳро тамоман ҳис намекардем. Дар як дам ба нуқтаи тафтишоти воситаҳои нақлиётӣ, ки дар ағбаи Фахробод мавқеъ дошт, расидем. Нозирони роҳ ҳуҷҷатҳои моро дида, роҳи сафед хостанд. Аз баландӣ акнун мефаромадем, ки дар гӯшаи роҳ мошинаи вайроншударо дидем ва мусофиронаш ниҳоят сертарадуд буданд. Дар баробари онҳо дар самти муқобил мошинро манъ карда наздашон омадем, ки агар ягон ёрии мо зарур бошаду тавонем, дастгирӣ кунем. Бинем, мошин ҷиддӣ вайрон шуда будаасту вақту заҳмати зиёдро металабад ва бе мадади устоҳои касбӣ дуруст намешавад. Тамоми тадбирҳоро аз фикр гузаронидем, роҳҳои раҳо додани он ду тифлакеро, ки лабҳошон аз гармӣ хушкида буд, меандешидем. Ҳамаяш бефоида ва вақту соати зиёдро металабид. Танҳо ягона роҳи ҳарчи зудтар онҳоро аз ин вазъияти ногувор раҳо додан буду халос.
Ба Ҷумъабой рӯ оварда гуфтам: «Агар мошинамонро ба онҳо диҳем раванд, шумо муқобил нестед?». Худамон чӣ? Худамон одамони калонем, ба ҳама чиз тоб оварда метавонем, аммо ин ду кӯдак наметавонанд. Бо як азоб Ҷумъабойро розӣ карда, назди онҳо омада гуфтам, ки агар ҳуҷҷати ронандагӣ дошта бошед, ба мошинаи ман шишта, кӯдаконро ба хонаатон баред, баъд мошинро оварда дар ОКТ № 25 ба ман супоред.
Он мард, ҳайрон наздам омад ва ҳоло ҳам ҳис мекардам, ки гумон мекунад хоб дида истодааст. Афсӯс, ҳоло вақт надорам, набошад худам бурда мерасондам. Калид ва ҳуҷҷатҳои мошинро ба дасташ дода, ба самти муқобил барои манъ кардани мошин рафтам.
Он марди ношинос тозон наздам давида, ако шумо суроғаи хонаатонро нагуфтед, ки ман фаҳмам ва мошинатонро баргардонам, гуфт. Пас ман суроғаи аниқамро ба ӯ додаму ӯ бошад, баҳри қавӣ гаштани боварии ман ному насабашро дар варақе навишта ба дастам дод.
Мо бо Ҷумъабой мошинеро қарордод карда, дар нисфирӯзӣ ба шаҳр, ба хонаи бародарам расидем. Хешовандон маро пиёда дида, пай дар пай- мошинат ку,- гӯён суол мекарданд. Ҷумъабой тоқат накарда, воқеаро қисса намуд. Додарам гуфт: «Ин акаи ман агар ҳоҷатманде фарзанди ҷигарбандашро пурсад, не нагуфта, бароварда медиҳад». Шумо меҳмон аз рафторҳои акаи мо хафа нашавед.
Саъдии ширинбаён дар ин боб барҳақ фармудааст:
Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар ҷаҳонофарин банду бас.
Макун такя бар мулку дунёю пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чӣ бар тахт мурдан,чӣ бар рӯи хок.
Аз азал чунин буд ва чунин хоҳад монд. Хоку гили ин касро дигар кардан наметавон, зеро ки тарбияи оилавиямон ҳамин тавр буд. Дар халқ мегӯянд, ки чизе бо шир даромадааст, бо ҷон мебарояд, аз ин рафтори акаи мо меҳмон хафа нашавед. Мебинам, ки шумо бо ӯ дар ин сафар хело ҳам хаста шудаед. Не, бовар кунед, дар ин давраи ҳамкориамон бо акаи шумо ман гумон мекунам, ки донишҷӯяму пайваста меомӯзам ва амалҳои накӯи ӯро ҳатто шабҳо дар танҳоӣ андеша карда, мақоми баландашро дарк менамоям.
