Муминҷонов Суҳайлӣ Аҳмадҷонович дар таърихи 1 июли соли 1982 дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №1 дар соли 1999 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, ин донишгоҳро бо дипломи аъло ба итмом расондааст.
Дар солҳои 2008-2009 ба ҳайси духтури терапевт дар Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ фаъолияти кориро оғоз карда, дар Озмоишгоҳи ҳуҷайрадармонии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз зинаи ходими хурди илмӣ ба дараҷаи ходими калони илмӣ расидааст.
Суҳайлӣ Муминҷонов ҳамзамон ассистенти кафедраҳои микробиология, физиология ва аз соли 2016 ин ҷониб ассистенти Кафедраи бемориҳои дарунии №1-и Донишгоҳи тиббӣ номи Абуалӣ ибни Сино (дар Маркази тиббии шаҳрии №2) буд.
Суҳайлӣ дар шаҳрҳои Теҳрон (соли 2012, Ирон), Санкт Петербург (соли 2016, Русия), Берлин (солҳои 2012 то 2013, 2016, 2018, 2019, Олмон) ихтисоси хешро такмил дода, дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Мюнхен (ноябри 2013, Олмон), Бишкек (октябри 2014, Қирғизистон), Исиқ Кӯл (июн-июли 2015, Қирғизистон), Лодз (майи 2016, Лаҳистон), Варшава (майи 2016, Лаҳистон), Санкт Петербург (октябри 2016, Русия), Алма-Ато (апрели 2019, Қазоқистон), Улан-Батор (майи 2019, Муғулистон), Мюнхен (июни 2019, Олмон) иштирок ва баромад кардааст.
Суҳайлӣ Муминҷонов аз соли 2015 унвонҷӯи кафедраи бемориҳои дарунии №1-и Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалибни Сино буда, рисолаи номзадияшро 16 марти соли 2021 дифоъ намуд.
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ буда, оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
Назари хешро иброз кунед