Муттаҳид намудани колхозҳо имконияти идоракунӣ ва роҳбарию даромаднокиро васеътар гардонд. Акнун 30-31 колхози пештара ба 12 колхоз (колхозҳои ба номи Жданов, Фрунзе, Ворошилов, Ленин, Сталин, Горкий, Орҷоникидзе, Берия, Киров, Молотов, Микоян, Каганович) муттаҳид шуданд.
Дар тамоми даҳсолаи солҳои 50-ум нақшаи пилласупорӣ барзиёд иҷро шудааст. Бесабаб нест, ки соли 1958 номаи табрикии КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ ба унвони котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия С.Раҷабов ва раиси комиҷроя А.Аскардаев аз хусуси нақшаи пилласупории ноҳия, ки 106 фоиз иҷро шудааст, арзи сипос баён шуда, барои пешрафти минбаъдаи ноҳия изҳори боварӣ намудаанд.
Миёнаи солҳои 50-ум шумораи колхозҳо боз 2 то ихтисор шуда, колхозҳои ба номи Сталин, Микоян, Маленков, Ленин, Ворошилов, Фрунзе, Орҷоникидзе, Каганович, Киров, Молотов дар ҳудуди нисбатан васеътар ташкил шуданд. Вале раванди ихтисоркунӣ ҳанӯз идома дошт. Баъди як сол (1955) боз 3 колхоз кам шуд (колхозҳои ба номи Маленков, Ворошилов, Молотов аз сабаби чун гурӯҳи зиддиҳизбӣ эълон шудани худи ходимони сиёсӣ ва соҳибнуфузи ҳизб бо дигар колхозҳо омехта карда шуданд). Соли 1957 шумораи колхозҳои ноҳия ба 6-то (ба номи Каганович, Фрунзе, Ленин, Сталин, Микоян, Хрущев) ихтисор гардид.
Солҳои 50-ум солҳои боз ҳам фаъолтар гаштани иштироки занон дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагидорӣ ва маданияту маорифи ноҳия ҳисоб меёбад. Соли 1959 зиёда аз 85 занони ноҳия депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳшӯроҳо интихоб шуданд, ки дар байни онҳо Сано Қандова, Гултӯра Сунъатова, Давлатмо Авсаломова, Гулмо Собирова ва дигарон ба эътибору эҳтироми хоса соҳиб буданд. Зиёда аз 58 занон дар колхозҳо сардорони бригадаҳо, звеноҳои ғаллакорӣ, кирмакпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ буданд, ки намунавор меҳнат мекарданд. 48 нафар занон дар соҳаи маориф, маданият, тиб фаъолона кор мекарданд.
Соли хониши 1949/50 дар ноҳия 1 мактаби миёна, 17 мактаби 7-сола ва 26 мактаби ибтидоӣ бо 200 нафар омӯзгорон фаъолият дошта, зиёда аз 2 ҳазор хонандагонро ба таҳсил фаро гирифта буданд. Соли 1954 дар 2 мактаби миёна, 30 мактаби 7- сола ва 24 мактаби ибтидоии дар ноҳия буда, қариб 1900 хонандагон таҳсил менамуданд, ки ба онҳо 222 нафар муаллимон сабақ меомӯхтанд. Аз рӯи натиҷаи тафтиши кори мактабҳои ноҳияи Ванҷ аз тарафи шӯъбаи маорифи ВАБК ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, соли 1958 ба нишондиҳандаҳои намунавӣ соҳиб шудани мактаби миёнаи ба номи Ленин (директораш Ғ.Мирзоев), мактаби ҳафтсолаи ба номи Станиславский (директораш А.Шукориев), 7-солаи ба номи Сталин (директораш Н.Гулмаҳмадов), ба номи Щорс (директораш Тозаев), ба номи Ломоносов (директораш М. Ҷаннатов) қайд гардидааст.
Барои пешравии таълим ва корҳои куллан фарогири он Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШМ Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки аз иҷрои таълими ҳатмии 7-солаи бачагону наврасони ҶШС Тоҷикистон саркашӣ мекунанд, мусоидат мекард.
Муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ торафт зиёду корашон дар байни аҳолӣ равнақ меёфт. Агар соли 1951 9 клуб, 1 китобхона, 11 китобхонаи мактабӣ, 2 чойхона-қироатхона мавҷуд бошад, моҳи январи соли 1954 дар ноҳия 14 клуб, 30 китобхона, 1 хонаи маданият ва чойхона- қироатхона дар хизмати халқ буданд.
Дар солҳои 50-ум сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва хоҷагидории колхозӣ хеле авҷ гирифт. Соли 1958 дар ноҳия аз 291 хонаҳои истиқоматӣ-маъмурию маданӣ сохташаванда аксаран мавриди истифода қарор ёфтаву қисман дар арафаи анҷомёбии сохтмон буданд, ки ҳаҷми умумиашон 7800 метри мураббаъро ташкил медод. Ҳамин сол дар се колхози ноҳия биноҳои маъмурӣ, ҳамчунин сохтмони 5 оғилхона, аз ҷумла 4 бино барои 980 чорвои калон шохдор ва 1-то барои 350 сар чорвоӣ майда анҷом ёфт.
Соли 1954 аввалин машинаи пурбор ба Мотравн расид ва мамонияти бероҳагӣ дар деҳшӯрои Язгулом абадан аз байн рафт.