Моро бисёр меҳмоннавозии арзанда карданд ва пас аз дуои дастурхон ба хонаи хешовандони дигар сари қадам даромада дидорбинӣ кардему дуои сафар пурсидем. Онҳо пиёда буданамонро ба назар гирифта, ноилоҷ дуо дода, то хеле роҳ аз пуштамон барои гусел рафтанд. Бо Ҷумъабой мошинеро киро карда, ба хона баргаштем ва дар роҳ маслиҳат дод, ки дар назди хонаи ӯ мошинро ҷавоб медиҳему шаб он ҷо мемонем. Пагоҳӣ бошад, бо мошини ӯ ба кор меравем, ноилоҷ розӣ шудам ва шаб бо ҳам дар бораи одаму одамгарӣ, некӣ ва накукорӣ сӯҳбати ҷолибе кардем ва он ҷо шабро гузаронидем.
Ҳаким Носири Хисрав бар ҳақ фармудааст:
Басо шоҳони боҳашмат, ки дидам,
Ба ғайри он, ки дар дафтар шунидам.
Ҳама дар хок рафтанду ғунуданд,
Ту гӯӣ: дар ҷаҳон ҳаргиз набуданд…
Пас ин чандин ғуруру мол дар чист?
Зи мунъим вақти мурдан зӯртар кист?
Куҷо Искандару Ҷамшеду Фағфур?
Куҷо шоҳони даъводори мағрур.
Ҳамин тавр, шабро бо ҳам дар сӯҳбати дилкаш гузаронида, пагоҳӣ барвақт ба ҷои кор рафтем. Ба зудӣ маълум шуд, ки Ҷумъабой ҳодисаи роҳу ба шахси ношинос додани мошинамро ба ҳама нақл кардааст. Як вақт наздам Раҳимбег даромада, маро маломат кард, ки наход одам худашро пиёда, монда мошинашро ба ким кадом узбаки Қабодиёнӣ диҳад. Раваду ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, чӣ кор мекунеду чӣ ҷавоб медиҳед? Аз Худои бузург боварӣ дорам, ки ба ивази некӣ ба ман ҷавоби бад намедиҳад ва ҳодисаи нохӯш ҳам рӯй нахоҳад дод.
Раҳимбег дар ятимхона парвариш ёфта, бисёр миллатгаро буд ва ман мулоим карда фаҳмондам, ки мошинро ман ба узбак не ба бандаи худо, ба шахси мӯҳтоҷи ёрӣ додам. Гардонда меорад ва боварӣ дорам, ки раҳмат ҳам мегӯяд. Мо дар ин дунё меҳмонем ва барои дуои хайри касеро шунидан зиндагӣ мекунем, набошад зиндагӣ маъно ва мазмунашро гум мекард. Саъдии бузургвор фармудааст:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар к-у накуном зист,
К-аз ақибаш кори хайр зинда кунад номро.
Пас аз анҷоми кор ба хона баргаштам ва ҳама ҳайрон буданд, ки чаро савора рафтаму пиёда омадам. Ниҳоят писарам Бахтиёр, ки бисёр рафторҳои ширини тифлӣ дошт, мошинатон ку, гуфта пурсид ва дигарон мунтазири ҷавоб буданд.
Ман чӣ тавр ва чӣ гуна шудани ҳодисаро муфассал нақл кардам ва гуфтам, агар мошини мо намешуд, мумкин аз гармӣ ва ташнагӣ ба он кӯдакҳо зиёне мерасид. Фарзандонам аз амали ман ва хизмати мошинашон ба шахси мӯҳтоҷе ҳис кардам, ки ниҳоят хурсанд шуданд. Дар ҳамин гуфтугӯ будем, ки дарвозаро касе кӯфт, бароям, ҳамон одам мошинро овардааст.
