Ба туфайли меҳнати шуҷоатмандонаи аҳолии маҳаллӣ (24.000 кишоварзон) то охири соли 1940 роҳ кушода шуда, тамоми минтақаи Помиру Қаротегинро бо маркази ҷумҳурӣ пайваст. 12 октябри соли 1940 аввалин қатораи (колонна) автомобилҳо аз Сталинобод ба Хоруғ расид. Ҳамин тариқ роҳи калони Сталинобод-Хоруғ, ки 567 км дарозӣ дорад, дар муддати 104 рӯз сохта, ба истифода дода шуд. Анҷоми ин роҳ такони бузурге дод барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳолии ин минтақаи кӯҳистони тоҷик.
То соли 1941 дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ба 8203 км расонда шуд, ки 843 км-и он сангфарш буданд.
Хатти ҳавоии Сталинобод-Хоруғ хеле пештар кушода шуда буд. Соли 1929 дар Хоруғ аввалин самолети «Р-5», ки онро ҳавопаймо К.Баранов идора мекард, ба замин фаромад. Бори дуввум ба он ҷо самолет 18 августи соли 1930 омад. Аз соли 1932 ин роҳ барои парвози доимӣ кушода шуд. Акнун корафтодагон на фақат таъҷилан ба марказ парвоз карда метавонистанд, инчунин воситаҳои ахбори умум, рӯзномаю маҷаллаҳо дар вақташ ба ин ҷо мерасиданд.
То инқилоб дар бораи хизмати оддии алоқа аҳолии маҳаллӣ тасаввуроте надошт (агар хаткашонҳои амиру ҳокимонро ба назар нагирем), соли 1929 дар ҷумҳурӣ 46 муассисаҳои шӯъбаи алоқа амал мекарданд. Соли 1940 ин нишондиҳанда ба 259 расид. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ, то соли 1929 ҳамагӣ 87 нуқтаи қабули радио бошад, то соли 1940 онҳо ба чандин ҳазор расонда шуданд. Соли 1934 сохтмони хати телеграфии Сталинобод-Хоруғ (560 км) ба охир расид. Соли 1935 дар Хоруғ маркази пахши садо (радио) кушода шуд. Идораи вилоятии алоқа бо шӯъбаҳои худ дар ноҳияҳои Рӯшон, Вахон, Мурғоб, Бартанг ва Ванҷ пайваст.
Яке аз аввалин ташаббускорони сохтмони колхозӣ дар ноҳияи Ванҷ Н.Кабиров он солҳоро ба ёд оварда қайд намудааст, ки солҳои 1927-30 барояшон солҳои душвор буданд, на ҳама то охир ба моҳияти сохти нав сарфаҳм рафта метавонистанд. Ҳокимияти шӯравӣ акнун дар ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон қомат рост мекард. Вале ҳар замон иқдоми созанда- гии халқро душманони синфӣ халалдор мекарданд. «Соли 1935, – мегӯяд Н.Кабиров, – ман бо дигар ҳамдеҳагонам (аз деҳаи Дашти Зулмобод, ҳоло Панҷшанбеобод – Ҳ.П.) соли фаромӯшнашаванда буд. Дар ин сол мо як гурӯҳ иборат аз 8 хоҷагӣ ихтиёран ба колхоз дохил шудем. Оҳиста-оҳиста шумораи мо зиёд шуда, ба 30 хоҷагӣ расид».
Чунин колхозҳо дар деҳшӯрои Водхуд бо ташаббуси Қирон Нодиров, Давлатшоҳ Давлатбеков, Роҳат Раҷабов, Маҳмадшоҳ Роҳатов, Ташриф Каримов, Худойдод Шарифов, А.Каримов ва дигарон ташкил ёфтанд. Дар маркази ноҳия дар кори ташкил намудани колхозҳо хизмати чунин ҷамъиятчиёни фаъол монанди Давлат Абдуллоев, Савлатшоҳ Ҳамроев, Бибимоҳ Юсуфова, Қобиламоҳ Баро- това, Нусратуллои Зиёратулло, Қирғизбек Қонунов, Наҷмиддин Кабиров, Абдуалимшо Зинатшоев ва дигарон хеле калон аст. Дар ҷодаи ташкил намудани хоҷагиҳои коллективӣ дар Ванҷ ҳамчунин бояд аз хизмати Шораҳматулло Неъматов, Юсуф Қудратов, Бобоназар Ниёзов,Салоҳ Муҳаббатов, Қувват Холов, Давлат Абдулзода ва бисёр дигарон ёдовар шуд. То охири солҳои 30-юм сохтмони колхозӣ дар Ванҷ асосан анҷом ёфт.
