Ашрат Муҳаббатшоев

  ashratАшрат Муҳаббатшоев 11 маи соли 1940 дар деҳаи Роғи деҳшӯрои Ванҷи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1964 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм намуда, ба фаъолияти касбӣ шурӯъ кардааст. Се соли аввал дар мактаби миёна ва аз соли 1967 инҷониб дар яке аз марказҳои муҳими варзиши ҷумҳурӣ — Техникуми тарбияи ҷисмонӣ ба ҳайси муаллими кафедраи варзиш кору фаъолияш дорад.
  А.Муҳаббатшоев яке аз варзишгарони беҳтарини вазнбардории ҷумҳурӣ буда, дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат намудаву дастболо шудааст.
  Ҳамчун мураббии соҳибистеъдод ва мушфиқ чандин, варзишгарони касбиро дар соҳаҳои мухталифи варзиш тарбия намудааст, ки зумрае аз онҳо то дараҷаи варзишгари сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ расидаанд.
  Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ А.Муҳаббатшоев барои хизмати содиқона бо даҳҳо ифтихорномаҳои сатҳи умумииттифоқӣ ва ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.