Шароити табии барои зиндагии муқаррарии нисбатан номусоид ба кӯҳистон зарурати аз пӯст тайёр намудани пойафзолу баъзе навъҳои пӯстину болопӯшро аз замонҳои дури аҷдодӣ ба ҳукми анъана дароварда буд. Аҳамияти пӯсту маводи чармин танҳо бо ҳамин маҳдуд намешуд. Устоҳои касбии ба чарм сарукордошта (чармгарон) дар ҳамаи маҳаллу деҳот буданд, ки мувофиқи талаботи ҳамдеҳагонашон аз пойафзол (мӯзаву мӯкию чоруқ) то зину пӯстину борхалтаи чармин ва ғайра маҳсулоти зарурӣ тайёр мекарданд. Навъҳои маҳсулоти чармини аз дасти ин ҳунармандон баромад хеле зиёд буданд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ истифода мешуданд. Дар ҳар деҳаи Ванҷ ба ғайр аз маҳсулоти оддии чармӣ (чоруқ, мӯкӣ, дастпӯши чармин — дастмӯза барои дарави хору корҳои сохтмонӣ ва ғайра), ки дар тамоми хонаводаҳо мардон аз ӯҳдаи он мебаромаданд, якчанд устои маъмули чармгар бо дӯхтани зину афзори асп ва пойафзоли асили чармин машғул буданд.
Вале устодони маълуму машҳури ин касб бештар дар маркази бекигарӣ — Қалъаихумб ва амлокдориҳо, аз ҷумла маркази миригарии Ванҷ фаъолият мекарданд. Маҳз дар ин марказҳо аз ҷумлаи амалдорон, бою феодалон ашхосе иқомат доштанд, ки имконияту қобилияти харидориашон ба маротиб баланд буд. Ин навъи маҳсулоти ҳунармандӣ бештар дар ин марказҳо характери оммавӣ пайдо карда метавонист. Масалан дар маркази бекигарии Дарвоз — Қалъаихумб, ки ягона бозор дар он ҷо солҳои 90-ми асри XIX кушода шуда буд, чармгарону ҳунармандони моҳири кафшу мӯзадӯзӣ, камарбанди оддиву шикорӣ, ҳунармандони зину афзоли баландсифат, болоҷилди рангдида ва бо нақшу нигор ороёфтаи муқоваи китоб ва ғайра тайёркунанда, шуғли ин касби заҳматталаб доштанд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
Назари хешро иброз кунед