Пешравиҳои соҳаи маориф ниҳоят назаррасу фарогир буданд. Соли 1926 аввалин мактаб дар ноҳия ба фаъолият оғоз намуд, ки он 1 муаллим (Одил Боқиев аз деҳаи Чихох) ба 25 талаба таҳсил мекарданд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар Водхуд аввалин мактаб соли хониши 1929-30 дар Даштак дар назди застава кушода шуд, ки ба сифати муаллим дар он Нусратулло Зиёратуллоев (аз деҳаи Гишхун) хизмат мекард. Соли 1930 дар наздикии Лангар (деҳшӯрои Водхуд) мактаб кушода шуд, ки дар он муаллим Гаҳваршои Ёгедӣ сабақ медод. Мактаби 7- солаи Лугади (деҳшӯрои Водхуд), ки солҳои 60-ум ба мактаби миёна табдил дода шуд, соли 1932 ташкил ёфт, ки муаллими аввали он Савлатшоҳ Ҳамроев буд (аз деҳаи Равгада). Охири солҳои 30-юм қариб дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии тамоми деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ ташкил ёфтаву қисми зиёди бачагону наврасонро ба доираи таълим кашида буданд. Соли 1940 дар мактаби миёнаи нопурраи рақами 2 ба номи Ленини маркази ноҳия (директораш Зоҳидов) 228 хонанда таҳсил мекард. Ҳамчунин дар ин ҷо мактаби калонсолон 40-50 хонандагони бесаводу чаласаводро ба доираитаълим кашида буд. Мактаби миёнаи нопурраи деҳшӯрои Язгулом 162 хонандаро фаро гирифта буд .
Солҳои 20-ум дар қатори аввалин аъзоёни ҳизб, комсомолу муаллимон ба Ванҷ табибони соҳибмаълумот низ омаданд. Нахустин табиби ҳозиқ В.Я.Спажев омад, ки ӯ якбора се вазифаро адо мекард: ҷонишини раиси комиҷрояи ноҳия, мудири шӯъбаи алоқа ва духтур. Албатта, дар он солҳо муқобилияти боёну амалдорони маҳаллӣ, душманони сохтори нави идоракунӣ рӯҳониёни мутаассиб суст бошад ҳам, идома дошт. В.Я.Спажев қурбони ин аҳли таассуб ва душманони ин навсозиҳои шӯравӣ гардид.
Баъдтар ба ин ҷо дигар табибони ихтисосманд монанди В.Алексеева, М.Чистякова, М.Смирнова, Ф.Логан, М.Т.Гергеев, З.С.Восина, А.Н.Лазаренко, Никишин ва ғайра омада, дар беҳдошти сатҳи саломатии мардум ва дар муолиҷаи дардмандон саҳми босазое гузоштанд.
обистони соли 1928 дар волости Ванҷ экспедитсияи илмии Осиёимиёнагӣ таҳти роҳбарии профессор Перешивкин доир ба омӯзиши касалии ҷоғар тадқиқот гузаронд. Дар асоси ин омӯзиш усули ҷарроҳӣ ва табобати касалии ҷоғар кор карда шуд.
Соли 1939 дар ноҳияи Ванҷу Рӯшон ва Бартанг экспедитсияи илмии Комиссариати халқии Тандурустии ИҶШС дар самти омӯзиши касалиҳои чашм тадқиқоти фарогир (комплексӣ) гузаронда, одамони ба табобат мӯҳтоҷи маҳаллиро муолиҷа намуданд.
Соли 1939 дар Ванҷ пункти тиббӣ ва касалхонаи дорои 10 кат сохта шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонданд.
Ҳаҷми маблағгузорӣ барои тиббу тандурустӣ торафт меафзуд. Соли 1926-27 барои тандурустии ВАБК 58654 сӯм, соли 1927-28 – 92770 сӯм, соли 1928-29 – 110364 сӯм ҷудо карда шуд, ки миқдори муайяни он барои волости Ванҷ (солҳои 1926-30 волости Ванҷ дар ҳайати ВАБК буд) сарф мешуд.
