Розиқбек Назрибеков 10 ноябри соли 1954 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ ВМКБ чашм ба дунё кушода маълумоти миёнаро дар маркази ноҳия гирифтааст. Соли 1971 дар колхози “50-солагии ИҶШС” фаъолияти кориаш оғоз ёфт. Солҳои 1973-1975 дар сафи қӯшунҳои ИҶШС хизмат карда, сипас фаъолияти меҳнатиро чун коргар дар Иттиҳодияи маҳсулоти пластмассии ш.Душанбе идома дод. Солҳои 1975- 1981 шунавандаи мактаби олии ВКД ИҶШС дар ш.Тошкент.
Баъди хатми он фаъолияти касбияш чунин идома ёфтааст: солҳои 1981-1985 ваколатдори таъҷилии шӯъбаи корхои ҷиноӣ ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе, 1987-1988 сардори Шӯъбаи 2-уми ШКД-и ноҳияи Фрунзеи ш.Душанбе, 1988-1991 ҷонишини сардори ШКДи ноҳияи Файзобод; 1991-1995 сардори ШКД-и ноҳияи Файзобод, 1995- 1997 сардори Управленияи корҳои дохилии ВМКБ ҶТ, 1998-2000 сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, 2000-2002 сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғи ВМКБ, аз соли 2002 то алҳол ҷонишни сардори Управлении мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккили (УБОП) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳама вазифаҳои дар боло номбаршуда, маҳорати баланди роҳбарӣ мардонагӣ ва шуҷоату далерии нишон додааст.
Солҳои хизмати ӯ дар ин ҷабҳа ба давраи мушкилтарини солҳои ҷанги ҳамватанӣ рост меояд. Ноҳия Файзобод, ки ӯ ифои иазифаи сардории шӯъбаи корҳои дохилиро ба ӯхда дошт, аз руи мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақае ҷой гирифта аст, ки тамоми қувааҳои мухолифин ҳангоми тағйири ҷой намудан, маҳз ба воситаи маркази ин ноҳия мегузаштанд. Чандин маротиба саркардаҳои ин дастаҳои ҷудогонаи гурӯҳи зиддиҳукуматӣ кӯшиш намуданд, ки ин ҷоро маркази роҳбарияти худ қарор диҳанд. Вале ба туфайли шуҷоату мардонагии Розиқбек ва ҳамкороне, ки дар атрофаш муттаҳид карда тавонист, нагузоштанд, ки маркази Файзобод ба қароргоҳи дастаҳои мухолифин табдил ёбад.
Ҳангоми сӯхбат бо намояндагони расмию маъмурии ин ноҳия камина дарёфтам, ки чӣ қадар нотарсӣ, ҷуръату мардонагӣ лозим буд, то ки маркази ноҳия беосеб нигоҳ дошта шавад. Он давраи ҳассосро ҳамкорону шоҳидон ба ёд оварда, бо самимияту ифтихор аз фаъолияту шуҷоати сардори Управленияи корҳои дохилаи Файзобод – Розиқбек Назрибеков ёдовар мешаванд. Гарчи доири фаъолияти ин марди шуҷоъ дар ноҳияи Файзобод ва ВМКБ гуфтаниҳои зиёде дорем, вале ҳаҷми китоб ба ин имкон намедиҳад. Месазад, барои чунин родмардон, алалхусус барои полковник Розиқбек очерки пуррае таълиф намуд, ки муосирон ва авлодон аз хизмати эшон огоҳ бошанд. Ӯ метавонад чун қаҳрамони марказии як очерки таърихӣ ё асари бадеӣ қарор дошта бошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед