Бозори Сеной, ки дар ноҳияи Адмиралтейскийи шаҳри санкт Петербурги давлати Русия ҷойгир аст, қариб ба гузашти ду даҳсола хонаи умед ва манбаи даромади ҳазорон муҳоҷири тоҷик гаштааст. Банда, ки шурӯъ аз соли 2004 то 2009 дар ҳамин бозор кор ва фаъолият мекардам, аз ин бозор бисёр хотираҳои ҳам хубу ҳам хотираҳои ғубордор ва ба қавле рангин дар хотирам нақш бастааст.
Аслан дар бозори Сеной аз аввал соҳибкорони озарӣ кор ва фаъолият мекарданд. Баъди ҷанги шахрвандӣ дар арафаи мавҷи нахусти ҳиҷрати иҷбории ҳазорон ҳамватани мо, ки аз ватан беватан гаштанд, теъдоди зиёди ҳамватанони мо ба шаҳри Фитербух хиҷрат кардаанд. Қисмате аз онҳо, ки аслан мардуми муқимии ноҳияи Ваҳдат ва деҳаҳои гирду атрофи он буданд, дар ҳамин бозор қарор гирифтанд ва оҳиста-оҳиста муҳоҷирони дигар ҳам аз шаҳри Душанбе ва деҳаи Роҳатӣ ба онҳо пайваста будаанд.
Чун бахши савдо ин худ як касабаи сершуру мағал аст, хоху нохоҳ байни тоҷикҳо ва озариҳо дар ин бозор гоҳ-гоҳе муноқиша ва часпу талошҳо сар мезад. Истодагарӣ ва якрави тоҷикҳо, ки дар ҳамин гуна лаҳзаҳо яктану якҷон шуда китф ба китф истода, бар зидди озариҳо муқовимати сахт нишон медоданд, аксаран вақт ҳам ғолиб мебаромаданд.
Озариҳоро маҷбур карданд, ки бозорро ба тамомӣ тарк намоянд, қисмате ба бозорҳои дигар рафтанд, қисмате дар ҳамин бозор ба савдои пӯшокаву пойафзол гузаштанд. Қисмати савдои чакана ва яклухти меваву сабзавот наваду нӯҳ фоиз ба дасти тоҷикон гузашт. Барои чӣ наваду нӯҳ фоиз?. Чунки Элчин ном озарӣ, ки тоҷикон ӯро баъзан “Елсин” мегуфтаанд, бо аҳли оилааш дар бозор монда, ҷое нарафтанд.
Элчин бо аҳли оилааш забон ва урфу одатҳои тоҷиконро тез ёд гирифтанд ва ба забони тоҷикӣ озодона гап мезаданд. Элчин ҳангоми сӯҳбат мудом суханро аз “онаша ов барад” оғоз мекард. Инсони хубе буд, сабаби ҳусни таваҷҷӯҳ нисбати тоҷикон ва забони тоҷикӣ пайдо кардани Элчин ҳам то ҷое сабаб ҳам дошт зеро, ки Элчин дар пайи як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати вазнин бардошта, дасту пои чапаш ва аз тарафи рост як қабурғааш шикаста, дар беморхона бистарӣ мегардад. Чун Элчин серфарзанд буду кору бораш он қадар хуб набуд, пардохти маблағи муолиҷаи Элчинро ба куллӣ тоҷикони бозор ба гардан гирифта, бар замми ин пайваста навбат ба навбат ба беморхона ба аёдаташ мерафтанд.
Сарфи назар аз он ки байни бачаҳо гоҳ-гоҳ муноқишаҳои сатҳи маҳаллӣ са мезад, дар умум тоҷикони бозори Сенной аҳлу тифоқ буданд ва алайҳи миллатҳои бегона, ки гоҳ-гоҳ ба бозор чашм аъло мекарданд, муқоввимати шадид нишон медодаанд. Дар маҷмӯъ тавонистанд, ки дар ин бозор як фазои тоҷикият барпо карда, дар масъалаҳои рӯзмараи талхи ғарибӣ аз қабили маргу мурда, беморӣ ва фақру бӯҳрони ҳамватанони корафтода саҳмгузор бошанд.
Бозорро ба ғайр аз қаторҳои нуқтаҳои савдои беруна ва нуқтаҳои савдои дохили павилон чор тарафашро деворҳои баланд иҳота карда буданд, ки фақат аз қисмати шарқӣ ва ғарбиву шимолии бозор роҳи баромаду даромад дошту халос. Дар қисмати ҷанубии бозор, ки аксаран амборҳои нигоҳдории мева мавҷуд буданд, панҷ ошхонаи тоҷикӣ ва дутои дигар дар дохили бозор ҷойгир буданд. Мизоҷони асосияшон тоҷикон буданд. Аз хӯрокҳои хуштаъми тоҷикӣ, аз қабили лагман, ош, манту, хомшӯрбо, қурутоб, шакароб, самбӯса ва дигар хӯришҳои миллии хуштаъму бомазза мизоҷонро бо нархи дастрас таъмин мекарданд.
Ҳамчунин, се нуқтаи фуршӯии гӯшти ҳалол, ду нуқтаи фуруши гӯшти мурғи хонагӣ ва се нуқтаи нонпазии бистучорсоата пайваста муҳоҷиронро бо нону кулчаҳои гарму хушмазза таъмин мекард. Инчунин, дар дохили бозор сартарошхона ва масҷид, нуқтаи дарздӯзӣ, авиакасса ва меҳмонхона мавҷуд буданд. Аз ин рӯ, бозори Сенной як ҷазирачаи умед барои ҳазорон ҳамватанони мо аз гирду атрофи шаҳри Петербург гашта буд, зеро ҷои амн буда, мақомоти қудратии ноҳияи Адмиралтейский аз охӯрҷаи ин бозор нон мехурданд, то лаҳзае, ки амр аз боло намешуд, ба ҷониби ин бозор ҳаргиз қадам ранҷа намекарданд.
Назари хешро иброз кунед