Соли 1936 дар тамоми ноҳияҳои ВАБК стансияҳои радиотелефонӣ амал мекарданд. Соли 1933 аввалин кинодастгоҳи сайёр дар Помир пайдо шуд. Соли 1936 кумитаи иҷроияи шӯроҳои ВАБК дар бораи сохтмони аввалин кинотеатри овозӣ қарор қабул намуд. Тобистони соли 1941 (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) чунин дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ низ сохта ба истифода дода шуд.[2
То якуми январи соли 1941 дар вилоят 41 китобхона (аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ), 12 чойхонаи сурх амал мекарданд.
Сокинони Ванҷ дар тамоми чорабиниҳои азими созандагии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок доштанд. Яке аз чунин сохтмонҳо роҳи тақдирсози Сталинобод-Хоруғ ҳисоб меёфт. Бесабаб набуд, ки меҳнати садоқатмандонаи меҳнаткашони Ванҷро дар сохтмони ин шоҳроҳ ба назар гирифта, 72 нафар сохтмончиёну тарғибгарони (агитаторон) сиёсии ин чорабинӣ бо мукофотҳои умумииттфоқӣ ва ҷумҳуриявӣ қадр карда шуданд.
Дар охири солҳои 20-30-юм таъқиботу ҷазоҳои сиёсӣ (репрессия), ки тамоми Иттифоқи Шӯравиро фаро гирифта, садҳо ҳазор бегуноҳон маҳбусу қатл шуда буданд, даҳҳо (балки садҳо) деҳқонони асилу бегуноҳи Ванҷро низ ба коми худ кашид. Ба ғайр аз маҳбусони сиёсӣ, ки қисми зиёдашон чун «душмани халқ» маҳкум шудаву ба қатл расида буданд, садҳо деҳқонони асилу ҳунармандон, аз ин таъқибот тарсида, ба қаламрави Афғонистон фирор карданд.
Шоиру журналисти шинохтаи тоҷик – Басир Расо, ки падараш ҳанӯз дар ҳини тифлии ӯ қурбони тӯҳмати беасоси иғвогарони разилу гузарои маҳаллӣ гашта буд, (баъд чун бегуноҳ расман сафед шудааст) ин фоҷиаи ғамангезу мардшиканро дар манзумааш «Инқирози бисту сӣ» бо ҳиссиёти воқеъбинона тасвир намудааст. Ҳатто овардани ин чанд сатре аз ҷаззобияти сухан ва ҳукми одилонаи шоир нисбати он давраи ниҳоят печида ва ҳассоси таърихӣ гувоҳӣ медиҳад:
Солҳои бисту сӣ аз ҳар канор,
Чека мекардӣ ҳаме душман шикор.
Дастёронаш ҳама ғаммору ғар,
Даллаву қаллобу ҷамъи фитнагар.
Аз чекисту ГПУ дар гиру дор,
Бенишон рафтанд мардум бешумор.
Ҳаст маҳкам дар ниҳоди одамӣ,
Ҷустан аз ҳамҷинс нуқсону камӣ.
Ҳар киро андеша дур аз ҳиммат аст,
Рағбаташ афзун ба кину тӯҳмат аст.
Аз чунин афроди наҳси беимон,
Дар азобе мардуми бепуштибон.
Чанд ҷинси нокасу бадзоту ланҷ,
Фитнае андохтанд дар мулки Ванҷ.
Шуд бароти фитнаю тӯҳмат баланд,
Равнақи бозори каззобон дучанд.
Ҳар касе соҳиб ба ҷони хеш буд,
Молаш аз бекорагардон беш буд.
Ё замине дошт беш аз даҳ таноб,
Ҷуфти говеву палосе баҳри хоб.
Номашонро дода бар эълон ҳамон,
«Душманони халқу миллат» дар забон.
Ҳар киро инсофу адле довар аст,
Бар зиёну ҷурмашон кам бовар аст.
Аз асаҳ онҳо ҳама деҳқон буданд,
Мардҳои аслу боимон буданд.
Кас надида зарра аз эшон зиён,
Ҳамчунин озори мӯре дар миён…
Аз дурӯғу тӯҳмате музтар шуданд,
Оқибат ҳар як тане бесар шуданд.
Дидаро гар нури ҳақ зулматзудост,
Он ғарибонро ҳаме турбат куҷост?
Дар кадомин гӯша бо ҳоли забун,
Ҷисмашон оғушта шуд бо хоку хун.
Бандаро монад ба зери сад ҳиҷоб,
Ин муаммо то қиёмат бе ҷавоб.
Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
Назари хешро иброз кунед