Деҳаи Удоб
Удоб яке аз деҳаҳои калон ва хушманзару зебои Ванҷи Боло буда, дар соҳили рости Ванҷоб воқеъ гардидааст. Ин деҳа шомили ҷамоати Техарв буда, аз маркази ноҳия то ин ҷо тақрибан 35 км масофа аст.
Мардуми Ванҷ ин деҳаро ҳамчун “Вудоб” ва “Вдоб” ном мебаранд, аммо мардуми сокини он деҳаи хешро “Удоб” меноманд. Ин деҳа тахминан 130 хоҷагӣ ва қариби 1000 нафар нуфуз дорад. Удоб низ монанди соири деҳоти Ванҷ ба қисматҳои Удоби Тагу Удоби Тор ҷудо гашта, соҳиби мактаб, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ, идораи хоҷагии деҳқонӣ ва бозору мағозаҳо мебошад.
Маҳалоти Удоб иборат аз : Торшер, Брешер, Зағрайни Таг, Зағрайни Тор, Таго, Торо, Дашти Удоб, Пушта, Гиҷ ва Трит мебошанд. Дар маҳалаи Брешер яке аз нахустин ва калонтарин бозорҳои Ванҷи Боло воқеъ гардидааст, ки дар рӯзҳои якшанбе баргузор мегардад. Ашраф Акрам. (Дар гирдоварии мавод Баҳодур Ҷумъаев кӯмак намудаанд).
Назари хешро иброз кунед