Дар он замон водӣ холӣ буд. Деҳаҳое, ки имрӯз то саду беш аз он буна доранд ва зодагони онҳо барои хона сохтан ҷой намеёбанд, баъзе яку дуву се буна дошта, бархе холӣ, водиро ҷангалҳои анбӯҳи хору буттаву дарахтзорони мева ва дар иҳотаи онҳо ҷо-ҷо заминҳои корам печида буданд. Мардум як-як ба водӣ ташрифовар мешуданд ва батадриҷ дар деҳот хонаҳо падид меомаданд.
Ба ин гӯшаи кӯҳистони дурдаст паноҳҷӯён баҳри раҳоии ҷон аз шаҳрҳо фирорӣ мешуданд ва пешомадгон дар қисмати гармтари поёни водӣ сокин мегаштанд. Деромадагон дар қисмати болоии водӣ, ки иқлиме сардтару зимистони сербарфу дарозтар дошт, ҷо меёфтанд.
Мардум кам-кам дар тӯли водӣ сокин шуданд, кишоварзию домпарварӣ ба роҳ монданд ва рӯзгору ҳоли осуда ёфтанд. Хабари ободии водӣ ба гӯши тоифаи қирғиз, ки дар паси силсилаи кӯҳҳо мезистанд, расид. Онҳо тавассути ағбаҳои кӯҳӣ ба водӣ гузашта, дар дараву ҷангалҳо пинҳон шуда, фурсат поида, духтар, кӯдак ё чорпоеро дуздида, ба ватан мебурданд.
Ба нақли мардуми водӣ онҳо асосан, ба қасди духтаррабоӣ барои насли “зебо” гирифтан ба водӣ мегузаштаанд. Дар ибтидо кӯдаку аспи мардумро мерабуданд. Боре байталеро аз деҳае дуздида мебаранд. Модаасп дар мавсими гушн галаи нараспонро ба дунбол ба деҳа меорад. Мардум саҳар хеста дар замине галаи аспро дармеёбанд ва он заминро ба сабаби он воқеа номе ниҳоданд.
Баъдан, дастаи мусаллаҳи савораи қирғизҳо дар водӣ падид омада, деҳоти сарҳадиро ғорат карда, мерафтанд. Дар гӯшаҳои дури водӣ сарбозу нигаҳбонон набуданд ва онҳо дар атрофи мир дар марказ меистоданд. Дастаи ғоратгар ба ногоҳ падид меомад ва то расидани хабар ба мир онҳо кори хешро адо карда, ба роҳатӣ бармегаштанд. Аз қалъаи мир то охири водӣ савора нимрӯза роҳ буд.
Мардони деҳот барои ҳимояти авлоду амвол дар муқобили ғоратгарон ҷамъ шуданд, вале ба сабаби дурии деҳаҳои камодам аз ҳаму номуайянии вақти ҳамлаи онон таъмини амнияти водӣ мушкил буд. Ба ин хотир, дар дараҳо барои мардум дар ҳолоти хатар бошишгоҳ ва дар гузаргоҳҳо дидбонгоҳ сохтанд.
Лашкаршоҳ аз фирориёни даҳбедӣ, ки аз қатлу кушторҳо ҷон ба саломат бадар бурда буд ва барои идомаи зист кӯҳ ба кӯҳ маскан меҷуст, бо писар то ба ин водӣ расид. Ин ҷавонмарди ҷасур, ки аз дасти чунин тоифаҳо беватану хонумон гашта буд, дар амалиёти зидди ғоратгарон ширкат варзид. Ӯ аз аъмолу афъоли ин тавоиф хуб бохабар буд, писараш ва чанд ҷавонмарди шуҷоъро бо худ гирифта, ба дунболи дастаи мусаллаҳи размгарони корозмудаи ғоратгар рафт.
