Ин навъи ҳунармандӣ, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ барои ҳамаи халқҳо шуғли маъмултарин ва заруртарин ҳисоб меёбад, то солҳои 50-ми қарни ХХ, яъне то замони нисбатан пурра таъмин гаштани талаботи халқ бо молҳои истеҳсолоти саноатӣ дар рӯзгордории мардуми кӯҳистон мавқеи ҳалкунанда дошт.
Азбаски кулолгарӣ мавҷудияти гили махсусро талаб мекунад ва онро на дар ҳама ҷо ёфтан мумкин аст, ин касб дар ҷойҳое равнақ меёфт, ки хоки мувофиқ ва барои пухтани маҳсулоти сафолин миқдори зарурии сӯзишворӣ (бештар саргини хушккардаи чорво — тапак) мерасид. Ба чунин талабот дар бекигарии Дарвоз деҳаҳои Висхарв, Ёгед, дар болооби дарёи Хумбов — Гишон, Хост, Рубот ва Сағирдашт ҷавобгӯ буданд. Деҳоти номбурда калонтарин марказҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулоти ҳунармандӣ ба шумор мерафтанд.
Сокинони Ванҷ ба ин намуди истеҳсолот одатан бевосита машғул намешуданд, чунки аз як тараф ба дараҷаи дилхоҳ мавҷуд набудани гили мувофиқ бошад, аз тарафи дигар ва шояд аз ҳама муҳим, аз ҳамин марказҳои кулолгарӣ, маҳсулоти худро ба Ванҷ бурда, бо маҳсулоти кишовазӣ, алалхусус ғалладонаву меваи хушк, ки дар ин ҷо аз талаботи истеъмолӣ бештар истеҳсол мешуд, иваз мекарданд. Аз ин рӯ, барои ванҷиён аз машаққати кулолгарӣ дида, дар шакли маҳсулоти тайёр гирифтани зиёда аз 40 навъи ин маснуоти ҳунармандӣ (аз чойнику офтоба то кӯзаву косаву табақхои гуногунҳаҷм, аз сокини шамъгузорӣ, бозичаҳои кӯдакона, то хумҳои калонҳаҷму сандуқҳои орододашуда барои нигаҳдошти либосворӣ, чарчинворӣ анвои дигари қиммати рӯзгордорӣ дошта ва ғайра), ки тайёр кардани онҳо заҳмати тоқатфарсои занонро талаб мекард (дар Қаротегину Дарвоз ин корро асосан занҳо, бе истифодаи чархи кулолгарӣ иҷро мекарданд), қулайтар буд. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.
Назари хешро иброз кунед