Зани солеҳа

  Зан – модар дар олам румузи исмат, иффат, латофат, муҳаббат буда, вуҷуди ӯ сабаби идомаи насли башар аст. Ҳуқуқи вай дар назди Худованд бар ҷумла бештар буда, ба ҳуббу эҳтиром низ дар пеши башар бартар аст.
  Холиқ занро бо ҳусну ҷамол пероста, дар ҷомеаи инсонӣ мақомашро барафрошта, вазоифе ба ӯҳдааш вогузоштааст. Зан бо зебоии худодода ва таҷаллии ахлоқи шоиста дар ин олам мавҷуде марғуб падидор мешавад. Зуҳури зебоиҳои ботинӣ, ки аз хӯву хисоли писандида иборатанд, бар ҷамоли ӯ мефизоянд.
Зан – модар дар ҷомеа нақшу ҷойгоҳи муҳим дошта, бар ахлоқи ҷамъиятӣ таъсиргузор аст. Инсон аз батни вай ба дунё омада, то синни балоғат баставу часпида ба ӯст. Аз ин рӯ, аксаран, хӯву хислат ва ахлоқи модарро мегирад. Пас аз булуғ афрод дар ҷомеа изҳори ин ахлоқ мекунанд.
  Зан бо ҳусну ахлоқи накӯ зебост. Иффат, латофат, ҳаё, тақво занро ҳамчун зан – мавҷуди зебо ҷило медиҳад. Вале адами ин сифот дар зан ҳусни зоҳирияшро мезудояд ва ӯро ба махлуқе номатлуб табдил медиҳад.
  Мутаассифона, бисёре аз занон по аз доираи одоби занӣ берун мегузоранд. Даст ба аъмоли ношоиста мезананд. Шарму ҳаёро канор гузошта, дар маҳзари ом фаҳшу носазо мегӯянд. Натанҳо аз бегона, ҳатто аз хешу ақрабо ибо накарда, бадгӯию баддаҳанӣ мекунанд. Мардум аз чунин тоифаи занон кароҳат доранд.
Вале занони солеҳа дар тӯли ҳаёт бо ибрози хулқу атвори писандидаи инсонӣ эҳтирому маҳбубиятро дар ҷомеа касб мекунанд. Хӯву хулқи некӯро ба фарзандон медиҳанд, онҳоро тарбияи дурусту саҳеҳ мекунанд ва бо ин барои ҷомеа хидмати бузурге анҷом медиҳанд.
  Занони солеҳа посдорандаи иззати шавҳару обрӯи хонавода мебошанд. Шавҳарон ба шарафи чунин занон дар миёни аҳли ҷомеа дар қатори киром ҷо мегиранд.
  Холаи Хумор аз ҷумлаи занони солеҳа буданд, ки ҳама сифоти ҳамидаи фавқро доштанд. Хӯву хисоли шоистаи хешро ба фарзандон доданд. Фарзандоне тарбия карда, ба воя расонданд, ки ҷумла одобу ахлоқи писандидаи инсонӣ доранд. Хондаву соҳибилму маърифат доранд. Афроде дар ҷомеа саҳиму барои он суд доранд. Нигаҳбони шаъни шавҳару хонадон буд, ки ба шарафи ӯ Тағоии Қалош сиҳибкирому саховатманд буд.
  Зиндагиномаи чунин модарон намунаи тарзу тариқи росту саҳиҳу шоистаи ҳаёт буда, барои насли имрӯза, хусусан, духтарон — модарони оянда мояи тақлиду пайравӣ мебошад. Худованди бузург дар ивази ин ҳама заҳамоти дунявии ин модари бузургвор дар охират аҷри азим ато фармояд!. 18.12.2019.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.