12.10.2020. Имрӯз Хушқадам Хусравов, ки чанд рӯз қабл дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар миёни бузургсолон мақоми саввумро касб карда буд, ба шаҳри Душанбе баргашт. Ӯро дар назди толори варзишии маъруф ба МАНЭЖ як гурӯҳ мухлисон ва ҳаводорони варзиши самбо ва мураббиёну намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар истиқбол намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар таърихи самбои тоҷик то ҳамин руз бидуни баҳсу тардид баробари Хушқадам аз тоҷикон касе натиҷаҳои баландро ба даст наовардааст. Ӯ устураи самбои тоҷик ва самбокори рақами яки Тоҷикистон аст. Вай беш аз 12 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи самбо, қаҳрамони чандинкаратаи Осиё дар миёни бузургсолон, қаҳрамони ҷаҳон дар миёни наврасон, қаҳрамони ҷаҳон дар миёни ҷавонон ва қаҳрамони ҷаҳон дар миёни бузургсолон буда, ҳамчунин ду маротиба медали нуқра ва се маротиба медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро дар риштаи самбо соҳиб шуда, парчами кишварро барафроштааст.
Хусравов Хушқадам дар гӯштини миллӣ ва ҷудо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон шудааст. Ин медали саввуми биринҷии бадастовардаи Хушқадам буд, ки барои иштирок дар мусобиқаи мазкур ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуда ва танҳо ду руз қабл аз мусобиқа тавонист ба кишвари Сербистон сафар намояд.
Хушқадам Хусравов соли 1993 дар деҳаи Рохарв дар оилаи варзишгар чашм ба олам кушодааст. Вай нахуст дар назди падараш, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Носир Хусравов ва баъдан дар назди мураббии шоиста ва паҳлавони номдори Тоҷикистон Мушаммадшариф Сулаймонов тамрин гирифтааст. Гузориши Аъзамшоҳи Ширговардӣ.
Назари хешро иброз кунед