Акаҷон, ба шумо ташаккури зиёд, ки дар вазнинӣ дасти меҳру муҳаббататонро ба мо дароз кардед, биёеду амонататонро қабул кунед. Додарам, худатон дароварда дар ҷояш монед, ки минбаъд коратон афтод, роҳи хонаи мо ва дар куҷо будани мошинамро донед. Ҳолати мошинатонро хеста худатон тафтиш кунед, ки боз аз пушти ман ягон гапи пасту баланд нашавад. Парво накунед, гузашта як пиёлаги чой бо ҳам нӯшем, баъд ҷавоб медиҳаму меравед. Муаллим қариб фаромӯш кардам, дар пушти мошин як барраро падарам ба зурӣ бор кард, ки бурда ба он одами худошинос ва соҳибдил диҳед, ки амали ӯро қимату арзишаш дар ченаки инсонӣ бисёр баланд аст. Ҳар кас ба ин кор қудрат надорад, лекин ин мард худашро пиёда монда, мошинашро дар хотири машаққат накашидани кӯдакҳо ба мо дод.
Муаллимҷон аз даруни салони мошинатон як халта биринҷро ҳам фароред, ки фаромӯш нашавад. Ташвиш кашидед, ҳеҷ чиз даркор набуд, охир ин корро ман бо мақсади манфиате накарда будам. Тамоми инсонҳо бояд нисбати ҳамдигар чунин амали некро дареғ надоранд, зеро ки дину оинамон инро талаб менамояд.
Одоби меҳмонӣ ва меҳмондорӣ
Оид ба мартаба ва манзалати меҳмон ва нозукиҳои меҳмондорӣ дар мероси адабии аҷдоди гузаштаи дуру наздики мо гуфтаҳои пурқимате мавҷуданд, вале мо ҳам азм кардем, ки барои фарзандон, барои насли наврас чизеро рӯи кор биёрем. Дар бисёр сарчашмаҳо «меҳмон атои Худо» ном бурда мешавад ва ӯ танҳо ба хонаи одами хушбахт меояд.
Дар миёни халқ сухани машҳурест: «Ризқи меҳмон чиҳил рӯз пеш аз меҳмон мерасад». Мардуми мо бо дидани меҳмон шод гашта, гиреҳҳои дили худро мекушоянд ва аз тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ бо ҳам ҳарф мезананд.
Дар меҳмондорӣ аз ҳама чизи беҳтарин чеҳраи кушода ва таъби болида аст, ки меҳмонро осуда медорад. Мизбон бояд чақ-чақӣ ва чеҳракушод бошад, бояд нишон диҳад, ки аз омадани меҳмонҳо шод аст ва агар онҳо аз наздикону азизон бошанд, пазмонашон низ гаштааст.
Мизбон барои нишон додани меҳру муҳаббаташ нисбати меҳмон бояд изҳор намояд:
Аз қудуми меҳмон гардид мунаввар хонаам,
Хона фонус асту меҳмон шаъму ман парвонаам.
Кӯшиш кунед, ки ягон мушкилотатонро дар ҳузури меҳмонон ба миён нагузоред. Беҳудаю баҳуда меҳмонро танҳо гузощта, аз наздаш ғайб назанед. Дар ҳузури меҳмон бо аҳлу байтатон ҳалимона рафтор кунед. Ба хонаи дигар гузашта, бо оилаатон агар хархаша кунед, боиси ранҷиши меҳмон мегардад. Дар омади сухан ва дар ҷои даркорӣ ба меҳмонҳо шӯхиҳои ширин кунед.
Дар меҳмонӣ ҳам одоби меҳмонӣ ва ҳам эҳтироми мизбонро ба ҷо овардан зарур аст. Хӯрокро, ки оварда ба миён гузоштанду ногоҳ шахсе ворид шуд, хеста бо эҳтиром дастонашро об гирифта, шинонед. Шахси каме деромада бояд аз гуфтор таваққуф карда, огаҳ гардад, ки онҳо дар кадом мавзӯъ сӯҳбат доранд. Агар якбора аз обмонӣ ё нарху навои бозор сӯҳбатро сар кунад, ин боиси ошуфта гардидани хотири меҳмон мегардад. Дар чунин ҳолат метавон гуфт: «Марҳамат намоед, аввал таом в-он гаҳ калом».
