Алиназар Мӯъминов

  alinazarmАлиназар Мӯъминов устоди варзиши ИҶШС оид ба гӯштии дзюдо аст. Зодаи деҳаи Даштаки деҳшӯрои Водхуд дар соли 1952 мебошад. Аз овони мактабӣ шуғли варзиш дошт. Солҳои 1968-1971 дар омӯзишгоҳи омӯзгории Навободи ноҳияи Ғарм ва солҳои 1971-1975 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Варзишгари касбӣ.
  Алиназар Мӯъминов дар чанде аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ ширкат варзида, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гаштааст. Аз ҷумла моҳи ноябри соли 1979 дар мусобиқа аз рӯи гӯштии тарзи дзюдо барои гирифтани “Ҷоми Шӯрои вазирони Қазоқистон” дар шаҳри Алма-Ато ҷои аввалро гирифт.
  Таи солҳои 1975-1993 устод ба ҳайси ҷонишини декан ва декании факултаи донишкадаи варзишро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1993 дар вазифаи сардори шӯъбаи Кумитаи нафту гази назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат дошт. Марги нобаҳангом ин марди шарифро соли 2002 аз байни фарзандон, мухлисон ва шогирдони сершумораш рабуд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. ХУДОВАНД ИН АБАРМАРДИ ВАНЧЗАМИНА РАХМАТУ МАГФИАТАШ КУНАД. ХАМЕША ЧОЯШ НАЗДИ МО ХОЛИСТ. БО ЭХТИРОМ ЧАНД НАФАР АЗ ШОГИРДОНИ ВАФОДОРАШ.

  2. АЛИНАЗАРПАҲЛАВОН
    Яке аз шахсиятҳои маъруфу машҳури диёр,ки натанҳо дар Ванҷ,балки фардест,ки номи Ванҷро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он,парҷами кишварро парафшон намудааст,фарзанди фарзонаи диёр паҳлавони номи зиндаёд Алиназар Муминов буданд.Ин паҳлавони номи соли 1951 дар деҳаи Даштак,ноҳияи Ванҷ дар хонадони яке аз шахсиятҳои маъруф Мӯъмин Собиров чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Овони мактабхонияш дар зодгоҳаш паси сар шуд.Сипас омӯзишгоҳи омӯзгории Ғармро тамом намуда,дар онҷо низ аз машқу тамрин дур набуд ва пайваста дар мусобиқаҳо ширкат варзида ғолиб меомад.Баъд Институти Тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ба итмом расонид,чун варзишгари машҳуру устоди касби хеш ва соҳибэҳтироми устодону ҳамдарсон буд,ӯро ба ҳайси устоди варзиш дар донишкада ба кор пазируфтанд. Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ Алиназар баъдан дар ҳама мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиитифоқӣ баромад намуда ғолибият ба даст овардааст.Дар «Ҷоми Шӯрои Вазирони Қазоқистон оиди дзюдо» соли 1979 шаҳри Алма ато ба ҳама ҳарифонаш дастболо шуда ҷои аввалро соҳиб шудааст.Баъдан ҳамчун устод,ҷонишини декан ва декани факултаи варзиш дар Донишкадаи варзиши Тоҷикистон то соли 1992 кор карда аз соли 1993 то 2002 корманди Кумитаи нафту гази Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.Соли 2002 марги нобаҳангом ин марди шарифро аз байни ҳамкорону шогирдон,аҳли хонадон ва хешу табор рабуд,вале номи некаш дар дилашон ҷовидонист.Ёдаш бахайр бод!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.