Интиҳои рӯз буд ва ғоратгарон дар хонае нияти роҳати шаб доштанд. Ба маслиҳати ӯ мунтазири шаб ва хобидани эшон шуданд. Ҳангоми ором ёфтанашон ба ғоратгарон ҳамлавар гашта, дидбононашонро аз пой афтонданд, ба дохили хона ворид шуда, ба фармони Лашкаршоҳ зуд чароғ равшан карданд ва ӯ сарварашонро дошта, ханҷар ба гулӯ мехалад. Сарвари роҳзанон аз ҳавли ҷон аз зер ханҷар ба сӯи вай ҳавола мекунад ва Лашкаршоҳ хешро канор гирифта, ханҷар бар пулчӯби хона то миёна медарояд, ки қуввати фавқулодаи ӯ мардумро дар ҳайрат мегузорад.
Роҳзанон пешвои мурда ва захмдоронашонро бардошта, рӯ ба фиро мениҳанд. Куштани пешвояшон, ки аз афроди мӯътабари он тоифа будааст ва иқтидор ёфтани аҳли водӣ овоза мешавад. Пас аз ин воқеа амалиёти ғоратгаронаи онҳо дар водӣ қатъ мешавад.
Лашкаршоҳ баъд аз ин корнамоӣ иззату икром меёбад ва мир ба ӯ ҳаққи интихоби зистҷой медиҳад. Водиро гашта, мавзеи баландеро дар қисмати болоии он барои зистан бармегузинад. Ӯ, ки хӯву феъли он тавоифро медонист, аз чизе хавф мебурд ва баландҷойро ба хотири дидану наззораи давру атроф интихоб карда буд. Хона сохта, аз дара тавассути ҷару пушта ҷӯй канда, замину боғу роғ обод кард.
Боре оби ҷӯяш баста шуд. Бел бар китф андохта, ба сари дара барои гардондани об рафт. Қирғизон барои гирифтани қасоси пешвояшон, ба хотири нигаҳдошти нангу обрӯяшон омада, оби ҷӯяшро баста, дар паси харсангҳо пинҳон шуда, мунтазираш буданд. Чанд нафар бо табарзину ханҷар ба ӯ дарафтоданд ва муқовимати дуру дароз карданд. Лашкаршоҳ марди тануманду нерӯманд буд, вале ниҳоятан вайро афтонданд, куштанд ва аъзои баданашро бо табарзинҳо ҷудо карда, дар болои харсангҳо гузошта, рафтанд.
Писараш Шаҳмир аз таъхири падар хавотир шуда, аз паи ӯ рафт ва бо дили пурғаму дидаи пурнам баргашта, ҷувол гирифта, бо мардум падари диловарро оварда, ба хок супурданд. Аз он пас қирғиз ҳаргиз по ба водӣ нагузошт. 22.03.2019.
PS: Олими маъруфи кишвар Раҳим Масов аз наберагони Лашкаршоҳ буд. Дар бораи дигаре аз афроди шуҷои водӣ академик Баҳодур Искандаров менависад: «Дар асри XVIII, яке аз мардони шуҷову барӯманди водии Ванҷ – Шониёз аз деҳаи Сумгад, тамоми аҳолии маҳаллиро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба муқобили ҳуҷуми душманони аҷнабӣ сафарбар намуд. Бо фармоиши ӯ барои эмин доштани зану фарзандон ҳар як сарвари оила бояд дар ҷойҳои мушкилгузари дур аз деҳот биною бошишгоҳҳои муваққатӣ сохта, ҳангоми вазъияти фавқулъодда онҳоро ба он ҷо мекӯчонд. Дар деҳа фақат мардоне мемонданд, ки ҳифзи бумгоҳ ва шикасти душманро таъмин карда метавонистанд. Аз рӯи шунид харобаҳои хона – паноҳгоҳи оилавии худи Шоҳниёз то давраҳои наздик боқӣ монда буданд».
Назари хешро иброз кунед