Чунин меҳмони бефарҳанг ва нохондаро аз гапҳои беҳуда канор дошта, бештар таваҷҷӯҳашро ба ғизо ҷалб намоед, ки ҳатман муроди ӯ низ хӯрдану рафтан аст. Дар ин ҳолат илова кардан ҷоиз мебошад:
Аз қудуми меҳмон гардид мунаққис хонаам,
Хона оғил асту, меҳмон гову, ман кунҷораам.
Дар ноилоҷӣ ӯро барои коре ба берун фиристед ва ҳарчи дуртар фиристед, авлотар аст,то ки бо меҳмон як лаҳза осудаю ором бошед.
Чуноне ки дар ҳаёт мебинем, меҳмонҳо ва ҳам мизбонҳо гуногунанд. Қариб ягон кор ба монанди меҳмондорӣ нозуку душвор нест ва гуфтан ҷоиз аст, ки меҳмондорӣ дониши баланди равонӣ ва санъату маҳорати нозукро талаб менамояд. Агар баъзе меҳмонон ба обу ошу пӯсту палос, ҷою ҷалолатон эътибор диҳанд, баъзеҳояшон ба феълу атвор, покии рӯзгоратон, қабул ва гуселатон диққат медиҳанд.
Барои меҳмондорӣ баъзе оилаҳо рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳо аз сидқи дил тайёрӣ мебинанд, лекин боз баъзе нуқсонҳо мушоҳида мегарданд.
Мизбонҳо ба шарофати меҳмон сару рӯяшонро пок карда, либосҳои тозаро пӯшида, ҳавлию кӯчаро тозаю зебо менамоянд. Бо интизорӣ пеши дарвоза меҳмонро бо чеҳраи шод, боодобона ба хона ҳидоят менамоянд. Чун меҳмонон ба хона ворид шуданд, дар навбати худ аз рӯи синну сол ва мартабаи илму дониш ба ҷойҳои сазовор шинонда мешаванд.
Мизбон пешакӣ бояд барои кашидани либосҳои вазнин ва пойафзоли меҳмонон шароитро муҳаё сохта бошад. Ҳушёр бошед ва пеш аз рафтан ба меҳмонӣ шустушӯ кунеду либосҳои тоза пӯшед ва ришу фашатонро тарошед. Бо либоси фарсуда, корӣ ва ифлос ба меҳмонӣ наравед, ки мизбон шуморо чандон хуб қабул наменамояд. Агар нохунҳоятон ногирифта ва дароз бошад, боиси хира шудани табъи дигарон мегардад.
Ба тарзи хӯрокхӯрӣ ва муносибат нисбати неъматҳои болои дастурхон рафтори нозук кунед. Кӯшиш намоед, ки дар таъомхӯрии шумо «хур-хур» ва «чалап- чалап» набошад, ки таъби дигарон хира мегардад. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми хӯрок хӯрдан гап назанед, аз панҷаҳоятон донаҳо ба ҳар тараф напошанд, аз болои ширинӣ турушӣ ва аз болои хӯроки серравған нишоллову муррабо нахӯред.
Саъдии бузургвор барҳақ фармудааст:
Андарун аз таом холӣ дор,
То дар он нури маърифат бинӣ.
Ба меҳмонон ҳеҷ гоҳ неъмати дар дасторхон гузоштаатонро ба чанд харидаед, ё камчину мушкилёб буданашро нагӯед, ки аз рӯи одоб нест. Кӯшиш кунед, ки ба меҳмонӣ бе даъват наравед ва салобати хешро нигоҳ дред. Соиби Табрезӣ бар ҳақ фармудааст:
Бе талаб зинҳор бар хони касе меҳмон машав,
Гавҳари беқиматӣ, санги таҳи дандон машав!
Ё худ:
То нахонандат сари хони касе,
Бе риоят машикан нони касе.
