Усто Собир Давлатшоев аз ҳунармандони маъруфи деҳу диёр аст. Ӯ фарзанди Давлатшои скосмӣ ва аз насли косибони авлоди Скосм (деҳаи Мдехарв) мебошад. Усто Собир дар коргаҳи оҳангарии деҳа бо Усто Мулкамон шарик буда, маснуоти оҳанӣ месохтанд. Ӯ низ дар ин касб таҷрибаи кофӣ ва маҳорати хуби устогӣ дошта, асбоби сохтааш дар мавриди писанду эътимоди мардуми минтақа гашта буданд. Фарзандонаш Зокиру Носир ҳам бо ин ду устоди ҳунар дар коргаҳ ҳамкорӣ мекарданд ва аз онҳо таҷриба меандӯхтанд. Ин ду усто робитаи дӯстиву ҳамкориро бо қудоӣ тақвият дода буданд.
Усто Собир ба ҷуз оҳангари моҳир будан, устои осиёбсоз, табақу қошуқтарош, йӯғу испортарош, деворгару чӯбтарош, хонасоз, дутортарош, сабаду крчу бандбоф ва шикорчӣ буд. Осиёбсозӣ кори душвору мураккаб буда, устоҳои он дар гузашта камшумор буданд. Осиёби сохтаи Усто Собир дар деҳа, дар поёни маҳаллаи Скосм дар мавриди истифодаи мардуми деҳ қарор дорад. Осёби пешсохтаи ӯро сел хароб намуд ва ӯ бо фарзандон онро барқарор карда, болотар аз он осиёби эҳтиётӣ сохт.
Усто Собир дар бинои осёб ҷиҳози худсохти табақтарошияшро васл намуда, мардумро аз табақу қошуқҳои чӯбин таъмин менамуд. Табақҳои тарошидаи хушсохти ӯ дар болову поёни Ванҷ талабгору харидори зиёд доштанд. Ӯ яке аз йӯғу испортарошони беҳтарини Ванҷ буд. Дар деворгарию чӯбтарошӣ низ маҳорат дошта, хонаҳои сохтаи ӯ ба намуду сифат фарқкунанда буданд. Бар зами ин ҳама шикорчии корозмуда ва бохабар аз нозукиҳои он буд.
Усто Собир ба иллати пирӣ ҷои хешро ба фарзандонаш Зокиру Носир холӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир фарзанди калониашон Зокир беҳтарин устои деҳа ва минтақа эътироф шудааст. Ӯ дар маҳаллаи Перва зиста, коргаҳи хусусии худро дар пояи таҷҳизоти ҳозиразамон таъсис дода, маснуоти сохтааш сифати баланд ва талаботи зиёд дорад. Ӯ ҳамчун падар дар оҳангарӣ, осиёбсозӣ, табақу қошуқтарошӣ, чӯбтарошӣ, деворгарӣ, хонасозӣ ва соири ҳунарҳо маҳорат дорад. Усто Зокир тамғаи молии хешро дар рӯи маснуоти сохтааш мегузорад. Ашраф Акрам.
Назари хешро иброз кунед