Пас аз хотимаи мурофиа ҳама моту мабҳут ангушт ба даҳон гузошта, таассуф мехӯрданд. Мардум ин қазияро мазоҳ медонистанд. Рӯстам ба ифтихори таваллуди писар ҷавонаи хешро кушта, бо ифтихор Сӯҳробаш ном гузошта, барои ҳамдеҳагон зиёфат орост. Барои ин ӯро ба маҳкама кашиданд, дӯстон инро ҷиддӣ намегирифтанд ва ӯро, ки худ марди шӯхтабъе буд, мазоҳ мекарданд. Ғайри чашмдошти ҳама ба ҳабсаш маҳкум намуданд.
Дар замони шӯравӣ низоми хоҷагидории пешинро барҳам заданд. Замину моли дороёнро кашида гирифта, моликонашонро нобуд месохтанд. Дар деҳоти кӯҳистон низ хоҷагиҳои умумиро таъсис доданд. Дар ибтидо дар деҳот ба қавли мардум низоми яккахоҷагиро ташкил карданд. Аҳли маҳалла ё деҳаро иҷбор мекарданд, то шомили он шаванд. Касоне ба он дохил мешуданд, замину чорвояшон моли хоҷагӣ ва моликияти умум маҳсуб мешуд. Агарчанде ҷавона моли шахсияш буду онро ба меҳнат бузург карда буд, вале пас аз шумулаш ба яккахоҷагӣ моликияти ҳама ҳисоб мешуд, ки бидуни иҷоза онро куштаву истифода карда буд.
Рӯстам ҷавонмарди қоматбаланду қавибозу, ҳалиму беғаразу саховатманд буд. Барои аҳли деҳ мададгору даркор буд. Дастонашро баста, ба ду ҳамкори ғайривобастаи милиса супурданд. Онҳо, ки аз хурдӣ мешинохтандаш, аз вай бим доштанд. Ӯ пешопеш ва онҳо бо фисилае аз пасаш мерафтанд. Бадан афгору хаста, дастонаш дарманд гашта буданд, хоҳишу илтимос мекард, то дастонашро кушоянд. Вале инҳо аз тарси зери мушташ мондан ҷавоби рад медоданд ва бо чунин ҷабру бераҳмӣ ҷавонмардро пиёда, бо тайи беш аз понсад километр роҳ ба Ҳисор расонданд.
Ӯро дар Ҳисор ба маҳбас супурда, баргаштанд. Чанд моҳе дар он сипарӣ намуд ва бо маҳбусиёни зиёд дӯст шуд. Дӯсти зиндонии муаллимаш боре аз сабаби маҳбусияш пурсид. Бо шунидани ҳикояти ӯ ба навиштани шикоят оғоз кард. Ба мақомот аз бегуноҳии Рӯстам аризаҳои пай дар пай менавишт. Дар ибтидо дар нисбати аризаҳо бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мегардид. Чаҳор моҳ навишт ва ниҳоят, ба ҳадаф расид. Парвандаи Рӯстам аз нав баррасӣ гардид ва ӯро аз зиндон озод намуданд.
Бедаранг роҳ ба сӯи зодгоҳ пеш гирифт. Бо либоси маҳину фарсуда, чоруқҳои дарида, гурусна, дар фасли зимистон пои пиёда, дар шебу фарози кӯҳистон роҳ мерафт то ба Қалъаи Хум расид. Низомиён боздошташ карданд, мехостанд ба ҷанги зидди Олмонаш фиристанд. Арз мекард, ки нав аз азоби зиндон раҳо шуда, дар роҳ азияти сардию гуруснагӣ кашида, тани мариз дорад, чандин авқот хонаводаашро надида, пазмон гаштааст, илтиҷо менамуд, ки бигузоранд рафта аёлро, хусусан, писари навзодашро бинад ва худ баргашта, ба ҷанг хоҳад рафт. Аммо онҳо дар нисбати шикваю эҳсосаш бетафовут буданд.
Русмарди раиси низомиён моҷарои эшон ва ҳоли Рӯстамро дида, суол мекунад, ки ин марди ғариб кист ва мӯҷиби даъвояш чист. Баёни ҳоли мекунанд ва ӯ онҳоро барои адами тараҳҳум сарзаниш намуда, амр ба раҳоияш медиҳад. Роҳро идома дода, бо ҳамли сардию гуруснагӣ хешро бемору хаста ба пеши хонавода мерасонад. 20.01.2019.
PS: Писареро, ки Бобои Рӯстам барояш ин ҳама азият кашид, ходими илму олим шуд. Маълумот дар бораи ӯ дар ин ҷост: Сӯҳроб Рӯстамов.
Назари хешро иброз кунед