Дар сари дастурхон фарзандонам эҳтиёт бошед, ки худро идора карда тавонистан ҳам санъат аст. Кӯшиш кунед, ки дар сари дастурхон ягон ҷоятонро нахоред ё дастатонро ба ангуштони поятон назанед. Агар чунин амалро кунед, таъби дигарон хира мегардад. Баъзеҳо нисфи ангушташонро ба даруни пиёла халонида, ба дигарон чой медиҳанд.
Сӯҳбатҳои сари дастурхон вобаста ба меҳмонон гуногун мебошанд, зеро ки зинаи маърифати ҳама меҳмонон якхела нест. Дар бисёр ҷойҳо сӯҳбатҳо ранги дунёпарастӣ, амалпарастиро мегиранд, ки ин барои ҷавонон чандон муфид намебошад. Дар меҳмонӣ бештар кӯшиш кардан зарур аст, ки дар бораи илм, ҳунар, маърифат ва фарҳанги ниёгон сухан кард. Муҳаммад (с) расулуллоҳ фармудаанд: «Утлубул илма ва лав би Сини, фаинна талабулилми фаризатун ъало куллин муслимин». Яъне: «Талаб бинамоед илмро агар дар Чин бошад ҳам, зеро ки талаб кардани илм фарз аст барои ҳамаи мусулмонон».
Дар ҳадиси дигар чунин гуфта шудааст: «Уғди олиман ав мутаъаллиман ав мустамиъан ав муҳибан ва ло такунил хамисата фатаҳлика». Яъне «Олим ё таълимдиҳанда бишав, ё шунавандаи онҳо бишав, ё ҳеҷ набошад дӯстдорандаи олимон бишав, аммо панҷумини онҳо ( яъне ҷоҳилу ғофил) машав, ки ҳалок хоҳӣ шуд». Дар чунин сӯҳбатҳои муфид кӯшиш намо, ки чизе барои худ баҳрабардорӣ намоӣ, то фарзандонат низ аз он баҳрае бардоранд. Ба қадри неъмат расед, ки ба қадри неъмат расидан ин ба қадри меҳнат расидан аст. Ба қадри меҳнат касе расад, ки ба қадри худ расидааст. Вақте кас ба қадри худ мерасад, қадри дигаронро ҳам донистанаш осон мешавад. Фарзандонам, дарду ғами дигаронро ҳам монанди дарду ғами худатон дарк намоед. Дар хонадоне, ки мусибат доранд, худро ғамгин ва ғамшарик нишон диҳед.
Аз ин гуфтаҳо хулоса бароварда, коре кунед, ки ҳурмату иззати меҳмонро ба ҷо оред, зеро меҳмон овозаатонро ба гирду атроф мебарад. Хеҷ гоҳ танҳохӯру танҳобину танҳошин нашавед, ки сифати бадтарини инсонист. Барои баъзеҳо аз ҳама меҳмони баландмартаба хешони занашон мебошанд, ки дар ин бора Аюбзода мефармояд:
Эй азизи даргаҳам шому пагоҳӣ хеши зан,
Бе ту талх аст, оши шаб, қути сабуҳӣ хеши зан.
Маҳмон, гӯянд, атову файзу эҳсони худост,
Аз ту дорам солу моҳ файзи илоҳӣ хеши зан.
Медавам бар пешвозат хандаи сунъӣ ба лаб,
Гар чӣ дорам аз ту ман ҳоли табоҳе хеши зан.
Амри ту хоҳам нахоҳам, зуд иҷро мешавад,
Чокарат ман, ҳукум фармо,подшоҳам хеши зан.
Дар боби ҳасудӣ, хасисию бахилӣ
Ҳасудхӯрӣ, хасисӣ ва бахилӣ падидаҳои имрӯзаю дирӯза набуда, аз замони пайдоиши инсон мавҷуданд ва вуҷуди инсонро хӯрда, ба нестӣ мебаранд. Ҳарчанд хислатҳои ҳамидаи сазовори таҳсин барои ҳамагон аз пандҳои ниёгон, падару бобоён, модару модаркалон кайҳост маълуму машҳуранд, вале баъзан хислатҳои пасти одамӣ боло мегиранд.
