Рӯйхати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз Ванҷ

Аз майдони набард ба фаъолияти бунёдкорӣ

  Чанде аз фотеҳони ҷабҳа, ки бо амри қисмат ва бахти фарзандон. баъди набардҳои шадид ва таъмини Ғалабаи бузург алайҳи фашизм ба Ватан баргашта баҳри ободии диёр заҳмати беминнати худро дареғ надоштаанд, бояд абадан дар хотири фарзандон ва наслҳои наврас ҷой дошта бошанд. Инро мантиқи ватанпарастӣ, нигаҳдошти ғурури озодихоҳӣ, тарбияи худшиносии миллӣ тақозо дорад. Дар китоб вобаста ба мундариҷа ва мантиқи ободкориҳои солҳои 50-70-уми асри гузашта, ба фаъолияти меҳнатӣ ва намунавии ин собиқ диловарони ҷабҳа лаҳзаю ҷузъиёти ҷолибе оварда шудааст. Вале қаблан мехостем то ҷое, ки маълумоти бароямон дастрас имкон медиҳад, аз он диловарони ҷангу меҳнат дар доираи рӯйхати оддӣ ҳам бошад ёдовар шавем, то хонанда ба фидокории меҳнатии онҳо баҳои сазовор дода тавонад. Инак ин номҳои шариф:

Баротов Дӯстмуҳаммад (аскари қаторӣ) — тав. 1912

Бачонаев Худоназар (командири хурд) — 1909

Беков Ҷангӣ (аскари қаторӣ) — тав. 1924

Боев Давлат (аскари қаторӣ) — тав. 1926

Буҳриев Худодод (аскари қаторӣ) — тав. 1915

Валиҷонов Маҳмадкарим (аскари қаторӣ) — тав. 1915

Давлатов Аваз (аскари қаторӣ) — тав. 1914

Давлатов Баёз (аскари қаторӣ) — тав. 1917

Давлатов Шаша (аскари қаторӣ) — тав. 1924

Иззатов Бурхвалишо (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Маҳмадуллоев Нағзалӣ (аскари қаторӣ) — тав. 1915

Мастов Усмон (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Мастов Назар (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Мирзоев Назарӣ (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Миров Саид (аскари қаторӣ) — тав. 1918

Муҳаббатов Раҳмоншо (аскари қаторӣ) — тав. 1924

Муҳиддинов Бурҳон (сержант, крмандир) — тав. 1925

Мухторов Маҳмадниёз (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Неъматов Сафар (лейтенант) — тав. 1920

Нуров Пир (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Нусратов Зиёратулло (аскари қаторӣ) — 1908

Орифов Пирумшо (сержанти хурд) — тав. 1925

Садриддинов Зайниддин (аскари қаторӣ) — тав. 1920

Саидамиров Хоса (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Сулаймонов Бӯрибек (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Умаров Саидмаҳмад (аскари қаторӣ) — тав. 1917

Ҳалимов Хонадон (аскари қаторӣ) — тав. 1907

Хуррамов Шакаршо (сержант) — тав. 1924

Шарифов Иброҳим (сержант, командири шӯъба) — тав. 1919

Шейхов Амрихудо (аскари қаторӣ) — тав. 1926

Шоев Кош (аскари қаторӣ) — тав. 1914

Шоев Ёр (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Ҷаваров Додихудо (сержант, командири шӯъба) — тав. 1925

Ҷонаков Қурбоншо (аскари қаторӣ) — тав. 1925

Ятимов Аҳтам ( — ) — тав. 1925

Шояд ин рӯйхати оварда пурра набошад. Дар ҳар ҳолат он маълумоте оварда шудааст, ки ба мо дастрас буд.

Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.

1 Назар

  1. Якимов не Ятимов Аҳтам (Шрговад), ё бо рутбаи лейтинанти калон ё рутбаи капитан баргашт аз ҷанг.

      • Дар кадом хуҷҷат? як бор рафта ҳуҷҷатҳояшоро аз фарзандонаш, ки ҳаётан гирифта дақиқ кунед ва дигар ин ки марҳумро ҳама мардуми Ванҷ мешиносанд ва мо ягон Иван нестем, ки Ятимро аз Яким фарк накунем. Бояд ислоҳ шавад номаш барои ояндагон ва вафоташ ки соли 1992 аз дасти одамхурҳои Файзалӣ сурат гирифт низ зикр гардад.

  2. Ному насаби Ятимов Аҳтамро ислоҳ кунед. Ва ҳамроҳи вай бачайи холааш бо номи Шайх писари эшони Аҳмад низ ба ҷанг рафту дигар бе ному нишон шудааст. Шайх Аҳмадов

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.