Амаки Собир (рӯҳу равонашон шод бод) аз зумураи шахсоне буд, ки ба қавле панҷ панҷаашон ҳунар буд, чун дар меҳнати ҳалол марди обутоб ёфта буд. Ба ӯ гӯё чил ҳунар ками мекард, дар тӯли зиндагии пурбаракаташон ҳамеша ҷӯёи касбу ҳунарҳои тоза ба тоза, нав ба нав буданд. Ҳар кореро пеша мекарданд, кӯшиш мекард, ки самараи кораш бо сифату писандидаи хамагон бошад.
Аз ин лиҳоз, дар деҳаи Мдехарв ҳоҷагие нест, ки дар он маҳсули дастони Амаки Собир набошад. Ё девори ҳонаеро дар ҷое бардоштасту дар ҷои дигар боми ҳона пӯшондаст, ё дар ҷое сутуни ҳона тарошидаасту дар ҷои дигар пулҳои коспули ҳонаеро пай кардааст.
Табақҳои тарошидаи Амаки Собир ҳанӯз хам аз даврони шӯравӣ дастарҳони ҳар як ҳонадони деҳа ва дар ҳудуди ноҳия аксари дастарҳонҳои мардуми дигар деҳаҳоро ҳам оро медоданд. Дос, аррадос ва табару каланду тешаи сохтаи ӯ ҳамеша дастраси ҳар ҳонадони деҳа ва берун аз он буданд.
Амаки Собир ба ғайр аз ин марди ҷасуру кӯҳнавард ва шикорчии хуб буданд. Баъзан дар пайи шикори сайд тани танҳо дар сардараҳои диёр то яку ду ӯз дар молиши шикори нахчир меистоданд.
Амаки Собир дар зиндагӣ марди ботамкин ва бо сабру тоқат буданд. Дар лабонашон осори табассуми ҳоси худашон ҳамеша хувайдо буд, ки ин табассум аз самияти беандозаи ӯ нисбати дигарон далолат мекард. Дар маъракаҳо ва чамомадҳо зоҳиран камгап буд, гапи зиёдатӣ намезад, бештар гапҳои дигаронро гӯш медод ва дар охир сухане мегуфт, ки ба нафъи кор буд. Ба сухани гуфтаи ӯ ҳама чун марди кордидаву сариштакор гӯш медоданд.
Вакте касе чун Амаки Собир ба пояи шахсият расида, дунёи фониро тарк мекунад, набуданашро ҳама даррав дарку эҳсос мекунанд, зеро ӯ шахсияти дастбакор буда, дар бунӯди деҳа ва ҷомеъаи шаҳрвандии деҳа накши калонро бозида буд. Дар байни мардум шӯҳрату эътибор ва макоми хоссае доштанд.
Хушбахтона, Амаки Собир ба фарзандонаш Усто Зокир ва Усто Носир ҳамаи санъату маҳорати устогиро бо тамоми нозукиҳояш нишон додаву омӯзондаст. Бинобар ин, акнун, фарзандони даст бакораш роҳи пешакардаи устои машхуру маҳбуби мардумӣ Усто Собир Давлатовро бо сари баланду меҳнати ҳалол пеш хоҳанд бурд.
Ёди некатон ба хайр бошад, Амаки Собир!. Номи неки шуморо мардуми деҳаи Мдехарв ба некӣ аз насл ба наслҳо ҳоханду бурд!. Парвардигори яктову беҳамто Амаки Собира ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад!. Азиз Қадамов. 22.05.2020.
Назари хешро иброз кунед