Дар қатори он хислатҳои носавоб хулқу атвори нек: мисоли хоксорию ҳалимӣ, раҳмдилию шафқат, парҳезгорию покӣ, саховатмандию дурандешӣ дар зану марди мо мардум бештар дида мешавад. Лекин дар қатори чунин сифатҳои баланд боз дар замири ашхоси алоҳида ҳасад, хасисию бахилӣ мушоҳида карда мешавад. Ҳасад дар ботини одамоне ҷой мегирад, ки бахту саодат, дороию тавонгарӣ, пешравии кору бори атрофиёнро дида наметавонанд. Ҳасудон кӯшиш менамоянд, ки ба номи неки тавонгаре, ки аз ёфтаи хеш ба мӯҳтоҷон хайр мекунанд ва дасти ёрии беғаразонаи худро дароз менамояд, бо иғво доғ афкананд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барҳақ фармудааст:
Ҳар касе к-у ҳосиди кайҳон бувад,
Он ҳасад худ марги ҷовидон бувад.
Ё Алишоҳи Роғиби Самарқандӣ дар бораи ҳасад чунин мефармояд:
Агар ёбад рафиқат сарбаландӣ,
Ҳасад бар вай набар, гар ҳушмандӣ!
Ҳасад инсонро кӯрдил, бераҳму шафқат гардонида, асабро хароб ва ранҷу дардро ба ҷисм наздик месозад. Ҳасад баракати умрро мекоҳонад, лаззатро талх мегардонад. Ҳасуд самимона хурсандӣ карда наметавонад ва ҳамеша дар андешаи нокомии хайрпешагон ва саховатмандон аст.
Бухл ҳам дар радифи ҳасад буда, аз нишонаҳои пастии фитрат аст. Бахил агар тамоми моли ҷаҳонро ёбад, чашмтанг асту қонеъ намешавад. Бахил нафъ ва фоидаи дигаронро дида наметавонад ва ба ҷои хурсандӣ кардан аз дастовардҳои атрофиён хафа ва озурда мегардад.
Дар майнаи бахил ҳамеша саволҳои зерин: «Аз куҷо ёфта бошад? Чӣ гуна ёфта бошад?» давр зада, ӯро ором намегузоранд. Вай пай намебарад, ки Худо ҳама ниёзҳои бандагонашро бароварда месозад. Агар ту ҳам ниёзе дорӣ ва ҳатман дорӣ, аз Худо тавалло кун, то ба муроди дил ба некӣ бирасӣ. Панди машҳурро дар гӯш нигаҳ дор, ки гуфтаанд: Бо худододагон ситеза макун, ки ба эшон Худо додааст. Ба доштаи худ қаноат куну шукргузор бош, ки шукрона боиси афзудани неъмат гардад.
Шукри неъмат неъмататро боз ҳам афзун кунад,
Куфри неъмат немататро аз кафат берун кунад.
Аз ин рӯ, фарзандонам ҳеҷ гоҳ чунин амалҳои носазоро сармашқи зиндагии худ насозед. Бахилӣ қадру қимати инсонро паст намуда, аз ёру диёр дур месозад. Барои бахил ҷаҳон танг аст ва аз ин рӯ, гӯрашро ҳам танг гуфтаанд.
Хасисӣ низ одат ва дарди бедавоест, ки баъзе одамони разили пастфитрат ба он мубталоянд. Ин зумра одамон агар тамоми молу мулки дунёро дошта бошанд, «боз бошад!» мегӯянду ҳеҷ конеъ намешаванд. Чуноне ки шайх Саъдӣ фармудааст:
Он шунидастӣ, ки дар саҳрои Ғур,
Борсолоре бияфтод аз сутур.
Гуфт: «Чашми танги дунёдорро
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр».
