Дед Миш як марди яҳудӣ, ки дар давроои шӯравӣ дар ноҳияи Ванҷ кор ва фаолият караст. Дед Миш ҳамаи асбобои батинкадӯзира ай шар ҷам мекнаву мехеза Ванҷ кор миёя. Як ду рӯз кор мекна, ҳисобу чӯрту чаман мекна, ай хунапуливу хӯрану пули даромадш ва хароҷотш баробар намегира. Амин ду се рӯзнда ва мардм кам-кам ҷура мегараву ҳар вега ҷаҳту ҳизатш мекнан. Ҳар рӯз дига ин кор давом мекна.
Дед Миша ҳар вега ҷаҳткнӣ мегирану қӯшш мекашан. Индафа чӯрт мезана, хӯрану ҷои хов ҳамаш бепул, суми друмадш дар ҷебакш, мазаш меда. Мега мешияст дар Ванҷ коркнӣ. Дига Дед Миш ва рӯз батинкара бдӯзу сума бгиву шав дар қӯшу ҳизат. Амтарӣ Дед Миш як ду сол кор мекнаву сума ҷам мекнаву дар Нагорнии шари Дшанбӣ як хунаи ҳавлигӣ мехараву ӯй мехра бай шара.
Боз дар шар ҷои кора тӯғрӣ мекнаву миёя дар хунаш ёмбош. Рафиқои ванҷиш сир миёван, ки Дед Миш хуна харияст, адресша мегирану ҳар вега ду кас-се кас мераван хунаш. Меган Дед Миш табрик, хуна харияй, эврии тавара ичи маза намеда, боре нуну нмки мардма хӯраст ичигӯӣ наметна, як шав гфта ташкилишн мекна. Амхелӣ дига бачоо ҳар вега умаан мегиран. Дед Миш чи хелӣ гфта, медрояну ёмбош мекнан. Дед Миш талхаш дар даҳанш некӣ ичигӯӣ наметуна, нуну нмки мардма хӯраст ноҷо заст.
Як фикр дар сарш умасту ҳамсояша гфтаст, касе ума мна прси бгӯш Дед Миш ин вега намиёя, нсми шав мумкин биёя. Дед Миш нсми шав миёя ам дара мешкоя, ки бачоо ай паси девол пайдо мегаран, бад сар мекнан: “Дед Миш рӯи ко мегардӣ, ай ждаткнира талхакаф шием!” Медрояну ёмбош мекнан. Дед Миш ноҷо засту чокниша намедуна, бадаркнишн наметуна, нуну нмки мардма се сол хӯраст.
Дандн таи дандн тоқат мекна. Нсми шавнӣ миёя, ки панҷ-шаш каси бачоо салом алек гуфта, медроян. Эврӣ мебина, ки ҷурош ӯйш намекнан, ҳамсояша мега, бгӣ амин хунаи мна фрӯшу сумша бай Тошканда бай мна роӣ кн. Асбобои дӯзндгира ҷам мекнаву уй мехра бай Тошканда. Шоҳин Абдуллоев.
Назари хешро иброз кунед