Солҳои 60-ум агар аз бӯҳрони озуқавии ибтидои ин даҳсола сарфи назар кунем, (бо айби роҳбарияти умумииттифоқ, ки зиёдтар ба кишти ҷуворию зироати хӯроки чорво диққат додаву ба кишти ғалладонаву нақшаи рушди он то андозае бэътиноӣ зоҳир карда буданд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нонӣ талаботро қонеъ карда наметавонист) воқеан, давраи пешравиҳои ҷиддӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ ҳисоб меёбад.
Аз соли 1961 андози даромад аз кормандони маоши ҳадди аққал гиранда барҳам дода шуд. Даромади коргару зиёиён то 28,6 афзуд. Музди меҳнати колхозчиён ду баробар зиёд карда шуд. Дар ин давра бо тамоми мафҳум интеллигенсияи (зиёӣ) Дар нақшаҳои истеҳсолии солҳои 60-ум мавқеи тамокукорӣ торафт мустаҳкам мешуд. Соли 1967 майдони кишти тамоку аз 6 гектари соли пешина ба 50 гектар расонда шуд. Ин нишондиҳанда минбаъд ҳамасола меафзуд.миллӣ ташаккул ёфт. Шумораи он торафт меафзуд.
Соли 1968 нақшаҳои афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ 9,8 фоиз муайян шуда буд. Сохтмони истгоҳи барқии Ванҷ бо иқтидори 1200 кВт/соат анҷом меёфт. Танҳо соли 1968 барои сохтмону васл намудани хати барқ дар колхозҳои ноҳия 348 ҳазор сӯм ҷудо карда шуда буд. Ин имкон дод, ки масофаи шиддати барқ дар масофаи 77 км гузаронда шавад. Соли 1969 сохтмони ин истгоҳи барқӣ ба анҷом расид. Ҳамин сол аксарияти колхозҳои ноҳия бо қувваи барқ таъмин шуданд.
Барои оғози сохтмон ва хароҷоти яксолаи бинои нави касалхонаи маркази ноҳия 35 ҳазор сӯм ҷудо карда шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузории сохтмонҳои хоҷагии ноҳия барои соли 1968 435 ҳазор сӯм муқаррар гашта буд, ки аз рӯи нақша пурра масраф шуд.
Нақшаю супоришҳои сохтмону таъмири роҳ низ барзиёд иҷро мешуданд. Васеъ ва ҳамвор кардани роҳҳои ноҳияро участкаи истифодабарии роҳи маҳаллии рақами 47 (сардораш Анвар Соқиев) ба ӯҳда дошт, ки мунтазам нақшаю супоришҳоро иҷро мекард. Коргарони ин соҳаи муҳими хоҷагидорӣ ӯҳдадории ба зимма гирифтаашонро ба анҷом расониданд.
Фаъолияти комбинати хизмати маишӣ, ки аз соли 1965 оғоз ёфтааст (сардораш С.Икромова) низ сол то сол беҳтар шуда, сафи мизоҷонаш меафзуд. Ин корхона сехҳои либосдӯзӣ, пойафзолдӯзӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва сартароширо муттаҳид мекард. Кормандони ин корхона фақат дар нимсолаи якуми соли 1967 ба ҷои 6863 сӯми мувофиқи нақшаи пешбинишуда, ба маблағи 9127 сӯм ба мизоҷон хизмат расондаанд, ки ин ба 133 фоизи нақшаи нимсола баробар буд. Сехи либосдӯзӣ бошад, нақшаи нимсоларо 3 баробар зиёд ба иҷро расонда ба ҷои 1750 сӯм, дар ҳаҷми 2640 сӯм хизмат расондааст.
Сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва хоҷагии колхозӣ дар тамоми деҳшӯроҳо сохта мешуданд. Фақат соли 1969 дар деҳшӯрои Язгулом ду бинои лоиҳавии мағоза, клуби дорои 400 ҷой, ду нуқтаи кино, пункти алоқа (аз навсохта) ба истифода дода шуданд.
Соли 1967 дар ноҳия 25 мактаби ибтидоӣ, 18 мактаби 8-сола, 5 мактаби миёна, хонаи бачагон, интернати давлатӣ фарогири 3025 нафар хонандагон буданд. Шумораи омӯзгорони соҳибихтисос бошад ба 349 нафар расида буд, ки 180 нафарашон дорои маълумоти олии тахассусӣ буда, ба хонандагон дарси илму адаб, меҳнату масъулиятшиносӣ мегуфтанд. Соли 1969 шумораи хонандагон ба 3320 ва омӯзгорон ба 382 расид, ки акнун 205 нафар маълумоти олӣ доштанд. Дар байни омӯзгорон 2 нафар маллимони хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар аълочиёни маорифи халқ, 18 нафар депутатҳои Шӯрои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳавӣ буданд. 45 нафар муаллимон дар давраҳои гуногун бо ордену медалҳои ИҶШС мушарраф гашта буданд.
Дар ҳамин давра дар ноҳия 11 китобхонаи дорои фонди зиёда аз 60 ҳазор нусха китоб, 7 клуб, хонаи маданият, 1 автоклуб, хонаи кӯдакону боғчаи бачагон дар хизмати аҳолӣ буд.
Дар ноҳия қариб 40 нуқтаҳои савдо мавҷуд буд, ки мардумро аз молҳои сермасрафу рӯзмарра таъмин мекарданд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
Назари хешро иброз кунед