Одамони хасисро ба кирми пилла шабоҳат додан равост, ки фақат дар ғами хӯрдан ёфтаю тофтаашонро ба гирди худ танида мурда меравад. Хасисӣ шӯрбахтист ва хасисон ҳис мекарда бошанд, ки умр дубора дода намешавад. Умратонро бо хасисӣ хор накунед ва агар хор кунед, садқаи умри азиз шавед. Агар эҳтиёт нашавед ва ба хасисӣ дода шавед, дардманд шуда, ба охират зуд сафар мекунед. Хасисӣ ба зуди обрӯятонро коста гардонида, аз қадрдонии атрофиён маҳрум мегардонад. Хасисро ҳатто умри мошину дастгоҳаш кӯтоҳ аст. Вай ягон тангаро борои таъмир ва равғанҳои молиданӣ харҷ кардан намехоҳад, ки ин боиси зарари бештар дидани инсон мегардад.
Фарзандонам, ба меъёр ва сари вақт додани обу таъоми аъзои оилаатонро фаромӯш накунед, ки дунёро ҷамъ карда ба куҷо мебаред? Оқибати норасоии ғизои оилаатон шуморо бештар сарсону саргардон менамояд.
Паёмбари мусулмонон Муҳаммад(С) расулуллоҳ дар ҳадиси худ гуфтаанд: «Акмалул мӯъминина ийманан аҳсануҳум хулқан хиярукум-хиярукум линисаиҳи». Яъне: «Нишони имони комил шахсе аст, ки хушхулқтар бошад ва беҳтарин- беҳтарини шумоён касест, ки ба аҳли аёли худ хуб бошад».
Азизонам, Саъдии Шерозӣ барҳақ фармудааст:
Бо тиҳичашмон чӣ созад неъмати рӯи замин?
Серӣ аз хирман набошад дидаи ғирболро.
Ғирбол (ғалбер) ҳамон хасисест, ки як хирман донаро аз сӯрохиҳояш гузаронида сер намешавад ва нишонае аз қаноат пайдо наменамояд. Аз ин ҷо хулоса баровардан лозим аст, ки ҳар як зану мард, хурду калон бо ҷиддият кӯшиш намоянд, то аз касалии ҳасудӣ, бахилӣ ва хасисӣ озод шаванд. Онро бо доруи ҳикмати бузургон ҳар чӣ тезтар муолиҷа кунед, ки ин хислатҳои зарарнок бунёдатонро ба нестӣ мебарад. Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки ба мағзи насли наврас сироят карда,онро маъюбу ношуд месозад.
Дар таҷрибаи зиндагӣ касонеро медонам, ки ин нишонаю аломатро дар худ доштанд вале дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ танҳоӣ мекашиданд. Касе бо онҳо қаробат намеҷӯст ва агар нофаҳмида наздикӣ пайдо кунад, ба тезӣ дур мешуд. Агар инсон иродаи устувор ва хусусиятҳои худтарбиякунӣ надошта бошад, ҳасадхӯрӣ, хасисӣ ва бахилӣ ба дарди бедаво табдил ёфта, то охири ҳаёт ӯро шармандаю шармсор мегардонад.
Ҳасуду бахилу хасису разил,
Чор махлуқанд, надоранд дил.
Мундариҷа
Сарсухан 3
Шинохт ва ба ҷо овардани ҳурмати падару модар 5
Дар боби интихоби зан ва тарбияи фарзанд 9
Ҳамсоягӣ бо мардони наку 13
Дар боби роҳбарӣ ба мардум 16
Солҳои хотирмон 20
Шаби ноорому пурташвиш 25
Бозгашт ба кори таълим 28
Сӯҳбат бо марди мӯҳтоҷ 32
Бемории дӯсти ҳамкорам 35
Соябонии ба ятимон 39
Аз маҳбас ба омӯзгорӣ 43
Ҳамкорӣ бо Исмоил 50
Савораю пиёда 52
Одоби меҳмонӣ ва меҳмондорӣ 55
Дар боби ҳасудӣ, хасисию бахилӣ 57
Назари хешро иброз кунед